en
Feedback
انتشار العلم📚🌴

انتشار العلم📚🌴

Open in Telegram

❁ هـدفـنـا الـدعـوة الـﮯ الله عزوجل بـالـكـتـاب و الـسـنة بـفـهـم سـلـف الأمـة ❁ @Ahmad_ibni_Hanbal @ibni_taymiya 19.07.2023

Show more
667
Subscribers
-124 hours
+67 days
-1030 days
Posts Archive
АҲЛИ СУННАТ ҒАРИБОН ДАР ЗАМОНИ МО! Баъзан инсон дар миёни ҳазорон нафар зиндагӣ мекунад, аммо дар миёни ин ҳама одамон худро
+1
АҲЛИ СУННАТ ҒАРИБОН ДАР ЗАМОНИ МО!
Баъзан инсон дар миёни ҳазорон нафар зиндагӣ мекунад, аммо дар миёни ин ҳама одамон худро танҳо эҳсос менамояд. Ва чӣ қадар аҷиб аст он лаҳзае, ки дар гӯшае аз дунё шахсеро меёбад, ки ба Суннат ва роҳи Ҷамоат пойбанд аст, гӯё бародари дерина ва ҳамдарди гумкардаашро пайдо карда бошад.
Суфёни Саврӣ раҳимаҳуЛлаҳ фармудааст:
إذا بلغك عن رجل بالمشرق صاحب سُنة وآخر بالمغرب فابعث إليهما بالسلام وادع لهما ما أقل أهل السُنة والجماعة Агар ба ту хабар расад, ки дар Машриқ марде бар Суннат аст ва дар Мағриб марди дигаре бар Суннат аст, пас ба ҳар дуи онҳо салом бифирист ва барои ҳар дуи онҳо дуо кун. Чӣ каманд аҳли Суннат ва Ҷамоат! شرح أصول اعتقاد أهل السنة والجماعة Яъне ки агар дар ду гӯшаи дунё шахсеро ёбӣ, ки ба Суннат ва Ҷамоат пойбанд аст, ӯро қадр кун, зеро аҳли ҳақ ва аҳли Суннат хеле каманд.
Чӣ сухани амиқ ва бедоркунанда!
Ин сухан моро ба қадршиносии аҳли Суннат ва дӯст доштани аҳли ҳақ водор месозад. Агар дар ду гӯшаи дунё инсонеро бишнавӣ, ки ба Суннат пойбанд аст ва роҳи Салафӣ Солеҳро пайравӣ мекунад, ӯро ночиз нашумор. Барояш салом фирист ва дар ҳаққаш дуо кун. Зеро имрӯз инсонҳо бисёранд, садоҳо бисёранд, даъватҳо бисёранд ва роҳҳо низ бисёранд. Аммо устувор мондан бар Қуръон ва Суннат, бар фаҳми Саҳоба ва Салафи Солеҳ, сабр, ихлос ва истиқомат мехоҳад.
Аҳли Суннат будан танҳо як ном ё унвон нест ки инсон онро ба худ гузорад.
Ин роҳест, ки инсон бояд онро бо илм, амал, ихлос ва сабр тай кунад; ҳақро дӯст дорад, ба он пойбанд бошад ва танҳо ба хотири кам будани пайравонаш аз он рӯй нагардонад. Шояд ту имрӯз худро дар миёни мардум танҳо эҳсос кунӣ. Шояд касоне, ки туро мефаҳманд, кам бошанд. Аммо кам будани аҳли ҳақ маънои танҳо мондани ҳақро надорад.
Пас, эй бародару хоҳари аҳли Суннат!
Агар дар роҳи Суннат худро танҳо мебинӣ, ноумед машав. Агар барои пойбандӣ ба ҳақ баъзе дӯстӣ ва муносибатҳоят кам шудаанд, сабр кун. Агар роҳи ҳақ дар назарат ғариб менамояд, аз он барнагард. Шояд ту аз ҷумлаи ҳамон ғарибоне бошӣ, ки Расулуллоҳ ﷺ онҳоро муждаи нек додааст.
Суннатро маҳкам бигир ва ба ҳақ устувор бимон.
Ва агар дар Шарқ ё Ғарб, дар кишвари наздик ё дур, бародар ё хоҳареро ёфтӣ, ки ба Суннат ва роҳи Ҷамоат пойбанд аст, ӯро қадр кун. Ба ӯ салом расон, барояш дуо намо ва аз Аллоҳи Азза ва Ҷалл бихоҳ, ки ҳар дуи шуморо бар ҳақ собитқадам нигоҳ дорад. Зеро дар замоне, ки инсонҳо бисёранд, аммо ҳамдилони ҳақиқӣ камёбанд, пайдо кардани касе, ки бо ту дар муҳаббати Қуръон, Суннат ва роҳи салафи солеҳ ҳамсаф аст, неъмати бузургест, ки бояд қадрашро донист. Аллоҳи Азза ва Ҷалл моро аз аҳли Суннат вал Ҷамоат бигардонад, бар ҳақ зинда нигоҳ дорад, бар ҳақ бимиронад ва моро бо аҳли ҳақ дар рӯзи Қиёмат ҷамъ намояд. Амин
t.me/intisharul_ilm

