en
Feedback
🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

🌙🥀🌹САВОЛ ҶАВОБИ ИСЛОМИ.🌙🥀🌹

Open in Telegram

🌙📖 Аз Ҳадисҳо Нагрез Дӯстам 📚 📚Дар Ин Канал Ҳадисҳо Бо Далелҳои Саҳеҳ 📖Мешавад Ин Ша Аллоҳ Ба Шумо Ягон Сура Ё Ин Ки Дуо 🤲 Ё Ин Ки Салавот 📿 Лозим Шид Муроҷиат Кнен Ин Ша Аллоҳ Мепартом 📓Дӯстони Худро Даъват Кнен.

Show more
1 119
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
ҲАДАФИ МО ҶАВОНОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМУДАН АСТ.👇👇 @mavlavi_abu_umar ✅ ОБУНА ШАВЕД ВА ЁРУ ДУСТОНАТОНРО НИЗ ДАЪВАТ КУНЕД
ҲАДАФИ МО ҶАВОНОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМУДАН АСТ.👇👇 @mavlavi_abu_umar ✅ ОБУНА ШАВЕД ВА ЁРУ ДУСТОНАТОНРО НИЗ ДАЪВАТ КУНЕД. 🌹 МУРОДИ МО НАСИҲАТ БУД, ГУФТЕМ.✅ - ҲАВОЛАТ БО ХУДО КАРДЕМУ РАФТЕМ.☝️🤲

Repost from N/a
📍 Рӯза гирифтан ва хондани Қуръони Карим чӣ фазилат дорад? — Аз Абдуллоҳ ибни Амр, Аллоҳ аз ҳардуяшон розӣ бод: Расули Аллоҳ
📍 Рӯза гирифтан ва хондани Қуръони Карим чӣ фазилат дорад? — Аз Абдуллоҳ ибни Амр, Аллоҳ аз ҳардуяшон розӣ бод: Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Рӯза ва Қуръон шафоъати банда аст.Рӯзадор мегӯяд: — Я Рабб! Ӯро рӯзона аз таъом ва ҳавасҳо боз доштам, пас шафоати маро бар ӯ бидеҳ. — Қуръон мефармояд: Ман ӯро аз хоби шаб боз доштам, пас маро бар ӯ шафоат деҳ. Ва шафоат мекунад».... ✍ 📚Саҳиҳ ал-Ҷомиъ | Ҳадиси саҳеҳ.

