AL-QULUB | Академия 📖
Open in Telegram
Бо дили пок Қуръон омӯз — фаҳм, на фақат хон! Омӯзиши Қуръон ва забони араби (онлайн) Номнависӣ:🔽 Админ: @Arabicplatinum_bot @alqulub_admin
Show more5 113
Subscribers
+1124 hours
+3987 days
+50430 days
Posts Archive
🔵 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ 🔵
Дӯстони азиз, барои рушди канали AL-QULUB | Академия ба дастгирии шумо ниёз дорем.
Барои гузаштан ба сатҳи 2 ҳамагӣ 8 овоз боқӣ мондааст. Бо дастгирии шумо мо метавонем имкониятҳои бештари Telegram-ро истифода бурда, дарсҳо, ёдраскуниҳо ва маводи муфидро бештар нашр кунем.
Агар шумо Telegram Premium дошта бошед, лутфан ба канали мо овоз диҳед:
Ҷазокумуллоҳу хайран барои ҳар як дастгирӣ. 🤲
Як овози шумо — як қадам барои паҳн шудани илми муфид.
🔵🔵🔵🔵 | Академия
📩 Паёме барои ту 📩
Ҳар гоҳ чашмат ба он чизе, ки дар дасти дигарон аст, равона шавад, аз неъматҳое, ки Аллоҳ аз фазли Худ ба ту ато кардааст, ғофил мемонӣ.
🔵🔵🔵🔵 | Академия
Repost from Донишгоҳҳои Саудия
❓ Савол: Барои таҳсил дар донишгоҳҳои арабӣ донистани забони арабӣ шарт аст?
☑ Ҷавоб: На ҳамеша. Агар сатҳи арабӣ паст бошад, баъзе донишгоҳҳо аввал ба курси забони арабӣ қабул мекунанд ва баъд ба факултет мегузаронанд.
📌 Барои ихтисосҳои исломӣ донистани арабӣ хеле муҳим аст.
🎓 ДОНИШГОҲИ ИСЛОМИИ МАДИНА
Имконияти арзишманд барои таҳсили илмҳои исломӣ дар Арабистони Саудӣ
Донишгоҳи Исломии Мадина яке аз маъруфтарин марказҳои таҳсилоти исломӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар он донишҷӯён аз кишварҳои гуногун таҳсил мекунанд ва барои донишҷӯёни хориҷӣ имконияти гирифтани гранти пурраи таҳсил вуҷуд дорад.📚 Самтҳои асосии таҳсил: Шариат, Қуръон, Ҳадис, Ақида ва Даъват, Забони арабӣ ва дигар ихтисосҳо. ✅ Имтиёзҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ — таҳсили ройгон — стипендияи ҳармоҳа — хобгоҳи донишгоҳ — хизматрасонии тиббӣ — нақлиёти донишгоҳ — имконияти таҳсил дар шаҳри мубораки Мадина 🔵 Шартҳои асосии қабул — синну сол одатан аз 17 то 25 сол — доштани аттестати мактаби миёна — аз хатми мактаб одатан на бештар аз 5 сол гузашта бошад — ахлоқу рафтори хуб — саломатии муносиб — қаблан бо сабаби интизомӣ аз донишгоҳ хориҷ нашуда бошад 📄 Ҳуҷҷатҳои зарурӣ — шиноснома — аттестат ва замимаи баҳоҳо — шаҳодатномаи таваллуд — маълумотномаи тиббӣ — маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан — 2 тавсиянома — акси шахсӣ — барои баъзе ихтисосҳо ҳуҷҷати сатҳи забони англисӣ
⚠️
Муҳим:
супоридани ҳуҷҷатҳо маънои қабули ҳатмиро надорад. Қабул рақобатӣ аст ва шартҳо метавонанд ҳар сол тағйир ёбанд.📲 Ин маълумотро ба касоне фиристед, ки орзуи таҳсил дар Мадинаро доранд. 🔵🔵🔵🔵 | Академия
