Кироати Курони Карим
Open in Telegram
СаЛом Алекум Рахматуллохи Вабаракоту
Show moreThe country is not specifiedReligion & Spirituality161 265
467
Subscribers
+424 hours
+97 days
+4130 days
Posts Archive
Repost from Ҳадисҳои Бухорӣ ва Муслим
Яъне - Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд, ки ҳангоме, ки мо дар вақти чоштгоҳ истироҳат мекардем, ва ҳамроҳи Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, хӯроки чошт мехӯрдем.
Ба ногоҳ як марде дар шутури сурхи нар савор омад, ва шутурашро дар замин хобонд, ва баъдан як ресмони аз пӯст сохта шударо аз халтааш баровард, ва шутарашро баст, то ин, ки фирор накунад, баъдан пеш омад ва ҳамроҳи қавм ба хӯрдани таъом машғул шуд, яъне - худашро чунон нишон дод, ки гӯё аз ҷумлай мусалмонҳо мебошад.
Аммо ҳақиқати ҳол ҳамин буд, ки он мард як ҷосусӣ мушрик буд, ки аз тарафи мушрикин фиристода шуда буд, ки омада бубинад, ки вазъият ва ҳолати мусалмонҳо чигуна аст.
Барой ҳамин як тарзе рафтор кард, ки шинохта нашавад.
Ва дар ривояти саҳиҳ Бухори омадааст, ки
назди Паёмбари Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, як ҷосусе аз тарафи мушрикон омад.
Дар аввал омада шутурашро баст, ва ҳамроҳи мусалмонҳо ба таъом хӯрдан машғул шуд, то ин, ки шинохта нашавад.
Ва сипас ҳолати мардумро назар кардан гирифт, то ин, ки аз вазъияти ҳолашон огаҳ шавад, яъне - ҷосусӣ мекард.
Ва Саламаҳ ибни Акваъ, мегӯяд, ки ҳолати мо ҳамингуна буд, ки
баъзе аз мо заъифу нотавон буданд, ва ҳамчунин аспу шутур барой савор шудан бисёр кам буд.
Яъне. - ҳам ҳолати муҷоҳидин бад буд, ва ҳамчунин аспу шутур барой савор шудан кам буд, ва бисёрии аз мо пой пиёдаҳ буданд.
Вақте, ки ҳамон марди ҷосусӣ мушрик аз ҳолати мусалмонҳо огаҳ шуд, ва дар ҳол аз ҷояш бархост, ва ба тарафи шутураш давид, ва банди шутурашро кушод ва аз ҷояш хезонд шутурро ва дар болояш савор шуд ва ру ба фирор ниҳод.
Ва дар ҳамин ҳолат як марди мусалмоне дар як шутури модаи сафед савор шуд, ва аз пушташ равон шуд.
Ва Саламаҳ ибни Акваъ, аз пушти шутур пиёда давид.
Ногуфта намонад, ки Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу аз касоне буд, ки ҳатто аз асп дида тезтар медавида аст, яъне - ба он дараҷаҳ тез медавида аст, ки пой пиёдаҳ аспро мегузашта аст.
Ва Саламаҳ ибни Акваъ, мегӯяд, ки ба дараҷае тез давидам, ки шутури модаро дарёв кардам, ва сипас гузаштам шутури модаро, то оне, ки ба пой қафой шутури сурхи нар расидам, ва аз инҳам пештар шудам ва аз лаҷоми шутури ҷосус қапидам ва шутурашро дар замин хобондам ва ба муҷарради оне, ки шутур зонуҳояшро ба замин гузошт, шамшерамро аз ғилоф баровардам ва гардани марди мушрики ҷосусро задам.
Дар натиҷа сараш аз танаш ҷудо шуд ва ба замин афтод.
Ва баъдан шутурашро гирифтам ва ба назди Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам овардам, дар ҳоле, ки тамоми силоҳҳой ҷангии ҷосусӣ мушрик дар болой шутураш буд.
Ва сипас Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, маро ҳамроҳи дигар мусалмонон пешвоз гирифт, ва гуфт!
Ин марди ҷосусро ки ба қатл расонд?
Инҷо савол ба миён меояд, ки барой чи Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, пурсид, ки чи касе ин мушрикро кушт?
Чунки ду нафар аз пушти ин ҷосус ҳаракат карданд яке бо шутури мода ҳаракат кард, ва Саламаҳ ибни Акваъ, пой пиёда ҳаракат кард.
Барой ҳамин Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам савол кард, ки чи касе ӯро ба қатл расонд, касе, ки савора буд ӯ ё шахсе, ки пиёдаҳ буд ӯро ба қатл расонд?
Мардум гуфтанд, ки ибни Акваъ ӯро ба қатл расонид.
Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт!
Тамоми моле, ки аз ӯ гирифта шудаги аст, яъне ҳам шутураш ва ҳам тамоми аслиҳааш азони Саламаҳ ибни Акваъ мебошад.
