Мавлави Ахмади Фирузи
Open in Telegram
Аз даргохи Мубораки Аллох ба хамаи шумо дуо мекунам ки Ба шумо Имони Мустахкам Умри пурбаракат ва Тансихатии харяки МО ва Шумо Азизони Аллох☝ ❤🌱
Show more519
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
Инро бояд ҳар як бандаи мусулмон донад!
Савол: Номҳои Аллоҳи Мутаъол чандто мебошанд?
Ҷавоб: 99 ном.
Савол: Бузургтарин мӯъҷизаи Паёмбар (с) чист?
Ҷавоб: Қуръони Маҷид.
Савол: Қуръон чанд ҷузъ дорад?
Ҷавоб: Сӣ ҷузъ дорад.
Савол: Калимаи "Бисмиллоҳ" чанд маротиб дар Қуръон зикр шудааст?
Ҷавоб: 114 маротиб.
Савол: Сураҳои Қуръон чандто ҳастанд?
Ҷавоб: 114 сура.
Савол: Кадом сураи Қуръони карим бе "Бисмиллоҳ" оғоз шудааст?
Ҷавоб: Сураи Тавба.
Савол: Аввалин ояте, ки ба воситаи Ҷабраил нозил шуд, кадом оят аст?
Ҷавоб: Сураи "Алақ" (Иқро бисми раббикал-лазӣ халақ).
Савол: Ҷабраил (а.с) кист?
Ҷавоб: Ҷабраил яке аз чор фариштаи муқарраб аст. Муқарраб наздик ба Парвардигор.
Савол: Бузургтарин сура дар Қуръон чӣ ном дорад?
Ҷавоб: Сураи "Бақара".
Савол: Хурдтарин сура дар Қуръон кадом сура аст?
Ҷавоб: Сураи"Кавсар".
Савол: Сурае, ки фазилати он баробар бо рубъи (чоряки) Қуръон аст чӣ ном дорад?
Ҷавоб: Ёсин ва Ал-кофирун.
Савол: Нисфи Қуръон кадом сура аст?
Ҷавоб: Сураи Фотиҳа ва "Ал-залзала".
Савол: Умул (ҷавҳари) Қуръон кадом сура аст?
Ҷавоб: Сураи Фотиҳа.
Савол: Вақти тиловати Қуръон вазифаи мо аз чӣ чиз иборат аст?
Ҷавоб: Истимоъ ва сукут (гӯш кардан ва хомӯш истодан).
Савол: Чанд сураи Қуръон дар Макка нозил шудааст?
Ҷавоб: 86 сура.
Савол: Чанд сураи Қуръон дар Мадина нозил шудааст?
Ҷавоб: 28 сура.
Савол: Саид (некбахткунанда)-и оёти Қуръон чи ном дорад?
Ҷавоб: Оятал-курсӣ.
Савол: Бузургтарин ояти Қуръон чӣ ном дорад?
Ҷавоб: Боз Оятал-курсӣ.
Савол: Кадом сура ба қалб (дил)-и Қуръон машҳуртар аст?
Ҷавоб: Сураи "Ёсин"
Савол: Беҳтарин ва афзалтарин анбиё ва расул кист?
Ҷавоб: Ҳазрати Муҳаммад (с).
Савол: Лафзи "АЛЛОҲ" чанд маротиба дар Қуръон омадааст?
Ҷавоб: 980 маротиба.
Савол: Кадом Паёмбар бо амри Худо бе падар ва бе модар таваллуд шуд?
Ҷавоб: Ҳазрати Одам (а.с).
Савол: Кадом Паёмбар аз модар бе падар, бо фазли Худо ба дунё омадааст?
Ҷавоб: Исо (а.с) аз Марям.
Савол: Теъдоди анбиё ва расулон чандтоанд?
Ҷавоб: Анбиё 124 ҳазор, расул 313 адад, ки номи 25-то аз онҳо дар Қуръон омадааст.
Савол: Кадом Паёмбар рузи ид бутҳоро шикаст?
Ҷавоб: Ҳазрати Иброҳим (а.с).
Савол: Кадом Паёмбар аст, ки Худованд ӯро дар ибодат ба монанди як уммат васф мекунад ?
Ҷавоб: Ҳазрати Иброҳим (а.с).
Савол: Ҳарфе, ки дар байни Қуръон ҷой гирифтааст чист?
Ҷавоб: Ҳарфи (Фо) дар "валяталаттаф" (сураи Каҳф ояти 19).
Савол: Оятҳои Қуръон чандтоянд?