Ҳамин Амалҳоро Анҷом Диҳед •••Дуо хангоми Хоб Дастҳояшро бо ҳам ҷамъ кунад пеш аз он ки дар он дам кунад, муъаввизот сураи ихлос ва фалақ ва сураи носро дар он бихонад сипас дастҳояшро то ҷое, ки битавонад бар баданаш бимолад. Ин амалро аз сару сурат ва пешруи ҷисмаш оғоз намояд. (Ин амалро се бор анҷом диҳад) قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ (1) اللَّهُ الصَّمَدُ (2) لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ (3) وَلَمْ يَكُن لَّهُ كُفُوًا أَحَدٌ (4)76 Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим. 1. Қул ҳуваллоҳу аҳад. 2. Аллоҳу-с-самад. 3. Лам ялид ва лам юулад. 4. Ва лам яку(н)-л лаҳу куфуван аҳад. 76 (Сураи Ихлос) Ба номи Парвардигори Бахшандаи Меҳрубон. Бигу, у Парвардигори ман яктост, Парвардигоре, ки бениёз аст. На зодааст аз касе ва назода-шудааст аз у касе ва на ҳеҷ кас ҳамтои уст. 76 (Сураи Ихлос) قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ (1) مِن شَرِّ مَا خَلَقَ (2) وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ (3) وَمِن شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِي الْعُقَدِ (4) وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ (5)76 Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим. 1. Қул аъузу бираббил-л-фалақ. 2. Мин шарри ма халақ. 3. Ва мин шарри ғосиқин иза вақаб. 4. Ва мин шарри-н наффасати фи-л-ъуқад. 5. Ва мин шарри ҳасадин иза ҳасад. 76(Сураи фалақ) Ба номи Парвардигори Бахшандаи Меҳрубон. Бигу паноҳ мебарам ва Парвардигори сапедаи субҳ, аз шарри ҳар чи офаридааст ва аз шарри шаби торик, чун торикии у паҳн шавад ва аз шарри занони афсунгар, чун ҳасад кунанд. 76 (Сураи фалақ) قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ النَّاسِ (1) مَلِكِ النَّاسِ (2) إِلَٰهِ النَّاسِ (3) مِن شَرِّ الْوَسْوَاسِ الْخَنَّاسِ (4) الَّذِي يُوَسْوِسُ فِي صُدُورِ النَّاسِ (5) مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ (6)76 Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим. 1. Қул аъузу бирабби-н-нас. 2. Малики-н-нас. 3. Илаҳи-н-нас. 4. Мин шарри-л васваси-л ханнас. 5. Ал-лази ювасвису фи судури-н-нас. 6. Мина-л-ҷиннати ва-н-нас. 76(Сураи нос) Ба номи Парвардигори Бахшандаи Меҳрубон. Бигу, паноҳ меҷуям ба Парвардигори одамиён, подшоҳи одамиён, Маъбуди одамиён, аз шарри ҳар васвасакунандаи пинҳоншаванда, касе, ки васваса мекунад дар дилҳои одамиён хоҳ аз ҷинниён бошад ва хоҳ аз одамиён.76 (Сураи нос) (اللّهُـمَّ قِنـي عَذابَـكَ يَـوْمَ تَبْـعَثُ عِبـادَك . (ثلاثاً100 Паёмбар ﷺ ҳангоме, ки мехост бихобад дасти росташро мегузошт ва мегуфт: Аллоҳумма қини ъазабака явма табъасу иъбадака. 100 (се бор, Абудовуд 4/311) Парвардигоро рузе, ки бармеангези бандагонатро аз ъазобат моро ҳифз фармо. 100 ءامَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مِن رَّبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ ءامَنَ بِاللهِ وَمَلآئِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لاَ نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِّن رُّسُلِهِ وَقَالُواْ سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ {285} لاَ يُكَلِّفُ اللهُ نَفْسًا إِلاَّ وُسْعَهَا لَهَا مَا كَسَبَتْ وَعَلَيْهَا مَا اكْتَسَبَتْ رَبَّنَا لاَ تُؤَاخِذْنَا إِن نَّسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا رَبَّنَا وَلاَ تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِنَا رَبَّنَا وَلاَ تُحَمِّلْنَا مَا لاَ طَاقَةَ لَنَا بِهِ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَآ أَنتَ مَوْلاَنَا فَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ {286} 101 Аманна-р-расулу би ма унзила илайҳи ми(н) раббиҳи ва-л-муъминун. Куллун амана биллаҳи ва малаикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи ла нуфарриқу байна аҳади(н)м мир-русулиҳ. Ва қолу самиъна ва атаъна ғуфронака раббана ва илайка-л-масир. 285. Ла юкаллифуллоҳу нафсан илла вусъаҳа. Лаҳа ма касабат ва ъалайҳа мактасабат. Раббана ла туахизна ин-н насина ав ахтаъна. Раббана ва ла таҳмил ъалайна исран кама ҳамалтаҳу ъала-л-лазина мин қаблина. Раббана ва ла туҳаммилна ма ла тоқата лана биҳи ваъфу ъанна вағфир лана варҳамна. Анта мавлана фансурна ъала-л-қавми-л кафирун. 286. 101(Муслим 1/554) Паёмбар ба он чи ба суи у аз тарафи Парвардигораш нозил шуд имон оварда ва муъминон низ ҳама ба Аллоҳ ва фариштаҳо ва китобҳо ва паёмбарони у имон оварданд ва гуфтанд: Миёни ҳеҷ яке аз паёмбарони Аллоҳ фарқ нагузорем ва гуфтанд: шунидем ва итоат кардем Парвардигоро омурзиши туро мехоҳам ва бозгашт ба суи ту аст.

