en
Feedback
Кӯҳистони Синтаб.

Кӯҳистони Синтаб.

Closed channel

Show more
The country is not specifiedThe category is not specified
235
Subscribers
-124 hours
-17 days
+230 days
Posts Archive
Repost from N/a
Шону шӯҳрат обрӯи ном-нишони Синтабӣ, Меравад ҳар гӯшаи олам ҷаҳони Синтабӣ. Таърихи дуру дарозу тохтутозҳои куҳан, То ба мо
Шону шӯҳрат обрӯи ном-нишони Синтабӣ, Меравад ҳар гӯшаи олам ҷаҳони Синтабӣ. Таърихи дуру дарозу тохтутозҳои куҳан, То ба мо аз баҳри меросест, макони Синтабӣ. Ҳар гузар бо номи суғдӣ, решаи худро бидошт, Деҳаи сайёҳии хуб, тоҷикони Синтабӣ. Чашмаи софу равон ҷорист зи сой оби зулол, Обҳои чашмасорон, чор дамони Синтабӣ. Қуллае аз сатҳи об боло баланду чашмнамо, Мӯъҷиза дар пастиаш, кӯли калони Синтабӣ. Кӯчаи асфалт, роҳҳои чароғони диёр, Роҳи ҳамвору васеъ, роҳи равони Синтабӣ. Номи деҳа ҳар куҷо гардида паҳн андар ҷаҳон, Мегузоранд номи ӯро дар забони Синтабӣ. Бо ҳавои тозаест, боду насими форамаш, Мевазад аз сӯи кӯҳсор то ба ҷони Синтабӣ. ✍ Далер Оромович.

Repost from N/a
Ду бародар аз қадим, ки роҳи дӯстӣ доштан, Ҳамҷиҳат бо ҳам ҳама вақт тухми некӣ коштан. Ҳосили онро кунун гул-гул шукуфон мек
Ду бародар аз қадим, ки роҳи дӯстӣ доштан, Ҳамҷиҳат бо ҳам ҳама вақт тухми некӣ коштан. Ҳосили онро кунун гул-гул шукуфон мекунанд, Ду миллат саҳми болои рафиқӣ дасти ҳам бардоштан. Тоҷику Ӯзбек кифт ба кифте рост паҳлӯи ҳам боэътиқод, Дӯстиро дар ҷаҳон бо чашми ҳақ пиндоштан. ДАЛЕР МАНСУРОВ.

🍁🍁 ҶАВОНӢ РАФТ. 🍁🍁 Ҷавонӣ рафт аз ман, монд доғаш Пушаймон гаштаму кардам суроғаш Ҷавонӣ,ёдгори умри ширин Хазон шуд шохсори боғи умраш 🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁🍁 Ҷавонӣ,эй ҷавонӣ,эй ҷавонӣ Чу оби саркаши дарё равонӣ Чаро ту ин қадар мешитобӣ Маро ту аз паси худ медавонӣ 🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀🥀 Ҷавонӣ рафту созаш дар дилам монд Ғаму сӯзу гудозаш дар дилам монд. Ҳазорон ёдгори нонавишта Нишон аз рамзу розаш дар дилам монд. 🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀🍀 Ҷавонон давр ронед дар ҷавонӣ Бичинед гул зи гулбоғи ҷавонӣ Баҳори умри мо охир хазон аст Ҳамон хоки сияҳ моро макон аст... 🌻🌻🌻🌻🌻🌻🌻🌻🌻🌻🌻

