493
Subscribers
No data24 hours
-147 days
-6230 days
Data loading in progress...
Similar Channels
Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
March '25
March '250
in 0 channels
February '25
+8
in 1 channels
Get PRO
January '25
+10
in 0 channels
Get PRO
December '24
+48
in 0 channels
Get PRO
November '24
+71
in 0 channels
Get PRO
October '24
+95
in 1 channels
Get PRO
September '24
+56
in 0 channels
Get PRO
August '24
+108
in 3 channels
Get PRO
July '24
+75
in 1 channels
Get PRO
June '24
+46
in 1 channels
Get PRO
May '24
+79
in 3 channels
Get PRO
April '24
+71
in 2 channels
Get PRO
March '24
+155
in 31 channels
Get PRO
February '24
+139
in 32 channels
Get PRO
January '24
+398
in 30 channels
Get PRO
December '23
+278
in 30 channels
Get PRO
November '23
+76
in 17 channels
Get PRO
October '23
+395
in 25 channels
| Date | Subscriber Growth | Mentions | Channels | |
| 14 March | 0 | |||
| 13 March | 0 | |||
| 12 March | 0 | |||
| 11 March | 0 | |||
| 10 March | 0 | |||
| 09 March | 0 | |||
| 08 March | 0 | |||
| 07 March | 0 | |||
| 06 March | 0 | |||
| 05 March | 0 | |||
| 04 March | 0 | |||
| 03 March | 0 | |||
| 02 March | 0 | |||
| 01 March | 0 |
Channel Posts
⚡️Аз рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон кӯшиш кунед, ки ин нуқтаҳоро риоя намоед, то савоби ин моҳи бузургро аз даст надиҳед:
⏰1. Кӯшиш кунед, ки ҳамаи намозҳоро сари вақт ва бо ҳузури қалб адо кунед.
🚿2. Барои ҳар намоз таҳорат (вузу)-и тоза гиред, то дараҷаи имонатон боло равад.
⏰3. Дар ин моҳ вақти бештарро ба Қуръони Карим ва хатми он бахшед.
🛑4. Ҳатто як рӯзро бе зикру ёди Аллоҳ Субҳонаҳу ва нагузаронед!
🌓5. Намози шаб дар ин моҳ савобаш аз дигар моҳҳо бештар аст, ҳатто агар ду ракъат бошад.
🤲6. Зикрҳои субҳ, шом, пеш аз хоб ва баъд аз ҳар намозро фаромӯш накунед.
❌7. Ба мусиқӣ тамоман гӯш надиҳед.
❌8. Аз тӯҳмат, ғийбат ва дурӯғ даст кашед.
❌9. Кӯшиш кунед, ки чашм, забон ва гӯши шумо низ рӯза бошанд.
❌10. Худро бо шабакаҳои иҷтимоии ғайриисломӣ ва корҳои беҳуда машғул насозед.
💴11. То ҳадди имкон садақа диҳед.
❌12. Ҳангоми ифтор аз бисёрхӯрӣ парҳез кунед, то тавонед намозҳои таравиҳро бо осонӣ хонед.
🤲13. Дар ин моҳ дуои зиёд кунед.
🌗14. Ҳар шабро бо тавба ва истиғфор ба поён расонед.
🫵Паёмро паҳн кардан – садақаи ҷория аст ин ша Аллоҳ
⚡️Рамазон беҳтарин фурсатест барои пок сохтани қалб ва наздик шудан ба Парвардигор. Ин рӯзҳоро ғанимат донед ва то метавонед, аз фазилатҳои ин моҳи муборак баҳра баред!
❗️Рамазон на танҳо моҳи рӯза, балки моҳи эҳёи дилҳост! Дар ин рӯзҳои пурбаракат дилатонро аз кина ва забонатонро аз дурӯғ пок кунед. Ҳар нафасеро бо ёди Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ва ҳар амали некро бо нияти пок анҷом диҳед. Барои рӯҳи худ ғизо диҳед, то қалбатон бо нур ва баракат пур шавад! Албатта, ногуфта намонад, ки мову шумо ҳадафе дорем ва барои ин ҳадаф бештар дуо кунед, зеро дуо калиди дарҳои баста аст ва он чизеро, ки ба гумон намеояд, метавонад ба воқеият табдил диҳад! Агар мехоҳед, ки ин моҳ шуморо тағйир диҳад, пас кӯшиш кунед, ки пас аз он низ ҳамон шахси неки Рамазон бимонед!
