Technokor
Open in Telegram
Хабарҳо ва баррасиҳои технологӣ! Дар ин ҷо шумо метавонед бо навгониҳои охирини гаҷетҳо, маслиҳатҳои муфиди нармафзор, ахбори ҷаҳони IT ва бисёр чизҳои ҷолиби дигар ошно шавед.
Show more998
Subscribers
No data24 hours
-387 days
-5930 days
Posts Archive
998
Фиребгарон бо истифода аз тӯҳфаҳои солинавӣ дар шакли премиум Telegram маълумотро ба таври оммавӣ дуздидаанд
Чунин паёмҳои ҳамлагарон дорои истиноди фишинг мебошанд. Агар шумо онро клик кунед, ҳисоби шахс дуздида мешавад.
Оила ва дӯстони худро огоҳ кунед
998
Истифодаи воқеан муфид барои роботҳо дар кӯҳҳои Чин пайдо шуд - ҳоло онҳо дар хориҷ кардани партовҳо дар он ҷо кӯмак мекунанд.
998
"Солҳои 2025-2030 - солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад "
28.12.2024
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
998
Чин бузургтарин киштии боркаши ҷаҳонро сохт, ки дар обҳои қутбӣ кор кунад - он метавонад то 58 000 тонна боркашӣ кунад ва дар байни яхбандӣ шино кунад.
Киштии Фан Чжоу 8, ки 256 метр дарозӣ дорад (зиёда аз ду майдони футбол), суръати беш аз 15 гиреҳ (~28 км/соат) мерасад ва бидуни пур кардани сӯзишворӣ тақрибан 30 000 километрро тай мекунад ва дар ояндаи наздик ба кор шурӯъ мекунад.
998
Дар Якутия ҷасади мамонт зиёда аз 50 ҳазор сола ёфт шуданд - ин ҳафтумин дар чунин ҳолати хуб дар таърих мебошанд.
Сокинони маҳаллӣ тасодуфан ба ҷасад дучор шуданд - он аз санги гудохта берун мебаромад. Дар тамоми ҷаҳон қаблан ҳамагӣ шаш ҷасади мумиёшудаи мамонт ёфт шуда буданд - панҷтояш дар Русия ва якто дар Канада.
998
Дар Русия зангҳо тавассути мессенҷерҳо мумкин аст "бо сабаби афзоиши фаъолияти қаллобон" блок карда шаванд.
998
Яке аз функсияҳои беҳтарини Эсхата онлайн.
Дигар ҳамёнҳои бонкҳо ҳам медоштанд хело дар хуб мешуд, чун шумо ҳар моҳ даромаду хароҷотҳо худро ба осонӣ фаҳмида метавонед.
998
Дар мошинҳои шаҳри Душанбе чунин видеорегистраторҳо пайдо шудаанд.
Мегӯянд, ки аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 (ҳазор) адад чунин видеорегистратор оварда шудааст.
Онҳо ҳама қоидавайронкуниҳоро сабт намуда, наворро дарҳол ба милитсия равон мекунанд.
998
YouTube видеоҳое, ки сарлавҳаҳои кликбейт доранд удалит мекунад.
Кликбейт чист?
Мисол дар сарлавҳа ягон гапои воҳима а дар худи видео ягон гап нест дар он бора.
998
Дар кӯҳҳои Алп-и Швейтсария нишебтарин роҳи кабелӣ дар ҷаҳон кушода шуд - бо нишебии 159,4%.
Дарозияш 1,2 км деҳаи куҳии Мюрренро дар баландии 775 м бо Штехелберг дар каъри води мепайвандад. Ҳар ду кабина 85 нафарро гирифта метавонад ва сафар ҳамагӣ 4 дақиқа вақтро мегирад.
998
#Фикрирӯз
AI ё зеҳни сунъӣ аллакай таъсири ҷидди дар ҷанбҳои гуногуни ҳаёти мо дорад.
Маҳоратҳое, ки AI ба осони аз дасти мо гирифта метавонад:
1. Воридкунӣ ва коркарди маълумот:
- Автоматизатсияи воридкунӣ, коркард ва тaҳлили маълумоти зиёд.