✍Шарти қабули тавба ин аст ки эътироф ба гуноҳ кунӣ...❗️ وَمَا أُبَرِّئُ نَفْسِي إِنَّ النَّفْسَ لأَمَّارَةٌ بِالسُّوءِ إِلاَّ مَا رَحِمَ رَبِّيَ إِنَّ رَبِّي غَفُورٌ رَّحِيمٌ "Ман худамро бегуноҳ намедонам, зеро нафс одамиро ба бадӣ фармон медиҳад. Магар Парвардигори ман бибахшояд, зеро Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!» 📚Сураи Юсуф ояти 53 قَدْ يَنْصَحُكَ شَخْصٌ بِأَمْرٍ وَهُوَ لَا يَفْعَلُهُ لَيْسَ لِأَنَّهُ مُتَنَاقِضٌ بَلْ رُبَّمَا تَمَنَّى لَكَ الخَيْرَ فِي أَمْرٍ لَمْ يَسْتَطِع هُوَ فِعلهُ... "Шояд шахсе шуморо ба кори хайре насиҳат кунад, онро худи ӯ иҷро намекунад, на аз он сабаб, ки он шахс хилофи он амал аст, балки шояд барои ту хайрро хост дар коре, ки худи ӯ иҷро карда наметавонад".

Аллоҳ субҳанаҳу ва таъала-ро ҳамду шукру сано мегӯем, ки ба мо бандагонаш яктопарастӣ-ро тавфиқ намуд ва моро аз аҳли тавҳид қарор дод. Бале, Аллоҳ таъала неъматҳояшро аз ҳама ҷониб барои мо ато намудааст ва неъматҳои Аллоҳ хело ҳам зиёд аст. Аллоҳ Таъала фармуд: َو َما ِب ُكم ِمن ِن ْع َم ٍة فَ ِم َن هاللِّ. Ҳар неъмате, ки шумо доред аз ҷониби Аллоҳ аст. (Наҳл:53) Ва мефармояд: :َوِإنتَعُُّدواِْنْعَمةَٱهِللََّلَتُْح ُصوَهآِۗإهنٱهللَّلَغَفُوٌرهرِحيٌم َ Ва агар шумо неъматҳои Аллоҳро бишуморед, ҳисоб карда наметавонед, ҳамоно, ки Аллоҳ ҳатман бахшояндаву меҳрубон аст. (Наҳл:18)

📍 Рӯза гирифтан ва хондани Қуръони Карим чӣ фазилат дорад? — Аз Абдуллоҳ ибни Амр, Аллоҳ аз ҳардуяшон розӣ бод: Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Рӯза ва Қуръон шафоъати банда аст.Рӯзадор мегӯяд: — Я Рабб! Ӯро рӯзона аз таъом ва ҳавасҳо боз доштам, пас шафоати маро бар ӯ бидеҳ. — Қуръон мефармояд: Ман ӯро аз хоби шаб боз доштам, пас маро бар ӯ шафоат деҳ. Ва шафоат мекунад».... ✍ 📚Саҳиҳ ал-Ҷомиъ | Ҳадиси саҳеҳ. 🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃

ҲАДАФИ МО ҶАВОНОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМУДАН АСТ.👇👇 @mavlavi_abu_umar ✅ ОБУНА ШАВЕД ВА ЁРУ ДУСТОНАТОНРО НИЗ ДАЪВАТ КУНЕД
ҲАДАФИ МО ҶАВОНОНРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМУДАН АСТ.👇👇 @mavlavi_abu_umar ✅ ОБУНА ШАВЕД ВА ЁРУ ДУСТОНАТОНРО НИЗ ДАЪВАТ КУНЕД. 🌹 МУРОДИ МО НАСИҲАТ БУД, ГУФТЕМ.✅ - ҲАВОЛАТ БО ХУДО КАРДЕМУ РАФТЕМ.☝️🤲