Ҷавоб: 6226 оят.
Савол: Теъдоди ҳуруфи Қуръон чандто аст?
Ҷавоб: 340740 ҳарф.
Савол: Чанд маротиб аз Ҷаннат дар Қуръон зикр шудааст?
Ҷавоб: 66 маротиб.
Савол: Чанд маротиб аз оташ дар Қуръон зикр шудааст?
Ҷавоб: 126 маротиб.
Савол: Номи Ҳазрати Исо (а.с) чанд маротиб дар Қуръон зикр шудааст?
Ҷавоб: 25 маротиб.
Савол: Чанд маротиб дар Қуръон аз Ҳазрати Одам (а.с) ёд шудааст?
Ҷавоб: 25 маротиб.
Савол: Номи Ҳазрати Мусо (а.с) чанд маротиб дар Қуръон зикр шудааст?
Ҷавоб: 131 маротиб зикр шудааст.
Савол: "Абулбашар" лақаби кист?
Ҷавоб: Одам (а.с).
Савол: Паёмбароне, ки аз онҳо дар сураи Аъроф ёд шудааст кадоманд?
Ҷавоб: Одам, Нӯҳ, Ҳуд, Солиҳ, Лут, Шуъайб, Мусо (а.с).
Савол: Лафзи намоз дар Қуръон чан маротиб зикр шудааст?
Ҷавоб: 105-маротиб.
Савол: Рамазон дар Қуръон чанд маротиб зикр шудааст?
Ҷавоб: 9-маротиб.
Савол: Закот чанд маротиб дар Қуръон зикр гардидааст?
Ҷавоб: 74-маротиб...
🌙MEGAI ISLOMI🕋 ➪ МАРҲАМАТ КАНАЛҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСЛОМИ РО БАРОИ ШУМО ПЕШКАШ МЕКУНЕМ ДАРОЕД АЗ ДИНИ ИСЛОМ ЧИЗЕРО ЁД ГИРЕД 🥰☺️
🌙МЕГАИ 1К+🕋
КАНАЛИ МО
👇👇👇👇👇
🌴وصال حق🌴
⚔️ҲАМАИ ХАБАРҲО ОИДИ ҶАНГИ ФАЛАСТИН🇯🇴 БО ИЗРОИЛ🇮🇱
🖥Пайваст кардани канали худ➕
⬆⬆⬆⬆⤴
🌙MEGAI ISLOMI🕋 ➪ МАРҲАМАТ КАНАЛҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСЛОМИ РО БАРОИ ШУМО ПЕШКАШ МЕКУНЕМ ДАРОЕД АЗ ДИНИ ИСЛОМ ЧИЗЕРО ЁД ГИРЕД 🥰☺️
🌙МЕГАИ 1К+🕋
КАНАЛИ МО
👇👇👇👇👇
🌴وصال حق🌴
⚔️ҲАМАИ ХАБАРҲО ОИДИ ҶАНГИ ФАЛАСТИН🇯🇴 БО ИЗРОИЛ🇮🇱
🖥Пайваст кардани канали худ➕
⬆⬆⬆⬆⤴
https://t.me/Donazoda
Дроен ку бехтарин Магазини Одежда дар Шахри Челябинске Любой шахр даставка мекнем
🍀☘☘☘🍀☘🍀☘🍂🍃🍁🍃🍀☘🌸🌼🌺🌿🍀☘бо омадани моҳи мубораку Шарифи Рамазон, моҳи пур аз Баракот, моҳи Раҳмату Мағфират, моҳи Илму Маърифат, моҳи Оромиши Қалбу такмили Имону Тақво, моҳи Сипар аз васвасаи Шайтон, моҳи Нузули Қуръон, моҳи Шафоаткунандаи рӯзи Ҷазо, моҳи сар то охир пур аз Меҳру Вафоро аз сидқан муборакбод мегӯям.
Аз даргоҳи Худованди Бузург талаб дорам, ки ин Меҳмони Азизро пур аз дастурхони лабрез аз Ибодату, Тақвову Парҳезгорӣ пешвоз гирифтанро бар хонадони ҳар яки мову Шумо насиб гардонад.
