en
Feedback
مُحَمَّد 𝗔𝗻𝘀𝗼𝗿 🇵🇸

مُحَمَّد 𝗔𝗻𝘀𝗼𝗿 🇵🇸

Open in Telegram

إِنَّ ٱ للَّهَ لَا يُحِبُّ ٱ لۡخَآئِنِينَ «...поистине, Аллаh не любит предателей!» (8:58)

Show more
447
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
Эй умматони РасулАллоҳ салаллоҳу алайҳи ва салам. Агар шумо хоҳед, ки аз Қуръон манфиат гиред, пас дилатонро ба хондан ва шунидани он равона кунед, бо  диққат гӯш диҳед ва тасаввур кунед, ки  Аллоҳи мутаъол  ба шумо сухан мегӯяд.

sticker.webp0.04 KB

قَدۡ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱللَّهِ‌ۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتۡهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةًۭ قَالُواْ يَـٰحَسۡرَتَنَا عَلَىٰ مَا فَرَّطۡنَا فِيهَا وَهُمۡ يَحۡمِلُونَ أَوۡزَارَهُمۡ عَلَىٰ ظُهُورِهِمۡ‌ۚ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ Касоне, ки дидори Аллоҳро дурӯғ ҳисобиданд, дарҳақиқат зиён карданд. Чун онҳоро қиёмат ногаҳон биёяд, гӯянд: «Эй ҳасрат бар мо, бар он чӣ, ки дар ҳаёти дунё кӯтоҳӣ кардем». Ва онҳо гуноҳони худро бар китфҳои худ бардоранд. Огоҳ шавед, бад чиз аст он чиро, ки бардоштаанд! Қуръан 6:31

Ғаму андӯҳ дар ғариби Имонро зиёд мекунад ба шарте, ки розӣ боши ба он машақатҳое, ки дар роҳи Ҳиҷрат мебини. Ғариби ба хотири Дин бо ғаму андӯҳаш лаззате дорад, ки онро Аллоҳ барои ҳар кас насиб намекунад на он ғариби, ки барои ватанату барои дигару дигар умури дунявӣ гиря куниву мусиқӣ гӯш куни худатро ғариб гуи ин ғурбат аз ғурбати дин ба кулли фарқ мекунад.

sticker.webp0.04 KB

Гиряи РасулАллоҳ -ﷺ- назди Айша رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ барои нозил шудани оят! Убайд ибни Умайр رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ мегӯяд, ки ӯ ба Айша رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ гуфтааст: Маро аз аҷибтарин чизе, ки аз Паёмбар -ﷺ- дидаӣ хабар деҳ. Ровӣ мегӯяд: Айша رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ сукут карда, баъд гуфт: Шабе аз шабҳо буд. Паёмбар -ﷺ- гуфт: "Эй Оиша (رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ) бигузор маро имшаб Парвардигорамро ибодат кунам". Гуфтам: Савганд ба Аллоҳ, ман наздикии шумо ва он чиро, ки боиси хушнудии шумост, дуст медорам. Айша رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ мегуяд: Паёмбар -ﷺ- бархоста таҳорат карда ба намоз гузоридан шуруъ намуд. Айша رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ мегуяд: Пас, дар намоз ба гиря шуруъ кард, ҳато ки  бағалаш тар шуд. Боз Айша رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ илова кард: Пас, Паёмбар -ﷺ- нишаста гиря кард, ҳато риши муборакашон тар шуд ва замин ҳам тар шуд. Чун Билол رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ омада азони намозро гуфт ва дид, ки Паёмбар -ﷺ- гиря дорад, гуфт: Эй РасулАллоҳ -ﷺ- шумо гиря мекунед ва ҳол он ки Аллоҳ гуноҳони гузашта ва ояндаи шуморо бахшидааст РасулАллоҳ -ﷺ- фармуданд: "Оё ман бандаи шукргузор набошам?" "Ҳароина, имшаб ба ман ояте нозил шуд, ки ҳалокат ва нобудӣ аст бар шахсе, ки онро мехонаду дар он тафаккур намекунад". 📚Ибни Ҳиббон 330 Аллоҳи Мутаъол мефармояд: إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ لَآيَاتٍ لِّأُولِي الْأَلْبَابِ. Албатта дар офариниши осмонҳову замин ва омадушуди шабу рӯз хирадмандонро ибратҳост. Сураи Оли Имрон ояти 190

