ДАРСИ ТАҶВИДИ ҚУРОН 📚درس تجوید قرآن🌴🥀
Open in Telegram
794
Subscribers
No data24 hours
-47 days
-830 days
Posts Archive
Repost from АБДУЛЛОҲ ОҚИЛЗОДА
ЭЪЛОНИ ТАЪСИСИ ШАБАКАИ ИЛМИИ "НИЗОМИЯ" ДАР ШАКЛИ НАВИ "BOT"
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон!
Бо арзи салому паём ба ҳама бародарону хоҳарони сафҳаи банда.
Чуноне шумо огоҳ ҳастед, банда чанд рӯз қабл эълон кардам, ки дарсҳои шабакаи ютубии "НИЗОМИЯ" дар Телеграм низ бо ҳамин ном нашр мешавад ва унвони он телеграмканалро гузоштам. Аммо дарсҳо дар чанд гурӯҳи ҷудо - ҷудо нашр шуд. Яке аз бародарони азиз пешниҳод кард, ки беҳтар аст ҳамаи дарсҳо дар як ҷо ҷамъоҷамъ нашр шаванд, то кори истифодабарандагон осон шавад. Ин пешниҳоди бародари азизамон писандамон омад ва худи он бародар бо яке аз бародарони дигар аз пайи сохтани шакли ҷадид шуданд ва имрӯз ин кор ба анҷом расид.
Инак шумо метавонед ба шабака аз нав обуна шавед ва аз дарсҳои он истифода кунед.
Мо аз маҷмуи 505 соат дарсҳои сабтшуда ҳамагӣ 146 соати онро нашр кардем ва боқимондаи дарсҳо ҳам андак - андак нашр мешаванд.
Аз он бародароне, ки дар ин амали хайр саҳм гузоштанд, сипосгузорӣ карда, барояшон аз Аллоҳ Таъоло аҷри беҳисобро хоҳонам.
Аз якояки истифодабарандагон хоҳиш мекунам, ки дар ғоибӣ дар ҳақи мову бародарони созандаи ин барнома ва нашркунандаи он дуои неки худро дареғ надоранд.
https://t.me/Nizomiya_bot
