en
Feedback
Омӯзиши Қуръон аз сифр

Омӯзиши Қуръон аз сифр

Open in Telegram

Омӯзиши Қуръон аз сифр то пешрафта барои ҳама (марду зан)👳🧕

Show more
378
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days

Data loading in progress...

Attracting Subscribers
May '24
May '24
+2
in 0 channels
April '24
+3
in 0 channels
Get PRO
March '24
+27
in 0 channels
Get PRO
February '24
+34
in 0 channels
Get PRO
January '24
+68
in 1 channels
Get PRO
December '23
+414
in 0 channels
Date
Subscriber Growth
Mentions
Channels
04 May0
03 May+1
02 May0
01 May+1
Channel Posts
❤️Иди Саиди Фитр бар шумо бародар ва хоҳарони гироми муборак бошад.❤️ Парвардигори меҳрубон амалҳои неки мову шуморо бипазирад.

2
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 1. Омӯзиши ҳарфҳо ва таҷвиди Қуръон 2. Омӯзиши сураҳо+савтӣ 3. Омӯзиши сураҳо+тасвирӣ 4. Фарзи айн 5. Асмо-ул-Ҳусно (дар ҳоли такмилшавӣ🛠️🧰) 6. 76_гуноҳи кабира 7. Садои Қуръон 8. Истилоҳоти таҷвид 9. Қуръон/ПРЕМИУМ Дарсҳоро ба ки супорем? 👉 @Atakhon
259
3
🌹 بسم الله الرحمن الرحیم🌹 Идғоми сағир -ادغام صغیر Идғоми сағир он аст, ки мудғом сокин ва мудғом фийҳ мутаҳаррик бошад дар ин ҳолат аввалиро ба дуввуми идғом менамоянд. Масалан: [فَاضرب بِه- فاضربه] хонда мешаванд. Идғоми сағир се намуд мешавад; Мутамосил, Мутаҷонис, Мутақориб. Идғоми ҳуруфи мутамосил: -ҳар гоҳ ду ҳарфи ба ҳам монанд паҳлӯи ҳам қарор гиранд новобаста аз он ки дар як ё ду калима қарор дошта бошанд, идғоми онҳо лозим аст ва онро идғоми мутамосилайн меноманд. Масалан: [قُل لهُم-من ناره]. Идғоми ҳуруфи мутаҷонис;- ҳар гоҳ ду ҳарфи мутаҷонис, яъне ҳарфҳое, ки аз ҷиҳати махраҷ як ва сифатан гуногунанд паҳлӯи ҳам қарор гиранд новобаста аз он ки дар як калима ё дар дигар калима бошанд идғоми онҳо лозим аст, ки онро идғоми мутаҷонисайн меноманд. [وجدت-حصدتم]. Идғоми ҳуруфи мутақориб: -ҳар гоҳ ду ҳарфи мутақориб, яъне ду ҳарфи аз ҷиҳати махраҷ ба ҳам наздик бошанд дар як калима ё дар дар ду калима паҳлӯи ҳам қарор гиранд идғоми онҳо ҷоиз аст ва онро идғоми мутақорибайн мегӯянд. Ва вақте дар ин ҳолат идғом намешавад ки маънои калима барҳам пошад ё каломи сақил ё аз фасоҳат берун шавад. Бояд зикр шавад ки идғоми мутаҷонисайн ва мутақорибайн дар ҳуруфи ҳалқӣ аз фасоҳат дур аст ва идғом намешавад ва ҳамчунин ҳамза ва алиф ҳам дар ҳеҷ ҳарф ва ҳеҷ ҳарф дар ҳамзаву алиф идғом намешаванд.
201
4
🌹 بسم الله الرحمن الرحیم🌹 Идғоми кабир-ادغام کبیر Идғоми кабир он аст, ки "мудғом-1" ва "мудғом фиҳ-2" (1-ҳарфи идғом шаванда. 2-ҳарфи идғомшуда дар он) мутаҳаррик бошанд, ки дар ин сурат аввалиро сокин ва дар дуввум идғом мекунанд ва дар ин навъ идғом як амал бештар аз идғоми сағир анҷом мегардад. (Яъне сокин кардани мудғом) Аз ин сабаб онро илғоми кабир меноманд. Илғоми кабир ду навъ мешавад: 1.ҳар гоҳ мудғом ва мудғом фийҳ мутамосил ва дар як калима қарор дошта бошанд ва мутобиқи қоидаҳои сарфӣ идғом шуда бошанд, идғоми он лозим аст. Ба монанди: ضآلین Ки дар асл ин ضآللین будааст. 2. Мудғом ва мудғом фийҳ дар ду калима қарор дошта бошанд ҳарчанд мутамосил ё мутаҷонис ё мутақориб бошанд ва албатта дар баъзе қироатҳо ин калимаҳо идғом карда мешаванд: سیقول لکم- یعلم ما- ذلک کتبنا.
