Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана
Open in Telegram
2 482
Subscribers
No data24 hours
-87 days
-2930 days
Posts Archive
Repost from ТАФАККУР
Чанд факт дар бораи устод Садриддин Айнӣ
1) Гарчанде дар ҳама ҳуҷҷатҳо соли таваллуди Айнӣ соли 1878 қайд шуда бошад ҳам, лекин худи ӯ таъкид мекунад, ки "....дар асл соли 1875 таваллуд шудаам."
2) Садриддин Айнӣ пеш аз тахаллуси "Айнӣ" ро интихоб карданаш бо тахаллусҳои "Муҳтоҷӣ","Ҷунунӣ" ва "Сифлӣ" эҷод кардааст.
3) Нахустин шеъри Айнӣ "Гули сурх" ном дорад, ки онро соли 1895 нависта буд.
4) Устод Садриддин Айни дар нахустин мактаби тоҷикӣ усули нав, ки дар Бухоро, дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим кушода шуд, барои тоҷикбаччагон дарс мегуфт.
5) "Дохунда" аввалин романи Айнӣ ба шумор мешавад.
6) С.Айни нахустпрезиденти АИ ҶШСТ(Ҷумҳурӣ Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон) мебошад.
7) Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100 солагии устод дар тамоми дунё қайд карда шуд.
8) 8 сентябри соли 1997 бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Айнӣ Унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шуд.
Таҳияи Озод Ҳодизода
#донистан_хуб_аст
Ба дӯстон ирсол намо:
👇👇👇
@tafakkur_tjk
📕БИЁ, КИ ФОЛАТ БИНАМ
📖Китоби «Биё, ки фолат бинам» аз ✍️Холиқназар Ҷумъазода маҷмӯи латифаҳо
ва хотироти ҳаҷвиеро дар бар мегирад, ки аз зиндагии воқеӣ ва саргузаштҳои муаллиф, инчунин сӯҳбат бо мардум гирд оварда шудааст.
Нахандеду бинед!!!
📍Метавонед, аз ин ҷо боргирӣ ва мутолиа кунед!!!⤵️
📚Биё, ки фолат бинам
БИЁ, КИ ФОЛАТ БИНАМ
Китоби «Биё, ки фолат бинам» маҷмӯи латифаҳо
ва хотироти ҳаҷвиеро дар бар мегирад, ки аз зинда-
гии воқеӣ ва саргузаштҳои муаллиф, инчунин сӯҳбат
бо мардум гирд оварда шудааст. Нахандеду бинед!!!
Ошноӣ бо шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ (ВИДЕО)
🪙Шуъбаи адабиёти хориҷӣ таърихи 87-сола дорад. Он соли 1938 ҳамчун бахш таъсис ёфта, аз соли 1956 ба сифати шуъбаи алоҳида фаъолият менамояд. Фонди шуъбаи адабиёти хориҷиро беш аз 📚47093 нусха китоб, 26701 маҷалла ва 2549 баста рўзнома бо 63 забони мухталифи ҷаҳон фаро мегирад, ки бештари он адабиёт доир ба фарҳанг, ҷуғрофия, забоншиносиву адабиётшиносӣ, таърих ва дигар илмҳо мебошад.
Ҳамзамон дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ гӯшаи китобҳои 19 кишварҳои узви ИДМ, Аврупо ва Осиё ташкил карда шудааст. Ин гушаҳои китоб асосан ҳамчун туҳфа аз сафоратхонаҳои ин кишварҳо мукаммал гардонида мешавад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ facebook | Telegram 📚Китобҳои электронӣ
ТАҚДИМИ 200 НУСХА КИТОБ АЗ USAID БА КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
Оҷонсии
рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар доираи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ 200 нусха китоб туҳфа намуд.Қисме аз ин китобҳо ба хати брайлӣ (барои нобиноён) ва қисми дигар барои камбинону ношунавоён аст, ҳамчунин барои кӯдакону наврасон низ пешбинӣ шудаанд. Гунаи электронии 10 китоб аз ин силсиларо метавонед дар суроғаи зер бихонед: 🔜"Ҳамроҳ бихонем"
📆Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)
“Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)” идомаи силсилаи “Тақвим”-ест, ки ҳамасола аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мешавад.Китобхонаи миллӣ нашри онро аз соли 1964 оғоз намудааст ва он ҳамасола (ба истиснои солҳои 1993- 1996) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр мерасид. Ҳамчунин, тақвими мазкур дар сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ (www.kmt.tj) дарҷ мегардад... 🔝📆Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)
📆Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)
“Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)” идомаи силсилаи “Тақвим”-ест, ки ҳамасола аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мешавад.Китобхонаи миллӣ нашри онро аз соли 1964 оғоз намудааст ва он ҳамасола (ба истиснои солҳои 1993- 1996) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр мерасид. Ҳамчунин, тақвими мазкур дар сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ (www.kmt.tj) дарҷ мегардад...
