cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

الْعَرَبِيَّةُ لِلْجَمِيعِ|عربی برای همه|Арабӣ барои ҳама

تَعَلُّمُ اللُّغَةِ الْعَرَبِيَّةِ بِاللُّغَةِ الْفَارْسِيّةِ (الطَّاجِيكِيَّةِ)| Омӯзиши забони арабӣ бо забони форсӣ - тоҷикӣ آموزش زبان عربی با زبان فارسی - تاجیکی

Show more
Advertising posts
914
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Photo unavailableShow in Telegram
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ Ба зудӣ яке аз суҳбатҳои шайх Усмон ал-Хамис, ки дар бораи РИЗҚ аст, ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда дар шабака гузошта мешавад. Мунтазир бошед.
Show all...
Photo unavailableShow in Telegram
الله أكبر ولله الحمد Пирӯзӣ муборак бошад! Пирӯзии ӯ пирӯзии ислому мусалмонон аст! Ҳар ки тавони дарк кардан дорад, дарк мекунад. Вале ҳар кӣ натавонад ин ҳақиқатро дарк кунад, худро заҳмат надиҳаду моро овора накунаду коментария нанависад.
Show all...
Эрдуғонро бештар бишносед! Вақте дар боло дархост кардам, ки имрӯз дар Туркия интихобот асту дар ҳаққи Эрдуғон дуо кунед, чанд бародаре, ки дар бораи Эрдуғон маълумоти кофӣ надоштанд, омада дар ҳаққи Раҷаб Тайиб Эрдуғон беадабона суҳбат карданд.Ба ҳамин хотир дар ин мақола мехоҳам, то дар бораи Раҷаб Тайиб Эрдугон маълумот диҳам. Эрдуғон мардест, ки Туркияро аз қаъри секуляризми душман ба дину шариат ба илмонияти нисбат ба дин бетараф ва аз куфру фуҷури иҷборӣ ба куфти ихтиёрӣ ва аз бесатрии қонунӣ ба ҳақ пайдо намудан дар сатрпӯшӣ овард. Масҷидҳоеро, ки ба осорхона табдил шуда буданд, дубора дар онҳо садои азонро баланд карду онро пур аз намозгузорон сохт. Ҷомеаи секуляризми Туркия ва низомиёни динситези он, ки сарвазири диндор ва худотарси худ Аднон Мандерисро ба дор овехта буданду олимони динро дар майдонҳо ошкор ба қатл мерасонданд ва касе ҷуръат намекард ҷасади онҳоро гирифта гӯр кунад ва рӯзҳо дар майдон боқӣ мемонданд, ин ҷомеаи аз нигоҳи дину диндорӣ фарсахҳо дурро ба ҷомеае мубаддал сохт, ки дар он имрӯз Муҳаррам Инҷе, Мирал Акшинар ва Клишдар Оғлу, ки сарони секулёри динситезанду адовати дин дар тинаташон реша дораду номзадҳо бар мақоми президентӣ ҳастанд, имрӯз ин тоифа барои ба даст овардани дили мардум ва касби раъйи онон худро шахсони диндор ҷилва дода яке мегӯяд, “ман боре дар умрам шароб нанӯшидаам”, дигаре мегӯяд, “ман ҳанӯз аз ҳафтсолагиам намоз мехонам”...Баъди давроне, ки намозу рӯзаро ору айб ва шаробнӯширо ифтихор медонистанд, ба чунин ҳоли нифоқ расидаанд, ки худро мусалмони ботақво намоиш медиҳанд, то мардум онҳоро пазирад. Онгуна, ки медонем, нифоқ он замоне ба вуҷуд меояд, ки дин қуввату иззат ва диндорон ҳайбат дошта бошанд. Ин мард аз осмон фуруд наомада аст ва иддиои халифаи одили мусалмонон буданро ҳам надорад. Фаришта ҳам нест, ки айбу гуноҳе надошта бошад. Роҳбари диндору хирадманду ҳушманду бозигарест, ки агар чунин намебуд, то имрӯз миёни ин ҳама гургони динситези дохилу хориҷи