Parviz Tv
Closed channel
🎥 Видᴇᴏ-нᴏʙᴏᴄᴛи Тᴀджиᴋиᴄᴛᴀнᴀ 🇹🇯 🔰 Пᴏдᴨиɯитеᴄь дᴏᴩᴏᴦиᴇ дᴩуɜья 🆘 Администрация барои маълумоте, ки дар постҳо ва истинодҳои таблиғотӣ оварда шудааст ‼️ масъул нест. 📬Барои реклама👇 @parviz_rezer
Show more6 601
Subscribers
No data24 hours
-357 days
-26630 days
Posts Archive
6 601
Дар Тоҷикобод нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 100% иҷро шуд
1 октябр дар ноҳияи Тоҷикобод таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони мақомоти ноҳия, ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорон, падарону модарон ва ҷавонони даъватшаванда иштирок карданд.
Соли равон, мисли солҳои қаблӣ, ноҳияи Тоҷикобод нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро намуд ва ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.
6 601
Бохтар нақшаи даъватро дар 1 рӯз иҷро кард
Шаҳри Бохтар дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш аз иҷрои пурраи нақша хабар дод.
Имрӯз, 30 сентябр дар шаҳри Бохтар маъракаи тантанавии гусели наваскарон ба Артиш баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар, наваскарон, волидони онҳо ва дигар масъулин ширкат карданд.
6 601
ҲУШДОРИ АМОНАТБОНК
❌ Мизоҷони муҳтарам, фирефтаи хабарҳои бардуруғи қаллобон нашавед.
🟢 Зеро вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи “Амонатбонк” ҳар гуна иттилоъ нашр шуда истодааст, ки асоси воқеӣ надорад.
🔴 Аз ин рӯ, бо қаллобон дар тамос нашавед ва аз додани маълумоти шахсӣ ба онҳо худдорӣ намоед.
КВД БА ҶТ "Амонатбонк"
6 601
Усмон Дембеле барандаи "Тӯби тиллоӣ - 2025" шуд
Шаби гузашта дар шаҳри Парижи Фаронса маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин футболбозоне, ки аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии “France Football” интихоб шудаанд, баргузор гардид.
Дар он Усмон Дембеле, ҳамлагари дастаи "Пари Сен-Жермен" (ПСЖ) ва тими миллии Фаронса “Тӯби тиллоӣ”- боарзиштарин ҷоизаи ин маҷалларо соҳиб шуд.
Ин аввалин "Тӯби тиллоӣ" барои Дембеле ба ҳисоб меравад.
6 601
Боздошти муҳоҷирон дар Маскав
Дар як амалиёти Росгвардия ва Кумитаи тафтишоти Русия дар маркази Маскав, ҳудуди 400 муҳоҷир мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Кортҳои муҳоҷират, шиноснома ва иҷозати кори онҳо тафтиш шуданд.
Аз ин теъдод 300 нафарро барои тафтиши иловагӣ ба идораи пулис бурдаанд.
Амалиёт дар яке аз хобгоҳҳои маркази пойтахт гузаронида шудааст.
6 601
Ӯ ҳамагӣ 15 сол дошт ва ҳазорон орзую ҳавас!
Чӣ дардовар аст... Ба расмаш, ба чашмони маъсумаш менигараму бисёр ҷигархун мешавам😥 Бечора бача аз тарс китфҳои худро ба дарун кашидаву бо чашмони пур аз ҳарос, бо оринҷҳои пускандаю хуншор, бо тани аз зарбу лат ба хоку хун оғӯшта, бо лаби ташна ва бо пойҳои баста бо ноумедӣ менигарад, ки чи тавр падари хуксиришти толибфеъле, беимону бетавфиқе, бетараҳҳуму хасисе барои як пули ночиз ӯро бо банд ба қафои мошинаш мебандаду мекашонад...
Ин ҳайвони разил ҳатман дар назди қонун барои ин кирдори бераҳмона ва гушношунид ҷавоб дода, ҷазои сазовори аъмоли худро мегирад!
6 601
Новости: Марде ки Фарзанди худро ба қатл расонд боздошт шуд!
Дар натиҷаи санҷиш муяайн гардид ки навраси 15соларо барои дуздии 600сомони падараш ба қафои мошин баста кашидааст.
Ҳодиса рузи 26-июл рух дод!
Мард айни ҳол дар ҳабси пешаки қарор дорад!
6 601
Чунин менависанд ба мо : падари ин писар барои дуздии 600сомони ва нос кашидани писараш уро дар думби мошин бо банд баста ва кашидааст .
Дар натиҷа мутаасифона писарак ба ҳалокат расидааст