Ато ибни Абӣ Рабоҳ رحمه الله аз бузургони илм ва тобеин ва аз соҳибони адабу фурутанӣ чунин адаберо нишон медиҳад, ки бисёре аз мо имрӯз ба он сахт муҳтоҷем.
Ӯ мегӯяд:
إِنَّ الرَّجُلَ لَيُحَدِّثُنِي بِالحَدِيْثِ، فَأُنْصِتُ لَهُ كَأَنِّي لَمْ أَسَمَعْهُ، وَقَدْ سَمِعْتُهُ قَبْلَ أَنْ يُوْلَدَ. Ҳар гоҳ шахсе ҳадисеро барои ман нақл мекунад, ман бо диққат ба (сухани) ӯ гӯш медиҳам, гӯё ки онро қаблан нашунидаам, дар ҳоле ки ман он ҳадисро ҳато пеш аз ба дунё омадани ӯ шунидаам.
تاريخ دمشق (40/401) سير أعلام النبلاء (5/86)
Ин сухан танҳо дар бораи шунидани ҳадис нест, балки ин дарси бузургест дар бораи одоби толиби илм.
Бубин, эй толиби илм!
Ин буд адабу ахлоқи имомони аҳли суннат. Мо бояд дар хислат, фурӯтанӣ ва тарзи муносибаташон ба дигарон аз онҳо ибрат гирем. Ҳангоме ки барои онҳо чизе нақл мешуд, бо диққат гӯш мекарданд, ҳатто агар он чизро қаблан борҳо шунида бошанд. Аммо имрӯз инсон як ҷумлаеро мешунавад, ки қаблан шунидааст, фавран сухани бародарашро қатъ мекунад: Инро ман аллакай медонам, хоҳар (бародар) инро ман қаблан шунидаам ё қаблан хондаам.Ин чиз барои ман нав нест.
Гӯё бо ин суханҳо мехоҳад бигӯяд:
Ту чизе ба ман илова карда наметавонӣ. Ин аст бемории пинҳонии нафс.
Аммо аҳли илм чунин нестанд.
Онҳо медонанд, ки мақсади суҳбат танҳо ба даст овардани маълумоти нав нест. Баъзан инсон чизеро медонад, вале ба ёдоварӣ ниёз дорад. Баъзан як сухани қаблан шунидашуда дар вақти дигар ба қалб таъсири дигар мегузорад. Аз ин рӯ, толиби илм бояд гӯш карданро низ омӯзад. Шахси воқеан толиби илм ҳар қадар илм дошта бошад, худро аз шунидани ҳақ бениёз намедонад. Ӯ намегӯяд: Инро медонам то бародарашро хомӯш кунад, балки гӯш медиҳад, зеро медонад, ки мақсади илм нишон додани дониши худ нест, балки расидан ба ҳақ аст. Шояд ту китобҳои бисёре хондаӣ, ҳадисҳои бисёре азбар кардаӣ ва масъалаҳои зиёдеро медонӣ.Аммо агар дили ту аз шунидани ҳақ дилгир шавад, ин илм туро ба мақоми ҳақиқии аҳли илм нарасондааст. Зеро илм танҳо дар сари инсон нест, илм бояд дар ахлоқи ӯ низ пайдо шавад. Ҳар қадар илм зиёд шавад, бояд такаббур камтар, тавозӯъ бештар ва гӯш кардан беҳтар гардад. Пас, вақте бародарат, хоҳарат, устодат ё ҳато шахсе, ки аз ту камтар илм дорад, чизеро ба ту нақл мекунад, ҳатто агар онро донӣ, шитоб накун, ки бигӯӣ:
Медонам, балки бо адаб гӯш кун.
Баъзан инсон як ҳадисро сад бор медонад, аммо бори саду якум метавонад калимае бишнавад, ки қалбашро бедор кунад. Шояд ту онро сад бор шунидаӣ, вале бори садуякум ба он амал карданро оғоз кунӣ. Шояд ту он суханро медонӣ, вале тарзи гуфтори ӯ ба қалби ту таъсир кунад. Шояд сухан барои ту кӯҳна бошад, вале қалби ту ба он имрӯз ниёз дошта бошад. Пас, пеш аз он ки бигӯӣ: Ман инро медонам, каме хомӯш бош. Шояд он чизе, ки ту аллакай медонам мегӯӣ, имрӯз ба ту на маълумоти нав, балки дарси нави адаб, ихлос ва тавозӯъ диҳад. Ва агар ту ҳар боре ки сухани маълумро мешунавӣ, худро болотар аз гӯянда эҳсос кунӣ, аз нафси худ битарс. Бузургӣ дар он нест, ки ту чӣ қадар медонӣ. Бузургӣ дар он аст, ки илми ту чӣ қадар туро ба тавозӯъ овардааст. Чӣ бисёр касоне ҳастанд, ки илм доранд, аммо адаб надоранд. Чӣ бисёр касоне ҳастанд, ки далелҳоро азёд медонанд, аммо нафсашон аз қабул кардани ҳақ душворӣ мекашад. Ва чӣ қадар каманд касоне, ки ҳар қадар бештар медонанд, ҳамон қадар бештар мегӯянд:
Ман ҳанӯз муҳтоҷи омӯзишам.
Эй толиби илм! Аз Ато ибни Абӣ Рабоҳ رحمه الله биомӯз: Ҳақро гӯш кун, ҳатто агар онро медонӣ. Бародаратро таҳқир накун, танҳо ба хотири он ки ту пештар он чизро шунидаӣ.Ва илматро бо такаббур нопок макун. Зеро рӯзи қиёмат савол танҳо аз ин нест, ки: Чӣ қадар илм доштӣ? балки бояд бубинӣ, ки бо он илм чӣ шудӣ?
Оё фурӯтан шудӣ ё мутакаббир?
Оё ҳақро қабул кардӣ ё нафси худро ҳимоят намудӣ? Оё илм туро ба Аллоҳ наздик кард ё танҳо туро дар назари худат бузург сохт? Эй толиби илм! Агар ту воқеан аҳли илм бошӣ, пас илмат бояд туро хоксортар кунад, на такаббурноктар. Агар ҳар боре ки чизеро медонӣ, аз шунидани он дилгир шавӣ, пас аз худ бипурс: Оё ман илм меомӯзам ё танҳо мехоҳам дигарон бидонанд, ки ман илм дорам? Илми ҳақиқӣ танҳо дар бисёр хондан нест. Илми ҳақиқӣ дар он аст, ки инсон ҳақро қабул кунад, сухани дигаронро боадабона бишнавад ва худро ҳамеша муҳтоҷи ҳақ бидонад. Илми ҳақиқӣ он аст, ки ҳар қадар бештар донӣ, ҳамон қадар бештар бидонӣ, ки ҳанӯз муҳтоҷи раҳмати Аллоҳӣ. Аллоҳ моро ислоҳ кунад ва ба мо адаби талаби илм, фурӯтанӣ ва ҳусни гӯш додан ато фармояд. Амин.
t.me/intisharul_ilm

