Бомдод | Пойгоҳи хабарӣ
Open in Telegram
“Бомдод” (www.bomdod.com) - расонаи мустақил аст, ки хабару таҳаввулот ва масоили Тоҷикистону минтақаро пайгирӣ мекунад.
Show more1 052
Subscribers
No data24 hours
-87 days
-3830 days
Posts Archive
ҲАМЛАИ ЯК МАРДИ МУСАЛЛАҲ БО КОРД БА ИЗДИҲОМИ МАРДУМ ДАР ОЛМОН (ВИДЕО)
Шоми ҷумъа, 23 августи соли 2024, тақрибан соати 21, дар айни авҷи ҷашнвораи бахшида ба 650-солагии шаҳри Золинген дар сарзамини Рейни шимолӣ – Вестфалия дар ғарби Олмон дар майдони марказии ин шаҳр як марди ношинос бо корд ба издиҳом ҳамла овард.
Пулиси Дюсселдорф, ки Золинген низ дар ҳудуди масъулияташ қарор дорад, суҳби 24 август хабар…
https://www.bomdod.com/2024/08/24/hamlai-jak-mardi-musallah-bo-kord-ba-izdihomi-mardum-dar-olmon-video/
ДАРГУЗАШТИ ДИЛОВАРШОҲ ҶӮРАЕВ, ПИСАРИ ХУРДИИ ОВОЗХОНИ ЗИНДАЁД АКАШАРИФ ҶӮРАЕВ
Диловаршоҳ Ҷӯраев, писари хурдии овозхони зиндаёди тоҷик Акашариф Ҷӯраев, рӯзи 24 августи соли 2024 дар синни 77 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Қиёмиддин Азизов, раиси Ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Тоҷикистон бо нашри як номаи таслият аз номи худ ва ҳизб хабар дод. Дар бораи иллати марги Диловаршоҳ Ҷӯраев чизе гуфта нашудааст.
Қиёмиддин…
https://www.bomdod.com/2024/08/24/darguzashti-dilovarshoh-juraev-pisari-hurdii-ovozhoni-zindayod-akasharif-juraev/
БО ҚАРОРИ ЯКДИЛОНА! ПИРӮЗИИ САМАНДАР МУРОДОВ ДАР АВАЛИН НАБАРДАШ ДАР АМРИКО
Шаби 24 августи соли 2024 дар мусобиқаи Road To UFC (Роҳ ба сӯи UFC) дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико размандаи тоҷик Самандар Муродов, ки то ин набард 8 пирӯзӣ дар ҷайб дошту ягон бохт надорад, рақибаш аз Амрико Ҷонатан Пирсмаро, ки 9 пирӯзӣ ва 2 бохт дар ҷайб дошт, шикаст дод. Ин пирӯзии нӯҳуми Самандари маъруф…
https://www.bomdod.com/2024/08/24/bo-qarori-jakdilona-piruzii-samandar-murodov-dar-avalin-nabardash-dar-amriko/
ОШӮБИ ХУНИНИ МАҲБУСОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ДАР ЯК МАҲБАС ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАДИ РУСИЯ
Рӯзи 23 августи соли 2024 чор маҳбус – ду маҳбус аз Тоҷикистон ва дуи дигар аз Ӯзбекистон – дар маҳбаси №19 (ИТК -19) дар шаҳри Суровикинои вилояти Волгоград бо корду болға мусаллаҳ шуда, чанд корманди ин маҳбасро гаравгон гирифтанд. Онҳо бо таҳдиди куштани гаравгонҳо дар видеоҳои ирсолкардаашон парчами сиёҳи ДОИШро алвонҷ дода, изҳор доштанд, ки…
https://www.bomdod.com/2024/08/23/oshubi-hunini-mahbusoni-tojiku-uzbek-dar-jak-mahbas-dar-vilojati-volgogradi-rusija/
БАРХӮРДИ МАРГБОРИ “ОПЕЛ” БО “ПОРТЕР”, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 135 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ТАСАРРУФИ ПУЛҲОИ “ШЕДРОЕ ЛЕТО” ВА “ТОҶЭРО”
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 августи соли 2024
Ҳалокати мусофир дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов
Шаби 21-уми августи соли 2024, тахминан соати 22:40, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Сафаров Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд дар шоҳроҳи…
https://www.bomdod.com/2024/08/23/barhurdi-margbori-opel-bo-porter-qallobi-ba-mablaghi-135-hazor-dollar-va-tasarrufi-pulhoi-shedroe-leto-va-tojjero/
ДАЮСӢ… ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ РАСУЛОВ АЗ … ОШИҚИ ЗАНАШ ПУЛ ТАМАЪ КАРДААСТ
ВКД Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани як ҳолати нодири даюсӣ, яъне тамаъҷӯии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз … марди бегонае, ки бо ҳамсари ӯ ишқварзӣ мекард, хабар дод.