161
5
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 ادغام-Идғом Идғом ба маънои дохил кардани ҳарфе ба ҳарфи дигар мебошад. Мисле, ки аз ҳарфи аввал асаре боқи намонад ва забон фақат як маротиба барои адои он бардошта шавад ва як ҳарфи мушаддад талаффуз гардад. Ҳарфи аввалро "мудғом" идғом шуда ва ҳарфи дуввумро "мудғом фийҳ" идғом шуда дар он меноманд. Ҳолати аввал: он аст, ки ҳарфи аввал ва дувум мутамосил яъне монанд бошанд: (قد دخلوا) ин ҷо доли аввал ба дуввум идғом ва як дол мушаддад талаффуз мешавад. Ҳолати дуввум: он аст, ки ҳарфи аввал ва дувум монанд ҳам набошанд ки дар ин сурат, бояд ибтидо ҳарфи аввалро лафзан аз ҷинси ҳарфи дуввум намуд ва сипас монанди ҳолати аввал ду ҳарфро дар якдигар идғом кард. Мисол: (من لدن) инҷо нуни сокини калимаи аввал, лафзан ба ломи калимаи дуввум табдил мегардад ва ду ҳарфи лом дар ҳам идғом ва як лом мушаддад адо мешавад. Фоида ва манзур аз идғом тасҳил ва равонӣ дар хондан ва ҳарф задан аст. Аломати идғом ташдид аст, ки дар баъзе аз Мусҳафҳо болои ҳарфи идғомшаванда гузошта намешавад. Идғом ба ду навъ аст: идғоми Кабир ва идғоми сағир.
282
6
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 Ҳуруфи ихфо-حروف اخفاء Ҳарфҳои понздаҳгона иборатанд аз: 1.ت Мисол: [انتم- جناتٍ تجری] 2.ث Мисол:[اُنثی-صباً ثُم] 3.ج Мисол:[یُنجی-غساقاً جزاء] 4.د Мисол:[اَندادا-کأساً دهاقا] 5.ذ Мисол:[انذرهم-حکیمٌ ذلک] 6.ز Мисол:[مُنزلا-مبارکةٍ زیتونه] 7.س Мисол:[مِنسَأته-خالصاً سابغا] 8.ش Мисол:[أَنشأنا-صبراً شکور] 9.ص Мисол:[ینصر-رِیحاً صرصرا] 10.ض Мисол:[مَنضود-مُسفرةٍ ضاحکه] 11.ط Мисол:[فنطلق-صعیداً طیبا] 12.ظ Мисол:[اُنظر-ظِلاً ظلیلا] 13.ف Мисол:[اَنفُسهم-خالداً فیها] 14.ق Мисол:[يُنقذون-سمِیعٌ قریب] 15.ک Мисол:[مِنکم-کتابٌ کریم]
218
7
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 1. Омӯзиши ҳарфҳо ва таҷвиди Қуръон 2. Омӯзиши сураҳо+савтӣ 3. Омӯзиши сураҳо+тасвирӣ 4. Фарзи айн 5. Асмо-ул-Ҳусно (дар ҳоли такмилшавӣ🛠️🧰) 6. 76_гуноҳи кабира 7. Садои Қуръон 8. Истилоҳоти таҷвид 9. Қуръон/ПРЕМИУМ Дарсҳоро ба ки супорем? 👉 @Atakhon
165
8