Аҳли Куръон - اهل قران  ⛅ 🌱 Забонашон ҳамеша бо оёти Қуръон банд аст. 🌱 Гӯшҳои онҳо ҳамеша аз садои Қуръон меларзад. Чашмони онҳо ҳамеша сухани Парвардигорашонро мебинанд. 🌱 Дастҳои онҳо ҳамеша бо саҳифаҳои Қуръон дар тамос аст. 🌱 Ақлҳои онҳо ҳамеша аз мӯъҷизаҳои Қуръон аст. 🌱 Дилҳои онҳо ҳамеша аз ҷамоли Қуръон илҳом мегиранд. 🌱 Амалҳои онҳо мувофиқи оёти Қуръон аст. 🌱Ваќти онҳо ҳамеша ба ҷузи Қуръон бахшида шудааст. 🌱Манзили онҳо ҳамеша аз тиловати Қуръон пур аст. 🌱 Қабрҳояшон аз нури Қуръон мунаввар мешавад. 🌱 Роҳнамои онҳо ба роҳи рост ва роҳхат ба биҳишт Қуръон аст. Пас аҳли Қуръон, дар ҳоле ки фидокорӣ онҳоро ба пирӯзии ниҳоии дунё ва охират овардааст, боз чӣ лозим аст!? О Аллаҳ ҳамаи моро аз аҳли Куръон бигардон...آمين 🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃

🕋🤲☝️АЛЛОҲ ЛАЪНАТ КАРДААСТ ҲАМИН ШАХСҲОРО ☝️🤲🕋 ١٢- عَنْ عَلِيِ بْنِ أَبِي طَالِبْ،رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ. قَالَ: حَدَّثَنِي رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ. لَعَنَ اللّٰهُ مَنْ ذَبَحَ لِغَيْرِ اللّٰهِ، وَلَعَنَ اللّٰهُ مَنْ آوِى مُحْدِثًا، وَلَعَنَ اللّٰهُ مَنْ لُعَنَ وَالِدِيهِ، وَلَعَنَ اللّٰهُ مَنْ غَيَّرِ تُخُومَ الْأَرْضِ يَعْنِي اَلْمَنَارَ. مسلم. (1978) . (مسند أحمد. 2 / 156). 🕋Хадис!🕋 Ъали ибни Абутолиб, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд! Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, бароям чаҳор калимаро баён кард. 1) - Аллоҳ лаънат кардааст бар касе, ки ба ғайри Аллоҳ, (чорпоеро) забҳ кунад.🍒 2) - Аллоҳ лаънат кардааст бар касе, ки падар ва модари худро лаънат кунад.☝️ 3) - Аллоҳ лаънат кардааст, бар касе, ки як шахси ҷиноят кор ва ё бидъат кореро, (дар хонаҳи худ ва ё дар ватани худ), паноҳ диҳад.💐 4) - Аллоҳ лаънат кардааст бар касе, ки ҳаққи замини ҳамсояашро, дар замини худ дохил мекунад, ва бе иҷозат ва розигӣ ӯ ҳақдор мешавад.☝️🥀 (Муслим - 1978). (Муснади Аҳмад - 2/156). 🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲🤲

✒️ Ҳадисҳои Паёмбари Акрам ( ﷺ ) дар бораи фазилати Қуръони Карим. 🍃 Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро ёд гирад ва ба дигарон ёд диҳад. 📚 Бухорӣ ( 5028 ). 🍂 Касе, ки Оят - ал - Курсиро баъд аз ҳар намози фарз бихонад ҳеҷ чизе монеъи дохил шудани ӯ ба ҷаннат намешавад, фақат басанда аст, ки бимирад то вориди он шавад. 📚 Насоӣ ва Ибни Ҳуббон. 🍃 Қуръон бихонед, зеро Қуръон дар рузи қиёмат барои ёрони худ шафоъат мекунад. 📚 Муслим ( 804 ). 🍂 Аз тарафи ман таблиғ кунед ҳатто як оят ҳам бошад. 📚 Бухорӣ ( 3462 ). 🍃 Касе, ки дар хондани Қуръон маҳорат дорад, дар рузи қиёмат манзалате ба мисли фариштагон бузургвор ва неку корон хоҳад дошт, ва касе бо сахти ( душворӣ ) онро тиловат кунад ду подош хоҳад дошт. 📚 Муслим ( 798 ). 🍂 Ҳаргоҳе, ки ба рахти ( тахти ) хоб рафти Оят Ал - Курси бихон ҳамвора ( ҳамеша ) дар ҳифзи Аллоҳ хоҳи буд ва шайтон ба ту наздик нахоҳад шуд. 📚 Ривояти Бухорӣ.