ОМИН.🤲🤲🤲🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸
🍃🌹🍃🌺🍃🌷🍃🌻🍃💐🍃🌸Якдигарбахшӣ, пеш аз моҳи мубораки Рамазон🍃💓🍃🍃💓🍃 Шояд рӯзе аз рӯзҳо, шуморо ғайбат карда бошам🍃💗🍃 дили шуморо ранҷонда бошам 🍃💗🍃хотири шуморо озурда намуда бошам🍃💘🍃 ё кӣ дар ҳолати мусибати шумо кӯмак накарда бошам 🍃💗🍃ё кӣ бо забонам шуморо озор дода бошам🍃💔🍃 Умед дорам, ки маро мебахшед🍃💗🍃 Худованд ҳама мову шуморо ба роҳи росташ ҳидоят бифармояд🍃💗🍃🍃💘🍃Дилҳои моро равшан, забонҳоямонро покиза, чашмонамонро пурнур бигардонад🤲🤲🤲🤲🥹🥹🫶🫶
Ҳамдигарро бубахшед
🌙MEGAI ISLOMI🕋 ➪ МАРҲАМАТ КАНАЛҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСЛОМИ РО БАРОИ ШУМО ПЕШКАШ МЕКУНЕМ ДАРОЕД АЗ ДИНИ ИСЛОМ ЧИЗЕРО ЁД ГИРЕД 🥰☺️
🌙МЕГАИ 1К+🕋
КАНАЛИ МО
👇👇👇👇👇
🌴وصال حق🌴
⚔️ҲАМАИ ХАБАРҲО ОИДИ ҶАНГИ ФАЛАСТИН🇯🇴 БО ИЗРОИЛ🇮🇱
🖥Пайваст кардани канали худ➕
⬆⬆⬆⬆⤴
📕 Раҳмати Аллоҳ ба бандагонаш
Аллоҳ таъоло бахшандаи меҳрубон ва меҳрубонтарини меҳрубонон аст, ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст.
Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَرَحْمَتِي وَسِعَتْ كُلَّ شَيْءٍ
سورة الأعرف: ١٥٦
«Ва раҳматам ҳама чизро фаро гирифтааст». (Сураи Аъроф: 156).
Дар "Саҳиҳ"-и Муслим аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Аллоҳ сад раҳмат дорад. Аз он (сад раҳмат) як раҳматеро миёни ҷинҳо, инсонҳо, чорпоён ва ҳашарот нозил кардааст, ки бо он як раҳмат ба якдигар меҳрубонӣ менамоянд ва ба ҳамдигар раҳм мекунанд ва бо ҳамин раҳмат ҳайвоноти ваҳшӣ ба фарзандони худ раҳм менамоянд. Аллоҳ таъоло наваду нӯҳ раҳмати худро нигаҳ доштааст, ки бо он (наваду нӯҳ раҳмат) дар рӯзи қиёмат бандагони худро раҳм менамояд». Муслим / 6908.
Аз Умар ибни Хаттоб (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Асиронеро назди расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) оварданд. Зане дар миёни асирон ба ин сӯ ва он сӯ медавид. Ногаҳон кӯдакеро дар миёни асирон дид, пас он кӯдакро ба оғӯшаш гирифта, ба ӯ шир дод. Онгоҳ расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо фармуд: «Оё ин зан фарзандашро ба оташ мепартояд?» Гуфтем: На, қасам ба Аллоҳ. Имкон надорад чунин коре бикунад. Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Ҳамоно Аллоҳ ба бандагонаш аз ин модар нисбат ба фарзандаш меҳрубонтар аст».
Муттафақун алайҳ, Бухорӣ (5653) ва Муслим (6912).
Яке аз раҳматҳои Аллоҳ бар бандагонаш ин аст, ки паёмбаронро фиристод ва китобҳову шариатҳоро нозил кард, то зиндагии онҳо дар роҳи рост, дур аз сахтиву машаққат ва тангӣ пеш равад. Аллоҳ таъоло фармудааст:
وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ
سورة الأنبياء: ١٠٧
«Ва (эй паёмбар) туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем». (Сураи Анбиё: 107).
Раҳмати Аллоҳ таъоло ҳамон чизест, ки бандагони мӯъминашро дар рӯзи қиёмат вориди биҳишт мекунад. Ҳеҷ кас танҳо бо амалаш вориди биҳишт намешавад, чуноне ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: «Ҳеҷ касе аз шумо бо амали худ вориди биҳишт намешавад». Саҳобагон гуфтанд: Эй расулуллоҳ! Ҳатто шумо ҳам? Фармуд: «На, ҳатто ман ҳам (бо амали худ вориди биҳишт намешавам), магар ин ки Аллоҳ маро бо фазлу раҳмати худ бапӯшонад. Аз ин рӯ, роҳи дурустро пеша бигиред ва (дар анҷом додани он зиёдравӣ ва ё кӯтоҳӣ нанамоед балки) миёнаравӣ кунед. Ҳаргиз касе аз шумо орзӯи марг накунад, агар некӯкор бошад, шояд бар некиҳояш биафзояд ва агар гунаҳкор бошад, шояд тавфиқи тавба биёбад». Ривояти Бухорӣ (5349) ва Муслим (7042).