@Chaqqon_Robot birinchi raqamli yuklovchi bot

Чӣ мегӯед,ки ин аспсавор ҳамон бойи хасис буд. Нуралӣ гӯё ӯро бори аввал дида бошад ба пешаш рафта таъзим кард. Бой боз Нуралиро дар фарбеҳӣ айбдор кард ва боз Нуралӣ ӯро илтиҷо намуд,ки ба хизматаш гирад. Сипас бой ӯро ба пушташ савор карду ба ҳавлиаш бурд ва як қурути сахте дода ба ҳамон кунҷи оғил,ки моҳе пеш дар онҷо хобида буд хобонид. Нуралии бечора боз як моҳи дароз бар ивази якто нони қоқ ба бой ҳезум овардаю дар кунҷи оғил хобид. Баъди як моҳ бой аз бозор қанори бисёре харида оварду гусфандеро сар зад ва кабоб карда ба Нуралӣ ваъда дод,ки кори ҳақиқиаш пагоҳ сар мешавад ва ба ӯ хизматонаи хубе медиҳад. Бой дар ҳақиқат Нуралиро нашинохта буд. Ӯ гумон мекард,ки дар муддати ин ду моҳи дароз бачаи навбатӣ дар болои қулла мурдаасту хӯроки уқобону лошахӯрон гаштааст. Қоидаи кори ӯ чунин буд,вай баъди ҳар ду ё се моҳ бачаи лоғареро,ки уқоб бардошта тавонад ба пеши қуллаи ҷавоҳирдор мебурд ва соҳиби лаълу алмосу ёқути бисёре мешуд. Хуллас субҳи дигар онҳо бо аспу шутур ба пояи қуллаи шинос расиданд. Бой пусти гӯсфандро ба замин паҳн карда Нуралиро амр намуд,ки болояш дароз кашад. -бойота ман намедонам чихел дароз кашам,якбор худатон хобида ба ман нишон диҳед-гуфт Нуралӣ. -эҳ ин чӣ душворӣ дорад,мана интавр дароз мекашӣ-гуфта бой рӯи пӯст дароз кашид. Нуралӣ чолокона бойро ба пӯст печонида бо чилбур сахт баст. Сипас чоруқашро аз пояш кашиду ба даҳонаш,ки-маро раҳо кун гуфта аррос мезад саллаи худашро тиққонд ва гурехта пеши улавҳо рафта истод. Нуралӣ дар хавотир буд-оё уқоб ҷисми бойро бардошта метавониста бошад ё не? Ҳарчанд бой ҳам лоғар буд аммо қомати баланде дошт. -Бардошта то қулла набарояд ҳам то нимараҳ бурда мепартояд ва бои хасис ба сангҳо бархӯрда мемурад-худро тасалло медод Нуралӣ. Ногоҳ уқоби бузурге аз болои қулла тирвор ба замин фуруд омаду бо чанголҳои пурқувваташ пӯстро бардошта боло парид. Уқоб пустро то болои қулла бурда паси он ғоиб шуд. Нуралӣ давида аз паноҳгоҳаш баромаду зери қулла омада мунтазир шуда истод. Фурсате нагузашта каллачаи бой намудор шуда бо ғазаб чизе гуфтан гирифт. Сангҳои дурахшонро партофтан гиред бойотааа-фарёд кард Нуралӣ. -бигӯ,ки ту чигуна ба замин фаромадӣ-фарёд зад бой,ки акнун қурбонии пештараашро шинохта буд. -сангҳои дурахшонро партоед,роҳи фаромаданро мегӯям-дар навбати худ фарёд зад Нуралӣ Бой сангҳои дурахшонро,ки иборат аз ёқуту лаълу алмосҳои гаронбаҳо буданд ба зер партофтан гирифт. Нуралӣ якто якто онҳоро чинда ба ҷуволҳо андохтан гирифт. Вақте ҷуволҳо пур шуданд,ӯ ҳам монанди бой даҳонашонро басту ба аспу шутурҳо бор карда ба роҳ даромад -ҳоой ба куҷо меравӣ,бигӯ чигуна роҳро ёфтӣӣӣ-фарёд зад бой -дар онҷо чиқадар ҷавонҳои аз дасти шумо мурдагӣ хобидаанд,аз ҳамонҳо пурсед-хандида гуфт Нуралӣ ва монда рафт. Бои хасис худро ба чор сӯ зада роҳи наҷот мекофт. Ногаҳон сояи бузурге болои сараш намудор гашт. Бой сарашро бардошту бо минқору чашмони бадхашми уқобе рӯ ба рӯ шуд. Уқоб рост ба чашмони бой чанголҳояшро халонид. Чашмони бой,ки аз сангҳои қимматбаҳо ҳеҷ серӣ надоштанд кӯр шуд. Вай рӯяшро дошта ба ақиб баргашт ва дар куҷо буданашро фаромӯш карда чанд қадаме гузошту қадами охиринаш дар ҳаво муаллақ монда сарозер аз қулла афтод. Дере нагузашта болои ҷисми порагаштааш каргасон ҷамъ шуда туй барпо карданд... Нуралӣ бошад сангҳои қимматбаҳоро ба бозор бурда фурӯхту пули бисёреро соҳиб шуд. Вай нисфи ин пулҳоро ба кампир ва устоди дуредгараш дода боқиашро ба хонаашон бурд. Кулбаи вайронаашонро обод кард ва бо модараш хушу хурсандона ба муроду мақсадашон расида зиндагӣ карда гаштанд. Ҳеҷ бадӣ беҷазо намемонад. Касе,ки бо нияти бад чоҳ меканад,ҳатман рӯзе ба зери он чоҳ худаш меафтад. Ва боз дар ноумедиҳо маъюс нашавед ва фикри худкуширо аз саратон дур кунед. Чунки ҳамдаму мададгоратон Худованд аст. Ҳамеша аз сидқи дил ба даргоҳаш дуо кунед ва дуоҳои некатонро мустаҷоб мегардонад. Ин афсонаи падари бузургворам барои фарзандону наберагони ширини шумо армуғон аст. Дуогӯи саломатии дустрӯякони шумо Зайнура Рустамова ҳастам 🤲