بسم الله الرحمن الرحيم. 🌺🍀🌺------🌺🍀🌺------🌺🍀🌺 ЗАРФХО Ба кор бурдани тамоми зарфхо ба чуз тиллою нукра чоиз аст, танхо хурдан ва ошомидан дар зарфхои тилло ва нукра харом аст ва метавон барои корхои дигар аз онхо истифода кард. ✅. Аз Абухузайфа разияллоху анху ривоят аст, ки Паёмбар صلي الله عليه وسلم фармуданд: [ لا تشربوا في آنية الذهب و الفضة و لاتابسوا الحرير و الديبا فإنه‍ا له‍م في الدنيا و لکم في الآخرة. ] Ба шарфхои тилло ва нукра наошёмед ва абрешим ва деборо бар тан накунед чаро ин ки онхо дар дунё ба кофирон ва дар охират ба шумоён ихтисос доранд. ( хадиси мутафакун алайх аст. Х:10-96-5633, М:3-1633-2067, Т:3-199-1939, Д:10-189-3705, Ча:2-1130-3414, Ибни Моча чумлаи " ло талбису ал харира ва-д-дибоъ "-ро зикр накардааст, Нас:8-198). ✅. Аз Умми Салама (р) ривоят аст, ки Паёмбар صلي الله عليه وسلم фармуд: [الذي يشرب في إناء الفضة إنما يجرجو في بطنه نار جهنم. ] Касе, ки дар зарфхои нукра об менушад дар вокеъ оташи чаханнамро бар шикам мерезад.(Бухори ва Муслим онро ривоят кардаанд,. Хадиси муттафакун алайх аст. Х:10-96-5634, М:3-1634-2065, Ча:2-1130-3413) Ва дар лафзи Муслим чунин омадааст: "Касе, ки дар зарфи тилло ва нукра мехурад ё менушад....." Имом Муслим мегуяд: Дар ягон ривоят лафзи (Акала) ва (захаб) зикр нашудаба чуз дар ривояти ибни Мусхир. Шайх Албони (р) мегуяд: Ин изофа аз чихати ривоят шоз аст, агарчи аз чихати дироят сахех аст чун хамонтавр ки возех аст хурдан ва тилло нисбат ба нушидан ва нукра аз ахамият ва хатар бештар бархурдор хастанд. ( Ал-Ирво:1-69). 🌺🍀🌺------🌺🍀🌺------🌺🍀🌺 ​​​┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈ ​​​​ 

