Technokor
Open in Telegram
Хабарҳо ва баррасиҳои технологӣ! Дар ин ҷо шумо метавонед бо навгониҳои охирини гаҷетҳо, маслиҳатҳои муфиди нармафзор, ахбори ҷаҳони IT ва бисёр чизҳои ҷолиби дигар ошно шавед.
Show more998
Subscribers
No data24 hours
-387 days
-5930 days
Posts Archive
998
78% кормандони NVIDIA ба шарофати саҳмияҳои ширкат миллионер шуданд
Аксарияти кормандони NVIDIA - 78% - аз саҳмияҳои ширкат зиёда аз 1 миллион доллар ба даст овардаанд ва ҳар як шахси дуюм дорои беш аз 25 миллион доллар аст
998
iPhone аломатгузории махсус аз рӯи минтақа дорад шумо инро медонед
LL/A: ИМА
RU/A: Русия
EU/A : Аврупо
CH/A: Хитой
CHA/A: Африқои Ҷанубӣ ва ғайра.
Ҳарфи охирин (A) навъи дастгоҳ аст. аксар вақт истифода мешаванд:
A — дастгоҳ ба савдои чакана фурухта мешавад.
B - дастгоҳи ивазкунанда (аз нав сохташуда).
C - моделҳои намоишӣ барои мағозаҳо
Мегӯянд телефоне, ки барои бозори CH/A: Хитой баровардааст, тибқи шартномаҳои ду давлат зеҳни сунъии iPhone кор намекунад.
Касе инро тасдиқ мекунад? Рости ман ҳаминхел шунидам, аммо дурустиашро намедонам.
998
Кор дар сохтмони метро дар Душанбе имсол оғоз мешавад
Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, ки имсол дар Тоҷикистон кор дар сохтмони метро оғоз мешавад. Қарор аст, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2025 ба анҷом расад ва тарҳи дақиқи сохтмони метро дар моҳҳои июн-июл оғоз шавад.
Хатти аввали метро дар Душанбе аз канори ҷануби шаҳр ба марказ то сирки давлатӣ бунёд мешавад, ки дарозии он 10,5 километр хоҳад буд. Минтақа релефи мувофиқ дорад ва сохтмони хатти он ҷо бехатарии роҳро таъмин хоҳад кард, қайд мекунад департамент.
Ёддошти тафоҳум дар бораи тарҳрезии метро дар Душанбе аз ҷониби Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва раиси ширкати миллии роҳи оҳани Ҷумҳурии Корея Ким Хан Ён моҳи марти соли 2022 ба имзо расида буд.
Сохтмони метро дар кишвар низ дар барномаи давлатии рушди маҷмааи нақлиёт то соли 2025, ки соли 2011 қабул шудааст, пешбинӣ шудааст.
998
Repost from Азия-Плюс | Все новости Таджикистана и мира
Хотелось бы быть в авангарде списка, но, увы.
998
+3
Ин бузургтарин ва пуриқтидортарин муҳаррики баҳрӣ дар ҷаҳон аст, ки дар бузургтарин киштиҳои контейнеркашон насб карда шудааст.
Sulzer rt-flex96С аз ҷониби ширкати Финландиявӣ Wärtsilä дар корхонаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон истеҳсол карда мешавад. Қариб 110 ҳазор қувваи аспро дорост. Дар як рӯз то 250 тонна дизелро месӯзонад, ҳамчун як бинои панҷошёна баланд аст.
998
Агар ба касе характеристикаи шабакаҳои иҷтимоӣ лозим бошад мана марҳамат:
- Агар Шумо худро аз будатон зиёд нишон додан хоҳед, ҳаёти лакшриро дӯст доред ба Instagram марҳамат кунед.
Агар Шумо ҷангу ҷанҷол ва ғайбату негативу худро доно нишон дода хоҳед ба Facebook гузаред.
Агар Шумо соҳибкасбеду соҳиби бизнес ҳастеду ва мехоҳед боз пеш равед ба Linkedin марҳамат кунед.
Агар Шумо коргари офис ҳастеду ҳаррӯз дар 10 гурӯҳ ҷавоб додан лозим ояд ва проблемаҳои кориро ҳал кардан хоҳед бе Telegram наметавонед.
Агар Шумо ҷавон ҳастеду донишҷӯ бошеду хоҳед донишатонро зиёд кардан хоҳед YouTube ба шумо кӯмак мекунад.