кишвараш ин ҳама хидматро ба дину дунёи миллат ва уммати Ислом анҷом дода наметавонист. Мардест, ки ба андозаи тавонаш нахуст барои миллаташ, сипас барои умматаш корҳои бузургу назаррасе кардааст ва мехоҳад ин роҳашро идома диҳад. Дар ҳадис омада аст: Ҳар кӣ одамонро (барои хидматҳояшон) шукр нагӯяд, Аллоҳро ҳам шукр намегӯяд”. Инсофу ахлоқи имонӣ ин аст, ки қадри хидмати ӯро донем. Бояд бидонем, ки ҳар касе ба дини мо хидмате кардааст, бевосита ба мо хидмат карда аст. Агар дин бароямон муҳим ва азиз аст. Қабул надоштани иддае ӯро зиёне надорад. Ба адади кофӣ дар олами Ислом мусалмонони зиёде ӯро ба ҷон дӯст медоранду бақои мулкашро орзу доранд. Худованд аз ҳар бандае ба андозаи тавонаш ибодат ва хидмат хоста аст ва барои солеҳ будан дӯстдории ҳама миллатҳоро шарт қарор надода аст. Ҳар кӣ дар ин қазия, яъне дар берун омадани ҳолати динӣ дар Туркия аз ҳолати заъфу шикастагӣ ба иззату қувватмандӣ ва аз ҳолати хории диндорон ба обрӯмандии онон шак дошта бошад, бояд таърихи динии  Туркияи муосирро нигарад. Ва ҳар кӣ шак дошта бошад, ки барои тағйир ин ҳолат ғайри Эрдуғон ва устоди марҳумаш Наҷмиддин Арбакон саҳми бузурге доранд, иштибоҳ карда аст. Биёед нигоҳе андозе ба қиссаи ин мард ва хидматҳои кардаи ӯ ба дину шариат дар Туркия ва берун аз он: Ҳар кӣ хидматҳои ин мардро дида натавонад, бояд ё қалби худ ва ё чашми худро муолиҷа кунад. Дар ин кишвар пеш аз даврони Эрдуғон духтарону занони ҳиҷобпӯш пушти дари мактабу донишгоҳҳо истода ҳаққи ворид шудан ба мактабу донишгоҳро надоштанд. Ин марде, ки дуои неки мазлумону мустазъафони олам ва муҳаббати беназири аксари миллат ва умматаш ҳамроҳи ӯст, пирӯз хоҳад буд.
Show all...
06:50
Video unavailableShow in Telegram
Тарона:_Урдуғон_мазҳари_озодагон_HD.mp423.20 MB
#ТАЪРИХИ_ИСЛОМ Дар чунин шабҳо, хоссатан шаби 29-уми май соли 1453 мил, ҷавоне бо номи Муҳаммад ибни Мурод (ки баъдан ба Султон Муҳаммади Фотеҳ мулаққаб гашт) дар майдони набард дар саҷда буд ва бо зориву тазарруъ барои фатҳи Қустантиния (имрӯза Истамбул) аз Худованд кӯмак металабид. Бо хидмат, заҳмат ва маҳорати фавқулодаи низомии ин абармарди раббонӣ, ки таърихи башарият амсоли ӯро кам дорад, аз соли 1453-и милодӣ то ба имрӯз яъне 570 сол инҷониб дар ин шаҳр нури Қуръон мунаввар, садои азон баланд ва парастиши Худованди Якто сурат мегирад. Ҳама одамон вориди таърих мешаванд, вале касоне, ки маҷрои таърихро иваз мекунанд, адади андаке ҳастанд. Муҳаммади Фотеҳ аз он андаке буд, ки маҷрои таърихро иваз кард. Султони усмонӣ, Муҳаммад писари Мурод мулаққаб ба “Фотеҳ” ва “Абулхайрот”, ки милоду вафоташ 833-886 ҳиҷ/ 1481-1429 мил, аст. Дӯстони гиромӣ! Аз Искандару Наполёну Матрос... шанидаеду филмҳо дидаед...