ОДАМОНИ МАШҲУР ВА ХАЗИНАИ ОНҲО
🔎АҶОИБОТИ ОЛАМИ КИТОБ
Олими машҳур Д.И.Менделеев дар китобхонаи шахсиаш оиди илмҳои кимиё, физика, агрономӣ, ҷуғрофиё, иқтисод, нақлиёт ва адабиёти бадеӣ зиёда аз 20 ҳазор китобро ҷамъ оварда буд. Ғайр аз ин, дар китобхонаи Д.И.Менделеев беш аз 600 нусха дастхат, мақолаҳои ӯ боқӣ монда буданд.Китобҳои электронӣ
💢5 КИТОБИ ПУРАРЗИШ АЗ ЗАФАР САИДЗОДА ДАР ИРТИБОТ БА КОРНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
📖Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори давлатдории муосири тоҷик
📖 Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
📖 Тоҷикистони муосир; масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ
📖Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон
📖Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
📚Китобҳоро аз бойгонии китобҳои электронӣ дастрас карда метавонед!!!
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК
📖ХАЁЛПАРАСТ
#адабиёти_бачагона
Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мезоид. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! Ҳеҷ коре намекард дар ҷои худ фақат хоб мерафт. Агар дар болояш жола борад ҳам аз ҷояш намехест.Боре занак ба писараш гуфт... Идомаи афсонаро аз пайванди зер бихонед: ⤵️ ХАЁЛПАРАСТ _____________________________________
Repost from Китобхон - کتابخوان
📗 Як китоби хуб баъд аз ду бор хондан беҳтар мешавад ва баъд аз саввумин бор олӣ. Ҳар китобе, ки арзиши ду бор хонданро надошта бошад, куллан арзиши хонданро надорад.Насим Толиб, нависандаи эронӣ “Китобхон”-ро пайгир бошед
📣ДИҚҚАТ!
📣ДИҚҚАТ!
📣ДИҚҚАТ
🔹Дӯстони азиз 🔜шуъбаи илмӣ-методи ва тадқиқотии Китобхонаи миллӣ тасмим гирифтаст бо мақсади муайян намудани сатҳу сифати фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар 📲фазои маҷозӣ, омӯзиши афкори умум роҷеъ ба дастоварду комёбиҳо ва муайян намудани талаботи иттилоотии истифодабарандагон ✔️пурсишномаи маҷозӣ гузаронад.
🔝 Бо иштирок дар пурсишнома саҳми худро дар рушди фаъолияти мо гузоред. Андешаҳои созандаи шумо барои пешрафти кори мо муҳим хоҳад буд.
💢ТАШАККУР БАРОИ ҲАМКОРӢ💢
ДОНИСТАН ХУШ АСТ!
🔉ҲОДИСАИ ҲАЙРАТОВАР ДАР КИТОБХОНА
📅Хамин ҳодиса соли 1957 дар китобхонаи шаҳрии Шефелд ба вуқуъ омада буд. Ба ин китобхона китоберо таҳти унвони «Ҳунарҳои дастии занон» баргардондаанд. Китоби мазкур 47 сол дар дасти хонанда мондааст.
📌Ба ҳамин монанд кормандони китобхонаи Сидней- Сасекс колеҷи Кэмрбриҷ аз як сокини шаҳр китоберо қабул кардаанд, ки вай дар хусуси ба кӣ ва аз кадом китобхона будани китоб тасаввурот надошт. Албатта сабаби ба кӣ додани китобро муайян кардан кори осон набуд. Зеро аз рӯи навиштаи дохили муқова китоб 300 сол қабл ба хонанда дода шудааст.
📕АСАРҲОИ МУНТАХАБ
✍️ШАРИФБЕК АЗИЗӢ
🔹Дар «Асарҳои мунтахаб», ки аз даҳ ҷилд иборат аст, қиссаҳои дохилшуда дар таҳриру иловаҳои нав пешниҳод шудаанд. Яъне адиб онҳоро аз нав қалам зада, суфтаву равон ва боз ҳам ҷолибтар намудаанд. Ҳамчунин як ҳикоя, ду қиссаи бори аввал рўи чоп омада ва чанд мақолаву мусоҳибаро дар атрофи эҷодиёташон низ ҷо додаанд, ки ин ба хонанда писанд хоҳад омад.
Аз суроғаи зерин китобҳоро дастрас намоед:
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 1
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 2
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 3
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 4
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 5
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 6
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 7
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 8
📕Асарҳои мунтахаб ҷилди 9
📕Асарҳои мунтахаб ҷилди 10
📚ХАНДАСАРОЙ📚
Бо дили пур сафҳаҳояшро кушой,
Мешавад мақбули ту «Хандасарой».
