en
Feedback
Умеди Нав

Умеди Нав

Open in Telegram
1 104
Subscribers
No data24 hours
-37 days
-130 days
Posts Archive
Устод Ман ба шумо як савол доштам ман аз кудакиям дар депрессияам хозир 20 солаам Зан хастам вакте ба атрофиёнам мегуям ба назди равоншинос баред ба Ман мктахассис лозим аст то бароям рохро нишон тиян онхо Маро намефахманд ва хам пул намедиханд Ки Равам Ман худам барои худам талошхои кучак мекунам,Хар сахари барвакт аз хоб мезезам дахто афирматсия мегуям дахто феьлхои мусбати худамро менависам аммо ин Кофи нест бароям ягон маслихат медодед

Ҳоло ҳам дар баъзе бизнесҳои калон,бо инвестицияи хурду калон корбари мекунам. Бо ҳар як нозукиҳои бизнес рӯ ба рӯ мешавам, даме болорави ва даме ба сатҳи поён ки ба гуфтан душвор. Илми Худо сабаб аст , ки ман оромона ба ҳар як печу тоби ин роҳҳо назар карда ба пеш қадам мегузорам. Илм танҳо донистан ва ё бисёр маълумот ҷамъ кардан набудааст. Илм ро асос " Ҳис" ва "амал" кардан натиҷа будааст. Ман лаззати ҳаётро аз илм чашидам.