بسم الله الرحمن الرحيم.             اسلام عليكم ورحمة الله وبركاته. 🌺🍀🌺------🌺🍀🌺------🌺🍀🌺                  ФАРЗХОИ ВУЗУ 1⃣. Шустани ру, ки мазмаза ва истиншоқ хам ҷузъи он аст. 2⃣. Шустани ду даст бо оринҷхо. 3⃣. Масҳи тамомр сар, ки гушҳо ҷузъи сар ҳастанд. 4⃣.Шустани пойхо бо қузакхо ( буҷулакхо). Ба далели фармудаи Аллохи Мутаъол: [يأيها الذين ءامنوا إذا قمتم إلي الصلوات فاغسلوا وجوهكم  و أيديكم إلي المرافق وامسحوا برءوسکم  وأرجلکم إلي الکعبين. ] [Сураи Моида ояти:6 ] Эй Муъминон ҳангоме, ки хостед намоз бихонед ( ва вузу надоштед) руйхо ва дастҳои худро ҳамроҳ бо оринҷ бишӯед ва сархои худро маҳс кунед ва пойхои худро ҳамроҳ бо қузакхои ( буҷулакхои ) он бишӯед.             [ Сураи Моида ояти: 6 ] Паёмбар صلي الله عليه وسلم ба мазмаза ва истиншоқ дастур дода мефармояд: إذا تو ضأ  أحدکم فليجعل  في  أنفه ماء ثم ليستنثر Ҳар гоҳ яке аз шумо вузу гирифт дар бинияш  об фуру кунад ва сипас онро берун кунад . (Ҳадиси саҳеҳ аст  С:Ҷ:443, Д:1-243-140, Нас: 1-66).        Ва мефармояд: و بالغ  في الا ستنشاقإلا  ان تكون صاءما . Дар истиншоқ муболаға кун агар рузадор боши. ( Ҳадиси сахех аст :С:Д:131 ва 129, Д:1-236 ва 144-142 )              Ва мефармояд: إذا توضأت فمضمض. Ҳаргоҳ вузу гирифти мазмаза кун. (Ҳадиси саҳеҳ аст, С.Д. 131, ва 129 Д:1-236 ва 144-142)       🌺Ва далели воҷиб будани масҳи тамоми  сар инаст, ки маҳс дар Куръон ба ба сурати муҷмал зикр шуда ва барои баён кардани он ба суннати набави муроҷихат мешавад . Дар Саҳеҳайн ва дигар китобҳои ҳадиси собит шуда аст, ки Паёмбар صلي الله عليه وسلم тамоми сарашро маҳс карда аст ва ва ин далолат мекунад бар ин ки масҳи тамоми сар воҷиб аст. .         🌺Агар гуфта шавад ки ҳадиси Муғира ( р ) баёнгари ин аст , ки Паёмбар صلي الله عليه وسلم пешони ва имомаашро маҳс кард ҷавоб инаст, ки ба ин далел Паёмбар صلي الله عليه وسلم ба масҳи пешони басанда кардааст, чун ки масҳи бакияи сарашро  ба масҳи имома комил кардааст мо хас ин назарияро кабул дорем ва дар ин ҳадис далеле ба дурустии иктифо кардан , ба масҳи пешони ё баъзе аз сар бе комил кардани он бо масҳи имома вуҷуд надорад. [ Тафсири ибни Касир 2-24ба тасарруф.]             Паёмбар صلي الله عليه وسلم мефармояд: "Гӯшхо ҷузъи сар ҳастанд". ( Ҳадиси саҳеҳ аст, С. Ҷа. 375 Ҷа:1-152-444). 5⃣. Ҳилол кардани риш( обро ба тамоми риш расондан).  Ба далели Анас ибни Молик (р): أن رسول الله  صلي الله عليه وسلم کان إذا توضا اخذ كفا من ماءفادخله تحت حنكه فخالبه لحيته و  قال: ه‍كذا أمر ني ربي عز و جل. Ҳаргоҳ Паёмбар صلي الله عليه وسلم вузу мегирифт мушти об бармедохт ва онро зери чонааш ворид карда ришашро бо он ҳилол мнкард ва мефармуд : "Парвардигорам инчунин ба ман дастур додааст". ( ҳадиси саҳеҳ аст ал-Ирво:92, Д:1-243-145,Ҳақ:1-54). 6⃣. Ҳилол кардани ангуштони дасту по.   Ба далелли фармудаи  Паёмбар صلي الله عليه وسلم: "Вузуро комил бигир ва байни ангуштонро хилол кун ва дар истиншоқ муболаға кун магар ин ки рузадор боши". اسلام عليكم ورحمة الله وبركاته.... 🌺🍀🌺------🌺🍀🌺------🌺🍀🌺 ​​​┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈ ​​​​  ​ --------------------------------------------------- 🌺🍀🌺------🌺🍀🌺------🌺🍀🌺

🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿 Салавоту дуруд ба Паёмбарамон Муҳаммад ﷺِّ зиёд фиристед. 1салавот 10ҳасана💚 اللهم صلِ وسلم على نبينا محمد ﷺ ‏اللهم صلِ وسلم على نبينا محمد ﷺ ‏اللهم صلِ وسلم على نبينا محمد ﷺ ‏اللهم صلِ وسلم على نبينا محمد ﷺ ‏اللهم صلِ وسلم على نبينا محمد ﷺ ‏اللهم صلِ وسلم على نبينا محمد ﷺ ‏اللهم صلِ وسلم على نبينا محمد ﷺ

🌿Гумон макун, ки дуъоят иҷобат нахоҳад шуд! Худо шуморо мешунавад ва корҳоятонро идора мекунад ва ҳар хайреро бароятон мефармояд ва ба фазли худ бадиро аз шумо дур мекунад. 🖇Ором бош! 🌿Аллох туро фаромуш намекунад! 🤍Дар Қуръон гуфтааст: «Парвардигори ту фаромӯш кунанда нест». Сураи Марям, ояти 64. 📌Пас ҳама корҳоятро ба Худо вогузор ва ором бош! 🤍🤍🌿🤍🤍🤍🌿🤍🤍🌿🤍🤍🤍🌼☘️🌼☘️🌼☘️🌼☘️🌼☘️🌼 Балое чун расад бар ту, Махур ғам ҳикмате дорад. Чу дардеро Худо бахшад, Яқинан қиммате дорад. 🌿🌿🌿🌿🌿🌿

📜Толкование - Тоҷикӣ - Абуалломудим  Семейство Имрана 3:31 قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِى يُحْبِبْكُمُ ٱللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ‌ۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌۭ رَّحِيمٌۭ СКАЖИ: «ЕСЛИ ВЫ ЛЮБИТЕ АЛЛАХА, ТО СЛЕДУЙТЕ ЗА МНОЙ, И ТОГДА АЛЛАХ ВОЗЛЮБИТ ВАС И ПРОСТИТ ВАМ ВАШИ ГРЕХИ, ВЕДЬ АЛЛАХ — ПРОЩАЮЩИЙ, МИЛОСЕРДНЫЙ». Бигӯ: «Агар бошед, ки Аллоҳро дӯст медоред, пас, маро пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад ва гуноҳони шуморо биёмурзад ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст». Дар баъзе тафсирҳо сабаби нузули ин оятро чунин ривоят кардаанд: “Гурӯҳе аз бутпарастон назди Расулуллоҳ (ﷺ) омада, муҳаббати худашонро ба Аллоҳ чунин изҳор намуданд: “Мо ба хотири он бутҳоро мепарастем, ки ба Аллоҳ наздик шавем.” Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки дар Мадина гурӯҳе аз масеҳиёни қабилаи Наҷрон назди Расулуллоҳ (ﷺ) ҳозир шуданд. Зимни суханронияшон бо Расулуллоҳ (ﷺ) гуфтанд, ки эҳтироми фавқулодате, ки мо Исо (а)-ро мекунем, ба хотири он аст, ки мо ба Аллоҳ муҳаббати зиёде дорем. Расулуллоҳ (ﷺ) дар ҷавоб, ба онҳо ин ояти нозилшударо хонданд. Дар ин оят Худованд Расули худ – Муҳаммад (ﷺ)-ро мефармояд, ки ба чунин муддаиён бигӯ, ки агар шумо дар даъвои худ ҳақ бошеду Худоро дӯст медошта бошед, биёед маро тобеъ шавед, то шуморо Аллоҳ дӯст дорад, зеро ман Расули Ӯ таъоло ҳастам. Ибни Касир мегӯянд: Ҳар инсоне, ки даъвои дӯстӣ ба Аллоҳ дошта бошад ва дар тариқаи (роҳа) Муҳаммад (ﷺ) бошад, ин ояти карима ҳоким ва ченаку баҳои ӯст. Ва агар на, чуноне ки Расулуллоҳ (ﷺ) фармудааст, ӯ козиб аст. Зеро Расулуллоҳ (ﷺ) фармудаанд, ки “Ман ъамила ъамалан лайса ъалайҳи амруно фаҳува раддун” - Шахсе амалеро чун дин гуфта анҷом диҳад, ки мо иҷрои он амалро амр накардаем, он амал мақбул нест. Яъне дар амалҳои исломӣ чизеро дохил карда шавад, ки фармоиши Расулуллоҳ (ﷺ) набошад, он амал радд (бе савоб) аст. Дар ҳақиқат ояти мазкур меъёри муҳаббати бандаро ба Аллоҳ ва Расули Ӯ (ﷺ) баён намуд. Аз чунин андоза маълум гардид, ки ҳар шахсе Пайғамбари Аллоҳро дӯст дорад, дар дину шариати Ӯ (ﷺ) қадам ниҳад, Худованд чунин шахсро аз талаби ӯ зиёд дӯст медорад ва аз баракати тобеъ шуданаш, Худованд гуноҳҳои гузаштаи онро омурзиш мекунад. Зеро Худованд омурзандаву ниҳоят меҳрубон аст. Хулоса, шахсоне, ки бо сухан даъвои муҳаббати Аллоҳ ва Расули Ӯ таъолоро доранд, локин баъзе ибодатҳои сохтаро иҷро мекунанд, кори инҳо асл нест. Бахти бузург барои бандаи ҳақиқӣ он аст, ки ӯ Аллоҳ ва Расули Ӯ таъолоро итоат кунад. Аллоҳтаъоло дар ояти зер ому хоссро амр намуда мефармояд:     (Али Имран, аят 31)