Пас мӯъмин бояд байни умед ба раҳмати Аллоҳ ва тарс аз азоби Ӯ қарор дошта бошад, зеро Аллоҳ таъоло мефармояд:
نَبِّئْ عِبَادِي أَنِّي أَنَا الْغَفُورُ الرَّحِيمُ ❁ وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ الْعَذَابُ الْأَلِيمُ
سورة الحجر: ٤٩ - ٥٠
«Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки яқинан Ман омурзандаи меҳрубонам. Ва ин, ки азоби Ман азоби дарднок аст». (Сураи Ҳиҷр: 49 - 50).
Аммо дар мавриди сухани шумо: "Аллоҳ моро ҳафтод маротиба зиёдтар аз муҳаббати модар нисбати кӯдакаш дӯст медорад". Аллоҳ оиди ин донотар аст. Бароямон кофист, ки бидонем, ки раҳмати Аллоҳ ҳама чизро фаро гирифтааст.
Эй Аллоҳ, моро бо раҳмати худ раҳм намо, эй меҳрубонтарини меҳрубонон
🌙MEGAI ISLOMI🕋 ➪ МАРҲАМАТ КАНАЛҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСЛОМИ РО БАРОИ ШУМО ПЕШКАШ МЕКУНЕМ ДАРОЕД АЗ ДИНИ ИСЛОМ ЧИЗЕРО ЁД ГИРЕД 🥰☺️
🌙МЕГАИ 1К+🕋
КАНАЛИ МО
👇👇👇👇👇
🌴وصال حق🌴
⚔️ҲАМАИ ХАБАРҲО ОИДИ ҶАНГИ ФАЛАСТИН🇯🇴 БО ИЗРОИЛ🇮🇱
🖥Пайваст кардани канали худ➕
⬆⬆⬆⬆⤴
🌙MEGAI ISLOMI🕋 ➪ МАРҲАМАТ КАНАЛҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСЛОМИ РО БАРОИ ШУМО ПЕШКАШ МЕКУНЕМ ДАРОЕД АЗ ДИНИ ИСЛОМ ЧИЗЕРО ЁД ГИРЕД 🥰☺️
🌙МЕГАИ 1К+🕋
КАНАЛИ МО
👇👇👇👇👇
🌴وصال حق🌴
⚔️ҲАМАИ ХАБАРҲО ОИДИ ҶАНГИ ФАЛАСТИН🇯🇴 БО ИЗРОИЛ🇮🇱
🖥Пайваст кардани канали худ➕
⬆⬆⬆⬆⤴
Ҷонам фидои номи Ту!
Ҳамди Туро гуям зи ҷон, ҷонам фидои номи Ту,
Ай Холиқи ҷону ҷаҳон, ҷонам фидои номи Ту.
Бозорҳо гардон куни, ҷонам фидои номи Ту,
Дарёи бепоён Туи, бахшандаи исён Туи.
Ҳам дард ҳам дармон Туи, ҷонам фидои номи Ту,
Дар дидаҳо бино Туи, дар шурӯ дар ғавғо Туи.
Дар ҳар замон гӯё Туи, ҷонам фидои номи Ту,
Ҳасти Ту андар лавҳу дил, хонам Туро аз ҷону дил.
Ҳасти Ту андар обу гил, ҷонам фидои номи Ту,
Чарху фалак дар бони Ту, мулку малак фармони Ту.
Арзу само шуд хвони Ту, ҷонам фидои номи Ту,
Авсофи Ту Раҳмон бувад, лутфи Ту бепоён бувад.
Султони дарат дарбон бувад, ҷонам фидои номи Ту,
Дар шаҷраҳову меваҳо, кӯҳсорону лолаҳо.
Булбул ба бӯстон нолаҳо, ҷонам фидои номи Ту.
Дар масҷиду бутхонаҳо, дар каъбаву майхонаҳо,
Ҳам шамъу ҳам парвонаи, ҷонам фидои номи Ту.
(شیخ صوفی خوافی)
https://t.me/Donazoda
Магозаи Либос ва Пояфзолхо дар шахри Челябинск ЛЮБОЙ ШАХР ДАСТАФКА МЕКНА БОРОЩА