🦋🦋 МАРГИ ХАСИС. 🦋🦋 давоми афсона: Он шабро Нуралии бечора бо тарсу ваҳм саҳар мекунад. Болои қулла шамоли сард мевазид ва Нуралӣ гумон мекард,ки ҳозир шамол ӯро бардошта ба зер мепартояд ва ӯ ба сангу харсангҳо бархӯрда реза реза мешавад. Вай ларзидаю дараққида худро ба пусти гусфанд печонид. Вақте,ки субҳ медамад ва аз дуриҳои дур шӯълаи офтоб аввалин нурҳояшро ба замин равона мекунад,Нуралӣ аз қабати пӯст баромада ба ҷустани роҳи наҷот меафтад. Аммо дар болои қуллаи баланд ғайр аз сангҳои дурахшон ва устухонҳои одамӣ на роҳе, на пайроҳае вуҷуд надошт. Нуралӣ ба скелетҳои одамон нигариста,фаҳмид,ки бои хасис на танҳо ӯро балки чандин ҷавонҳои бечораро ба ҳамин тариқ несту нобуд кардааст. Ин бечораҳо ба бой сангҳои қимматбаҳоро партофта бар ивазаш соҳиби марги даҳшатнок шудаанд. Акнун қисмати онҳо ба Нуралӣ насиб гаштааст. Вай аз қисмати талхаш гиряҳо карда худро ба чор сӯ мезад,ҳатто чашмашро пӯшида худро аз қулла ба зер партофтанӣ шуд. Аммо боз фикр кард,ки бояд илоҷе кунад ва аз ин вартаи марг наҷот ёбад. -дар олам қувваи бузурге мавҷуд аст,ки замину осмон ва мавҷудотро идора мекунад,ин қувваи бузург қувваи Илоҳӣ аст,танҳо бо дили соф ва эътиқод ба ин қувва бовар кун ва пеши ӯ саҷда намо писаракам,ҳангоми ноумедиҳо танҳо такя бар Худованд кун -ба ёд овард суханҳои модарашро Нуралӣ. Сипас ба зону афтоду рӯ ба осмон кард:-Худовандо мани кӯчак ихтиёрамро ба ту супоридам,ба ман раҳм кун,ба ҳоли модари зорам раҳм кун,маро наҷот деҳ. Аз ту мадад меҷӯям,аз ту умедам калон аст Парвардигори ман... Нуралӣ аз гиряю зорӣ монда шуд ва боз хунук хурда худро ба пусти гӯсфанд печониду ғанабаш бурд. Ногоҳ дар хобаш кампири бенаво даромад. Кампире,ки вай бо кулчаҳои модараш ӯро зиёфат карда буд. Кампир дар дасташ якто кулчаи Нуралӣ додаро дошта меистод. Вай ба кулча дуто пой,сохту ба тарафи Нуралӣ партофт ва се маротиба:-писарам аз пойҳояш маҳкам дор-гуфта нопадид шуд. Ин вақт овози болзаниро шунида Нуралӣ чашмонашро кушод. Ду қадам аз ӯ дуртар як уқоби азимҷуссае нишаста ба ӯ менигарист. Нуралӣ худро дар пӯст печонида беҳаракат истод. Уқоб чанд муддат ба гирду атрофаш сипас ба тарафи ӯ нигоҳ карду оҳиста парвоз карда болои пӯст нишаст. Акнун ба пӯст нӯл заданӣ буд,ки Нуралӣ якбора аз ду пои уқоб сахт дошта гирифт. Уқоб қийғоси даҳшатноке кашида ба осмон боло шуд. Вай болою поён парида мехост пояшро аз доми номаълум раҳо кунад. Аммо Нуралӣ гӯё дастонаш дар пои уқоб часпида бошад сахт медошт. Оқибат уқоб монда шуд ва бол зада оҳиста оҳиста поён фуромадан гирифт. То замин қариб як қади одам масофа монда буд ,ки Нуралӣ панҷаҳояшро кушод. Уқоб аз шодӣ ба баландӣ парвоз кард ва Нуралӣ ба замин афтод. Вай худро дар замини ҳамвор дида аз хурсандӣ боз гирист ва ба Худованд шукргузорӣ карду ба кулбаи кампир рафт. Вай воқеъаро ба кампир нақл кард ва хоби дидаашро ҳам гуфта аз кампир миннатдор шуд,ки двр хобаш даромада ба ӯ маслиҳати хуб додааст. Кампир аз халосӣ ёфтани ӯ хурсанд шуд ва маслиҳат дод,ки соқу саломат ба хонааш пеши очааш равад. Аммо Нуралӣ ба ӯ гуфт:-бибиҷон ман бояд тадбире карда аз он бойи мумсик қасосамро гирам,ҳам қасоси худ ва ҳам он бечорагоне,ки дар болои қулла ҷон бохтаанд. Баръакси ҳол ӯ боз чандин ҷавононро ба ҳамин тариқ ҳалок мекунад. Кампир аз ин иқдоми ӯ хурсанд шуд ва гуфт:-майлаш писаракам,аммо каме сабр кун,то бой андоми туро фаромӯш кунад,хонаи ман хонаи туст,бемалол зиндагӣ карда гард. Пагоҳи дигар кампир ба пеши ҳамсояи дуредгараш рафта гуфт:-як набераяки ятиме доштам,дар дигар шаҳр буд,ҳоло ба назди ман омадааст,ту ӯро ба шогирдӣ гир то як бурида ноне барои зиндагиамон дарёб кунад ва ҳам ҳунар омӯзад. Дуредгар розӣ шуд ва Нуралиро ба шогирдӣ қабул кард. Нуралӣ дар давоми як моҳ ҳам ба дуредгар хизмати аъло кард ва ҳам ҳунари дуредгариро омӯхт. Пас аз як моҳ либосҳои даридаю кӯҳнаро пӯшида ба бозори мардикорон рафт ва ба ҷои пештарааш,буни девор нишаст. Баъд аз пешинӣ аспсаворе омада ӯро ба наздаш имо кард.

