cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

ⲤⲀⳜⲢИ ⳄⲈⳜⲞ 🌸

Show more
Advertising posts
977
Subscribers
No data24 hours
-307 days
-12330 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва Борокотуҳ Шуморо бо Иди Рамазон Табрик мегуям Аллоҳ таоло Хамаи Гуноҳои Моро Бибахшад. Иди Рᴀʍᴀɜᴏн бᴀᴩ ᴛу ʍубᴏᴩᴀᴋ, бᴏɯᴀд, Хᴀʍᴩᴏхи ᴛу Ёᴄину Тᴀбᴏᴩᴀᴋ бᴏɯᴀд. Дᴀᴩ ᴀʙчи ɸᴀᴧᴀᴋ ɸᴀᴩиɯᴛᴀхᴏ ʍᴇхᴏнᴀнд Сᴀд ᴩᴀхʍᴀᴛи хᴀᴋ бᴀ уʍʍᴀᴛᴏнᴀᴛ бᴏɯᴀд Иди Рᴀʍᴀɜᴏн чи ᴨуᴩᴀᴛᴏ ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд Ин уʍᴩ ᴀчᴀб бᴀ ᴄᴀд чᴀɸᴏ ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд Хун ᴦиᴩя ᴋунᴇд ᴀɜ ᴩᴀɸᴛᴀни ʍᴏхи ᴩᴀʍᴀɜᴏн Тᴀᴄбᴇху ᴛᴀᴩᴏбᴇху ᴄᴀʙᴏб ʍᴇᴦуɜᴀᴩᴀд. Ид Муборак
Show all...
❗️Баъзе бидъатҳо дар шаби Қадр • Эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки то охираш хонед. • Аллоҳ таъоло мефармояд: 📓 "..... الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا ....." 📓 ".... Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр кардам. ..." 📖 Сураи Моида ояти 3 📓 Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: 📜 «Касе, ки дар ин амр (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, мардуд (рад) аст». 📚 Риёзус солиҳин, боби 18, ҳадиси 169 📓 Аз Абунаҷиҳ Ирбоз ибни Сория (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: 📜 ".......  бар шумо бод, ки аз корҳои бидъат дурӣ кунед, зеро ҳар кори навпайдо гумроҳӣ дар пой дорад.". 📚 Риёзус солиҳин, боби 16, ҳадиси 157 • Дар шариати мо, дар шаби Қадр ягон намози муайян ёки ягон ракати муъайн нест. Инчунин баъзе тантанаҳо низ бе асосу-далел аст. Баъзеҳо мегӯянд: "Дар шаби Қадр бояд 100 ракат намоз хонӣ, дар ҳар як ракаташ баъд аз сураи Фотиҳа фалон сураро 10 бор, фалониашро 13 бор хондан даркор". (Масалан, супаҳои Кавсар, Ихлос ва Қадрро). Ин суханонашон бе асосу далел буда, бидъат аст. • Дар шаби қадр намози муайян ё ракати муайян ё ки сураи муайянеро чанд бор хондан (масалан, баъзеҳо сураи Ихлосро чанд бор хонед мегӯянд ё Қадрро) чунин гап нест. • Ба ҷои ин бидъатҳо суннатҳои шаби Қадрро ба тарзи баён шудааш иҷро кунем: • Суннат аст дар шаби Қадр: ☘ Эътикоф нишастан, дуо кардан, намоз хондан бе ракати муайян (ҳар қадаре тавонед, хонед), зикр кардан, Қуръон хондан. Бо чунин тоату-ибодатҳо шаби Қадрро гузарондан лозим аст. ❗️Тартиби намоз хондан: • Дар шаби Қадр ба мисли намози Таҳаҷҷуд ду ракаатӣ, ду ракаатӣ намоз хонда мешавад. Ягон сураи муайян надорад. Кадом сураеро донед, аз рӯи тартиб хонед, ҷоиз аст. Ракаати муайян ҳам надорад. Чанд ракаате тавонед, хонед, ҷоиз аст. 🤲🏻 Аллоҳ таъоло ҳамаи моро аз бидъатҳо нигаҳ дорад. Дар шаби Қадр дар ҳаққи бандагони мусалмони саросари дунё, инчунин онҳое, ки дар ҳар гӯшаи дунё зери зулми душманони исломанд, дуоро фаромӯш накунед. • Ин маълумотҳоро ба ҳама расонед, то огоҳ бошанд • Вассаламу Алейкум ва Раҳматуллоҳи ва Баракатуҳу •   ࿅•┈┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈┈•࿅
Show all...
