ЗАНОНИ МУСАЛМОН🌷
Open in Telegram
Канали бедори барои он заноне, ки то ҳол дар ғафлат умр ба сар мебаранд, ва дониста ё надониста дар бархе аз масоил муртакиби куфр мешаванд.. Ин ша Аллоҳ дар ин канал барои #занони_мусалмон аҳкоми Аллоҳ ва расулашﷺ ба нашр гузошта мешавад.
Show more878
Subscribers
No data24 hours
+97 days
+3930 days
Posts Archive
Суханҳои равоншиносони муосир ки ҳама эҳсосоти дохили инсонро ба гармонҳо картизол, дофамин, триггерҳо ва травмаҳо маҳдуд мекунанд, ҳама ҷоро фаро гирифтаанд.
Онҳо ором-ором ҷойи поксозии рӯҳ ва бозгашт ба сӯи Аллоҳи ﷻ ро гирифтаанд.
Ин гуна суханҳо чунон паҳн шудаанд, ки дилҳои мо, ки аллакай худ аз гуноҳҳо сангин шудаанд, боз ҳам бештар роҳи дурусти худро гум кардаанд.
Ба ҷойи он ки пардаи зангори дилро аз байн барем бо бозгашт ба сӯи Аллоҳи ﷻ ва дур андохтани ниқоби ғафлат аммо мутаассифона мо ба сӯи ҳамин гуфтугӯҳои равоншиноси давидаем.
Замоне мегӯем:
— «Ман изтироб дорам, чунки кортизолам зиёд аст…»
— «Ман ғамгинам, чунки дофаминам кам аст…»
— «Ман депрессия дорам, бояд серотонинамро зиёд кунам…»
— «Ман хушбахт нестам… пас, шояд танҳо ба толори варзишӣ рафтан лозим бошад…»
Аммо баъзан саволе, ки бояд пеш аз ҳама аз худ бипурсем, ин аст: — «Шояд ту изтироб дори, зеро аз Аллоҳ аз Холиқи худ дур шудаи?»Мусибате ба мардум мерасад — ҳама дар бораи кортизол ва дофамин сухан мегӯянд. Албатта, мо арзиши илм ва тибро инкор намекунем. Сабабҳои ҷисмони ва равони метавонанд воқеан ба ҳолати инсон таъсир расонанд ва табобати дуруст дар ҷойи худ муҳим аст. Аммо инсон набояд рӯҳи худро фаромӯш кунад ва тамоми мушкилоти худро танҳо ба сабабҳои модди нисбат диҳад. Касе, ки Аллоҳи ﷻ ро фаромӯш мекунад, дар ҳақиқат аз муҳимтарин такягоҳи худ дур мешавад. Ва касе, ки танҳо нишонаҳоро табобат мекунад, дар ҳоле ки решаи мушкилро нодида мегирад, мумкин аст дубора бо ҳамон дардҳо рӯ ба рӯ шавад. Дил низ ба табобат ниёз дорад. Ва табобати дил аз бозгашт ба сӯи Аллоҳ, тавба, зикр, Қуръон, намоз ва таваккал оғоз мешавад. Зеро баъзан инсон на танҳо ба истироҳат, машқ ё тағйири муҳит, балки ба бозгашт ба Парвардигораш ниёз дорад. ﴿أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ﴾ «Огоҳ бошед! Танҳо бо ёди Аллоҳ дилҳо ором мегиранд.» 📖 Сураи Раъд, 28 https://t.me/zanoni_musalmon
Ин тасвире аст ки нав пайдо шудааст, ки бо истифода аз зеҳни сунъи сохта шудааст, ва баъзе ҷошилон аз миёни мусалмонон инро зуд паҳн карданд.
Дар ин тасвир гуё дида мешавад, ки гурӯҳе аз мардон дар ҳалқаи илми назди дари хонаи модарамон Аиша — радияллоҳу анҳа— нишастаанд ва модарамон ба онҳо дарси илмм меомӯзонад.
❗️Ин дурӯғи ошкор ва сохтакории воқеи аст.
Сохтани саҳнаҳои хаёли ва нисбат додани чунин ҳолатҳо ба саҳобаҳо — дари бузурге ба сӯи ҳалокат ва туҳмат ба онҳо мебошад.
Он чизе ки дар бораи модарамон Аиша — радияллоҳу анҳа — бо роҳи саҳеҳ маълум аст, ин аст, ки агар марде мехост аз модарамон дар бораи масъалае вобаста ба Паёмбар ﷺ саволе бипурсанд, ба дар мекӯфт ва саволашро медод. Ӯ низ аз пушти дар ба саволи ӯ ҷавоб медод. Ва модарамон дар дохили масҷид қарор дошт.