Гуфта мешавад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар бораи он, ки…
https://www.bomdod.com/2024/08/23/dajusi-jak-sokini-nohijai-rasulov-az-oshiqi-zanash-pul-tama-kardaast/
БА МОДАРАШ 15 ҲАЗОР РУБЛ ФИРИСТОД: ЯК ЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ АЙБДОР МЕШАВАД
Додгоҳи дуюми ҳавзаи ҳарбии ғарбии Русия дар шаҳри Маскав ба мурофиаи парвандаи Нозимова ном як зан аз Тоҷикистон, ки ба маблағгузории терроризм айбдор мешавад, оғоз кард. Дар ин бора рӯзи 22 августи соли 2024 аз толори ин додгоҳ хабарнигори хабаргузории давлатии Русия ТАСС гузориш дод.
Бар асоси маводи парвандаи ин зани тоҷик, ки дар оғози…
https://www.bomdod.com/2024/08/23/ba-modarash-15-hazor-rubl-firistod-jak-zani-tojik-dar-rusija-ba-mablaghguzorii-terrorizm-ajbdor-meshavad/
ЗАНУ ШАВҲАР БО ЭЪЛОНИ БАРДУРӮҒИ ХОНАИ ИҶОРА БЕШ АЗ 15 НАФАРРО ФИРЕБ ДОДААНД
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 августи соли 2024 дар бораи боздошти як ҷуфти ҷавон бо иттиҳоми дар сомонаи Сомон.Тҷ нашр кардани эълони бардурӯғ дар бораи иҷора додани манзил дар пойтахт ва бо ин васила фиреб додани беш аз 15 нафар хабар дод. Ин зану шавҳар худро риэлтор муаррифӣ карда, аз шаҳвандони муҳтоҷи хона…
https://www.bomdod.com/2024/08/23/zanu-shavhar-bo-jeloni-bardurughi-honai-ijora-besh-az-15-nafarro-fireb-dodaand/
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 23 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)
Салом, тамошобинони гиромӣ!
Хулосаи хабарҳои муҳими 23 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.
Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.
ДАР ИН БАРНОМА:
ШИОРҲО БО ДАЪВАТУ ТАҲДИД ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ. БОЗДОШТИ 2 ҶАВОН АЗ ЯККАТУТ
БОЗДОШТИ 3 ҶАВОН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ОВОЗАИ ПАЙДО ШУДАНИ “ҶИН” ДАР…
https://www.bomdod.com/2024/08/23/hulosai-habarhoi-muhimi-23-avgusti-soli-2024-video/
СЕ РОҲЗАН ШАБОНА КАМЕРАВУ ТЕЛЕФОНИ СОКИНИ РӮДАКИРО ЗАДА ШИКАСТААНД
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 22 августи соли 2024
Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи шаҳрванд
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки нимашаби 18-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:50-дақиқа, дар назди манзили истиқоматиаш бе ягон асос ӯро се нафар шахс…
https://www.bomdod.com/2024/08/22/se-rohzan-shabona-kameravu-telefoni-sokini-rudakiro-zada-shikastaand/
САЙРИ ШАБОНА ДАР КӮЛИ ҶАВОНОН САБАБИ МАРГИ ЯК ҶАВОН ШУД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки сайру фароғати шабонаи ҷавонон дар шаҳри Душанбе ба фоҷеа печид. Киштии тафреҳие, ки гурӯҳи ҷавонон савори он буданд ва дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд, дучори садама шуд ва аз 7 нафар як нафари онҳо ҷон бохт.