Моро ҳамроҳӣ кунед!👇
https://t.me/asrori_galbho
| 2 | No text... | 0 |
| 3 | НОМҲОИ ЗЕБОИ АЛЛОҲ
АЛ-БАРРУ
٢٥) البَرُّ: هو الواسع في إحسانه لخلقه، يعطي فلا يستطيع أحدٌ عدَّ نعمته أو إحصاءها، وهو الصادق في وعده, الذي يتجاوز عن عبده وينصره ويحميه، ويقبل القليل منه وينميه.
2⃣5⃣ Ал-Барру: Дар эҳcон ба халқаш кутоҳие надорад он қадар зиёд медиҳад, ки каcе ҳиcобашро намеравад, дар ваъдаҳояш cодиқ аcт, аз гуноҳони бандааш мегузарад, ӯро ҳимоят мекунаду нуcрат медиҳад ва ками ӯро қабул мекунаду зиёдаш мегардонад.
Моро ҳамроҳӣ кунед!👇
https://t.me/asrori_galbho | 0 |
| 4 | No text... | 0 |
| 5 | 🌙МОҲИ ҚУРЪОН🌙
Бо ҳамфикрии бародари дин дӯстдорамон тасмим гирифтем, ки ҳар рӯзе як ҷузъе аз "Қуръон"-ро пешниҳоди шумо азизон бигардонем
Ин шаа Аллоҳ☝️
Бо хост ва ёрии Аллоҳи меҳрубон☝️
🕊🕊🕊🕊🕊🕊🕊🕊🕊🕊 | 0 |
| 6 | 🌟Моҳи муборак омад эй дӯст,
🌟Дар ин моҳи муборак Аллоҳ бо туст.
🌟Ҳар як рӯзи ин моҳ савоб аст,
🌟Рӯзахур дар охират дар азоб аст.
🌟Закоти мол додан савоб аст,
🌟Ба мӯъмин об додан савоб аст.
🌙🌙🌙 | 0 |
| 7 | 🍃АЛҲАМДУЛИЛЛАҲ🍃
Азизон Аллоҳи Роҳман бо ин ҳама меҳрубонии худ мо бандагони гунаҳкори хешро боз фурсати дубора дод ва моро ба ин моҳи раҳмату ғуфрон, моҳи бахшиши гуноҳон, моҳи баракату Қуръон расонид🌙
Алҳамдулиллаҳ🕊
Аллоҳи мутаъол ин моҳи муборакро аз афзалтарини моҳҳои ҳаётамон дар пешрафту муваффақтятҳои диниву дунявиямон гардонад. Аллоҳумма Амин 🤲
Ин моҳро моҳи тақвову бандагӣ моҳи нузули раҳматҳову неъматҳои хеш бароямон қарор диҳад ва бароямон ин моҳро моҳи таҷдиди имонҳоямон гардонад🤲
Дар ҳаққи ҳамдигар дуъоро фаромӯш насозед азизон☝️
Аллоҳ ҳофизу носиратон бошад дар ин айёми хуш🕌
Моро ҳамроҳӣ кунед!👇
https://t.me/asrori_galbho | 0 |
| 8 | ✨
ҶУЗЪИ ①
🍃«Рамазон моҳи "Қуръон" аст»🍃
Қорӣ: Ёсир ад-Дусарӣ (Аллоҳи мутаол ҳифзаш кунад)
------------------------ | 0 |
| 9 | sticker.webp | 0 |
| 10 | Дарси 3
🍃ВЕЖАГИҲОИ МОҲИ РАМАЗОН🍃
■ 1-Моҳи Рамазон моҳи бахшиши гуноҳон аст касе, ки бар асоси имони ба Аллоҳ ва талаби аҷр ва подош ин моҳи муборакро рӯза бигирад ва рукни чаҳоруми Исломро ба ҷо оварад ва шабҳои он бо қиём ва таҳаҷҷуд сипари кунад, гуноҳонаш бахшида мегардад.