🇹🇯 *35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД* ! 🇹🇯 Истиқлолият — муқаддастарин неъмати миллат, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва сарбаландии ҳар як тоҷик аст. 35 сол аст, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу осоиш парафшон буда, номи Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳон бо ифтихор садо медиҳад. Ба муносибати ин ҷашни бузургу фархунда ҳамаи ҳамватанони азизро самимона табрик мегӯям! Бигзор дар Тоҷикистони маҳбуби мо ҳамеша *сулҳу ваҳдат, оромиву осоиш, файзу баракат* ва ободиву пешрафт ҳукмфармо бошад. Бигзор ҳар як субҳи Ватан бо умед, ҳар як рӯзи он бо комёбӣ ва ҳар як хонадони тоҷик бо меҳру муҳаббат, хушбахтӣ ва фаровонӣ оғоз гардад. Орзу мекунам, ки насли наврас дар фазои осуда ба камол расад, ҷавонони мо бо илму дониш ва меҳнати созанда номи Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардоранд ва Ватани маҳбубамон рӯз ба рӯз ободу пешрафта гардад. *Тоҷикистон — Ватани азизи мо, ифтихори мо ва сарвати бебаҳои мост* ! 🇹🇯 *35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод* ! **Ҷовидон бод Истиқлолияти Тоҷикистон* ! *Пойдор бод сулҳу ваҳдати миллӣ* ! *Обод бод Тоҷикистони азиз* ! 🇹🇯❤️