2. Хизматрасонӣ ба мизоҷ:
- Чат-ботҳо ва ёварҳои виртуалӣ метавонанд пурсишҳои соддаи клиентҳоро дарҳол анҷом диҳанд, маълумот пешкаш кунанд ва муаммоҳои стандартиро ҳал кунанд.
3. Тарҷумаи матн ва суҳбат:
- Системҳои тарҷумаи мошинӣ метавонанд матн ва суҳбатро бо дараҷаи баланд анҷом диҳад, тарҷумонҳои инсонӣ барои вазифаҳои содда кам мешавад.
4. Ҳисобдорӣ ва молия:
- Автоматизатсияи вазифаҳои ҳисобдорӣ, чун қайдкунӣ, тайёр кардани ҳисоботҳо ва коркарди транзаксияҳо, бо ёрии AI анҷом дода мешавад.
5. Маркетинг:
- AI метавонад маълумоти дар бораи рафтори истеъмолкунандагонро таҳлил кунад, пешгӯӣ кунад ва кампанияҳои маркетингиро оптимизатсия кунад.
Маҳоратҳое, ки бо AI камил карда мешаванд:
1. Касбҳои эҷодӣ:
- Албатта AI метавонад корҳои ҳунарӣ, мусиқӣ ва матнҳоро таҳия кунад, аммо эҷодиёти инсонӣ ҳанӯз ҳам барои таҳияи асарҳои ягона ва арзишманд зарур аст.
2. КАсбҳое, ки талаби ҳамдардӣ мекунанд:
- Коргарони иҷтимоӣ, равоншиносон ва ҳамширагон ва дар ҷое, ки дараҷаи баланди ҳамдардӣ ва фаҳми инсонӣ талаб мекунанд, онҳоро дар асоси AI иваз кардан мушкил аст.
3. Масъалаҳои таҳлили мураккаб:
- Албатта AI метавонад маълумоти зиёдро коркард кунад, аммо таҳлили инсонӣ ва тафсир кардани натиҷаҳо барои гирифтани қарорҳои стратегӣ аксар вақт зарурӣ аст.
4. Раҳбарӣ ва мудирият:
- Раҳбарӣ, тайёр кардани стратегияҳо ва гирифтани қарорҳо, талаби фаҳми инсонӣ, эҷодиёт ва қобилияти мутобиқ шудан ба вазъиятҳо ҳархела
5. Тадқиқоти илмӣ:
- AI метавонад дар ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот кумак кунад, аммо назорати инсонӣ, фикри танқидӣ ва эҷодиёт барои пешрафти илм зарурӣ аст.
Дар умум, AI метавонад вазифаҳои такрорӣ ва рутиниро автоматизатсия кунад, аммо маҳоратҳои инсонӣ, ки ба эҷодиёт, ҳамдардӣ ва тaҳлили мураккаб марбутанд, ҳанӯз ҳам ивазнашаванда мебошанд.
998
Ҷеки Чан ба кор бармегардад - аввалин трейлери "The Karate Kid: Legends"
Дар филм ҳам қаҳрамонҳои асли солҳои 80-ум ва ҳам ремейк, ки соли 2010 ба навор гирифта шудаанд, иштирок хоҳанд кард.
Нахустнамоиши ҷаҳонӣ - 30 майи соли 2025.
998
Google видеонейросети Veo 2-ро бо сифате баланд намоиш дод, ки дар шабакаҳо онро аллакай беҳтарини беҳтаринҳо номидаанд - фарқ кардани видеоҳояш аз наворбардории воқеӣ, воқеан душвор аст.
Ҳоло дастрасӣ танҳо ба шумораи маҳдуди озмоишгарон дода шудааст, аммо дар соли 2025 ваъда дода мешавад, ки технология дар YouTube Shorts ва дигар хидматҳо барои ҳама пайдо мешавад.
998
Вақте чубро алов мекунем як овози форами оромкунанда медиҳад, шунидаед? Махсусан агар шабона бошад.
Ина ҳамон овоз бо микрофонҳои махсус сабт карда шудааст.