ОДОБИ ШУНИДАНИ ИЛМ!

СубҳонаЛлоҳ
Ҳар қадар бештар дар бораи зиндагии Ибни Қаййим мехонӣ, ҳамон қадар инсон дар назди азми ӯ барои илм, ихлос ва бандагӣ худро ночиз эҳсос мекунад. Зиндагии ӯ танҳо қиссаи як донишманди бузург нест, балки барои ҳар як толиби илм як паёми зинда ва як ташвиқи бузург аст. Ӯ аз кӯдакӣ худро ба илм бахшид. Дар муҳите ба воя расид, ки китоб, дарс, ҳадис ва маҷлисҳои аҳли илм қисми зиндагии ӯ буданд. Солҳои ҷавониашро дар пайи дониш гузаронд ва барои расидан ба ҳақиқат заҳмат кашид. Вақте ба Ибни Таймия пайваст, танҳо аз ӯ китобу масъалаҳои илмиро нагирифт, балки аз ӯ ҷасорат, сабр, ихлос ва устуворӣ бар ҳақ омӯхт. Чӣ қадар бузург аст инсон вақте устоди худро барои Аллоҳ интихоб мекунад ва илмро танҳо барои зиёд кардани маълумот намеомӯзад, балки мехоҳад бо он дили худро ислоҳ кунад ва ба Раббаш наздик шавад. Ибни Қаййим ба мо меомӯзонад, ки роҳи илм танҳо нишастан назди китоб нест. Роҳи илм сабр кардан аст, гуруснагии маънавиро бо дониш сер кардан аст, шабҳоро бо омӯзиш гузаронидан аст, аз нафс мубориза бурдан аст ва пеш аз ҳама, илмро ба амал табдил додан аст. Баъзан мо аз як саҳифа хондан хаста мешавем, аз як дарс дилгир мешавем ва мегӯем: Илм омӯхтан душвор аст. Аммо вақте зиндагии чунин бузургонро мехонем, мефаҳмем, ки онҳо барои ҳар як қатраи илм чӣ қадар заҳмат кашидаанд.
Онҳо умри худро сарф карданд, то илм ба мо расад.
Онҳо шабу рӯз омӯхтанд, навиштанд, таълим доданд, мубориза бурданд ва сабр карданд. Ва имрӯз, баъд аз садсолаҳо, номи онҳо ҳанӯз зинда аст ва китобҳояшон ҳанӯз дилҳоро бедор мекунанд.
Ин аст баракати илме, ки барои Аллоҳ омӯхта мешавад.
Ибни Қаййим ба мо ёд медиҳад, ки илм бе ихлос метавонад инсонро ба мақсад нарасонад ва ихлос бе илм низ инсонро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб толиби илм бояд ҳамеша ду чизро талаб кунад: илми саҳеҳ ва дили солим. СубҳонаЛлоҳ чӣ қадар зебо аст, вақте инсон тамоми умрашро барои чизе сарф мекунад, ки баъд аз маргаш низ барояш аҷри он идома дорад. Имрӯз мо китобҳои Ибни Қаййимро мекушоем, суханонашро мехонем ва аз онҳо баҳра мегирем, дар ҳоле ки худи ӯ асрҳо пеш аз дунё гузаштааст. Аммо илмаш ҳанӯз зинда аст Қаламе, ки барои Аллоҳ навишта шудааст, бо марги соҳибаш намемирад. Китобе, ки барои Аллоҳ навишта шудааст, баъд аз садсолаҳо ҳам метавонад дилеро бедор кунад. Ва илме, ки бо ихлос омӯхта ва ба дигарон расонда шудааст, метавонад баъд аз вафоти инсон ҳам ба ӯ нафъ расонад.
Пас, эй толиби илм.
Агар имрӯз дар роҳи илм хаста шудӣ, таслим машав.Агар дарсҳо бароят душвор шуданд, сабр кун.Агар чизеро чанд бор хонда бошӣ ва ҳанӯз нафаҳмида бошӣ, боз бихон.Агар баъзан эҳсос кунӣ, ки пешрафтат кам аст, ба зиндагии уламои гузашта назар кун. Онҳо низ аз як қадам оғоз карданд.Онҳо низ рӯзеро доштанд, ки ҳанӯз бисёр чизҳоро намедонистанд. Аммо сабр карданд, идома доданд ва барои Аллоҳ талош намуданд. Шояд имрӯз ту танҳо як саҳифа мехонӣ, як ҳадис меомӯзӣ ё як масъалаи илмиро мефаҳмӣ. Аммо агар ниятат холис бошад, шояд ҳамин қадами хурд дар назди Аллоҳ аз чизҳое бошад, ки барои ту бузургтарин баракатро ба бор меорад.
Зиндагии Ибни Қаййим ба мо чунин мегӯяд:
Умр кӯтоҳ аст, пас онро барои чизе сарф кун, ки баъд аз ту боқӣ мемонад. На барои шӯҳрат.На барои таърифи мардум.На барои он ки мардум бигӯянд: Чӣ қадар олим аст! Балки барои он ки рӯзе бо дили ором назди Аллоҳ биравӣ ва бигӯӣ: Эй Рабби ман, ман то қадри тавонам дар роҳи омӯхтан, амал кардан ва расонидани илми ҳақ талош кардам. Аллоҳ бар Ибни Қаййим раҳм кунад, мақомашро баланд гардонад ва моро аз касоне қарор диҳад, ки илми саҳеҳ меомӯзанд, ба он амал мекунанд ва онро бо ихлос меомӯзонанд.
Эй Аллоҳҳо, ба мо илми нофеъ, дили солим, ихлоси ҳақиқӣ ва устуворӣ дар роҳи ҳақ ато фармо.