Бисёр саволҳои ҳам монанд, омада истодааст ба мо барои тез ба мақсад расидан, барои аз қарз оссон баромадан, барои чи гуна муваффақ шудан дар ҳаёту зиндагӣ. чи гуна Техника доред? Ягон техника диҳед Устод мегуянд. Ба ҳаммаи чунин саволҳо як ҷавоб дуруст омад дустон Мо ягон хел техника надорем. Дарсҳои мо ИЛМ гирифтан аст. ИЛМ ба худ мувофиқ вазифаҳо дорад. Вазифаро иҷро кардан, яъне амал карданро техника мегуем, ё техника мегуянд. Барои ба шумоён каме равшантар шудан Масалан; Инсоне, ки доим зиқ дар кадом ҳолате ки набошад, чи дар ғами зиққии қарздорӣ, ё чи дар депрессия ва тарс, ё якдигарнофаҳмӣ ба оила ё кору бизнес. Махсус вазифаҳо ҳаст ки иҷро мекунед, фикратон равшан ва қалбатон орому хотирҷамъ мешавад. Чи қадар фикр равшан ва қалб хотирҷамъ бошад, ба инсон мушкили таъсир расонда наметавонад. Ҳаёти бе мушкили нест, аз аввали офариниши дунё мушкили ба ҳар як зоти одам буд ва то ҳоло ҳаст, яъне пастию баландиҳо бар ҳаёти ҳар як шахс ҳаст. Инсоне ки, Илм дорад,яъне моҳияти илмро медонад мушкилиро ором ва хотирҷамъ роҳи ҳалашро меёбад. Инсоне ки, аз илм норасои дорад, бо андак мушкилиҳои хурд ҳам ба депрессия ва роҳгуми дучор шуда банди асири зиққиҳо мешавад. Қалби хотирҷамъи ҳам ду хел мешавад. 1.пурхатартарин қалби хотирҷамъӣ Аз меъёр зиёд қалб парвои дунё надорад, яъне рӯ ба танбалӣ овардан. 2.қалби хотирҷамъи Мақсад мегузорад, амал мекунад, натиҷаашро таваккал ба Худо карда, бо фикри равшан ба пеш ҳаракат мекунад. Аз таҷрибаи худам ва аз таҷрибаи чандин нафар инсонҳои аз сар гузаронида таҳлил карда баромадем ки Илм ягона роҳ аст бо амалаш( техникааш) ба инсон сабабгори фаҳмиш ва натиҷаи беҳтарин барои инсон аст. Пештар аз ҳама бад медидагиям ва намехостаам ин психология буд. Чунки моҳияташро намефаҳмидам. Фикр мекардам ин соҳа танҳо барои инсонҳои псих лозим аст. Ҳар як мушкилиҳои ҳаёт бо сахтияш инсони солимро ҳам псих мекунад. Баъди санҷишҳои хурду бузурги ҳаёт ва баъди якдигар нофаҳми бо партниёр дар соҳаи бизнес ва як бора бе хабари пешаки ноумед шудан , ман сахт ба торик фикрӣ (депрессия)ғарқаи зиққиҳо, бемории қалб дучор шудан бо маҷбурию дигар илоҷ надоштан рӯ ба илм овардам. Илми психология, яъне барои қалбу фикр илм гирифтан. Чунки ман аз ин роҳ дигар илоҷ надоштам. Норасоии илм, пурхатартарин ҳолат ки инсонро то чи дараҷа ба торикбини гирифтор мекунад, ки инсон ҳатто аз Худои ҳар лаҳза мададгораш ҳам ғофил мемонад. Инсон барои пешбурди зиндагӣ, барои касбу ҳунар ва барои равнақу ривоҷи соҳа ки ба як мартабаи баланд расад илми соҳаро мегирад. Лекин! Илми асоси илми психологи ки дар бораи худи инсон аст, то зӯр наояд ҳеҷ кас ин илмро на сарфаҳм меравад ва на хоҳиши гирифтан доштааст. Вақте ман рӯ ба илм овардам ва чанд вақт илмро бо амалаш вазифаи( техникаи) асосии худ қабул карда ба пеш қадам мемондам. Илм барои ман сабаб шуд фикри ман равшан ва қалбам умед пайдо кард барои хотирҷамъ шудан. Дар ҳақиқат моҳияти илмро донем, ҳаёт ва зиндагии мо тағир мекардааст. Ман бо қарзи калон ва роҳгуми рӯ ба илм овардам. Илм сабаб шуд Қалбам шифо ёфт аз дарде ки ноумедиҳои ногаҳони зарбаи сахти худро зада буд. Албата оссон нест, руҳан ба бемории қалб дучор шудан, ин дардро ҳамон шахс ҳис карда метавонад, ки аз сар гузаронидааст. Илм сабаб шуд, аз баъзе қарзоям тез ва аз баъзеаш дер озод шудам то ҳол назди рафиқи беҳтаринам ки аз давраи хурди рафиқи ҳақиқи будем қарздории дӯсти дорам. Баъди соҳиб илм шуданам,дар соҳаи пеш бурдани кори илми боз ман шикаст хурдам. Бо ҳамкорони бениҳоят ҷавон,( наздик андеш)бо тамоми хароҷотҳо, сохтани корхона ва системаи илми ҳама аз ҳисоби ман буд. Корҳо хуб ва ба дараҷаи аъло ( миллион) расида буд. ... Лекин! Ин роҳ барои ман боз як дари раҳматашро кушод. На ҳамааш: Баъзе идеаро сидқан ба нақша дароварда бо тамоми меҳр онро амали месозам,айнан ҳамон баъди рӯ ба беҳбуди овардан самташ дигар мешавад. Ҳамон кор маро боз ба як кори калонтар роҳ кушо мешавад.