Яъне - аз ин ҳадис чунин фойдаҳ гирифта мешавад, ки муҷоҳиде, ки як кофиреро ба қатл мерасонад, тамоми молу матоъи ӯ барой шахси муҷоҳид ғанимат ба ҳисоб меравад, бо иҷозати сарлашкар.
Ва фойдай дигараш ин аст, ки ҷосусе, ки дар ҳолати ҷанг ҷосусӣ мекунад, куштанаш ҷоиз аст.
Аллоҳу аълам.
Repost from Ҳадисҳои Бухорӣ ва Муслим
1144 - عَنْ سَلَمَةَ بْنِ الأَكْوَعِ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ قَالَ: غَزَوْنَا مَعَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ هَوَازِنَ، فَبَيْنَا نَحْنُ نَتَضَحَّى مَعَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذْ جَاءَ رَجُلٌ عَلَى جَمَلٍ أَحْمَرَ، فَأَنَاخَهُ، ثُمَّ انْتَزَعَ طَلَقًا مِنْ حَقَبِهِ فَقَيَّدَ بِهِ الْجَمَلَ، ثُمَّ تَقَدَّمَ يَتَغَدَّى مَعَ الْقَوْمِ، وَجَعَلَ يَنْظُرُ، وَفِينَا ضَعْفَةٌ وَرِقَّةٌ فِي الظَّهْرِ، وَبَعْضُنَا مُشَاةٌ، إِذْ خَرَجَ يَشْتَدُّ، فَأَتَى جَمَلَهُ فَأَطْلَقَ قَيْدَهُ، ثُمَّ أَنَاخَهُ وَقَعَدَ عَلَيْهِ، فَأَثَارَهُ، فَاشْتَدَّ بِهِ الْجَمَلُ، فَاتَّبَعَهُ رَجُلٌ عَلَى نَاقَةٍ وَرْقَاءَ، قَالَ سَلَمَةُ: وَخَرَجْتُ أَشْتَدُّ، فَكُنْتُ عِنْدَ وَرِكِ النَّاقَةِ، ثُمَّ تَقَدَّمْتُ، حَتَّى كُنْتُ عِنْدَ وَرِكِ الْجَمَلِ، ثُمَّ تَقَدَّمْتُ حَتَّى أَخَذْتُ بِخِطَامِ الْجَمَلِ فَأَنَخْتُهُ، فَلَمَّا وَضَعَ رُكْبَتَهُ فِي الأَرْضِ اخْتَرَطْتُ سَيْفِى فَضَرَبْتُ رَأْسَ الرَّجُلِ، فَنَدَرَ، ثُمَّ جِئْتُ بِالْجَمَلِ أَقُودُهُ، عَلَيْهِ رَحْلُهُ وَسِلاَحُهُ، فَاسْتَقْبَلَنِى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَالنَّاسُ مَعَهُ، فَقَالَ: «مَنْ قَتَلَ الرَّجُلَ»؟ قَالُوا: ابْنُ الأَكْوَعِ، قَالَ: «لَهُ سَلَبُهُ أَجْمَعُ».
(مسلم - 1754).
Ҳадис!
Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Дар Ғазваҳи Ҳавозин, ҳамроҳи Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, будам.
Ҳангоме, ки мо ҳамроҳи Паёмбари Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, машғули хӯрдани хӯроки наҳори будем, ногаҳон як марди (ҷосусе), ки бар шутури нари сурх, савор буд омад ва шутурашро хобонид ва таноби чармиеро аз хурҷинаш баровард ва шутурашро баст.
Онгоҳ пештар омад ва бо мардумони мусалмон машғул ба хӯрдани хӯроки наҳори шуд.
Ва сипас ҳолату вазъияти муҷоҳидинро нигоҳ мекард.
Ногуфта намонад, ки мо (саҳобагони муҷоҳид) хаста ва шикаста ва нотавон будем, ва теъдоде аз мо пиёдаҳ буданд.
Он мард ногаҳон бо саросемагӣ, берун давид, ва худашро ба шутураш расонид, ва бандашро кушод, ва ӯро хобонид ва бар болояш савор шуд ва шутурашро ҳаракат дод.
Шутур ба суръати тез ҳаракат кард.
Марде бо шутури модаҳи хокистароанге савор шуд ва аз паси ӯ шуд.
Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Ман ҳам пой пиёдаҳ ба суръат ҳаракат кардам.
Дар аввал ба ҷониби сар ва гардани шутури модаҳ расидам.
Сипас шутури модаро гузаштам, ва ба ъақиби пой шутури нари (ҷосусӣ мушрик) расидам.
Онгоҳ пештар рафтам ва лаҷоми шутури нари (ҷосусро) қапидам ва шутурашро бар замин хобондам.