■2-Моҳи Рамазон моҳест, ки азимтарин китоби илоҳӣ Қуръони карим китобе, ки:
( هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانَ)
■ Роҳнамои мардум ва нишонаҳои ҳидоят ваҷудокунанда миёни ҳақ ва ботил аст.
■Сураи Бақара, ояти:185.
■ Бар Паёмбарﷺ нозил шудааст.
■ 3-Дар моҳи Рамазон шабе вуҷуд дорад, ки он шаб аз ҳазор моҳ яъне 83 солу чаҳор моҳ беҳтар аст, он шаб шаби қадр аст.
(بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيم)
,(ِ إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ * وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ * لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ * تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ* سَلَامٌ هِيَ حَتَّىٰ مَطْلَعِ الْفَجْرِ)
■ Ҳароина Мо фуруд овардем Қуръонро дар шаби қадр. Ва чи муталиъ сохт, ки чист шаби қадр. Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷибраил) дар он шаб ба иҷозаи Парвардигорашон барои ҳар коре фуруд меоянд, он шаб то тулӯъи фаҷр (субҳ) салом ва саломатӣ аст.
■[Сураи Қадр Ояти 1 то 5]
■ 4-Бузургтарин маъракае, ки миёни аҳли тавҳид ва аҳли ширк пирӯз шуданд ва Аллоҳ миёни ҳақ ва ботил ҷудои андохт, ғазваи Бадрӣ кубро буд, ки дар ҳафдаҳуми моҳи Рамазон иттифоқ афтод.
■ 5-Фатҳи Макка дар моҳи Рамазон сурат гирифтааст.
■ 6-Ба ҷо овардани намозҳои суннат дар моҳи Рамазон, савобаш баробар бо намози фариза дар ғайри Рамазон аст ва намозҳои фариза баробар бо ҳафтод фариза дар ғайри Рамазон мебошад.(1)
———————————————————
(1) Ба Саҳеҳи ибни Хузайма 3\191 ва Шуъабу-л-имони Байҳақӣ 3\305 руҷӯъ шавад.
———————————————————
■ 7-Моҳи Рамазон моҳест, ки дарвозаҳои раҳмат ва Биҳишт боз мешавад ва дарвозаҳои Дӯзах баста мегар-дад ва шаётин дар занҷирҳо баста мешаванд.
■8-Дар ҳар шаб аз шабҳои Рамазон мунодие аз осмон нидо медиҳад, эй касе, ки хоҳони хайр ва хубӣ ҳастӣ ҷилав (пеш) биё ва эй касе, ки хоҳони шар ва бадӣ ҳастӣ даст бардор.
■ 9-Дар шабҳои Рамазон Аллоҳи мутаъол бандагонашро аз оташи Ҷаҳаннам озод мекунад.
■10-Рамазон моҳест, ки аввалаш раҳмат ва нимааш мағфират ва охираш озодӣ ва раҳоӣ аз оташ аст.
■ 11-Рамазон моҳи сабр ва бурдборӣ аст ва подоши сабр Биҳишт аст.
■ 12-Савоби анҷом додани умра(2) дар моҳи Рамазон, монанди савоби анҷом додани ҳаҷ ҳамроҳи Расулуллоҳﷺ аст.
———————————————————
(2) Умра-ҳаҷҷи асғар (хурд), яке аз ақсоми ҳпҷ, ки аъмоли он камтар аз ҳаҷҷи таматтӯъ ё ҳаҷҷи акбар ва иборат аз эҳром ва тавоф ва саъй байни Сафо ва Марва аст. (Фарҳанги Амид)
———————————————————
■ 13-Моҳи Рамазон моҳи бахшиш ва эҳсон аст.