Табиби дилҳо!
Шояд бузургтарин мероси Ибни Қаййим тарзи муносибати ӯ бо дил бошад. Ӯ дилро подшоҳи бадан, роҳбари амалҳо ва ҷойгоҳи беморӣ ва шифо медонист.
Ӯ дилҳоро ба се гурӯҳ тақсим мекард:
1. Дили солим (қалби салим) — диле зинда бо имон ва пок аз фасод. 2. Дили бемор (қалби мариз) — диле, ки миёни нур ва торикӣ саргардон аст ва ҳам некиву ҳам бадӣ онро ба худ мекашанд. 3. Дили мурда (қалби маййит) — диле баста ба куфр ва сахтшуда дар баробари ҳақ. Ба назари ӯ бузургтарин мубориза на сиёсӣ ва на танҳо фикрӣ буд, балки муборизаи рӯҳонӣ буд. Ӯ шубҳа ва ҳавову хоҳишро аз бузургтарин бемориҳои инсон медонист. Вазифаи худро дар ташхиси ин бемориҳо ва нишон додани роҳи табобати онҳо медид.
Ва доруе, ки ҳамеша ба он роҳнамоӣ мекард, ин буд:
Ба сӯи Аллоҳ баргард, худро ба Қуръон пайваст кун ва бо ихлос зиндагӣ намо. Шахсе, ки дар паси симои донишманд буд.Ҳар қадар илмаш зиёд мешуд, тавозӯъаш низ бештар мегардид. Дар солҳои охири зиндагӣ Ибни Қаййим бештар ба зуҳд, яъне дил кандан аз зебу зинатҳои зиёдатии дунё ва дурӣ аз машғулиятҳои беҳуда рӯ овард. Ӯ соатҳои зиёдеро дар масҷидҳо мегузаронд ва гуфта мешавад, ки баъзан онҳоро бо дасти худ тоза мекард. Ҳангоми сафар барои ҳаҷ худро тавре нигоҳ медошт, ки мардум ӯро нашиносанд. Бори мусофирони дигарро мебардошт, молашро пинҳонӣ садақа мекард ва то ҳадди имкон аз таърифу ситоиши мардум дурӣ меҷуст. Агар шахсе барои ёрӣ назди ӯ меомад, мепурсид: Оё касе дар атрофи мо ҳаст? Агар мегуфтанд: Не, ӯ ба таври пинҳонӣ ба ӯ ёрӣ мерасонд, то дигарон онро набинанд. Шодии ӯ дар он буд, ки бидуни шинохта шудан некӣ кунад ва бидуни интизори ташаккур хизмат намояд. Гуфта мешавад, ки дар солҳои охири умраш қисми зиёди вақташро ба ибодат, тиловати Қуръон ва тафаккур мегузаронд, гӯё худро барои сафари охират омода мекард.
Шаби охири зиндагӣ!
Соли 751 ҳиҷрӣ (1350 милодӣ) буд, ки Димишқ аз даргузашти яке аз чароғҳои дурахшони худ маҳрум шуд. Ибни Қаййим шоми рӯзи панҷшанбе, ҳангоми азон гуфтани намози хуфтан, вафот кард.
Ӯ 60-сола буд.
Ҷасадашро ба қабристони Бобуссағир бурданд, ки дар он ҷо бисёре аз донишмандон дафн шудаанд. Мардуми зиёде барои эҳтироми ӯ ҷамъ омаданд. Гарчанде ҳокимон на ҳамеша бо ӯ мувофиқ буданд, мардум ӯро сахт дӯст медоштанд. Мероси ӯ то имрӯз зинда аст.Асрҳо гузаштаанд, вале садои Ибни Қаййим ҳанӯз аз тариқи китобҳояш ба мо мерасад. Вақте Толибул илм дар масъалаи додани фатво ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад, Иъломул-муваққиъин ӯро роҳнамоӣ мекунад. Вақте мӯъмин худро дар банди гуноҳ мебинад, Ад-Доъ ва-д-Доъ ба ӯ тасаллӣ мебахшад. Вақте толиби роҳи Аллоҳ бо бемориҳои дил мубориза мебарад, Мадориҷус-соликин роҳи ӯро равшан мекунад. Ӯ танҳо фақеҳ ва донишманди ақида набуд; ӯ табиби дилҳо буд. Ӯ медонист, ки илми беихлос беҷон аст ва ихлоси беилм метавонад инсонро кӯр кунад. Зиндагии ӯ тавозуни миёни ин ду буд. Шояд маҳз барои ҳамин ӯ то имрӯз маҳбуб аст: зеро ӯ танҳо донишманди китобҳо набуд, балки донишманди зиндагӣ буд.
Дарсҳое барои мо имрӯз!
Дар замони мо, ки парешонӣ ва машғулиятҳои беҳуда зиёданд ва маълумот фаровон, вале ҳикмат камёб аст, зиндагии Ибни Қаййим барои мо дарсҳои абадӣ дорад: Илмро бо ихлос биомӯз ӯ назди садҳо устод таҳсил кард, вале ҳадафаш шӯҳрат набуд, ҳадафаш наздикӣ ба Аллоҳ буд. Устодоне интихоб кун, ки имонатро қавӣ мекунанд робитаи ӯ бо Ибни Таймия нишон медиҳад, ки устоди ҳақиқӣ на танҳо ақл, балки ахлоқ ва шахсияти шогирдро низ тарбия мекунад. Ақлро бо маънавият якҷо кун, осори ӯ нишон медиҳад, ки илми ҳақиқӣ ҳам ақлро ғизо медиҳад ва ҳам дилро. Ба илмат амал кун, хоҳ тоза кардани масҷид бошад ва хоҳ садақаи пинҳонӣ, амалҳои инсон аз суханонаш бештар шаҳодат медиҳанд. Дилро фаромӯш накун, дар миёни баҳсҳо, китобҳо ва фатвоҳо ӯ ҳеҷ гоҳ ҳақиқати асосиро фаромӯш накард: ҳолати дил дар назди Аллоҳ аз ҳама муҳим аст.
Сухани анҷом!
Ибни Қаййим танҳо шаст сол зиндагӣ кард, вале онҳоро бо кори садсолаҳо пур намуд. Зиндагии ӯ зиндагии китобҳо ва қаламе буд, ки то имрӯз дар дилҳои хонандагон таъсир мегузорад. Ӯ ба мо меомӯзонад, ки бузургӣ ба дарозии умр нест, балки ба он чизест, ки инсон умри худро барои он сарф мекунад. Ва барои Ибни Қаййим ҳар саҳифа, ҳар дарс ва ҳар амали тавозӯъ барои ризои Аллоҳ буд. Вақте он шоми панҷшанбе азони намози хуфтан дар шаҳри Димишқ баланд шуд, гӯё худи шаҳр шаҳодат медод:
Донишманде, ки ба табобати дилҳо машғул буд, ба сӯи Рабби дилҳо бозгашт.
Аллоҳ ба Ибни Қаййим раҳм кунад, талошҳояшро бипазирад ва моро аз касоне қарор диҳад, ки дар роҳи ихлос, дониш ва бандагӣ аз ӯ пайравӣ мекунанд.Амин.
t.me/intisharul_ilm

