en
Feedback
🕌ⲘⳘⲊⲀⳐⲘⲀⲚⲔⲀ☝️

🕌ⲘⳘⲊⲀⳐⲘⲀⲚⲔⲀ☝️

Open in Telegram

🕌 Хуш омадед ба канали Мусулманка 🕌 Дар канал аз: 👇 📓 Ҳадисҳои Паёмбар(ﷺ), 🌿 📜 Шарҳи Ҳадис, 🍃 📖 Oятҳои Қуръони Карим 🌼 📹 Филмҳои Исломӣ ⚡ ☘ Ва 🌴 📚 Мавъизаҳо 🌸 🌻 Баҳраманд хоҳед шуд. 🍃

Show more
659
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
Салом Алейкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу бародар ва хоҳарон админой канал дар хоб мондан чи ҳичкас нест канал удалит мешава

Рӯзаи ин се тоифа қабул намешавад: 1. Нафаре, ки рӯза гирифтааст, аммо ҳанӯз кинаро аз дил берун накардааст; 2. Касе, ки шикамаш рӯза гирифтааст, вале чашмаш рӯза нагирифта; 3. Шахсе, ки рӯзадор аст, лек бо забонаш ба беҳудагӯӣ машғул аст... Мазмуни ҳадис

Рамазон, моҳи силаи раҳм ва авфу бахшиш аст. Хешовандон ва наздикони худро дар ин моҳ барои караму бахшиш дар авлавият қарор диҳед, махсусан хешони тангдаст ва фақирро. Ҳарки силаи раҳм кунад ва бо хешовандони худ пайвастагӣ дошта бошад, Худованд дар ризқ ва ӯмри ӯ баракат ато мекунад ва гирифториҳои баду сахтиҳои рӯзгорро аз ӯ дур месозад. — Шайх Мунаҷҷид

Агар умматони ман медонистанд, ки дар Рамазон чӣ фазилатҳое мавҷуданд, орзу мекарданд, ки ҳамаи моҳҳо Рамазон бошад. (Ҳадис)

Моро ба дуо кош насозанд фаромӯш, Ёрони саҳархез, ки соҳибназаронанд. 🌙 Намозу рӯзаатонро қабул Ҳақ бод.

Барои чи аҷри занҳо дар Рамазон бештар аз мардон аст? Чун ба ғайр аз ибодатҳо - намоз, рӯза, тиловат ва зикр, корҳои хона низ як навъ ибодат маҳсуб мешавад. Махсусан омода кардани таъом ва ифтор. Ифтор додан ба рӯзадорон дар хона савоб ва ғайри хона, садақа маҳсуб мешавад. Пас хонумҳои хонадор дар ҳангоми корҳои хона, махсусан омода кардани ифтор, ҳамеша ин ҳадиси Паёмбар (с) - ро ба ёд оваранд, ки мефармояд: 🌱 "Касе, ки рӯзадореро ифтор диҳад, подоши ӯ монанди подоши шахси рӯзадор аст, бидуни он ки аз аҷри рӯзадор чизе кам шавад".

🌙MEGAI ISLOMI🕋 ➪ МАРҲАМАТ КАНАЛҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСЛОМИ РО БАРОИ ШУМО ПЕШКАШ МЕКУНЕМ ДАРОЕД АЗ ДИНИ ИСЛОМ ЧИЗЕРО ЁД ГИРЕД 🥰☺️ 🌙МЕГАИ 1К+🕋 КАНАЛИ МО 👇👇👇👇👇 🌴وصال حق🌴 ⚔️ҲАМАИ ХАБАРҲО ОИДИ ҶАНГИ ФАЛАСТИН🇯🇴 БО ИЗРОИЛ🇮🇱 🖥Пайваст кардани канали худ➕ ⬆⬆⬆⬆⤴

🌙MEGAI ISLOMI🕋 ➪ МАРҲАМАТ КАНАЛҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСЛОМИ РО БАРОИ ШУМО ПЕШКАШ МЕКУНЕМ ДАРОЕД АЗ ДИНИ ИСЛОМ ЧИЗЕРО ЁД ГИРЕД 🥰☺️ 🌙МЕГАИ 1К+🕋 КАНАЛИ МО 👇👇👇👇👇 🌴وصال حق🌴 ⚔️ҲАМАИ ХАБАРҲО ОИДИ ҶАНГИ ФАЛАСТИН🇯🇴 БО ИЗРОИЛ🇮🇱 🖥Пайваст кардани канали худ➕ ⬆⬆⬆⬆⤴

📖 Эй касоне, ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан фарз гардид, чунон ки бар касоне фарз гардид, ки пеш аз шумо буданд, бошад ки тақво пеша кунед. ❗Нафармуд, ки то гурусна шавед ё ташна шавед, балки фармуд то тақво пеша кунед. Ва тақво яъне итоат аз ончи Худованд амр намудааст ва тарки ончи, ки аз он наҳй кардааст. 🌱 Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Ҳар касе сухани дуруғ [ва ноҳақ] ва амале ба он монанд ва ҷаҳолатро тарк нагуяд, Худованд низ ниёзе ба ин надорад, ки у ғизо ва нушиданиашро тарк кунад.

Намози таробеҳ 20 ракаат буда, ду-ракаатӣ намоз хонда мешавад. Сараввал 4 ракаъат фарзи намози хуфтан хонда, сипас 2 ракаъат суннати намози хуфтан хонда мешавад. Пас аз он намози таробеҳ хонда, дар охир се ракаъат витри воҷиб хонда мешавад.

Рӯза дарсе аз барои зиндагист, Беҳтарин ҳолат барои бандагист! 🌙 Аввалин саҳарии Рамазон муборак!