cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

ISFARA TODAY 2023 | ИСФАРА СЕГОДНЯ 2023

🔷️Аввалин 📺канал дар телеграм Хабарҳои 🇹🇯Исфара . Дар ин 📺канал: -🌏хабарҳои наву тоза 🙃Дӯстони азиз ба 📺канал обуна шуданро фаромӯш накунед. 😉Дастгири шумо пешравии мо!

Show more
Advertising posts
325
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

НОВЫЕ ТУРЕЦКИЕ СЕРИАЛЫ В НАШЕМ ТЕЛЕГРАМ КАНАЛЕ
Show all...
ЕСЛИ СИЛЬНО ПОЛЮБИШЬ
КТО САМ ПАДАЕТ
МОИ БРАТЬЯ И СЕСТРЫ
ОТЕЦ
Соли чанд бошад?
Show all...
Хизмати Ватан – ифтихори шаҳрвандӣ Гуруҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара,ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. Ба ин муносибат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонони адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намуда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Тавре шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ башорат медиҳад. Зеро, дар оғоз ва нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати баҳорона ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ паём расониданд. Шаҳрдори Исфара бо зикри он, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд, бузургмардоне чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ арзёбӣ намуда, ҳомиёни ояндаи Ватанаро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят намуд. Баромадкунандагон зимни суханронӣаз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, бо тазаккури зарурияти дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат, ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффариятҳои беназирро таманно намуданд. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савридинова ва модари даъватшаванда Юлдошева Фируза баромад намуда, нахуст ба ҷавонони дар мавсими баҳорӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори сипос ва минатдорӣ карданд. Сарбози ба тозагӣ хизмати аскариро ба итмом расонида Усмонов Исроилчон изҳор дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ мебошад ва бояд ҷавонони сини даъватӣ барои ба ҷо овардани хизмати Модар-Ватан камар банданд. Даъватшаванда Чураев Мухаммадсидик баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷавонон набояд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кунанд. Зеро аскарӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ будан, мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар ва насими форами зодгоҳ аст. Ў аз номи ҷавонони баору номус, ҷавонмардони ҳақиқие, ки ифтихори баланди миллӣ доранду Ватанашонро аз сидқи дил дӯст медоранд, дар назди аҳли ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок адо хоҳанд кард Дар фарҷом ширкатдорони чорабинӣ, модарони даъватшудагон хамчун рамзи меҳрпайванди, бо пайгири аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда лўќмаи нон газониданд, то шаҳписаронашон хидмати Модар-Ватанро сарбаландона ба чо оварда, сиҳатманду сарбаланд ба зодгоҳашон баргарданд, мўйсафедони барнодил ба наваскарон роҳи сафед хостанд, дар адои рисолати ҷавонмардиашон бурдбориву муваффақият таманно намуданд. Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ва шодиву нишоти сарбозону наваскарон анҷомбахши ин ҷамъомади бошукуҳ буд. Манбаъ ва аксҳо: Зубайдулло Шомадов
Show all...
Show all...
KINO ONLINЕ • КИНО ОНЛАЙН

Новые фильмы 2023 Заказывайте фильмы бесплатно От вас только подписаться😊🙌

Гусели наваскарон дар Чоркуҳ Дар ҷамоати деҳоти Чоркуҳ бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими гусели наваскарон ба хизмати Модар-Ватан баргузор гардид. Ҷавонмардони асили диёрро Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо накӯтарин орзуву умедҳо сидқан муборакбод гуфта, аз онҳо даъват намуд, ки ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат кунанд ва бо сари баланд ба назди волидони худ баргарданд. Мавсуф бо баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон, хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ кард ва аз таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд. - Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва нангу номуси шаҳрвандӣ мебошад, - гуфт Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат кардан дар сафҳои Артиши миллии кишварро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маъракаи даъват ба як чорабинии завқбахш, хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омадани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳаматарафа омодаанд. Мавриди зикр аст, ки алҳол дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷўҳи хосаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохторҳои низомии кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба волидайни наваскарон, омўзгорону устодоне, ки ин ҷавононро дар рўҳияи баланди ватандорӣ ва садоқатмандӣ тарбия намуда, имрўз чун ҳомӣ ва ҳимоятгари Ватан ба камол расонидаанд, изҳори сипос намуд. Барномаи фарҳангии саршори меҳру муҳаббати ватандорӣ анҷомбахши тантанаҳои гусели наваскарон гардид. Манбаъ: Зубайдулло Шомадов
Show all...