Ибни Қаййим ал-Ҷавзия донишманд ва табиби дилҳо!
Ӯ Абӯ Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Абӯбакр ибни Айюб аз-Зуръӣ ад-Димашқӣ мебошад, ки бештар бо номи Ибни Қаййим ал-Ҷавзия маъруф аст. Барои аксари мусалмонон номи ӯ бо китобҳои бузургу пурмуҳтавояш дар ақида, фиқҳ ва маърифати рӯҳонӣ пайванд дорад. Аммо агар ӯро танҳо аз тариқи китобҳояш бишиносем, мо моҳияти сафари зиндагии ӯро аз даст медиҳем. Зиндагии ӯ саршор аз хидмат, мубориза ва ҷустуҷӯи қатънашавандаи роҳи ислоҳу шифои ақлу дил буд.
Кӯдаке дар замони пурошӯб!
Соли 691 ҳиҷрӣ (1292 милодӣ) буд. Димишқ, ки он замон яке аз гавҳарҳои ҷаҳони ислом ба шумор мерафт, ҳанӯз аз мавҷҳои харобиоваре, ки муғулон ва салибиён ба ҷо гузошта буданд, ба худ меомад. Лашкарҳо аз сарзаминҳои он гузашта буданд, роҳбарон ба якдигар хиёнат карда буданд ва мардуми одӣ тарсу гуруснагиро аз сар мегузаронданд. Дар чунин ҷаҳони ноором кӯдаке ба дунё омад. Номи ӯ Муҳаммад гузошта шуд. Аммо насабаш ва мақоми падараш сабаб гардид, ки ӯ бо лақабе машҳур шавад, ки то имрӯз бо он ёд мешавад: Ибни Қаййим яъне писари масъул ва нигаҳбон. Падари ӯ қаййими мадрасаи ал-Ҷавзия дар Димишқ буд, яъне масъули идора ва нигоҳубини он мактаб. Аз ҳамин сабаб Муҳаммадро писари нигаҳбони мадраса номиданд. Муҳаммади ҷавон дар муҳите ба воя расид, ки атрофашро китобҳо, устодон ва фазои илм фаро гирифта буд. Ҳангоме ки кӯдакони дигар дар кӯчаҳои пур аз хоку чанголуд бозӣ мекарданд, ӯ ба тиловату ривояти ҳадисҳои донишмандон гӯш медод, дарсҳои фиқҳро меомӯхт ва баҳсҳои аҳли илмро мушоҳида мекард.
Бӯи сиёҳӣ ва коғаз барои ӯ мисли бӯи нони пухта дар бозорҳо ошно шуда буд.
Шӯълаи дониш!
Ибни Қаййим аз хурдӣ ташнагии ғайриодии дониш дошт. Ӯ танҳо матнҳоро азёд намекард, балки кӯшиш мекард ба онҳо амал кунад. Ӯ соатҳои дароз дарсҳои худро такрор мекард ва бисёр вақт дар гӯшае аз масҷид бо дафтарчае дар даст меистод ва ҷумлаҳоро такрор менамуд, то дар хотирааш устувор шавад. Аммо ӯ танҳо кӯдаки ғарқи китобҳо набуд. Димишқ дар он замон бо доираи бузурги донишмандон баракат ёфта буд: ал-Миззӣ, устоди бузурги ҳадис, Ибни Саййидуннас, таърихшинос ва ад-Димиётӣ, фақеҳ. Ибни Қаййим назди онҳо менишаст, аз донишашон баҳра мегирифт ва тадриҷан пояи илмии васеъву амиқ месохт. Аз ҷумлаи устодони ӯ як зани донишманд низ буд, Фотима бинти Ҷавҳар ат-Табризия ки Ибни Қаййим аз ӯ ҳадис омӯхтааст. Дар замоне ки саҳми занон дар илмомӯзӣ баъзан нодида гирифта мешуд, чунин мулоқот нишон медод, ки дониш ба ҷинсият вобаста нест, балки ба ихлос ва кӯшиш вобаста аст. То замони наврасӣ овозаи ӯ ҳамчун Толибилми боҳавасу ҷиддӣ ва ҳушманд аллакай паҳн шуда буд. Аммо маҳз дар синни бистсолагӣ дар зиндагии ӯ рӯйдоде ба амал омад, ки тамоми роҳи минбаъдаи ӯро муайян кард.
