en
Feedback
ЗАНОНИ МУСАЛМОН🌷

ЗАНОНИ МУСАЛМОН🌷

Open in Telegram

Канали бедори барои он заноне, ки то ҳол дар ғафлат умр ба сар мебаранд, ва дониста ё надониста дар бархе аз масоил муртакиби куфр мешаванд.. Ин ша Аллоҳ дар ин канал барои #занони_мусалмон аҳкоми Аллоҳ ва расулашﷺ ба нашр гузошта мешавад.

Show more
877
Subscribers
-124 hours
+127 days
+4230 days
Posts Archive
Барои шумо мақолаи муфид омода кардем. Дар он Имом Ибни Қаййим мефаҳмонад, ки чаро барои мӯъмин муҳим аст, ки на танҳо роҳи ҳақ, балки роҳҳои гумроҳӣ-ро низ бишиносад. Фаҳмиши ҳар ду роҳ ба инсон кумак мекунад, ки ботилро бишиносад, аз бидъатҳои динӣ дурӣ ҷӯяд ва арзиши имону ҳидоятро боз ҳам бештар дарк намояд. Ӯ инчунин инсонҳоро вобаста ба дараҷаи дониши онҳо нисбат ба некӣ ва бадӣ ба чор гурӯҳ ҷудо мекунад. Азбаски мақола хеле муфассал ва ҳаҷман калон шудааст, мо онро дар Telegraph ҷойгир кардем, то хондани он барои шумо осонтар ва қулайтар бошад.    Ссылка : https://telegra.ph/RO%D2%B2I-GUNA%D2%B2KORONRO-RAVSHAN-SHINOHTAN-08-29

Ҳамдардии занони салаф бо шавҳаронашон 💗 Қайс ибни Аби Ҳозим нақл мекунад: «Рӯзе Абдуллоҳ ибни Равоҳа (радияллоҳу анҳу) гиря
Ҳамдардии занони салаф бо шавҳаронашон 💗 Қайс ибни Аби Ҳозим нақл мекунад: «Рӯзе Абдуллоҳ ибни Равоҳа (радияллоҳу анҳу) гиря кард. Ҳамсараш низ бо дидани гиряи ӯ гиря кард. Ӯ аз ҳамсараш пурсид: — Чаро гиря мекуни? Ҳамсараш ҷавоб дод: — Ман дидам, ки ту гиря мекуни, барои ҳамин ман ҳам гиря кардам. Он гоҳ Абдуллоҳ ибни Равоҳа (радияллоҳу анҳу) гуфт: — Ба дурусти, ман медонам, ки ҳатман назди ҷаҳаннам хоҳам расид, вале намедонам, ки оё аз он наҷот хоҳам ёфт ё не.» 📚 Саъид ибни Мансур, «ас-Сунан», №1400. Гузориш ҳасан (хуб) арзёбӣ шудааст. Ниг.: «Тахриҷи Сунани Ибни Мансур», 6/240.

sticker.webp0.29 KB

Аз бузургтарин неъматҳои Аллоҳи ﷻ ин аст, ки то ҳол дар қалби ту чизе боқи мондааст, ки ҳангоми хато карданат туро ба дард меорад. Рӯҳе, ки туро бедор мекунад, панду насиҳате, ки қалби туро такон медиҳад, ва ояте, ки туро ба сӯи ҳақ бармегардонад. Мушкил дар он нест, ки ту лағжиди… Балки Мушкил дар он аст, ки ту лағжиди, сипас афтоданат бароят чунон зебо нишон дода шуд, ки гумон карди он роҳи рост аст… То вақте ки қалбат аз гуноҳ дард мекунад, руҷу бикун ба сӯи Аллоҳи ﷻ ! То вақте ки нафсат туро маломат мекунад, ба он гӯш деҳ! То вақте ки метавони бигӯӣ: «Йа Илаҳи, маро биёмурз» — дари тавба боз аст.