Ҳатто чунин ҳолатҳо низ кам иттифоқ меафтоданд.
Ё ин ки он мардон аз хешовандони ӯ буданд, монанди Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Урва ибни Зубайр, ки ҳадисҳоро бевосита аз ӯ мешуниданд ва онҳоро ривоят мекарданд. Зеро Модарамон Аиша радияллоҳу анҳа холаи онҳо буд, хоҳари модарашон Асма бинти Абубакр радияллоҳу анҳум.
Ё занон он ҳадисҳоеро, ки дар дохили хонаҳои ҳамсарони Паёмбар ﷺ аз Аиша ва дигар ҳамсарони ӯ шунида буданд, ба шавҳарони худ мерасониданд.
Ва ҳеҷ кадоме аз онҳо радияллоҳу анҳунна дар масҷид ё дар хонаҳои худ барои мардон ҳалқаҳои дарсии илми баргузор намекарданд.
Онҳо илми худро тавассути фатво додан ва посух гуфтан ба саволҳои саҳоба дар масъалаҳое, ки ба Паёмбар ﷺ вобаста буд, паҳн мекарданд ва ин корро аз паси ҳиҷоб, бидуни он ки худро ба мардон нишон диҳанд, анҷом медоданд.
⭕️Аз ин ру, ин тасвири паҳншуда дурӯғи ошкор дар ҳаққи модарамон Аиша радияллоҳу анҳа мебошад.
Касоне, ки фарқи байни воқеият ва чунин тасвирҳои сохтаро намефаҳманд, ақаллан бо паҳн кардану сохтани чунин тасвирҳо ҷошилии худро ба намоиш нагузоранд.
Ва Аллоҳи ﷻ аст Он Зоте, ки аз Ӯ ёри металабем.
Repost from N/a
Шайхул ислам ибн Таймия раҳимаҳуллоҳ мегӯяд : «Адолат миёни ҳамсарон асоси ҷоиз будани бисёрзанӣ аст. Аммо зулм ва беадолатӣ сабаби ғазаби Аллоҳи ﷻ мебошад.»🌱Ал фатва алкубро
Шайх Хулайфӣ мегӯяд: “Гурӯҳҳои Кейпоп. Инҳо шумораи зиёди тарафдор доранд, аз ҷумла духтарони ҷавон аз кишварҳои арабӣ. Онҳо "Армия" номида мешаванд. Кӯшиш кунед, ки ҳама гуна паёмеро нависед, ки K-pop-ро танқид кунед ва мебинед, ки чӣ гуна сел бар шумо хоҳад афтод.
Чаро Kейпоп махсус духтарони наврасро ба сӯйи фитна мебарад ва онҳо онро инқадар сахт дӯст медоранд?
Вақте ки BTS дар Арабистони Саудӣ консерт дод, чӣ шуд? Яке аз онҳо як шиша об партофт ва онҳо ба сӯи он шитофтанд - мисли саҳобаҳо ба сӯи оби боқимондаи таҳорати Паёмбар ﷺ мешитофтанд. Пас чаро маҳз духтарони ҷавон?
Ман ба шумо мегӯям, ки чаро. Ҷаҳони афсонавӣ, ҷаҳони комил. Дар ҷомеаҳои мо байни духтарон ва волидайни онҳо фосилаи зиёд вуҷуд дорад. Насли гузашта (пеш аз интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ин чизҳо) насли ҳозираро ба таври назаррас камтар аз 10% дарк мекунад.
Ин гурӯҳҳои Kейпоп ба онҳо чиро нишон медиҳанд? Ба фикри шумо сурудҳо? Не! Ин як олами том аст... Ва дар ин дунё ин персонажхо ба навор гирифта шудаанд, ки онҳо «комил» ба назар мерасанд. Намуди зоҳирии зебо, нармӣ, боодобӣ, тасвири идеалӣ.
Чаро мо як вақтҳо мультфильмҳоро ин қадар дӯст медоштем Ҷаҳони афсонавӣ? Ва инак, вай дар асл, бо одамони зинда аст - мисли мо, аммо мисли қаҳрамонони мультфильм рафтор мекунанд.
Чигуна ҳамаи инро табобат карда мешавад?
Бо расонидани каломи Аллоҳﷻ, ки ин дунё як ҷаҳони озмоиш аст, ки дар он комил шудан ғайриимкон аст. Каломи Аллоҳﷻ мушкилоти бузургро ҳал мекунад. Инчунин, модарон ва умуми оилаҳо бояд дар тарбияи духтарони худ хелиии ҷидди бошанд онҳоро таҳти назорати худ бигиранд аз телефон ва телевизион дур кунанд фарзандони худро ба онҳо зиёд вақт бидиҳанд то ин ки онҳо оромишро дар каломи Аллоҳﷻ ҷустуҷӯ кунанд на дар ин лашкарҳои шайтон».