Мулоқот бо устодаш!
Дар соли 712 ҳиҷрӣ (1312 мелодӣ) Ибни Қаййим бистсола буд, ки устоди бузурги он замон, Шайхулислом Ибни Таймия, пас аз сафари тӯлонӣ аз Миср ба Димишқ баргашт. Ин вохӯрӣ ҳаёти Ибни Қаййимро барои ҳамешагӣ тағйир дод. Дар Димишқ Ибни Қаййим бо Шайхулислом Ибни Таймия вохӯрд донишманди ҷасур ва ислоҳгаре, ки бар зидди бисёре аз равияҳои нодурусти замони худ меистод. Ибни Таймия донишманди одӣ набуд. Ӯ аз бузургтарин чеҳраҳои илмӣ ва фикрии замони худ буд. Ба сабаби ақида ва мавқеъҳояш борҳо зиндонӣ шуд, вале зиндонҳо ӯро аз гуфтани ҳақ бознадоштанд. Барои Ибни Қаййими ҷавон вохӯрӣ бо ӯ ба пайдо кардани чашмае дар биёбон монанд буд. Ӯ на танҳо аз амиқии дониши Ибни Таймия, балки аз ҷасорату устувории ӯ низ сахт таъсир гирифт. Ин вохӯрӣ ҳаёти Ибни Қаййимро барои ҳамешагӣ тағйир дод. Вай дар симои Ибни Таймия на танҳо як муаллим, балки як раҳнамои рӯҳонӣ ва қутбнамои фикриро пайдо кард. Дар назди ӯ мардеро медид, ки ҳақро бидуни тарс баён мекард, аз суннати Паёмбар ﷺ ҳимоят менамуд ва бо ихлос зиндагӣ мекард. Аз ҳамон вақт Ибни Қаййим яке аз наздиктарин шогирдони ӯ гардид. Ӯ дар паҳлӯи устодаш менишаст, дар баҳсҳои илмӣ ҳамроҳаш мешуд ва ҳатто дар баъзе сахтиҳои зиндон бо ӯ шарик буд. Ибни Таймия бо фатвоҳо ва баҳсҳои илмии худ бисёр вақтҳо боиси хашми ҳокимон ва уламои дарбор мегардид. Ибни Қаййим низ дар ин роҳ устувор монд ва аз устодаш дифоъ кард.Вақте ки Ибни Таймия барои ақидаҳояш зиндонӣ шуд, Ибни Қайим бо ӯ монданро интихоб кард ва зиндон бо муаллимашро аз озодии бе ӯ авлотар донист. Ибни Қаййимро ба нишони таҳқир бар болои уштур савор карда, дар кӯчаҳои шаҳр гардонданд ва сипас дар Қалъаи Димишқ зиндонӣ намуданд. Ӯро аз устодаш ҷудо нигоҳ медоштанд. Дар дохили деворҳои сарду торики зиндон, Ибни Қаййим худро тамоман ба ибодат, хондани Қуръон ва тафаккур бахшид. Маҳз дар ҳамин давраи танҳоӣ ӯ умқи бештари рӯҳониро кашф кард, ки баъдан дар китобҳои шифобахши ӯ дар бораи қалб инъикос ёфтанд. Вай танҳо пас аз вафоти Ибни Таймия аз зиндон озод карда шуд. Дар паси деворҳои зиндон шогирди ҷавон яке аз дарсҳои бузурги зиндагиро омӯхт:
Ҳақ баъзан бо сахтӣ ва озмоиш ҳамроҳ мешавад, вале диле, ки ба Аллоҳ пайвастааст, ҳаргиз асир намегардад.
Ӯ давоми 17 соли оянда, то дами марги устодаш соя ба сояи ӯ буд. Ибни Қаййим илми устодашро ба мисли исфанҷе, ки обро меҷаббад, аз худ кард. Вай навиштаҷоти мураккаб ва тунди Ибни Таймияро омӯхта, онҳоро бо услуби равон, зебо ва дилнишини худ ба мардум пешкаш менамуд. Онҳо бештар аз устоду шогирд буданд; онҳо шарикони як роҳи пуршараф ва душвор гардиданд.