Бисёр саволҳои ҳам монанд, омада истодааст ба мо барои тез ба мақсад расидан, барои аз қарз оссон баромадан, барои чи гуна му
Бисёр саволҳои ҳам монанд, омада истодааст ба мо барои тез ба мақсад расидан, барои аз қарз оссон баромадан, барои чи гуна муваффақ шудан дар ҳаёту зиндагӣ. чи гуна Техника доред? Ягон техника диҳед Устод мегуянд. Ба ҳаммаи чунин саволҳо як ҷавоб дуруст омад дустон Мо ягон хел техника надорем. Дарсҳои мо ИЛМ гирифтан аст. ИЛМ ба худ мувофиқ вазифаҳо дорад. Вазифаро иҷро кардан, яъне амал карданро техника мегуем, ё техника мегуянд. Барои ба шумоён каме равшантар шудан Масалан; Инсоне, ки доим зиқ дар кадом ҳолате ки набошад, чи дар ғами зиққии қарздорӣ, ё чи дар депрессия ва тарс, ё якдигарнофаҳмӣ ба оила ё кору бизнес. Махсус вазифаҳо ҳаст ки иҷро мекунед, фикратон равшан ва қалбатон орому хотирҷамъ мешавад. Чи қадар фикр равшан ва қалб хотирҷамъ бошад, ба инсон мушкили таъсир расонда наметавонад. Ҳаёти бе мушкили нест, аз аввали офариниши дунё мушкили ба ҳар як зоти одам буд ва то ҳоло ҳаст, яъне пастию баландиҳо бар ҳаёти ҳар як шахс ҳаст.

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ Дустон ва ҳамватанони азиз! Рузатон ба хайру шодӣ ва пурбаракат бошад. Ба ҳамаатон солими ва сарбаландӣ мехо
АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ Дустон ва ҳамватанони азиз! Рузатон ба хайру шодӣ ва пурбаракат бошад. Ба ҳамаатон солими ва сарбаландӣ мехоҳем.

Ассалому ъалайкум. Иди нуру имон, Иди покизагӣ, иди шафқат, иди дӯстиву ҳамбастагӣ, иди саиду шариф мубораку фархунда бод! Чи орзуву омоле дар дил доред Худованди пок ҷомаи амал бипӯшонад

Ман ба ин гуфтахо бо боварии комил дорам ,чунки дарси як рузаи устод гузашта буд ,шохид гаштам ,ки чи кадар устодро илими равоншиносиашон ба сатхи оли хаст.Бо киссахо хар нафарро дар он гурух фахмонданд.Мехохам хар вакти холигиашон устоди Азиз ба мо киссахои ибратбахш пешкаш намоянд

Асалому алейкум устод ва хамватони азиз. Иди саиди фитро барои хар яки Шумо муборакбод мегуям. Ба Шумо ва ахли хонадони Шумо хама хушихои зиндагиро орзу дорам. Худованд тоату ибодати мову шуморо ба даргохаш кабул када бошад. ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК

Салом барои устоди азизам ва ба хали гурух ! Устодчон Ман бо ифтихор ва бо як самимият мегуям,Ки шумо устод не балки як фариштаи замини, Худованд аз шумо ва ахали пайвандонатон рози бошад ва Рахмат барои волидонат,Ки шуморо чунин як шахси доно, мехнатдуст ва як шахси бо илму маьрифат тарбия намудаанд,Ки имруз шумоен хазор хазор инсонхоро аз торики аз шикастаги аз бедордили будан огох мекунед, устодчон Харон Чи Сухан гуям хам дар васфат Кам хаст,ту бехтарини бехтаринхои устодчон ин шумо Боис шудед,Ки Ман аз он чизе,Ки хамеша гирду атрофамро гунахгор мекардам ва хамеша дар фикрам гумони баьд нисбати наздиконам ва хешу таборам Хар он касе мешинохтагиям факат худамро хамеша рост мегуфтам,ба Хар чизу ночиз хам худро меранчондаму хам наздиконамро хамеша сарам аз чизхои бехуда Ки дар зиндаги хеч корам намеомад пур буд дилам сиех буд,вале устодчон ин Дарси шумо сабаб шуд, Ки Ман бештар бо чашми сар Неву бо чашми дил атрофро Назар кунам ин Дарси шумо боис шуд,Ки Ман худро шинохтам Ман Ки хастам ва бисер чизхоро Барои худам нависода гирифтам ва хатогихои худро фахмидам ва то хатто Дарси шумо сабаб шуд Ки наздиконам бо Ман дар тамос шудан ва хеле хайронам шудам ва хатоги дар худи Ман будаст. Шукри Худовандро беандоза мекунам ,Ки бо шумо хамсухбат шудаму хатогиямро фахмидам,чхел мегуян .Об дар кузаву мо ташналабон мегардем. Ер дар хонаву мо гирди чахон мегардем. Вале рост ин хатоги дар пеши худамону мо нисбати дигарон фикри Бад мекунем.Бехтарин дарс бароям буд дар зиндагиям имруз Ман хело зани хушбахт хам худро гуям мешавад . Худованд илматонро бисер бисер гардонад устодчон ва хамеша дуогуйи он хастам,Ки парвардигор бароят умри Саьдиро насиб кунад хамеша сихат саломат бошед барои хали пайвандонат усдочон Худованд аз шумо рози бошад ,Ки Моро аз худшиноси огох кардед.хеле ва хеле миннатдорам аз шумо 🙏🙏🙏

