cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

🏡Хуфар- зодгоҳи мо🇺🇿🏢🏙

Хуфар дунëи ман дороии ман! Дар ин шабака: ✍ Шеъру-Ғазалҳо 📝 Таронаҳои дилфиреб 🌌 Аксҳои зебо 📖 Қиссаҳои ҷолиб 🎥 Наворҳои беҳтарин Шабакаи мо : @xufaram

Show more
Uzbekistan35 724The language is not specifiedThe category is not specified
Advertising posts
371
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Ба сад уммед ҳар дам гирди он девору дар гардам, Басе уммедворам ,оҳ гар навмед баргардам, Чи ҳусн аст ин, ки аз як диданат девона гардидам, Биё ,то бори дигар бинаму девонатар.гардам . Чу он маҳ фитна шуд дар шаҳр ,ман хам оқибат рӯзе, Шавам овораву ҳар дам ба саҳрои дигар гардам. Худоро ,инчунин зуд аз сари болини ман магзар, Даме бинишин ,ки бархезам ,туро бар гирди сар гардам. Заҳр дар ком дар кӯи туву ҳамчун сагам ронди, Саги кӯи туам,то чанд , ё раб, дар ба дар гардам. Хабар мепурсам аз ҷонон ,вале ногаҳ агар рӯзе, Аз ӯ кас то хабар гӯяд, ман аз худ бехабар гардам. Ҳилоли, чун сипаҳ ангехт ишқи он камонабрӯ, Ба майдон ояму тири маломатро сипар гардам. Бадриддин Ҳилолӣ.
Show all...
Show all...
Log in to Facebook

Log in to Facebook to start sharing and connecting with your friends, family and people you know.

"МО ТАҶРИБА КАРДЕМ,КАСЕ ЁРИ КАСЕ НЕСТ" Фарёд макун банда,ки фарёдрасе нест, Ишқе, ки миёни "ман"-у "мо" ҷуз ҳавасе нест. Аллоҳ фақат ёри туаст,ёр чи ҷуйӣ? "Мо таҷриба кардем,касе ёри касе нест"! Ҳаргиз нашавад ҳеҷ касе маҳрами асрор, Якруй куҷо одаму ку ёри вафодор? Имрӯз ба ту рози муҳаббат бикушояд, Фардо нигарӣ ёр ба сад ёри дигар ёр. Эй зан ту даво аз ҳарами дард чи ҷуйӣ? Рушаназарӣ аз маҳи шабгард чи ҷуйӣ? Мардони вафодор ба шуморанд, наёбӣ,, Мардиву вафодори зи ҳар мард чӣ ҷуйи? Чун ной макун нола Масеҳонафасе нест, Дар саҳна ҳунарманд ба ҷуз булҳавасе нест. Ҷуз дасти тару домани тар ҳеҷ набини, "Мо таҷриба кардем,касе ёри касе нест"! Бону Саида Мухидинзода
Show all...
ЗИНДАГИРО МАН ЧӢ КАРДАМ? Зиндагиро ман чӣ кардам?- Хуш азобам додааст, Сафҳае аз шодию аз ғам китобам додааст. Зарбаҳои зиндагонӣ сангҷонам карда лек, Мисли муй дар оташи худ печутобам додааст. Дар лаби баҳри вафо лабташнааст,бечора дил, Аз ҳамин баҳри дамон як қатра обам додааст. Бахти хоболудаам,сарро зи болин барнадошт, Чашми бедори маро дунёи хобам додааст. Бо ҳама ғаввосиям бар сар барам дасти фусус, Ҷои гавҳар зиндагӣ кафку ҳубобам додааст. Аз паи бедардиҳо пойи пиёда меравам, Як саманде баҳри ранҷаш бар шитобам додааст. Мавҷи оромӣ надорад,умри тӯфонии ман, Тугмаеро баҳри бонги изтиробам додааст. Бону Саида Муҳиддинзода
Show all...
👏👏👏👏👍👍👍👍
Show all...
СУОЛИ БЕПОСУХ Бе ман ҳам осмон ба низоми куҳан бувад, Бе ман ҳам офтоб нафас медамад ба хок. Бо ман ҳам ахтарон зи табу тоб метапад, Бе ман ҳам ин ҷаҳон гунаҳолудаасту пок. Пас, эй Худо, маро ту чаро офаридаӣ?! Бе ман ҳам ояд ишвакунон ҳурии баҳор, Ёбад аҷибтар зи манеро азизи ман. Дунёи ӯ зи хандаи бегона пур шавад, В-андар димоғи ӯ бизанад буӣ ёсуман. Бе ман ҳам атри тифл ба гаҳвора ошност, Бе ман ҳам умр ғайри тулӯву ғуруб нест. Як мижжа ҳам намехурад аз шӯри маҳшара, Охир бигӯ, рисолатам, эй кирдугор, чист?! Дорам талош аз паи исботи худ, вале Дунё ба ранги асл бимонад чунон ки буд. Вой аз чунин вуруду видое, ки дар ҷаҳон Чизе ба қадри зарра на кам гашту на фузуд. Ҳарчанд, ки зи будани худ шукр мекунам, Оҳ, эй Худо, барои чӣ буд офариданам? Фарзона.
Show all...
Show all...
ТАРОНАИ ГУЛОБИИ ФАРЗОНА ВА ЛОЛА АЗИЗОВА