sticker.webp0.15 KB

Агар ту аз яхдон ё ягон асбоби барқи бӯи сӯхтагиро ҳис куни, чӣ кор мекунӣ? Мешини ва ба фикр кардан сар мекуни? Ё фавран симро аз барқ мекаши ва қувваи барқро хомӯш мекуни, то худро муҳофизат намои? Пас чаро вақте имонат дар хатар қарор мегирад, ҳамин тавр амал намекунӣ? Чаро вақте дар пешат видеои ҳаром ё тасвири ҳаром пайдо мешавад, мегӯи: «Фақат як бор нигоҳ мекунам, тамом»? Чаро вақте дӯстҳоят туро ба ҷойе даъват мекунанд, ки пур аз гуноҳ аст, ҷавоб медиҳӣ: «Каме мешинам, то онҳо хафа нашаванд»? Сими гуноҳро аз барқ каш, пеш аз он ки оташи гуноҳ туро фаро гирад ва бисӯзонад. Динатро ҳифз кун ва дари гуноҳро бубанд. «Агар онро боз куни ба дарунаш ворид мешавӣ».

sticker.webp0.11 KB

Муҳаббат амонат аст, аҳд амонат аст ва дил амонат аст. 🤍 Вақте Аллоҳи ﷻ ду дилро бо роҳи ҳалол бо ҳам мепайвандад, вафодори
Муҳаббат амонат аст, аҳд амонат аст ва дил амонат аст. 🤍 Вақте Аллоҳи ﷻ ду дилро бо роҳи ҳалол бо ҳам мепайвандад, вафодори ба ибодати пинҳони табдил меёбад, ки аз бисёре аз ҷузъиёти он ҷуз Аллоҳи ﷻ касе огоҳ нест. Дар як нигоҳе, ки аз он рӯй мегардони, дар паёме, ки намефиристи, дар даре, ки пеш аз ба фитна табдил ёфтанаш мебанди ва дар ҳифзи ҳудудҳое, ки ҳангоми фароҳам шудани имкони убур кардан аз онҳо, онҳоро нигоҳ медори.
Дар ҳамин ҷо маънои ҳақиқии амонатдорӣ зоҳир мешавад.
Зеро вафодорм танҳо дар эҳсосот нест, балки дар қарорҳои хурдест, ки инсон дар он вақт мегирад, ки ҳеҷ кас ӯро назорат намекунад; инчунин дар ҳифзи дили касе, ки дили худро ба ту амонат супурдааст, ва дар дарки ин ҳақиқат, ки муҳаббат низ ҳудудҳое дорад, ки Аллоҳи ﷻ барои ҳифзи дилҳо, хонадонҳо ва аҳдҳо муқаррар кардааст. Ва чи зебост, ки муҳаббат сабаби иффат ва покдомани бошад, издивоҷ ҷойгоҳи оромиш, раҳмат ва амният гардад ва ҳар яке аз ҳамсарон бидонад, ки дил, чашм ва суханони ӯ чизҳое ҳастанд, ки дар назди Аллоҳи ﷻ дар бораи онҳо аз ӯ пурсида мешавад. Пас, аҳде, ки ба номи Аллоҳи ﷻ баста шудааст, сазовори он аст, ки барои ризои Аллоҳи ﷻ ҳифз карда шавад. 🤲🏼Йа Илаҳи! Дилҳо ва чашмони моро пок гардон, моро аз хиёнати пинҳонӣ ва ошкор нигоҳ дор, ба мо вафодорӣ, иффат ва муомилаи нек бо ҳамсаронамонро насиб гардон. Ба хонаҳои мусалмонон баракат бидеҳ, муҳаббати моро дар доираи он чизе қарор деҳ, ки Ту ҳалол кардаӣ ва ҳамаи фитнаҳоро — ошкор ва пинҳони онҳоро — аз мо дур гардон. 🤍

sticker.webp0.02 KB

📖🌷 «وَلِتَعْلَمِ الْمَرْأَةُ أَنَّ مَا يُصِيبُهَا مِنْ أَذًى أَوْ أَلَمٍ فِي حَالِ الْحَمْلِ أَوْ عِنْدَ الْوَضْعِ أَوْ فِي الْحَضَانَةِ بَعْدَ ذَلِكَ فَإِنَّمَا هُوَ رِفْعَةٌ فِي دَرَجَاتِهَا وَكَفَّارَةٌ لِسَيِّئَاتِهَا إِذَا احْتَسَبَتْ هَذَا عَلَى اللهِ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى». 📕 ابن عثيمين | «نور على الدرب» (١١/ ٢٨٠). «Бигзор зан бидонад, ки ҳар гуна ранҷу озоре ё дарде, ки ба ӯ дар вақти ҳомиладорӣ, ё ҳангоми таваллуд, ё дар давраи парвариши фарзанд баъд аз он мерасад, ҳамоно боис мешавад барои баланд шудани дараҷаҳои ӯ ва кафорати гуноҳҳояш — агар инро бо нияти савоб аз ҷониби Аллоҳи Субҳонаҳу ва Таъоло сабр карда ва эҳтисоб намояд (яъне умеди подош аз Аллоҳ дошта бошад).»
📕 Ибни Усаймин — «Нур ‘ала-д-дарб» (11/280)