Устод Ман хам аз шумо хеле миннатдорам

photo content

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! СУБҲАТОН БА ХАЙРУ ШОДӢ ВА ПУРБАРАКАТ БОШАД! РУЗА ВА ТОАТИ КАРДАГИҲОТОНА ХУДОИ МЕ
АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ! СУБҲАТОН БА ХАЙРУ ШОДӢ ВА ПУРБАРАКАТ БОШАД! РУЗА ВА ТОАТИ КАРДАГИҲОТОНА ХУДОИ МЕҲРУБОН БА ДАРГОҲИ ПОКАШ ҚАБУЛ СОЗАД!

~@ Салом алейкум Ба Устод ва аҳли гуруҳ. Ба ман ҳам ин дарс сабаб шуд, аз ин илм манфиати калон дидам ки ҳаёти маро аз хавфу торикбини наҷот дод. Ҳам қарздори калон будем ва ҳам байни партниёр якдигар нофаҳми. Руз аз руз ба қалбам қасос авҷ мегирифт. Илми Устодро гирифтам, баъди соҳибилм шуданам,ҳолати ҳозираамро барои гуфтан забон оҷизи мекунад. Одами зод чи қадар аз илм норасои доштааст. Мо доим барои касбу ҳунар барои зиндагиро чи гуна пеш бурдан илм мегирем, соҳиби дипломи сурх барои касбу ҳунар мешавем. Лекин ба хотирамон намерасад ки барои худи инсон ҳам илм лозим будааст. То дар вақти пастию баланди мо чи гуна худро бой надода ба пеш қадам гузорем. Як гапи Устод вуҷудамро чунон дард дод, ки ашки чашмонам ро идора карда натавонистам. Ба Устод гуфтам, онҳо аз ман ва аз идеаи ман истифода бурданд. Ман онҳоро ҳамин гуна намегузорам... Устод ором гуфтанд. Фаҳмиши онҳо ҳамин қадар Вақте як нафар аз як нафари дигар истифода бурданро фикр дорад ӯ аз назари Худо дур аст. Ӯ аз Худо барои худаш хостанро фаҳмиш надорад... Устод гуфтанд. Беҳуда қувваатонро ба намешуда бо нафрат банд насозед. Ин кори шуда шуд. Худованд худаш ҳисобдони бузург аст. Ман дар ҳаминҷо як асрори калон ро фаҳмидам ки қалби ман аз торики ва нафрат озод шуд. Дигар ба кашокашии гузашта нуқта гузоштам Ҳаққи ман аз партниёр 150 000 буд натавонистам ҳаққи ҳалоли худро ба даст оварда. Баъди чанд муддат дигар коре ки чанд муддат кушиш мекардам намешуд ҳам он кори шахси худам пешрави кард ва ман дар муддати кутоҳ он даромадро бо зиёдаш аз онҷо кор кардам. Партниёрам руз аз руз қафорави дорад. Назди Устод омада ҳамаро гуфтам.Партниёрам корҳояш қафогарди дорад Устод барои ман *стоп техника* Яъне *нуқта* ба гузашта дигар барнагардед. Аз гузашта танҳо ба худ дарс гиред. Дар ҳақиқат ба гузашта назар кардан дард медодааст Ва аз гузашта дарс Роҳи ривоҷ ёби Ба Устоди азиз раҳмат. Бо роҳи илм Сабаби шудан то мо аз нафрат даст кашида ҳаёти неку беҳтаринро интихоб кардем.