Вақте, ки шутур зонуҳояшро бар замин гузошт, шамшерамро аз ғилоф берун баровардам ва гардани (мушрики ҷосусро, ки ҳанӯз дар болой шутураш буд) задам.
Дар натиҷа сараш (аз танаш ҷудо шуд ва ба замин афтод.
Сипас шутурашро ҳамроҳи зину банду аслиҳай ҷангияш ҳай карда овардам.
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ҳамроҳи мардум ба пешвози ман омад ва гуфт!
Чи касе он марди (мушрики ҷосусро) ба қатл расонд?
Мардум гуфтанд!
Фарзандӣ Акваъ (яъне - Саламаҳ ибни Акваъ ӯро ба қатл расонд).
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, Фармуд!
Ҳаммай молу силоҳи ҷанги он мард, ба ӯ (ба Саламаҳ ибни Акваъ) таъаллуқ мегирад.
(Муслим - 1754).
Шарҳ!
Ногуфта намонад, ки ҳамин қиссае, ки Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу, нақл кардааст, ин ҳодисаҳ дар ҷанги Ҳунайн баъд аз фатҳи Маккаҳ, дар соли ҳашти ҳиҷри рӯх медиҳад.
Ва қабилаҳи Ҳавозин, қабилае буданд, ки дар атрофи Тойф зиндагонӣ мекарданд.
Ва ҳамин ҷанг байни Паёмбари Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ва байни қабилаҳи Ҳавозин ва ҳамчунин қабилаҳи Сақииф буд.
Ва қабилаҳи Сақииф аҳли Тойф буданд ва дар атрофи Тойф зиндагонӣ мекарданд.
Сипас байни онҳо ва байни Паёмбари Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ҷанг шуд.
Ва сипас натиҷай ҷанг ҳамин шуд, ки Паёмбари Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ҳамроҳи мусалмонҳо ғалаба кард, ва қабилаҳи Ҳавозин ва Сақииф шикаст хӯрданд, ва як гурӯҳи онҳо ба Тойф даромаданд ва чандин муддате дар муҳосираҳ қарор гирифтанд.
Яъне ҳамин қиссаҳ ба ҳамин вақту замон таъаллуқ дорад.
Repost from Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ ©️
📹 Сураи Оли Имрон (3) оятҳои 62-78
✨ Telegram | Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ
https://t.me/Abu_Ubaydulloh_Mutavakkil
Repost from Наҷот дар Ислом ©️
📹 Некӣ бикор то ҳосили нек ғундорӣ | Аз суханони Шайх Саъид Ал-Камалӣ‼
✨ Telegram | Наҷот дар Ислом
https://t.me/najot_tw
Repost from Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ ©️
📹 Сураи Оли Имрон (3) оятҳои 21-31
✨ Telegram | Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ
https://t.me/Abu_Ubaydulloh_Mutavakkil
Repost from Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ ©️
📹 Сураи Оли Имрон (3) оятҳои 8-20
✨ Telegram | Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ
https://t.me/Abu_Ubaydulloh_Mutavakkil
Repost from Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ ©️
📹 Сураи Ал-Бақара (2) оятҳои 283-286
✨ Telegram | Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ
https://t.me/Abu_Ubaydulloh_Mutavakkil
Repost from Омӯзиши Тавҳид ©️
3⃣ Шинохтани Паёмбар ﷺ‼
✨ Telegram | Омӯзиши Тавҳид
https://t.me/Omuzishi_Tavhid
Repost from Наҷот дар Ислом ©️
📹 Атом - сохтори аҷиб | Далелҳои Офариниш‼
✨ Telegram | Наҷот дар Ислом
https://t.me/najot_tw
Repost from Наҷот дар Ислом ©️
📹 Меҳру шафқати Паёмбар ﷺ | Шайх Саъид Ал-Камалӣ
✨ Telegram | Наҷот дар Ислом
https://t.me/najot_tw
Repost from Наҷот дар Ислом ©️
📹 Се гуна мағфирати Аллоҳ ﷻ
✨ Telegram | Наҷот дар Ислом
https://t.me/najot_tw
Repost from 𝗥𝗔𝗗𝗗𝗜𝗬𝗔 𝗧𝗩 ©️
📹 Ҳеҷ кас пеши роҳи моро гирифта наметавонад | Устод Абу Убайдуллоҳ Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ
✨ Telegram | RADDIYA TV
https://t.me/RADDIYA_TV
Repost from Наҷот дар Ислом ©️
📹 Саволҳое ба "Ҳоҷӣ" Мирзо, Домулло Абдураҳим ва Мавлавӣ Бохтарӣ‼
✨ Telegram | Наҷот дар Ислом
https://t.me/najot_tw
Repost from Наҷот дар Ислом ©️
📹 Рад ба Абӯ Муҳаммад Мадании Такфирӣ (ХАВОРИҶ)❌ ИСКАНДАР | Abu Muhammad Madanii Takfiri‼
✨ Telegram | Наҷот дар Ислом
https://t.me/najot_tw