sticker.webp0.04 KB

Ахлоқи Паёмбар -ﷺ- Аз беҳтарини Мардум ва ростгӯйтарин Инсон дар суханҳояш ва мулоимтарин табиъат ва мукарамтарини мардум буд, чунон ки Аллоҳ Субҳанаҳу ва Таъла мефармояд: وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍۢ Ҳамоно ту бар ахлоқи бузург пойдор ҳастӣ. Қуръан 64:4 Инчунин яке аз шуҷоътарин ва ботавозуътарин ва бо ҳаётарини Инсонҳо буд, ҳатто аз духтари бошарме, ки аз хона берун намеояд, ҳаёи Паёмбар -ﷺ- зиёдтар буд, ҳадяро қабул мекарду ҳадя медод, садақаро на қабул мекарду на мехӯрд, ба хотири худаш ғазаб намекард, балки агар ғазаб мекард, ба хотири Аллоҳ ғазаб мекард ва ҳар намуд таъоме, ки ба наздаш меоварданд, ӯро барнамегардонд, балки аз он мехӯрд ва дар таъом таъна ҳам намезад ва чизеро, ки барои ӯ намеоварданд, талаб намекард ва таъомашро такязада ё ба пушт ё ба шикам зада намехӯрд. Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо мегузашту аз хонаҳояш дуди оташи таъомпазӣ намебаромад, бо фақирону камбағалон менишаст, беморонро хабар мегирифту дар ҷанозаҳо ҳозир мешуд. Гоҳҳо шӯхӣ мекард, локин дар шухиҳояш ҳақро мегуфт ва механдид, лекин қаҳқаҳа намекард ва бо аҳлу оилааш рафтори хуб мекард, онҳоро кӯмак мекард ва мегуфт: خيركم خيركم لأهله وأنا خيركم لأهلي "Беҳтарини шумо касест, ки барои аҳлу оилааш беҳтарин бошад ва ман бар оилаам беҳтарин ҳастам". 📚Сунанӣ Тирмизӣ Барои мардум бисёр лутфу меҳрубонӣ мекард, ба онҳо муъҷизаҳо нишон медод. Яке аз муъҷизаҳояш ин буд, ки моҳро Аллоҳ барояш ду пора карда буд ва аз миёни ангуштонаш об ҷорӣ шуда буд, инчуни дарахти хурмо ба сӯяш сар хам карда буд ва уштур дар наздаш шикоят карда буд ва Аллоҳ ӯро аз баъзе корҳои ғайб хабардор карда буд, ҳар коре ки пешгӯӣ мекард, ҳатман он кор рӯй медод.

sticker.webp0.04 KB

Барои тамоми кор вақт дорӣ, барои ҳамин Аҳодисҳои қимматбаҳо вақт ҷудо бикун ва бихон! 1. Замоне меояд, ки фосиқон ва ҷоҳилон бар қабоил, бар мардум роҳбарӣ мекунанд. 📚Сунанӣ Тирмизӣ 2211 2. Замоне меояд, ки мардум зинокорӣ ва шаробхуриро ҳалол медонанд. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 5590 3. Замоне меояд, ки занон либос пушидаанд, аммо дар ҳақиқат лухтанд (яъне бараҳнаанд), бо либоси нозук ва часпида дар тан. 📚Мухтасари Муслим 2128 4. Замоне меояд, ки касе таваҷҷуҳ ва парво намекунад, ки ончиро ба даст овардааст, аз ҳалол аст ё аз ҳаром? 📚Саҳеҳ Бухорӣ 2059 5. Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд, ки дини хешро ба матоъи ночизия мефурушанд. 📚Мухтасари Муслим 118 6. Замоне меояд, ки хондану гирифтани Илм барои мақсадҳои Дуняви ҳосил мешавад. 📚Сунанӣ Тирмизӣ 2211 7. Замоне меояд, ки занон мӯйҳояшонро монанди кӯҳони шутур мекунанд. 📚Мухтасари Муслим 2128 8. Замоне меояд, ки Мардум Мусиқӣ ва олатҳои Мусиқӣро ҳалол медонанд. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 5590 9. Замоне меояд, ки Мардум шаҳодати дурӯғро меписанданд ва Ҳақро пинҳон мекунанд. 📚Муснади Имом Аҳмад 3870 10. Замоне меояд, ки Мардуме пайдо мешаванд, ба номи Дин дурӯғҳо гӯянд, то Мардум гумроҳ шаванд. 📚Саҳеҳ Муслим 1822 11. Замоне меояд, ки пайрави кардан аз расму оину фарҳанги Куффор ривоҷ ёбад, (яъне: бегонапарасти кунанд, мисли иди подшоҳ наврӯз, соли нави мелоди ва ғайра). 📚Саҳеҳ Бухорӣ 7319/3456 12. Замоне меояд, ки Мард аз занаш итоъат кунад ва ба хотири ҳамсараш аз Волидайнаш нофармони кунад. 📚Сунанӣ Тирмизӣ 2211 13. Замоне меояд, ки кор ба ғайри он супурда мешавад, (яъне: ба шахсе, ки аз уҳдаи ҳамон кор намебарояд). 📚Саҳеҳ Бухорӣ 59 14. Замоне меояд, ки Мардум ба сурати комил, закоти моли хешро пардохт намекунанд. 📚Сунанӣ Тирмизӣ 2211 15. Замоне меояд, ки дар замин қонуни Аллоҳ татбиқ ва амалӣ намешавад. 📚Муснади Имом Аҳмад 22160 16. Замоне меояд, ки теъдоди занон аз мардон зиёд мешавад. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 81 📚Мухтасари Муслим 2671 17. Замоне меояд, ки қотил (одамкуш) намедонад барои чи мекушад ва мақтул (кушташуда) иллати кушта шуданашро намедонад. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 7061 18. Замоне меояд, ки замин ганҷинаҳояшро берун андозад, мисли тилло, нуқра, нефт ва ғайра. 📚Мухтасари Муслим 1013 19. Замоне меояд, ки дар байни Мусалмонон занони хонанда (артистка) ва раққоса зиёд мешавад. 📚Сунанӣ Тирмизӣ 2211 20. Замоне меояд, ки Шароб ошкоро нӯшида шавад ва зинокори ошкор сурат гирад. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 81 21. Замоне меояд, ки Мардум дар сохтани биноҳои баланд бо ҳам рақобат мекунанд. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 7121 22. Замоне меояд, ки бисёр Инсонҳо амонатҳоро хиёнат мекунанд. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 6497/59 23. Замоне меояд, ки бахили дар байни Мардум зиёд мешавад. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 7061 📚Саҳеҳ Муслим 2672 24. Замоне меояд, ки занон бо шавҳаронашон дар тиҷорат мушорикат мекунанд. 📚Муснади Имом Аҳмад 3870 25. Замоне меояд, ки Ҷаҳл ва нодони зуҳур мекунад. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 7061 📚Саҳеҳ Муслим 2672 26. Замоне меояд, ки баъзе аз Қориён дар муқобили тиловати Қуръони Карим аз Мардум пул талаб мекунанд. 📚Сунанӣ Абу Довуд 830 27. Замоне меояд, ки фаҳшову мункарот дар байни Мусалмонон зиёд мешавад. 📚Муснади Имом Аҳмад 6513 28. Замоне меояд, ки Масоҷид зиёд ва бо нақшу нигор мешавад, аммо дар дохилаш Намозхон кам аст. 📚Сунанӣ Абу Довуд 449 29. Замоне меояд, ки моли Дунё ва сарват зиёд мешавад. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 712 📚Мухтасари Муслим 1012 30. Замоне меояд, ки муфтиҳои Ҷоҳил пайдо мешавад ва бо фатвоҳои нодуруст, мардумро гумроҳ мекунанд. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 100 31. Замоне меояд, ки робитаи хешованди миёни хешу табор қатъ мешавад. 📚Муснади Имом Аҳмад 6514 32. Замоне меояд, ки дар Дунё қатлу куштор зиёд мешавад. 📚Мухтасари Муслим 2908 33. Замоне меояд, ки Мардум ба хотири фитнаҳои замона, орзуи Маргро мекунанд. 📚Саҳеҳ Бухорӣ 7121/7115 Агар ҳар вақт бо ин фитнаҳо рӯ ба рӯ шудед, мунтазири Қиёмат бошед, чунки инҳо ҳама нишонаҳои Қиёмати суғро (яъне: Қиёмати хурд) аст. 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 @ansorjonn ⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮

sticker.webp0.04 KB

Дуъо кардам иҷобат нашуд! Аз Абу Ҳурайра رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ ривоят аст, ки Паëмбар -ﷺ- фармуданд. "Ҳароина дуъои банда иҷобат мешавад, ба шарте, ки гуноҳ ва қатъи силаи раҳм дуъо накунад, ва аҷала (саросемаги) нанамояд. Гуфта шуд: Ë РасулАллоҳ манзур аз аҷала чист? Фармуд: Мегӯяд: Дуъо кардам ва дуъо кардам ва иҷобат нашуд, ва хаста мешавад ва дуъоро тарк мекунад". 📚Саҳеҳ Муслим 2735. 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 @ansorjonnn ⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮

sticker.webp0.04 KB

Аз Абу Ҳурайра رَﺿِﻲَﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ ривоят аст ки Паёмбар -ﷺ- фармуданд: "Барои ҳифозат аз худ сипарҳоятонро бардоред". Мо гуфтем: Эй РасулАллоҳ оё душмане омадааст? Паёмбар -ﷺ- фармуданд: Хайр, балки барои наҷот аз оташи Ҷаҳаннам сипар бардоред: Бигӯед: Субҳон Аллоҳ, Валҳамдулиллоҳ, Ва Ла Илаҳа Иллаллоҳ, Валлоҳу Акбар. Зеро ин калимот рӯзи Қиёмат ба унвони наҷотдиҳанда ва дар пешопеш меоянд ва ҳаминҳо аъмоли нек ҳастанд ки савобашон мондагор аст". 📚Саҳеҳ ал Ҷомеъ 3214 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 @ansorjonnn ⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮⋮

sticker.webp0.04 KB

Сердце становится жёстче, чем камень,  если оставляет поминание Аллаhа.🌱

Когда ты будешь ценить то, что у тебя есть, а не жить в поиске идеалов, тогда ты по настоящему станешь счастливым...

Хорошие люди принесут вам счастье, плохие люди наградят вас опытом, худшие — дадут вам урок, а лучшие подарят воспоминания. Цените каждого.

Запомни. «Поистине, в гневе человек может сказать такое слово, из-за которого он уничтожит благие деяния шестидесяти или семидесяти лет».