Боғи устодон ва шогирдон!
Гарчанде Ибни Таймия бузургтарин таъсирро ба ӯ гузошта буд, Ибни Қаййим аз зиёда аз 300 донишманд дар Димишқ ва берун аз он илм омӯхтааст. Ӯ аз устодони ҳадис ҳадис омӯхт, назди фақеҳон фиқҳ хонд ва ҳатто бо баъзе донишмандони насронӣ ва яҳудӣ баҳсҳои илмӣ анҷом дод. Ақлаш тез ва фаҳмаш амиқ буд, вале тавозӯъ ӯро аз ғурур нигоҳ медошт. Баъдтар худи ӯ устоди баъзе аз машҳуртарин донишмандони таърихи ислом гардид. Ибни Касир, муфассири бузурги Қуръон, дар маҷлисҳои ӯ иштирок мекард. Ибни Раҷаб ал-Ҳанбалӣ, таърихнигор ва донишманди маъруф, аз ӯ илм омӯхт. Ҳатто ал-Файрӯзободӣ, луғатшиноси бузург ва муаллифи яке аз маъруфтарин луғатҳои арабӣ, аз шогирдони ӯ буд. Доираи шогирдонаш васеъ буд, аммо таълими ӯ хушку танҳо назариявӣ набуд. Ӯ танҳо зеҳнҳоро бо маълумот пур намекард, балки дилҳоро тарбия менамуд, ихлосро дар онҳо парвариш медод ва хотиррасон мекард, ки: Илме, ки ба он амал намешавад, мисли дарахтест, ки мева надорад.
Қалами Ибни Қаййим!
Агар Ибни Таймияро ба раъду барқи замони худ монанд кунем, Ибни Қаййим борони равшан ва муназзаме буд, ки заминро сероб мекард. Устодаш бисёр вақт бо гармии эҳсос менавишт ва андешаҳои худро бо қувват баён мекард, аммо Ибни Қаййим донишро ҷамъоварӣ, тартиб ва низом медод. Ӯ дар бораи фиқҳ, ақида, ҳадис, тиб, маърифати рӯҳонӣ, тарбия ва ҳатто забоншиносӣ китобҳо навишт. Осори ӯ бисёр аст, вале чанд китоб аз ҷумлаи асарҳои барҷастаи ӯ мебошанд: Иъломул-муваққиъин асари бузург дар усули фиқҳ, ки ба донишмандон дар шинохти тарзи истинботи ҳукмҳо аз Қуръон ва суннат роҳнамоӣ мекунад. Зодул-маъод китоби нодир дар бораи зиндагии Паёмбар ﷺ ки сираро бо масъалаҳои фиқҳӣ, тиббӣ ва роҳнамоиҳои зиндагӣ ба ҳам меорад. Мадориҷус-соликин роҳнамои маънавӣ бар асоси ояти Танҳо Туро ибодат мекунем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем, ки марҳилаҳои сайри нафс ба сӯи Аллоҳро баррасӣ мекунад. Ад-Доъу ва-д-Даво асаре пуртаъсир дар бораи бемории гуноҳ ва роҳи табобати он. Ибни Қаййим дар он ба шахсе посух медиҳад, ки худро дар банди гуноҳ эҳсос мекард. Суханони ӯ дар бораи бемориҳои дил ва роҳҳои табобати онҳо ба наслҳои зиёде таъсир гузоштаанд. Иғосатул-лаҳфон китобе дар бораи домҳои Шайтон ва роҳҳои ҳифзи дил аз онҳо. Услуби навиштаи ӯ танҳо илмӣ набуд он зинда буд. Ӯ ҳам ба ақли хонанда муроҷиат мекард ва ҳам ба рӯҳи ӯ. Ӯ танҳо таҳлил намекард, балки тасаллӣ медод, ҳушдор медод ва илҳом мебахшид. Хондани китобҳои ӯ бештар ба нишастан назди устоди хирадманде мемонад, ки ҳам муборизаҳои зиндагиро медонад ва ҳам ҳолатҳои дилро мефаҳмад, на ба хондани китоби хушку дарсӣ.