📜Аз Абу Ҳурайра (رضي الله عنه) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуданд: 《 Қасам ба он зоте ки ҷони Ман ба дасти Ӯ -ст, ҳар ойина агар яке аз шумо ресмони худро бигарад , ва бар пушти худ ҳезум ҷамъ кунад,(ин амал) бар Ӯ беҳтар аст , аз он , ки назди марде ояду аз Ӯ чизе талаб кунад (гадоӣ кунад) , (хоҳ) бар Ӯ чизе бидиҳад ё надиҳад 》. 📚( Саҳеҳ Бухорӣ № 1470 Саҳеҳ Муслим №1042 )

📍Эй бандагони Аллоҳ  ! Ҳеҷ вақт фаромӯш накунем! Ба танҳои мемирем: {أَيْـنَـمَـا تَـكُـونُـوا يُـدْرِكْـكُـمُ الْـمَـوْتُ} «Ҳар куҷо бошед марг шуморо дармеёбад». (نساء/78) Ба танҳои Аллоҳро мулоқот мекунем: {كَـدْحًـا فَـمُـلَاقِـيـهِ} «Саранҷом ӯро мулоқот хоҳи кард». (انشقاق/6) Ба танҳои бозхост мешавем: {وَلَـتُـسْـأَلُـنَّ عَـمَّـا كُـنْـتُـمْ تَـعْـمَـلُـونَ} «Ва қатъан дар баробари корҳое ки мекунед аз шумо бозхост хоҳад шуд». (نحل/93) Ба танҳои вориди қабр мешавем: {ثُـمَّ أَمَـاتَـهُ فَأَقْـبـَرَهُ} «Баъд ӯро мемиронад ва вориди гӯраш мегардонад». (عبس/21) Пас бинобар ин: Иҷоза надиҳем дунё ва мардумонаш моро ба худ машғул созад, ки аз ёди Аллоҳ ва бандагиаш боз ва ғофил бимонем....🥀🥀✍ 🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃🌸🍃

{ مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ أَن نَّبۡرَأَهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ } [Сура Аль-Хадид: 22] Ҳеҷ осебе дар замин ва ё дар вуҷуди шумо рӯй нахоҳад дод, магар он ки пеш аз эҷодаш дар дафтари [илми илоҳӣ] рақам хӯрдааст. Ба ростӣ, ки ин кор бар Аллоҳ таоло осон аст.