■ 14-Дар шаби охири Рамазон Худованд гуноҳи рӯзадор-онро мебахшад, чунон ки коргар баъд аз ба поён расон-идани кораш муздашро дарёфт мекунад.
| 0 |
| 11 | Чӣ рӯзи зебост имрӯз! Рӯзона намози чумъа, шаб таробеҳ.
Охири шаб суҳур аст, рӯзи дигар рӯзадорӣ 🫂
Я Аллоҳ моро ба Рамазон бирасон.
Моро ҳамроҳӣ кунед!👇
https://t.me/asrori_galbho | 0 |
| 12 | No text... | 0 |
| 13 | Рамазон 2023 (2).pdf | 0 |
| 14 | ✅Вақте ки моҳи Рамазон дохил мешуд, Имам Малик бин Анас رحمه الله раҳматуллоҳи алайҳи маҷлиси Ҳадӣс ва Илмро тарк карда ба тарафи Қуръон хондан таваҷҷуҳ мекард.
✅Имам Суфян Ас-Саврӣرحمه الله раҳматуллоҳи алайҳи ҳатто тамоми дигар ибодатҳои нафлиро тарк карда, тамоми вақташро дар қурьон хонӣ сарф мекард.
✅Имам Ар-Рабӣъ, шогирди Имам Шафиъӣ дар бораи имом мегуфт: «Имам Шафиъӣ ҳар моҳ Қурьонро 30 бор хатм мекард, аммо дар Рамазон 60-бор хатм мекард ба ғайр аз ончи ки дар намозаш мехонд.»
✅Имам Ал-Бухорӣ раҳматуллоҳи алайҳи, дар якум шаби Рамазон, асҳобашро ҷамъ мекард ва бо онҳо намоз мехонд. Дар ҳар ракаъат 20 оят мехонд, то инки қурьонро бо онҳо хатм мекард. Ва дар вақти танҳои, ҳар суҳур нисф ё 3/4 қисмати қурьонро мехонд, ва дар вақти ифтор хатм мекард, ва мегуфт: «дар вақти ҳар хатми Қурьон, дуъо қабӯл мешавад». [Сифат-ус-Сафва]
Ин буд ҳоли уламои мо дар Рамазон, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ﷻ ба ман ва шумо низ тавфӣқ бидиҳад то инки ин лаҳзаҳои муборакро дар хайр ва қуръон хони сарф бикунем. | 0 |
| 15 | Дарси 2
🌼ФАЗИЛАТИ РӮЗА ВА МОҲИ РАМАЗОН🌼
(شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه)
🎙 Моҳи Рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамоӣ ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи Рамазон ҳозир бошад, бояд рӯза бигирад.
🕋Сураи Бақара, ояти:185.
✍🏻 Моҳи Рамазон, моҳи ибодат ва тоъат аст, моҳи нузули Қуръони карим аст дар бораи ин моҳи пурбаракат фазоили бисёре омадааст мо дар инҷо ба зикри гушаҳое(1) аз ин фазоил мепардозем.
———————————————————
(1) Гушаҳо-яъне баъзе, ё чанде.
———————————————————
✍🏻 1-Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу мефармояд, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:Касе, ки бар асоси имони ба Худо ва умеди аҷру подош аз Ӯ моҳи Рамазон-ро рӯза бигирад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад.(2)
———————————————————
(2) Имом Бухорӣ (1901) ва Муслим (760) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 2-Ва аз Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фар-муд:Худованди азза ва ҷалла мефармояд:Ҳамаи аъмоли фарзандони Одам барои худаш аст, магар рӯза, ки ба рости барои Ман аст. Ва Ман худам подоши онро медиҳ-ам. Рӯза сипар аст, пас ҳаргоҳ рӯзи разадорӣ яке аз шумо буд, сухани зишт ва носазо нагӯяд ва фарёд назанад ва ҳаргоҳ касе ба ӯ носазо гуфт, ё бо ӯ даргир шуд, бигӯяд: Ман рӯзаам(3). Қасам ба Худованде, ки ҷони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар дасти Ӯст, тағйири бӯи даҳони шахси рӯзадор назди Худованд аз бӯи мушк хушбутар аст. Ва барои шахси рӯзадор ду хушҳолӣ аст, ки бо он хушҳол мегардад:Ҳангоме ки ифтор мекунад, ба ифтораш хушҳол мешавад ва ҳангоме ки Парвардигораш-ро мулоқот мекунад, ба рӯзааш хушҳол мешавад.(4)
———————————————————
(3) Рӯзаам-рӯзадорам.