Ибни Қаййим ал-Ҷавзия رحمه الله олиме, ки дилҳои бисёре аз мардумро шифо бахшид!

Саволи охирин: Агар рӯзе ба қафои умрат нигоҳ кунӣ, мехоҳӣ бигӯӣ:Кош бештар талаби илм мекардам ё Алҳамдулиллоҳ, аз фурсате, ки Аллоҳ ба ман дод, истифода кардам?
Anonymous voting

Агар имрӯз охирин рӯзи умрат бошад, кадомашро интихоб мекунӣ?
Anonymous voting

Оё ту мехоҳӣ ҳақро омӯзӣ, то танҳо худат наҷот ёбӣ, ё мехоҳӣ ба дигарон низ сабаби ҳидоят гардӣ?
Anonymous voting

Оё мехоҳӣ фарзандонат дар оянда дар миёни садҳо шубҳа калон шаванд, дар ҳоле ки ту имрӯз барои омӯзиши динашон омодагӣ намегирӣ?
Anonymous voting

Агар ботил имрӯз ба хонаҳои мардум ворид шавад, ту бо чӣ чиз онро аз хонаат дур мекунӣ?
Anonymous voting

Оё барои ту дидани паҳн шудани ботил дар шабакаҳои иҷтимоӣ дардовар аст?
Anonymous voting

Агар имрӯз як шубҳа ба ту ворид шавад, ту ҷавобашро аз куҷо меҷӯӣ?
Anonymous voting

Агар ту ҳақро хуб надонӣ, чӣ гуна мехоҳӣ ботилро аз ҳақ фарқ кунӣ?
Anonymous voting

Оё ту аз кам будани илмат метарсӣ, ё аз он ки бисёр чиз медонӣ, вале амал намекунӣ?
Anonymous voting

Агар фаҳмӣ, ки ақида ё фаҳмиши ту нодуруст будааст, оё омодаӣ онро тарк кунӣ?
Anonymous voting

Ба фикри ту, толиби илм будан шараф аст ё масъулияти бузург?
Anonymous voting

Чӣ қадар аз он чизеро, ки медонӣ, дар амал иҷро мекунӣ?
Anonymous voting