1 104
Subscribers
+124 hours
-17 days
No data30 days
Posts Archive
1 104
Асосан ҳаёти моро, ва маънои ҳаёти моро тарзи дидан фарқият мекунад.
Қалбе ки дар дарун аст, мо бо нигоҳ равшан ё торик будани қалбро ҳис карда метавонем.
1 104
Ассалом алейкум
Дустон ва ҳамватанони азиз.
Рузатон ба хайр ва қалбатон пурнур бошад.
Бароятон ҳамеша аз даргоҳи Иллоҳӣ пешрави ва қалби хурсанду равшан мехоҳам дустон.
1 104
Алейкум бар салом.
Ҷавоби беҳтарин.
Мо хотирҷамъ ва хурсанд бошем, нишонаи шукргузори аст, ва таваккали корҳоямонро ба Аллоҳи меҳрубон бовар кардан аст
1 104
Ассалому Алайкум Устоди Мухтарам ,ман як чиза аз Суханонатон фахмидам.Хулласи калом Одам бояд хамавакт хотирчам ва хурсанд бошад,боки тамоми чиз дунё дастрас мешавад.Дуруст ми Устод.
1 104
Мо чи қадар ба қалбамон нисбат ба ҳамма Мнҳр пайдо кунем, бад бини аз мо меравад. Бад бини аз мо рафт, мо ба хурсандии бепоён дастрас мешавем.
Чунки пайғамбарамон Муҳаммад( С. А. В. ) ҳеҷ гоҳ бад бини ба ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас надоштанд, ва аз табассуми зебояшон нур намудор мешудааст.
Мо ҳеҷ гоҳ пайғамбар шуда наметавонем!!!
Лекин пайравашон шуда метавонем дустон.
1 104
Беҳтарин савол.
Барои Илмро зиёд кардан аввалин китоби муқаддаси Қуръон аст, ки мо сабр ро меомузем, аз гузаштагон, яъне аз азобҳои пайғамбарон, ва корҳои некро меомузем, тарс аз Аллоҳро пурратар меомузем.
Дувумин китобе ки Илмро зиёд мекунад, китобҳои психологи аст.
Сарватмандтарин шахси Бобул беҳтарин китоб аст, ки аз 0 меомузонад барои инсони мефаҳмидагӣ.
1 104
Дустони азиз.
Ҳар як инсон мехоҳад хурсанд бошад, хурду калон ин ҳолатро мехоҳад.
Лекин бо кадом сабаб ба ин хурсанди расиданро ҳеҷ кас фикр надорад.
Сабабаш кутоҳ ва оддӣ.
Ҳар якеи мо ба қалби худ гуш кунем, ва барои худ рост гу бошем.
Мо киро бад мебинем?
Мо чи кори некро бад мебинем?
Мо чиро бад мебинем?
Албатта ҳар як инсон касеро бад мебинад, аз наздиконаш, ё аз дустонаш, ё баъзан як симо ки тамоман на шинос на ба мо зарар дорад, маъқул намекунем.
Ин сабаби аввалин бад бини ки хурсандии моро аз мо мегирад.
Мо коре ро ки мекунем, онро бад мебинем. Фикр малол мегирад. Танҳо ҳамон рузи маъошро ё даромади бегоҳ аз ҳамон корро дуст медорем. Ҳол он ки ҳамон кор мушкилии ҳаёти моро бар душ гирифта аст.
Дуюм сабаби бад бини ба кори мо ки баракаташро мо худ аз байн мебарем, ва ба хурсанди дастрас шуда наметавонем.
Як шахсе ки тамоман ба мо дахл надорад, мо онро дида маъқул намекунем. Қади паст ё баландашро, сиёҳу сафед, ё бинни ё як ҷояш моро сахт асабони мекунад, ҳол он ки Худованд моро чи гуна офарида бошад, ӯроҳам ҳамин хел офарида аст.
Сабаби сеюм ин аст, ки мо маъқул намекунем қалби мо ноором аст, ва хурсандиро дастрас шуда наметавонем.
Хурсандиро мехоҳем, ба сари худ ҳар лаҳза саволҳо меояд, ки чаро ҳаммаи зиққиҳо ба ман.
Худованд маро ҳамин хел офарид.
Хурсанди насиби мо баринҳо намешавад.
Лекин бениҳоят оддӣ аст, ки бадбиниҳои мо аз худи мо хурсандиҳоро мебарад.
Лекин тан гирифтани одати худ хело душвор аст.
Мо сабабро аз дигарон меҷуем.
Ва ба хурсанди нарасиданамонро аз дигарон мекобем
1 104
Ассалом алейкум
Дустон ва ҳамватанони азиз.
Рузатон ба хайр ва пурбаракат бошад.
Рузи Саиди Ҷумъа ба ҳаммагон муборак бошад азизон.
Аллоҳи меҳрубон дар ин руз ва ба ҳамма рузи некаш гуноҳони моро авф ва қалби моро шод созад.
1 104
Ин нишонаи нобовари ба худ.
Вақте инсон ба худ бовар намекунад, ҳар фикр ва ҳар кор садди роҳи ӯ мешавад.
Ин роҳ оссон аст.
Шумо ба кадом кор мақсад доред, ба ман оссон гуфта сар кунед, ва таваккалашро ба Аллоҳ супоред.Ин роҳ ҳақиқат дорад, ки ҳар як кор оссон иҷро мешавад ва инсон нафаҳмида мемонад.