(4) Имом Бухорӣ (1904) ва Муслим (1151) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 3-Аз Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фар-муд:Ҳамоно дар Биҳишт дарвозае аст, ки ба он Райён гуфта мешавад. Дар рӯзи қиёмат танҳо рӯзадорон аз он ворид мешаванд, нидо дода мешавад:Рӯзадорон куҷо ҳастанд? Онгоҳ бармехезанд ва аз он дарвоза ворид мешаванд, пас аз он ки ворид шуданд, дарвоза баста мешавад ва каси дигар аз он ворид намешавад.(5)
———————————————————
(5) Имом Бухорӣ (1896) ва Муслим (1152) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 4-Аз Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ме-фармояд:Ҳаргоҳ моҳи Рамазон фаро расад дарҳои Биҳишт гушуда(6) мешавад ва дарҳои Дӯзах баста мегардад ва шаётин(7) дар банд ва занҷир мешаванд.(8)
———————————————————
(6) Кушода.
(7) Шаётин-шайтонҳо.
(8) Имом Бухорӣ (1898) ва Муслим (1079) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 5-Ва дар ривояти дигар омада (аст):Ҳаргоҳ моҳи Рамазон фаро расад дарҳои раҳмат боз мешавад ва дарҳои Дӯзах баста мегардад ва шаётин ба занҷир кашида мешаванд.(9)
———————————————————
(9)Саҳеҳи Муслим 2\1079.
———————————————————
✍🏻 6-Ва дар ривояти имом Тирмизӣ дар дунболаи ҳадис чунин омадааст:Ва нидокунандае нидо медиҳад. Эй касе, ки хоҳони хайру хуби ҳастӣ ҷилав(10) биё ва эй касе, ки хоҳони шарру бадӣ ҳастӣ даст бардор ва Худованд бандагонеро аз оташ озод мекунад ва ин дар ҳамаи шабҳои Рамазон аст.(11)
———————————————————
(10) Ҷилав-пеш, наздик.
(11) Сунани Тирмизӣ (682).
———————————————————
✍🏻 Ҳамчунон ки гуфтем аҳодиси(12) бисёре дар бораи фазилати рӯза ва моҳи мубораки Рамазон омадааст, ки мо дар инҷо ба ҳамин қадар иктифо мекунем.
———————————————————
(12) Аҳодис-ҳадисҳо.
———————————————————
🌷 Умед аст, ки Аллоҳ тавфиқ диҳад, то ба ин аҳодис амал намоем.
Моро ҳамроҳӣ кунед!👇
https://t.me/asrori_galbho | 0 |
| 16 | Моро ҳамроҳӣ кунед!👇
https://t.me/asrori_galbho | 0 |
| 17 | No text... | 0 |
| 18 | НОМҲОИ НЕКӮИ АЛЛОҲ
АЛ-ЪАЛИМ
٢٤) العَلِيمُ: هو الذي أحاط علمه بالظواهر والبواطن والإسرار والإعلان، والماضي والحاضر والمستقبل، فلا يخفى عليه شيء من الأشياء.
2⃣4⃣ Ал-Ъалим: Илмаш зоҳиру ботин ошкору пинҳон ва ҳозиру гузаштаву ояндаро дар бар гирифта аcт ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад.
Моро ҳамроҳӣ кунед!👇
https://t.me/asrori_galbho | 0 |
| 19 | No text... | 0 |
| 20 | اللهم أعنا علی الصیام و القیام و غض البصر و حفظ اللسان!
Парвардигоро, моро ёрӣ кун бар рӯза гирифтан ва бар барпо намудани намозу бар пойин овардани нигоҳ ва ҳифзи забон. | 0 |
