Technokor
Open in Telegram
Хабарҳо ва баррасиҳои технологӣ! Дар ин ҷо шумо метавонед бо навгониҳои охирини гаҷетҳо, маслиҳатҳои муфиди нармафзор, ахбори ҷаҳони IT ва бисёр чизҳои ҷолиби дигар ошно шавед.
Show more998
Subscribers
No data24 hours
-387 days
-5930 days
Posts Archive
998
Як фикри имрӯз:
Мо имрӯзҳо ҳама видеоҳои кутоҳро тамошо мекунем, аммо барои тамошои видеоҳои дарозро тобу тоқат надорем.
Сабр, ки барои видеои дароз намерасад, барои матн хондан басанда нест.
Вақте матн намехонем, китоб нахонданамон аниқ.
Бе видеои дароз ва китобҳо ягон чиз омӯхта наметавонем.
Бе дониш мушкилиҳои дар зиндагӣ пайдо шударо ҳал карда наметавонем.
Барои аз мушкилиҳо гурехтан видеоҳои кӯтоҳтро тамошо мекунему мешинем.
998
Дар YouTube шарҳҳои овозӣ пайдо мешаванд.
Ҳоло ин хусусият бо якчанд блогерони бузурги англисӣ озмуда мешаванд ва маълум нест, ки кай ва барои ҳама оғоз мешаванд.
Ба фикри шумо, оё ин хусусияти зарурӣ аст?
998
Ин видеоро дида дилатон аз филмҳо намонад, филмсозон кӯшиш мекунанд, ки бо риски паст ва хароҷоти кам филм созанд.
998
Видеои рӯз: Waymo robotaxi бо сабаби хатогии техникӣ дар як нуқта дар Сан-Франсиско давр мезанад.
Сабабҳои ин рафтор то ҳол маълум нест, вале хушбахтона, ки дар кабина мусофирон набуданд. Худи ширкат аллакай ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода, ваъда додааст, ки навсозиро нашр хоҳад кард, ки аз ин дар оянда пешгирӣ мекунад.
998
Гукеш Доммараҷуи 18-сола аз Ҳиндустон ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон дар таърихи шоҳмот шуд - ӯ рекорди Гарри Каспаровро, ки дар 22-солагӣ ба ин унвон гирифт, шикаст дод.
Ин бача дар финал бар шохмотбози чинӣ Дин Лижэнем бо ҳисоби 7,5:6,5 пирӯз шуд. Бозии онҳо аз 25 ноябр то 12 декабр идома кард ва пас аз ходи 58-ум ба анҷом расид.
998
+2
Дар кӯчаҳои Америка лавҳаҳои таблиғотӣ пайдо шуданд : "мардумро ба кор қабул накунед", "кормандони сунъӣ аз кору маош ва зиндагӣ шикоят намекунанд", "онҳо розиянд, ки дар як ҳафта 70+ соат кор кунанд".
Ин кори як ширкат будааст, ки бо сохтани зеҳни сунъӣ машғул аст.
998
+1
Як бача аз Чин дастгоҳи пурқувваткунандаи сигнали Wi-Fi фармоиш дод ва як қуттии холӣ бо 4 антенна ва лампаҳо гирифт.
Ана ин технологияи бераҳмаш😄
998
Қариб ҳамаи мошинҳои нави премиум дар Русия ҳоло Чинанд - то охири соли 2024 онҳо 80% бозорро ишғол карданд.
998
Google чипи квантии Willow-ро муаррифӣ кард, ки дар он ҳисобҳо "дар якчанд олами параллелӣ" сурат мегиранд.
Чип метавонад вазифаҳоеро иҷро кунад, ки суперкомпютерҳо дар тӯли 10,000,000,000,000,000,000,000,000 сол (зиёда аз синну соли Коинот) иҷро карда метавонанд, аммо ин чип бошад дар панҷ дақиқа иҷро мекунад.
Дар оянда онҳо нақша доранд , ки онро барои эҷоди технологияҳои нав, доруворӣ ва манобеъи алтернативии энергия, инчунин омӯзиши AI истифода баранд.
Willow
998
Садҳо дронҳо дар Чин ба далели як хатогии техникӣ ва канда шудани алоқа бо дрон дар осмон аз назорат дур шуданд.
Аммо ҳамаш болои об омада афтиданд ва касе осеб надидааст.
998
Моҳвораҳои Starlink дар кайҳон чарида гаштиянд.
Ҳоло аллакай зиёда аз 6700-тои онҳо мавҷуданд — ин зиёда аз 60 фоизи ҳамаи спутникҳои фаъол дар кайҳон мебошад. Дар ояндаи наздик ба кор андохтани дастгоҳҳои насли нав дар назар аст, ки суръати интернети моҳвораиро 10 маротиба - аз 100 Мбит/с ба ҳисоби миёна то 1 Гбит/с метезонад .
998
Чиниҳо бунёди камарбанди сабзи 3000-километриро дар атрофи биёбони бузургтарини кишвар, биёбони Такламакан ба анҷом расониданд, ки дар тӯли 46 сол 600 000 нафар дар он кор мекарданд.
Акнун минтақаҳои атрофро аз тӯфонҳои чангу ғубор муҳофизат карда, аз ворид шудани қум ба онҳо ҷилавгирӣ мекунад, ки бояд ба иқлим, кишоварзӣ, минтақа ва саломатии сокинон таъсири мусбӣ расонанд.
998
Барои умри батареяи электромобилҳоро зиёд кардан ин тавсияҳоро иҷро кардан лозим.
⚠️Функсияи зарядгирии максималиро аз 100% ба 80-85% фароред. Аз 80% то 100% заряд сабаби зиёди деградатсия шуда метавонистааст.
⚠️ Нагузоред, ки заряд аз 20% поён фарояд, яъне тез-тез заряд монда истед.
⚠️ Як сабаби дигари паст шудани қувваи батареяи электромобилҳо ин дар ҷои гарм бо заряди баланд гузоштани мошин аст. Яъне бо заряди баланд дар гаражи гарм ё ҷои офтобӣ мошинро нагузоред.
998
Ҷопониҳо дар Токио ба ҳафтаи 4-рӯзаи корӣ мегузаранд - 170 000 хизматчии давлатӣ аз моҳи апрел ҳафтае 3 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Волидон инчунин мукофот мегиранд - ҳар рӯзи корӣ 2 соат кӯтоҳтар.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо ин роҳ одамон камтар корзада, беҳтар хоб мекунанд ва бештар кор мекунанд.
998
+3
Ҳиндустон ва Аврупо якҷоя як моҳвораеро барои гирифтани пеши офтоб фиристоданд.
Яке аз аппаратҳо Офтобро рупуш мекунад, дигариш бошад ба олимон имконият медиҳад, ки мушоҳидаҳои пештар дастнорас будаи хусусиятҳои офтобро нагзтар омӯзанд ва ғайра.
Онҳо дар кайҳон 5 солро мегузаронанд ва баъд аз он дар атмосфера месузанд. Арзиши миссия: € 200 миллион