⬆️⬆️⬆️Муҳим аст
Паҳн кунед хоҳаронам!!##
https://www.instagram.com/reel/C7HNphbMNog/?igsh=Zmk5Z3pwbXg3enZp
Паёмбари Аллоҳ ﷺ:
"مَنْ صَلَّى عَلَيَّ صَلَاةً صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ بِهَا عَشْرًا".
«Ҳар кас бар ман як бор салавот фиристад, Аллоҳ бар ивази он бар ӯ даҳ бор раҳмат ва баракат мефиристад.»
Ҳамчунин Паёмбар ﷺ фармуданд:
"مِنْ أفْضَلِ أيَّامِكُمْ يَوْمُ الجُمُعَةِ ... فَأكْثِرُوا عَلَيَّ مِنَ الصَّلَاةِ فِيهِ؛ فَإنَّ صَلَاتَكُمْ مَعْرُوضَةٌ عَلَيَّ".
«Аз беҳтарин рӯзҳои шумо рӯзи ҷумъа аст... Пас дар ин рӯз бар ман бисёр салавот фиристед, зеро салавотҳои шумо ба ман расонида мешаванд.»
📚 |مسند الإمام أحمد|Имом аш-Шофеи رحمه الله фармудааст: أُحِبُّ كَثْرَةَ الصَّلَاةِ عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فِي كُلِّ حَالٍ، وَأنَا فِي يَوْمِ الجُمُعَةِ وَلَيْلَتِهَا أشَدُّ اسْتِحْبَابًا. «Ман дӯст медорам, ки дар ҳар ҳолат бар Паёмбар ﷺ бисёр салавот фиристода шавад, вале дар рӯзи ҷумъа ва шаби ҷумъа онро боз ҳам бештар мустаҳаб мешуморам.»
📚 |كتاب الأم|Тобеин Абдуллоҳ ибни Абӯбакр ибни Ҳазм رحمه الله гуфтааст: كَانَ يُقَالُ: «أفْضَلُ النَّاسِ فِي يَوْمِ الجُمُعَةِ أكْثَرُهُمْ صَلَاةً عَلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ» « Беҳтарини мардум дар рӯзи ҷумъа касоне ҳастанд, ки бештар аз ҳама бар Паёмбар ﷺ салавот мефиристанд.” 📚 |مصنف عبدالرزاق|
لا إله إلا الله وحده لا شريك له له الملك وله الحمد وهو على كل شيء قدير.
سبحان الله وبحمده عدد خلقه ورضا نفسه وزنة عرشه ومداد كلماته .
سبحان الله وبحمده عدد خلقه ورضا نفسه وزنة عرشه ومداد كلماته.
سبحان الله، والحمد لله، ولا إله إلا الله، والله أكبر.
#فذكر_إنما_أنت_مذكر #لا_اله_الا_الله #سبحان_الله
Хабарҳо тағйир меёбанд...
аммо дард ҳамон дард мемонад.
Манзараҳо иваз мешаванд...
аммо захмҳо ором намегиранд.
Ва ҳар рӯз...
Ғазза саҳифаи наверо менависад .
саҳифаҳои сабре, ки суханон аз баёни он оҷизанд.
Йа Иллаҳи Ту такягоҳу мададгори онҳо бош ва онҳоро як лаҳза ҳам ба худашон вомагузор.
Эй муваҳҳиддин ин дин бо шамшер ба моро расидааст то кай шумо дар хонаҳоятон баҷо мешавед??? то кай хомӯш меистед??? то кай ингуна идома медиҳед??? фардо дар назди Аллоҳи ﷻ чи ҷавоб хоҳед дод??? Магар фаромӯш кардед Усманро ки ба хотири номусаш мунофиқин ӯро шаҳид кардан ки гуфт тика тика шавам бароям осонтар аст аз ин ки як тори муйи туро номаҳраме бубинед.!
Куҷо аст номуси шумо?? куҷо аст шуҷоати шумо ??
Дар ҳақиқат вақте мо таърихи исломро мехонем инҷо аст мефаҳмем татбиқи шариъати Аллоҳ бо шамшер аст .... Дигар вақти аз пушти экран гап задан нест эй муваҳҳиддин вақти бедор шудан вақти амал аст.