📖Аз пессимизм дури ҷӯй ва аз гуфтани ҷумлаҳое мисли «Ман наметавонам» ё «Аз уҳдаи ин кор намебароям» худдори кун, зеро суханон ба ақл ва зиндагии ту таъсири бузург мерасонанд.🌱 💌Вақте дар вуҷуди худ умедвори ва рӯҳияи нек парвариш мекуни дарҳои расидан ба он чизе, ки орзу дори бароят боз мешаванд. Яъне ҳусни зон доштан ба Аллоҳи ﷻ 🪟🦋 💻Ба ҷойи он ки диққататро ба душвориҳо равона куни ба роҳҳои ҳалли онҳо ва имкониятҳо диққат деҳ. Ба худ бигӯ: «Ман кӯшиш мекунам» ва «Ман метавонам».📎🎀 Боварӣ ба қувваи худ қадами аввал дар роҳи муваффақият аст.✅ Ман кӯшиш мекунам, аз Аллоҳи ﷻ ёри мехоҳам ва натиҷаро ба Аллоҳи ﷻ месупорам.🫀 https://t.me/zanoni_musalmon

🔴 БЛАГИЕ ВЕСТИ ВАМ, ДОРОГИЕ БРАТЬЯ И СЕСТРЫ! ❌ Эта книга скоро будет опубликована. Прошу Всевышнего Аллаха принять её от нас
🔴 БЛАГИЕ ВЕСТИ ВАМ, ДОРОГИЕ БРАТЬЯ И СЕСТРЫ! Эта книга скоро будет опубликована. Прошу Всевышнего Аллаха принять её от нас и сохранить всех нас твёрдыми в религии. Действительно, дети и подростки — это будущее исламской общины. Поэтому они особенно нуждаются в изучении религии и исламском воспитании. Чем выше уровень знаний у подростков и чем крепче будет их воспитание, тем лучше они смогут защищать Ислам и его святыни, противостоять различным идеологическим атакам и замыслам противников Ислама, а также быть хорошо подготовленными к тому, чтобы помогать Исламу и мусульманам. Одной из важных обязанностей родителей, вытекающих из веры и требований Ислама, является воспитание своих детей. Но, к сожалению, из-за невнимательности и равнодушия к религиозным ценностям эта обязанность постепенно утратила своё значение в жизни многих мусульман, и ей перестали придавать должное значение. Поэтому, желая донести призыв Пророка ❤️ и выполнить возложенную на нас миссию, мы решили в нескольких небольших разделах, опираясь на Коран и Сунну, разъяснить родителям и учителям их обязанности перед детьми, чтобы, руководствуясь этим, они могли правильно воспитывать их. 📝 نشرات أنصار السنة

🌿 Эй хоҳари ман, чаро ғамгини? Ҳар мусибате, ки ба сабаби он дини ту солим мондааст. онро мусибат ҳисоб накун! Дини ту гӯшт ва устухони ту аст яъне дин асоси ҳастии туст. Ҳеҷ чиз сазовори ғам хӯрдан нест, магар вақте ки ба дини ту осеб расида бошад; 🔔ба ақидаат осеб расида бошад; 🔔ибодатат кам шуда бошад; 🔔яқинат ба Аллоҳи ﷻ бо шакку шубҳа омехта шуда бошад; 🔔ё таваккулат ба Аллоҳи ﷻ заиф гашта бошад. 🔔Аммо ғайр аз инҳо ҳамааш рӯйдодҳое ҳастанд, ки мегузаранд, ва тақдирҳое ҳастанд, ки ба сари инсон меоянд. Инҳо танҳо чанд рӯзи зиндагиянд... Дар хотир дошта бош ки, 🌙 Вохурии ҳақиқи он Ҷаннат аст, иншаАллоҳ! 🤍 Пас, эй хоҳари ман, агар мусибат омад, вале имонат боқи монд, Аллоҳи ﷻ ро ҳамд бигу. Зеро он чизе, ки аз даст рафтааст, бозгаштаниаш мумкин аст, аммо агар дин аз даст равад ҳеҷ чиз ҷойи онро пур карда наметавонад.
🫀он чи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд

sticker.webp0.02 KB