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 اخفاء-Ихфо Ҳар гоҳ баъд аз нуни сокин ва танвин, яке аз ҳарфҳои зер қарор гирад, чи дар як калима ва чи дар ду калима бошанд. Танвин ва нуни сокин ихфо шуда ва бо ғуннаи табиӣ адо мегардад. Ва на монанди ҳуруфи халқӣ изҳор карда мешавад ва на монанди ҳуруфи ярмалун (یرملون) идғом карда мешавад. Балки миёни идғом ва изҳор ҳамон "ихфо" аст адо карда мешавад. Ва дар ин ҳолат забон ба махраҷи нун гузошта намешавад ва бо ихфо садо каме кашида мешавад, ки ин ихфо мебошад. Ва тарки ғуннаро ҳангоми ихфо қурроъ (уламои илми қироат) иҷозат намедиҳанд. [Ибораи "Тарки ғунна ҳангоми ихфо ҷоиз нест" яъне чист? Гуфта шудааст, ки ихфо миёни изҳор ва идғом аст, аммо барои фаҳмонидани ин ки ихфо чигуна бояд бошад, ба ғунна наздик карда фаҳмонида шудааст, аммо дар асл ихфо на изҳор аст на монанди идғоми ҳарфҳои (یرملون) ярмалун.]
233
9
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 اختلاس-Ихтилос Ихтилос ба маънои рабудани бо шитоб ва аҷала аст ва он зидди ишбоъ мебошад. Ва дар истилоҳи илми таҷвид, рабудан ва талаби шитоб дар ҳаракат ҳангоми талаффузи ҳарф аст. Ба тавре ки на мутаҳаррик га сокин гуфта шавад. Бадин маънӣ, ки рабудани аз се як қисми замма ва касра ва боқӣ гузоштани аз се ду қисми дигари он дар ҳоли васл, ихтилос мегӯянд. Ва дар ин ҳолат он калима бо савт ва садои хафӣ ва пинҳон адо карда мешавад, ки дар қироатҳои гуногун ба кор бурда мешавад. Ба монанди: «فسیکفیکهم الله» ки заммаи ҳо-и калимаи охир ихтилос мешавад ва (نعما) ки дар асл «نِعْمَ ما» аст, ки мим-и аввал сокин буда ва дар мим-и дуввум идғом шуда ва бо ихтилос хонда мешавад.
221
10
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 اثبات-Исбот Исбот дар луғат собит гузоштан аст, аммо дар истилоҳи таҷвид ба маънои боқӣ гузоштани ҳарфи охири калимае, ки мехоҳанд бар вақф кунанд мебошад. Ба монанди: {واق-هاد} Ки дар асл {واقیٌ-هادیٌ} буда ва ҳарфи ё ҳазф шудааст. Ибни Касир ба ин шева вақф карда аст. Исбот низ аз қисмҳои вақф мебошад.
201
11
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 1. Омӯзиши ҳарфҳо ва таҷвиди Қуръон 2. Омӯзиши сураҳо+савтӣ 3. Омӯзиши сураҳо+тасвирӣ 4. Фарзи айн 5. Асмо-ул-Ҳусно (дар ҳоли такмилшавӣ🛠️🧰) 6. 76_гуноҳи кабира 7. Садои Қуръон 8. Истилоҳоти таҷвид (🧰🛠️) 9. Қуръон/ПРЕМИУМ Дарсҳоро ба ки супорем? 👉 @Atakhon
97
12
Истилоҳоти таҷвид: 1-Ибдол 2-Исбот 3-Ихтилос 4-Ихфо 4.1-ҳуруфи ихфо 5-Идғом 5.1-Идғоми кабир 5.2-Идғоми сағир 6-Излоқ 7-Истиоза 8-Истеъло 9-Истифола 10-Искон 11-Иститола 12-Ишбоъ 13-Ишмом 14-Исмот 15-Итбоқ 16-Изҳор 17-Илҳоқ 18-Имола 18.1-навъҳои имсола 19-инҳироф 20-Инфитоҳ 21-баҳа 22-Басмала 23-Байнияҳ 24-Таҷвид 25-Таҳдир 26-Таҳқиқ 27-Тадвир 28-Тартил 29-Тарқиқ 30-Тасҳил 31-Ташдид 32-Тағлиз 33-Тафашшӣ 34-Тафхим 35-Такрир 36-Танвин 37-Таҳлил 38-Ҷаҳр 39-Ҳазф 40-Ҳуруфи шамсӣ ва қамарӣ 41-Ҳуруфи таҳаҷҷӣ 42-Ҳуруфи алифбо 43-ҳарфи "лом" 44-Ҳарфи радъ 45-Ҳаракат 46-Ҳуруфи ҳалқ 47-Ҳуруфи даҳон 47.1-Махориҷи ҳуруфи даҳон 48-Ҳарфи "ро" 49-Ҳуруфи лабҳо 50-Харура ё Хурура 51-Хафоъ 52-Халт ва Мазҷ 53-Дандонҳо 54-Рухут 55-Рукуъ 56-Рум 57-Сабаби мад 58-Саҷдаҳои Қуръон 59-Сукун 60-Шиддат 61-Сафир 62-Сифоти ҳуруф 63-Силаи мисӣ 64-Савт 