photo content

Ассалому алейкум Дустон ва ҳамватанони азиз! Рузатон ба хайру шодӣ бошад Пагоҳ рузи 15 март дарс оғоз мешавад. Баъди ду соат қабул пушида мешавад. Аз Худои меҳрубон ба ҳаммаи шумоён қабули рузаву ибодатҳо Солимию сарбаландӣ ва дар зиндагиятон баракат мехоҳем!

Ассалому алейкум Дустон ва ҳамватанони азиз! Рузатон ба хайру шодӣ бошад. Рузи 15 март дарси се рузаи гуруҳи " Худшиносӣ" Тариқи онлайн Оғоз мешавад. Пагоҳ қабул пушида мешавад. Хоҳишмандон метавонед барои иштирок ба WhatsApp и менеджер нависед. +992 50 4444 911

Нархаша лутфан дастрас кунед

Алейкум салом. Саволи каме мураккаб. Мо то равшантар нафаҳмем ҳолати якдигар нофаҳмиро тавсия додан ҳам каме душвор. Чунки мавзӯи оила тамоман дигар аст. Ба ҳар ҳол Аввалан мо дар кадом ҳолате ки набошад модарро гунаҳкор карда наметавонем. Барои тамоми модарон танҳо як савет. Модари солеҳа ҳеҷ вақт шири сафедашро ба забон намегирад,байни кори мешудаги ва намешудагӣ,барои ҳар гуна исботҳо номумкин аст.Чунки шири сафед аввалин ризқи пок ва муқаддас аз ҷониби Худованд. Барои модарон ҳамин қадар гуфта метавонем. Мардро ҳам дар ин замон бояд дуруст фаҳмид. Баъзан даромад мешавад баъзан намешавад. Агар дар муҳоҷират бошад хоҳ даромад дорад хоҳ надорад хараҷоти қонуни ҳаматарафа ба мард ҳаст. Ин ҳолатро бояд ҳама занҳо дуруст фаҳманд. Лекин! Агар шавҳар дар ҳақиқат кору даромади доими дораду ба оилаи худ баҳонаҷӯи мекунад ӯ заифтарин мард аст. Маънои Никоҳро ҳаммаи мо чуқур сарфаҳм равем ягон оила хор ва муҳтоҷи дигарон намешавад.Агар ба пастию баландиҳои ҳаёт дучор шудан сабаб нашавад. Чи хеле ки ягон бизнес мекунем дар байн шартнома мешавад ва дар шартнома қоидаи қонуни рафти кор вуҷуд дорад. Никоҳ ҳам байни марду зан ва Худованд шартнома ба ҳисоб меравад. Дар тамоми ҳолат уҳдадориро ба гардан гирифтан ва ба Худованд ваъда додан аст. Ҳар мард аз даромадаш ҳуқуқ додад 20% барои модар 20 % барои оила ва 60% барои худ ҳисса гузори кунад. Чаро барои модар ва оила 20% ва барои худ 60%? Барои онки ҳар як мард хараҷоти худро дорад ва боқимондааш барои худаш. Чи мақсади бизнес дорад ё хона харидан ё мошин ё сафарҳо. Яъне барои нақшаи ояндасозӣ. Байни ӯҳдадории оиларо ягон хел шарти шири сафед ё қасам хӯрдан гардонда наметавонад. Баръакс оиладориро( диққат диҳед) дар ҳолати даромад доштанаш бе ягон баҳонаҷӯи ба гардан гирифтан ҳуқуқ дорад.Ба гардан нагирифтан назди Худованд ҳам назди қонун ҳам ҷавобгари дорад. Мо ягон хел техникаи аз шавҳар пул гирифтан надорем ва чунин техника шояд набошад. Ягона роҳи аз шавҳар пул гирифтан Дар ин даҳҳаи охири моҳи шарифи Рамазон ва ҳамавақт дар ҳаққи шавҳар дуои нек кардан аст. Дуои сидқан аввалин ва беҳтарин роҳи ҳал барои ҳар як инсон. Ноумед нашавед! Ба ҳар хел одамҳое ки нисбати оилаи шумо дар бораи хусуру хушдоманатон чиҳо мегуянд дода нашавед. Зиндаги пастию баланди дорад. Рузҳои беҳтарин дар пеш доред Худованд меҳрубон аст.