💢Чарли Чаплин, ҳунарпешаи маъруф, сухане ҳикматборе гуфтааст: «Рўзе, ки нахандидаем, он рўзи гумкардаи мо дар зиндагист».Ҳаҷвияҳои ✍️Холиқназар Ҷумъазода асосан инъикоси рўзгори кунунии ҷомеа ва вокуниш ба падидаҳои манфӣ ва гоҳе ғайриоддию пандомези он буда, гувоҳ бар мушоҳидакорӣ ва нигоҳи тезбини муаллифашон ҳастанд. Боиси хурсандист, ки латифаю ҳикоёти танзии Ҷумъазода ҳам марбут ба ҳазлия (юмор) ҳастанд ва ҳам ба ҳаҷви иҷтимоӣ (сатира). 🔹Гунаи электронии китоби тозанашри Холиқназар Ҷумъазода "Хандасарой"- ро аз ин суроға боргирӣ ва мутолиа намоед. ⤵️⤵️ 🔜Хандасарой
📚ХАНДАСАРОЙ📚
Бо дили пур сафҳаҳояшро кушой,
Мешавад мақбули ту «Хандасарой».
💢Чарли Чаплин, ҳунарпешаи маъруф, сухане ҳикматборе гуфтааст: «Рўзе, ки нахандидаем, он рўзи гумкардаи мо дар зиндагист».Ҳаҷвияҳои ўХолиқназар Ҷумъазода асосан инъикоси рўзгори кунунии ҷомеа ва вокуниш ба падидаҳои манфӣ ва гоҳе ғайриоддию пандомези он буда, гувоҳ бар мушоҳидакорӣ ва нигоҳи тезбини муаллифашон ҳастанд. Боиси хурсандист, ки латифаю ҳикоёти танзии Ҷумъазода ҳам марбут ба ҳазлия (юмор) ҳастанд ва ҳам ба ҳаҷви иҷтимоӣ (сатира).
❇️Нест аммо дар ду дунё Тоҷикистони дигар...
Метавонӣ ёфт ҳар ҷо хонаву хони дигар,
Метавонӣ кард ҳар ҷо аҳду паймони дигар.
Метавонӣ ёр хондан як замон ағёрро,
Бар фаромӯшӣ супурдан ёди ёрони дигар.
Метавонӣ ҷон фитондан пеши ҳар ҷононае,
Дил ниҳодан, сар супурдан баҳри ҷонони дигар.
Метавонӣ ҳамчу боди булҳавас доман кашӣ
Аз хиёбони дигар сӯи хиёбони дигар.
Метавонӣ ханда кардан, гиря кардан, зистан,
Ҳар куҷо, аммо намеёбӣ Зарафшони дигар.
Метавонӣ як каф аз хоки Ватан бо худ барӣ
Нест аммо дар ду дунё Тоҷикистони дигар...
✍️Озарахш
Карнеад: Файласуфи бекитоби Юнони Бостон
...Карнеад се навъи таассуротро фарқ гузоштааст: қонеъкунанда, санҷидашуда ва устувор. Дар ахлоқ шавқу рағбати зидди равоқии Карнеад ўро ба муҳокимаҳои мусбат дар бораи «хайри олӣ» ба ин натиҷа расонидааст, ки инсон аз рўи имкон бояд аз ҳамаи он неъматҳое, ки табиат барояш эҳдо кардааст, лаззат барад. Ў таълимоти якчанд мактаби фалсафӣ, ҳастии худоёну парастиши онҳо, масъалаҳои тақдир, фолбинӣ, астрология ва ғайраро танқид кардааст Карнеад соли 129-128 то мелод дар Афина вафот кардааст.↪️Файласуфи бекитоби Юнони Бостон
Михаил Каринский – муаллифи асари фалсафии “Таснифи хулосаҳо”
Каринский ҳангоми навиштани хулосаҳо барои таҳқиқи шаклҳои мантиқӣ масъалаи таносуби фикр ва воқеиятро асос медонист, дар ҳоле, ки априоризм ва субъективизмро дар назарияи маърифат танқид мекард. Ин маънои муқобилияти интиқодӣ бо кантгароӣ ва позитивизмро дошт.Каринский таснифи хулосаҳои худро баррасӣ карда, онҳоро аз рўи табақабандӣ ва хулосаҳое, ки дар асоси “муқоисаи мудрикҳо” ва хулосаҳое, ки дар асоси “муқоисаи хабарҳои мантиқӣ” сохта шудаанд, тақсим намуд. Ў дар охирҳои умри худ китоби дарсии файласуфи олмонӣ Э. Селлер “Очеркҳои таърихи фалсафаи Юнон” (1886)- ро таҳрир карда, ду асари худ – “Лексияҳо дар бораи фалсафаи даврони қадим ва нав”, “Бениҳоятии Анаксимандр” (1980) ва мақолаҳои бисёре дар бораи таърихи фалсафа ба нашр расонд.