Photo unavailableShow in Telegram
01:30
Video unavailableShow in Telegram
00:18
Video unavailableShow in Telegram
00:38
Video unavailableShow in Telegram
#ЧАВОБИ_САВОЛИ_ОБУНАЧИ ⁉️ Оё ҳиҷома (табобат бо роҳи хунгирӣ) рӯзаро мешиканад ё не? • Тарҷумаи ҷавоби дар навор овардашуд: 👇 📝 "Оиди ин савол миёни уламо гуногунфикрӣ мавҷуд аст, ки оё ҳиҷома рӯзаро мешиканад (вайрон месозад) ё не. Аксарияти (бештари) уламо гуфтаанд, ки ҳиҷома рӯзаро намешиканад. Зеро ривоят шудааст: 📝 "Расулуллоҳ ﷺ ҳангоми рӯзадориаш ҳиҷома карда буд" - Дар Саҳеҳи Бухорӣ. • Имом Аҳмад ва мазҳаби ӯ бар он қавланд, ки ҳиҷома рӯзаро мешиканад. Ва асос ба ин қавлашонро такя бар ҳадиси зерин мекунанд: - "Касе, ки ҳиҷома кард ва касе, ки ба ӯ ҳиҷома карданд, ҳарду рӯзаашонро шикастанд" - Ва бештар дурусттар аст, ки ин ҳадис ҳадиси радшуда ё ҳадиси заиф аст. • Ва дуруст ин аст, ки ҳиҷома рӯзаро вайрон намесозад, яъне намешиканад ва ин қавли бисёре аз уламо аст.     ࿅•┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈•࿅   ۞ #Сабри_Зебо ۞     ࿅•┈┈•❁༻࿅༶•༶࿅༺❁•┈┈•࿅
Show all...
#ҶАВОБИ_САВОЛИ_ОБУНАЧИ ✍Ман Хати арабиро Хонда метавонам , вале тачвидро намедонам. Оё Курьонро бо ин Хол Хонда метавонам ё не ? 📝Бот барои ирсоли савол Комент👇👇👇👇
Show all...
#ҶАВОБИ_САВОЛИ_ОБУНАЧИ ✍Ман Хати арабиро Хонда метавонам , вале тачвидро намедонам. Оё Курьонро бо ин Хол Хонда метавонам ё не ? 📝Бот барои ирсоли савол Комент👇👇👇👇
Show all...
☑️ ҲАДИСИ РАМАЗОНӢ - [20] عَنْ عَائشَةَ رَضي اللَّه عنها زَوْجِ النَّبِيِّ ﷺ أَنَّ حَمْزَةَ بْنَ عَمْرٍو الأَسْلَمِيَّ قَالَ لِلنَّبِيِّ ﷺ : أَأَصُومُ فِي السَّفَرِ؟ وَكَانَ كَثِيرَ الصِّيَامِ فَقَالَ: «إِنْ شِئْتَ فَصُمْ وَإِنْ شِئْتَ فَأَفْطِرْ» رواه البخاري (1943) Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ҳамсари Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ривоят аст, ки мегӯяд: «Ҳамза ибни Амри Асламӣ зиёд рӯза мегирифт, аз Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, пурсид: Оё дар сафар рӯза бигирам? Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, фармуданд: Агар хости рӯза бигир ва агар нахости нагир» Имом Бухорӣ (1943) кардааст.
Show all...