🤍@🌗@🤍@ Ассалом Устоди азиз.Ман се сол аст наворҳои шумора тамошо дорум ва аз ин канали телеграм бисёр чизҳора ба худ гирифтум. Ман зан ҳастм зани шавҳару фарзанддор. Шукри Худо шавҳари солиму омад нок дорум. Мақсади навистани ма аз шумо хоҳиш дорум ба саволи ма ҷавоби манфиатбахш тиен. Хостум консультатция гирум админ қабул накад. Гуфтан шумора сафари Пенҷакенд рафтагиян. Хулосаи гап Устод ягон #техникаи ай шавҳар чи гуна сум гирифтан дорен? # Дар охир бисёр ай ҳами хел зиндаги хаста шидам. Ай саршавии оиладориамон то ҳол шавҳарам барои ману фарзандош дуруст сум намедиҳа. Ҳама хараҷотамро ай бемории худи ма ва фарзандонам сар када то хурдану пушидан ноилоҷ модарам мекнан. Шавҳарам инсони бад нестай ё бекору бедаромад ҳам нестай.Ҳар руз як ё ду маротиба занг мезана суханҳои ширин мега.Лекин ба ма ай сухани ширин дида айни ҳол сум беҳад лозим барои таъминоти одии зиндагира пеш бурдан. Шукри ҳамаш як руз соз мешдагист ай худш умед дорум гуфта базур сабр када зиндагира таҳамул кадестам.Шавҳарам мехоҳад мода сум рои кна ду се маротиба сум роимон кад модараш ҳамара чапа роста кад.барои дига бачаш ки ҳамсаршда сум рои накна шири сафедша дар байн гузошт. Барои мо сум рои кадан и ҳунароша кад ё накад ма точна намедонм.Ҳамсояҳо хушдоманма :аспаки: ном гузоштай.дар зиндаги хусурум ра мисли зан хуштоманма мисли мард меган.Хушдоманм бисёр қоидадон ҳамара сиё худша сафед мебина. Ба шавҳарум мегам сум рои кн кудакон ҳамачида зарурат доранд ба ма бачара ай дастуш дошта чизои химикат ё ҳар хел орзу ҳавасҳода не барои зарурати ҳамаруза ноилоҷ кадести гуфтумша Ҳар вақте сум мепрсам Чум чи хел баҳонаҳора мекна ки ай сару симои шавҳар буданш дилма хник мекна. Устоди азиз. Ма дар оилаи серу пур калон шидагиюм.хондагиюм Майлаки уқа серу пурам накна ҳам оди заруратомда сахти бад муҳтоҷам накна. Неки кадест. Як саветам бтен то дар зиндаги роҳгум назанм. бо ҳами мард ки беатказ даромади хуб дора муҳтоҷу ноилоҷ як руз ҳамаш соз мешава сабр када зиндаги кнам? ё ай баҳри чунин зиндаги гзашта худ ай пушти сум коркуни шида зиндагима пеш барум. Пешаки раҳмат Миннатдор Устоди азиз!

Ассалому алейкум Дустон ва ҳамватанони азиз! Рузатон ба хайру шодӣ бошад. Рузи 15 март дарси се рузаи гуруҳи " Худшиносӣ" Тариқи онлайн Оғоз мешавад. Хоҳишмандон метавонед барои иштирок ба WhatsApp и менеджер нависед. +992 50 4444 911