Ин ҳодиса шаби 21-уми августи соли равон, соати 23:37 рух дод. Як…
https://www.bomdod.com/2024/08/22/sajri-shabona-dar-kuli-javonon-sababi-margi-jak-javon-shud/
САЙРИ ШАБОНА ДАР КӮЛИ ҶАВОНОН САБАБИ МАРГИ ЯК ҶАВОН ШУД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки сайру фароғати шабонаи ҷавонон дар шаҳри Душанбе ба фоҷеа печид. Киштии тафреҳие, ки гурӯҳи ҷавонон савори он буданд ва дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд, дучори садама шуд ва аз 7 нафар як нафари онҳо ҷон бохт.
Ин ҳодиса шаби 21-уми августи соли равон, соати 23:37 рух дод. Як…
https://www.bomdod.com/2024/08/22/sajri-shabona-dar-kuli-javonon-sababi-margi-jak-javon-shud/
ШИОРҲО БО ДАЪВАТУ ТАҲДИД ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ. БОЗДОШТИ 2 ҶАВОН АЗ ЯККАТУТ
Мирзонабии Холиқзод
-------------
Маъмурони милиса дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду ҷавонро ба гумони навиштани “даъвату таҳдид” дар девори мактабу мағоза ва сартарошхона дастгир кардаанд.
Мақомот ба таври расмӣ маълумот намедиҳанд. Як ҳамсуҳбати радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 22-юми август боздошти ҷавонҳоро тасдиқ кард, аммо ба сабаби гуё махфӣ будани парванда ва надоштани…
https://www.bomdod.com/2024/08/22/shiorho-bo-davatu-tahdid-dar-nohijai-jomi-bozdoshti-2-javon-az-jakkatut/
ПУТИН ДАР МАСҶИДИ НАВИ ШАҲРИ ГРОЗНИЙ КИТОБИ “ҚУРЪОН”-РО БӮСИД
Видеои дар як масҷид дар пойтахти Чеченистон китоби барои мусулмонон муқаддаси “Қуръон”-ро бӯсидани президенти Русия Владимир Путин дар ин авохир дар кишварҳои мусалмоннишин ба як видеои хеле пуртамошобин, ё ба қавли дигар, вирус, табдил ёфтааст.
Рӯзи 20 августи соли 2024, Путин зимни боздиди аз масҷиди нави ба номи Паёмбар Исо дар шаҳри Грозний, пеш аз…
https://www.bomdod.com/2024/08/22/putin-dar-masjidi-navi-shahri-groznij-kitobi-quron-ro-busid/
ҲАБСУ ҶАРИМАИ 3 АПАЮ ХОҲАР ДАЙХУДОЕВАҲО БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК ДУХТАРИ ДИГАР (ВИДЕО)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 августи соли 2024 дар бораи як ҳодисаи ғайриоддӣ: аз ҷониби 3 апаю хоҳар латтукӯб шудани як духтари дигар дар кӯчаи Шириншо Шотемур дар маркази пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Лаҳзаи А.Саидоваро латтукӯб кардани хоҳарон Дайхудоеваҳоро дурбини видеокамераи назоратӣ сабт кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Душанбе, дар натиҷаи…
https://www.bomdod.com/2024/08/22/habsu-jarimai-3-apaju-hohar-dajhudoevaho-baroi-lattukubi-jak-duhtari-digar-video/
БОЗДОШТИ 3 ҶАВОН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ОВОЗАИ ПАЙДО ШУДАНИ “ҶИН” ДАР ВАҲДАТ (ВИДЕО)
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 21 августи солми 2024 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабар дод, ки кормандони милитсия манбаъҳои паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ дар бораи гӯё пайдо шудани “ҷин” дар ҳудуди ҷамоати ба номи Раҷаб Исмоилов дар канори шаҳри Ваҳдатро муайян сохта, чанд нафарро барои паҳн кардани ин овозаҳо дастгир кардаанд.