вале оё медонед, ки Султон Муҳаммади Фотеҳ, халифаи усмонӣ вақто камари Қустантин (Константин XI Палеолог)-ро шикаст ва лашкари заминӣ ва баҳрии пурзӯри ӯро ба замин афканд, ҳамаги 21 сол дошт. Иллат дар ин аст, мо ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ на аз фотеҳони бузурги Ислом, балки аз истилогарони фаронсавиву русӣ мешунавем. Агар танҳо аз яке нашунидану аз дигаре шунидан буд, кори осон буд, вале қасдан аз истилогарони рус дар зеҳни мо қаҳрамонҳои бемислу назир месозанду хиёбонҳои мо ба номи онҳо номгузорӣ мешавад ва фотеҳони Исломро шахсони бераҳму ғосибе намоиш дода мешавад. Барои оммаи мардум фотеҳонро истилогарони ғосиб, ҳомиёни ватани хешро босмачӣ ва фотеҳони ҳақиқиро истилогар муаррифӣ кардаанду мекунанд. Чунин амал сурат мегирад, то мусалмон аз абармардон ва фотеҳони дини худ ҳамчун Муҳаммади Фотеҳу Салоҳиддини Айбӣ... бехабар ва бо Ленин ва амсоли ӯ ошнотар бошад. Дар китобҳои таърихии пур аз таҳрифи муосир чун сухан аз футуҳоти исломӣ равад, дар унвони бобҳову фаслҳои Шумо ибораҳои: "Ҳуҷуми истилогарони араб ба осиёи миёна", "Аз тарафи Арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр"-ро мебинед. Вале агар сухан дар бораи ҳуҷумҳои ленинӣ равад, Шумо ибораи "зебои": "Ба Россия ҳамроҳ шудани осиёи миёна"-ро мебинед. :) Фотеҳони араб, ки ёрони Паёмбар (с) ва чунон мардони раббонӣ буданд, ки бо ваҳйи осмон аз забони Паёмбар (с) ба Биҳишт мужда дода шуданд ва ҳадафашон ба аҳли олам паёми Худовандро расонидан буд, гӯё мулки моро ба зуру зулм гирифта буданду моро ба иҷбор мусалмон карда буданд, вале гӯё генералҳои лашкари ғосиби ленинӣ наҷотдиҳандагони аҳли олам буданд, ки ҳаминки мо онҳоро аз дур дидем, сӯи оғӯши онҳо давида ба ихтиёри худ ба Руссия "ҳамроҳ" шудем. :) Худованд аз Муҳаммади Фотеҳ розӣ бошад ва амсоли ӯро дар уммат биофараду теъдодашонро биафзояд.
Show all...
Photo unavailableShow in Telegram
{هَـٰذَا خَلۡقُ ٱللَّهِ فَأَرُونِی مَاذَا خَلَقَ ٱلَّذِینَ مِن دُونِهِۦۚ بَلِ ٱلظَّـٰلِمُونَ فِی ضَلَـٰلࣲ مُّبِینࣲ} [لقمان: ۱۱] Ин офариниши Худо аст, пас ба Ман бинамоед: онон, ки ба ҷуз Ваянд, чӣ чиз офариданд? Балки ситамкорон дар гумроҳии зоҳиранд. Инҳо шоху барг нестанд, балки ҳашарот ҳастанд...
Show all...
03:41
Video unavailableShow in Telegram
من أجمل أناشيد الذي سمعت المنشد: أبو علي في وصف اللغة العربية😍
Show all...
لغة_القرآن_موسى_العميرة_YyCb24i9u5A_135.mp411.54 MB
ℹДустони азиз! Канал ба зудӣ фурӯхта мешавад. Шахсе, ки каналро мехарад, ин ша Аллоҳ дарсҳои арабиро дубора шурӯъ мекунад.
Show all...
01:19
Video unavailableShow in Telegram
"Бузургтарин дарсе, ки аз уламо омухтам, ин буд, ки онҳо бо вуҷуди доштани зиёдтарин илму дониш боз ҳам хоксортарин ва меҳрубонтарин инсонҳо буданд." ✍Ибни Аббоси Сонӣ ❤Бор илоҳо! Уламо ва донишмандони моро ҳифз намо!
Show all...
13.34 MB
01:19
Video unavailableShow in Telegram
"Бузургтарин дарсе, ки аз уламо омухтам, ин буд, ки онҳо бо вуҷуди доштани зиёдтарин илму дониш боз ҳам хоксортарин ва меҳрубонтарин инсонҳо буданд." ✍Ибни Аббоси Сонӣ ❤Бор илоҳо! Уламо ва донишмандони моро ҳифз намо!
Show all...
13.34 MB
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.