Дар ҳақиқат ин талхтарин ва сангинтарин ранҷе аст ки мо ҳар рӯз мебинем ва коре карда наметавонем😢💔💔
Зеро чигунае Аллоҳи ﷻ мефармояд:
إِنَّكَ لَا تَهْدِي مَنْ أَحْبَبْتَ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۚ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ
«Ба ростӣ, ту (эй Муҳаммад ﷺ) наметавонӣ ҳар касеро, ки дӯст медорӣ, ҳидоят кунӣ. Аммо Аллоҳ ҳар касеро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ ба ҳидоятёфтагон донотар аст.»
(Сураи Қасас, ояти 56)
Инсон бидуни ҳеҷ чизе ( ба ин дунё меояд)
Сипас аз паси ҳар чизе кӯшиш мекунад
Сипас ҳама чизро тарк мекунад
Ва бидуни ҳеч чизе меравад
Сипас ба хотири ҳар чизе муҳосиба карда мешавад ((
Он чи Аллоҳи Субҳонаҳу ва Таъоло аз ту мегирад, поёни достони зиндагии ту нест.
Гоҳе дарди аз даст додан он қадар сангин мешавад, ки гумон мекунем ҳама чизро аз даст додаем. Аммо Аллоҳи Шунаво ва Доно чизҳоеро мебинад, ки чашмони мо намебинанд ва хайреро медонад, ки ақлҳои мо аз дарки он оҷизанд.
Мо танҳо ба он чизе менигарем, ки аз дастамон рафтааст, вале Аллоҳ ба он неъматҳое менигарад, ки қалбҳои моро бо онҳо пур хоҳад кард.
Чӣ бисёр дарҳое, ки баста шуданд, аммо наҷоти мо дар ҳамон буд.
Чӣ бисёр орзуҳое, ки амалӣ нагаштанд, вале дар ҳақиқат раҳмати Аллоҳ буданд.
Ва чӣ бисёр ҷудоиҳое, ки моро ба гиря оварданд, аммо пас аз солҳои зиёд фаҳмидем, ки онҳо аз бузургтарин сабабҳои хайру баракат дар зиндагии мо будаанд.
Аз даст додани неъматҳои дунё ба ҳамин зиндагии кӯтоҳ маҳдуд аст, аммо ивази Аллоҳ танҳо ба дунё маҳдуд намешавад; балки дилро оромӣ мебахшад, имонро қавӣ мегардонад, сакинаро насиб мекунад ва то охират идома меёбад.
Яке аз зеботарин намунаҳои ин ҳақиқат саргузашти Умм Салама (разияллоҳу анҳо) аст.
Вақте шавҳараш Абу Салама, ки аз ҳама бештар дӯсташ медошт, аз дунё гузашт, Паёмбари Аллоҳ ﷺ ба ӯ дуое омӯхтанд:
«Аллоҳумма'ҷурнӣ фӣ мусибатӣ, ва ахлиф лӣ хайран минҳо.» «Эй Аллоҳ! Дар мусибатам ба ман аҷр деҳ ва бароям беҳтар аз онро ҷойгузин гардон.»Ӯ дар дил мегуфт: «Магар касе беҳтар аз Абу Салама ҳам ҳаст?» Рӯзҳо сипарӣ шуданд... Ва Аллоҳ ба ӯ чизеро ато кард, ки ҳаргиз тасаввур намекард: Ӯ ҳамсари Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ﷺ, беҳтарини тамоми мардум, пешвои парҳезгорон ва сарвари фарзандони Одам гардид. Ивази Аллоҳ бар асоси интизориҳои ту нест... Он бар асоси карам, ҷуду саховат ва бахшиши Парвардигори Карим аст. Аллоҳ нафирмуд: «Монанди онро ба шумо медиҳам.» Ва нафирмуд: «Танҳо ивазашро медиҳам.» Балки беҳтар аз он ато мекунад. Пас, агар диҳанда Аллоҳ бошад, аз он чи аз ту гирифтааст, ҳарос макун. Бор Илоҳо! Дар мусибатҳои мо аҷр насибамон гардон ва беҳтар аз онҳоро бароямон иваз деҳ. Ба мо дилҳое ато фармо, ки пеш аз дидани ҳикмати тақдират ба қазои Ту розӣ бошанд. Ба мо яқин ато кун, ки он чи Ту барои мо баргузидаӣ, аз он чи мо барои худ интихоб мекардем, беҳтар аст. Ивази Худро чунон бузург гардон, ки талхии аз даст доданро аз хотири мо бибарад. Ва аз ганҷинаҳои фазлу карамат бароямон он қадар неъматҳо бикушо, ки чашмонамон дар дунё ва охират равшан гарданд. Ҳамоно Ту бар ҳар чиз Тавоноӣ. Омин. 🤍