Дар…
https://www.bomdod.com/2024/08/22/bozdoshti-3-javon-baroi-pahn-kardani-ovozai-pajdo-shudani-jin-dar-vahdat-video/
ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 22 АВГУСТИ СОЛИ 2024 (ВИДЕО)
Салом, тамошобинони гиромӣ!
Хулосаи хабарҳои муҳими 22 августи Тоҷикистон ва минтақаро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.
Шурӯъ мекунем аз як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.
ДАР ИН БАРНОМА:
НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ НАЗАРАЛӢ СУЛТОНОВ. Ӯ ИҚРОР КАРД, КИ ПОЛКОВНИК СЕЛЕЗНЁВРО БАРОИ ПУЛ КУШТААСТ
ЗАМОНИ ҲАБСИ ПАДАРУ ДУ ПИСАР ИСЛОМОВҲО ТО 3 МОҲИ…
https://www.bomdod.com/2024/08/22/hulosai-habarhoi-muhimi-22-avgusti-soli-2024-video/
НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ НАЗАРАЛӢ СУЛТОНОВ. Ӯ ИҚРОР КАРД, КИ ПОЛКОВНИК СЕЛЕЗНЁВРО БАРОИ ПУЛ КУШТААСТ
Расонаҳои Русия номи нафари муттаҳам ба ҳамлаи ваҳшиёна бо табар ба як зану шавҳари солхӯрда дар Новая Москваро нашр карданд. Ӯ зодаи Тоҷикистон Назаралӣ Султонов, соли таваллудаш 1986 будааст. Ҷасади ба хун оғӯшта ва алакай беҷони полковники мустаъфии 84-сола Виктор Селезнёвро шоми 19 августи соли 2024 дар ҳудуди ҷамъияти боғдории “Полёт” дар деҳаи Яртсевои ноҳияи…
https://www.bomdod.com/2024/08/21/nashri-videoi-bozpursii-nazarali-sultonov-u-iqror-kard-ki-polkovnik-seleznyovro-baroi-pul-kushtaast/
МУНОҚИШАИ ХУНИНИ ДУ ҲАМДЕҲА ДАР ФАРХОР, ҒОРАТИ ТЕЛЕФОНИ ЯК КӮДАК ВА…
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 21 августи соли 2024
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа
Шаби 19-уми августи 2024, тахминан соати 21:10, марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор аз рӯи хусумат ба мағозаи фурӯши ашёҳои рӯзгор даромада, аз он ҷо як корди хоҷагиро харидорӣ кардааст ва сипас дар маркази деҳаи Гулшани…
https://www.bomdod.com/2024/08/21/munoqishai-hunini-du-hamdeha-dar-farhor-ghorati-telefoni-jak-kudak-va/
ВИДЕО АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ: ЗАМОНИ ҲАБСИ ПАДАРУ ДУ ПИСАР ИСЛОМОВҲО ТО 3 МОҲИ ДИГАР ТАМДИД ШУД
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 20 августи соли 2024 замони ҳабси боз 4 муттаҳами дигар дар ҳамлаи хунини шоми 22 марти соли 2024 ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори пойтахти Русияро то 3 моҳи дигар тамдид кард. Дар он ҳамла 145 нафар кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар…
https://www.bomdod.com/2024/08/21/video-az-tolori-dodgoh-zamoni-habsi-padaru-du-pisar-islomovho-to-3-mohi-digar-tamdid-shud/