65-Замир 66-Илми Қироат 67-Алоими вақф 68-Ғунна 69-Қироати сабъа 70-Қаср 71-Қалқала 72-Қалб 73-Касра 74-Каскаса 75-Кашкаша 76-Ломи Ҷалола 77-Лин 78-Мутақориб 79-Мутаҷонис 80-Мутамосил 81-Махориҷи ҳуруф 82-Мад 83.1-Мадди мунфасил 83.2-Мадди таъзим 83.3-Мадди ъориз 83.4-Мадди лозим 83.5-Мадди муттасил ё воҷиб 83.6-Мақодири мад 84-Манқута ва ғайри манқута 85-Мими сокин 86-Набр 87-Нафх ва нафс 88-Нақл 89-Нуни сокин 90-Нуни виқоя 91-Васл ба сукун 92-Вақф 93-Вақфи Ҳасан 94-Вақфи кофи 95-Вақфи Ғуфрон 96-Вақфи иқбаҳ 97-Вақфи муониқа ё муроқиба 98-Вақфи Набӣ 99-Вақфи изтирорӣ ё қабеҳ 100-Вақфи манзил 101-Вақфи манзил дар Қуръон 102-Вақфи том 103-Вақф ба идғом 104-Вақф ба ҳаракат 105-Ҳои ҷавҳарӣ 106-Ҳои сакт 107-ҳои замир 108-Ҳовӣ 109-Ҳамза 110-Ҳамс
241
13
🌹 بسم الله الرحمن الرحیم🌹 ابدال-Ибдол Ибдол ба маънои иваз кардан аст ва дар истилоҳи илми таҷвид, бадал кардани то-и тонис (ة) ба ҳо (ه) ва калимаҳои мансуб ба алиф аст. То-и тонис монанди: {صلوة، زکوة، فاکهه، مره} ки дар ҳоли вақф ба ҷои то (ة) ҳо (ه) талаффуз мешавад. Албатта дар баъзе ҳолатҳо пеш аз то- тонис ё то- марбута ҳарфи ё ояд калима бо то тамом мешавад. Аммо то-и мабсута (ت) ҳамеша дар охири калима талаффуз мешавад ва бадал намешавад. Ва калимоте ба монанди: {رحیماً-شکوراً-ماءً-مسمی-بیاتاً} Ба ҳангоми вақф танвин ба алиф мубаддал мегардад. (Раҳиман навишта мешавад ва Раҳима хонда мешавад.) Дигар калимаҳо ҳам монанди ҳамин. Ибдол яке аз қисмҳои вақф аст.
199
14
Мими сокин дар кадом ҳарф ихфо карда мешавад?
215
15
Мими сокин дар кадом ҳарф ихфо карда мешавад?
1
16
Баъд аз ҳодисаҳое, ки гузашт ҳар куҷо телеграмро сиёҳ кардаву сабаби терористии мардум дониста истодаанд. Аз таъсираш чанд нафар ҳам каналро тарк карданд. Барои шахсони боқимонда гуфтаниям, инҷо шумо танҳо Хондани Қуръонро бо таҷвид меомӯзед, дар ин ҷо касе ба шумо тиру туфангро дарс намедиҳад. Ҳамаи инҳо дасисаҳои душманони Ислом ҳастанд ки мехоҳанд мардумро аз омӯзиш дур кунанд! Омӯзишҳои Қуръонии мо давом доранд ин шо Аллоҳ, суст мабошед.
243
17
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 1. Омӯзиши ҳарфҳо ва таҷвиди Қуръон 2. Омӯзиши сураҳо+савтӣ 3. Омӯзиши сураҳо+тасвирӣ 4. Фарзи айн 5. Асмо-ул-Ҳусно (дар ҳоли такмилшавӣ🛠️🧰) 6. 76_гуноҳи кабира 7. Садои Қуръон 8. Истилоҳоти таҷвид (🧰🛠️) 9. Қуръон/ПРЕМИУМ Дарсҳоро ба ки супорем? 👉 @Atakhon
493
18
Қоидаҳои таҷвидии ин оятро баён кунед; وَلَمْ يَكُن لَّهُ كُفُوًا أَحَدٌ
518
19
Агар ҳарфи мим م ба мим م рӯ ба рӯ ояд чигуна хонда мешавад?
538
20
🌹بسم الله الرحمن الرحیم🌹 🔤🔤🔤🔤🔤 🔤🔤🔤🔤🔤 1. Омӯзиши ҳарфҳо ва таҷвиди Қуръон 2. Омӯзиши сураҳо+савтӣ 3. Омӯзиши сураҳо+тасвирӣ 4. Фарзи айн 5. Асмо-ул-Ҳусно (дар ҳоли такмилшавӣ🛠️🧰) 6. 76_гуноҳи кабира 7. Садои Қуръон 8. Истилоҳоти таҷвид (🧰🛠️) 9. Қуръон/ПРЕМИУМ Дарсҳоро ба ки супорем? 👉 @Atakhon
255