Наворе, ки Шуморо ба дунёи ҷавонии Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Лола Азизова мебарад. Дар навори мазкур ду навниҳолаке, ки акнун гомҳои худро ба дунёи фарҳангу адаб гузошта истодаанд, дар бобати ҳаёт ва фаъолият ва орзуҳои худ сухан меронанд ва бубинед, ки акнун ҳардуи онҳо ба унвони шоираву сарояндаи маҳбуби кишвари маъруфанд. Азизонро даъват менамоем, ки лаҳзае чанд ба дунёи зебои фарҳангу адаб ворид гарданд. Дӯстони азиз, лутфан, ба саҳифаи мо пайравӣ намоед, шарҳҳо гузоред. Барои мо ҳар як сухани Шумо муҳим аст. Линки саҳифаи мо: Ба азизон тамошои хуш! #фарзона #лола азизова #озарахш #шеърутарона

Тамоми саҳфаҳои хотиротам, Пур аз ишқу каломи дӯстдорист. Дилам лабрези меҳру орзуҳост, Ду чашмам пур зи ашки интизорист. Вале ту бехабар аз ҳолу рӯзам, Ба дунболи каси дигар равонӣ. Намепурсӣ дигар аз ҳоли зорам, Шудам хаста аз ин номеҳрубонӣ. Ту то кай медиҳи ранҷу фиребам, Ту то кай ин диламро месӯзонӣ. Аз он рӯзе, ки дил додам ба ту вой, Надидам лаҳзаҳои шодмонӣ. Ҳамехоҳам туро созам фаромӯш, Туро бояд зи қасри дил биронам. Худоё, қудратам деҳ то аз ин пас, Бидунаш зиндагонӣ карда тонам. Руъё🌼
Show all...
در شعر و بیتِ هر غزلم آشکار شو با خاطرات چشم ترم یادگار شو امشب بیا به زخم تنم چون طبیب باش چشمان بی قرار جنون را قرار شو یک شب بیا برای دلِ غصه دار عشق با من بمان و یک نفسی ساز گار شو بی نای روزگارم و دلخسته ی دیار با یک نگاه ، حال مرا چون بهار شو در باغ آرزوی خیالم همیشه ای باز آچو سیب سرخِ در این شاخه سار شو من در وصال عشق تو دلداده ام ز دست دلخسته ام به عاشق رنجیده یار شو ای غم برو که تاب و توانی نمانده است اینک تو در هوای مرادش دچار شو ✍ داکتر سعیدی مفعول فاعلات مفاعیل فاعلن
Show all...