Боз як рӯзи нав ба хайру шодӣ бошад, дӯстон 🤍 Алҳамдулиллоҳ, ки боз чашм ба субҳи дигар кушодем ва нафаси тоза гирифтем. Имр
Боз як рӯзи нав ба хайру шодӣ бошад, дӯстон 🤍 Алҳамдулиллоҳ, ки боз чашм ба субҳи дигар кушодем ва нафаси тоза гирифтем. Имрӯзро бо нияти нек оғоз кунем, бо дили пок, бо лабханд ва бо умеди равшан. Ҳар рӯзи нав — ин неъмати Худованд аст, фурсати дигар барои ислоҳи худ, барои бахшидан, барои дӯст доштан ва барои некӣ кардан. Бигзор имрӯз: 🌿 қалбҳоятон ором бошад, 🌿 рӯзгоратон пурбаракат бошад, 🌿 ризқатон фаровон бошад, 🌿 ва хонадонатон пур аз меҳру муҳаббат бошад. Агар дирӯз ранҷе буд — фаромӯш кунем, агар хатое буд — ислоҳ намоем, ва агар орзуе дорем — ба Худо таваккал кунем. Худованд қадамҳоятонро устувор, ниятҳоятонро пок, ва рӯзатонро пур аз хайру шодӣ гардонад. Рӯзи наватон муборак бошад, дӯстон 🌸 Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатух. 🌹🌹

Ассалому Алейкум.🤝🤝🤝 Субҳи зебоятон бо хайру хуррамӣ бигзарад иллоҳим, азизони дил
Ассалому Алейкум.🤝🤝🤝 Субҳи зебоятон бо хайру хуррамӣ бигзарад иллоҳим, азизони дил

Рӯзу рӯзгоратон хушу дилпазир бошад дӯстони арҷманду бебаҳои мо ! Давоми рӯзу рӯзҳо дидори онҳоеро дидан Худованд бароятон насиб гардонад, ки хушоянд аст бароятон ва қалбатон шоду чеҳраатон шукуфо аз боғи рӯяш мешавад !

Ассалому алейкум дӯстони арзишманду олиқадри мо! Субҳи пурсафои тозарӯи тирамоҳиатон бахайру шодӣ ва босуруру фараҳмандӣ бодо ! Ҳамеша хушбахту сарбаланд ва саломат бошетон азизони дилу дида!!