Агар ғирт бекорчиву вақту умри худро чихел гузарониданро надонед TikTok скачат кунед вай худаш медонад бо вақти шумо чи кор карданро😄
Дӯстон ин фикрҳои субективӣ буданд сахт нагиред🫡
998
Repost from N/a
Агар ба касе характеристикаи шабакаҳои иҷтимоӣ лозим бошад мана марҳамат:
- Агар Шумо худро аз будатон зиёд нишон додан хоҳед, ҳаёти лакшриро дӯст доред ба Instagram марҳамат кунед.
Агар Шумо ҷангу ҷанҷол ва ғайбату негативу худро доно нишон дода хоҳед ба Facebook гузаред.
Агар Шумо соҳибкасбеду соҳиби бизнес ҳастеду ва мехоҳед боз пеш равед ба Linkedin марҳамат кунед.
Агар Шумо коргари офис ҳастеду ҳаррӯз дар 10 гурӯҳ ҷавоб додан лозим ояд ва проблемаҳои кориро ҳал кардан хоҳед бе Telegram наметавонед.
Агар Шумо ҷавон ҳастеду донишҷӯ бошеду хоҳед донишатонро зиёд кардан хоҳед YouTube ба шумо кӯмак мекунад.
Агар ғирт бекорчиву вақту умри худро чихел гузарониданро надонед TikTok скачат кунед вай худаш медонад бо вақти шумо чи кор карданро😄
Дӯстон ин фикрҳои субективӣ буданд сахт нагиред🫡
998
Телефони нав аз Xiaomi дар соли 2025 — Redmi Turbo 4 бо функсияи гарм кардани батарея барои кори муътадил дар хавои хунук.
Дорои 6.67″ OLED-матритса ба 120 Гц, чип MediaTek Dimensity 8400-Ultra батареяи 6550 мАс зарядкаи 90 Вт, ва ҳимоя аз об IP68 ва камераи 50+8 Мп.
Нарх — аз ¥1999
998
Cудяҳо аз Флорида Quest 2 VR-ро ба бар карданд, то лаҳзаи ҳодисаро аз назари ҳамлагар дубора бубинанд.
Мигел Албизаро ба таҳдиди марг бо силоҳ айбдор мекунанд, аммо вакили мудофеъи ӯ иддао дорад, ки ин дифоъ аз худ будааст.
Барои исботи гуноҳаш, ӯ аз таҳиякунанда як симулятсияи VR-ро фармоиш дод, то судя онро дубора зинда кунад.
998
#фикрирӯз
Дар замони имрӯзаи мо барои эътибори инсон ҷанг рафта истодааст, ресурси қиматарин ин эътибор, яъне вақти мову шумо аст.
Ҳозир эътибори мо ба ҳама лозим,
ба куҷо нигоҳ кунед ҷаҳду талошҳо барои эътибори шуморо ҷалб кардан равон шудааст, ба як дунёе, ки маркетологҳо сохтаанд зиндагӣ карда истодаем.
Қурбони ин ҳама талошҳо вақт шуда истодааст, ки он барои мо хело маҳдуд аст.
Бинобар ин нафарое, ки дар телевизион, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ҳархел платформаҳо контент мекунед, ба вақти сарф кардаи тамобошини худ масъул ҳастед.
Бо ҳархел баҳонаҳо одамон худашон тамошо мекунанд, интихоб дар дасти онҳост, хоҳанд тамошо кунанд, нахоҳанд не гуфта ҷавобгариро аз сари худ дур карда наметавонед.
Вақте дар сомонаҳои иҷтимоӣ видео ё ҳар намуди контент мегузоред дар бораи таъсири он, аҳмияти он, манфияти он барои дигарон камтар бошад ҳам фикр кардан даркор.
Чунки он видеои гузоштаи шумо вақти қиматбаҳои касеро беҳуда бе ягон арзиш, бе пул гирифтанаш мумкин.
Шояд аз пушти он контентҳо шумо даромад мегирад ва дар пеши назаратон танҳо маблағ бошад, ва ин бизнес гуфта дигар арзишҳои инсониро зери пой кардан ба оянда ин миллат, ба ояндаи насли нав таъсири ҷидди расонда метавонад.
Вақт бойигарии бе назир аст, он чи қадар қимат буданашро фаромӯш карда мондем.
998
Ин мӯрчагон ва одамоне ҳастанд, ки кӯшиш мекунанд, ки як формаи мураккабро аз дарвозаи дукарата гузаронанд. Албата суръат гуногун аст, аммо роҳи ҳалли мушкилот бо комилан як аст.
998
Пешгӯиҳои соли 2025 аз рӯзномаи FINANCIAL TIMES!
Мо фақат ба техника наздикашро мегирем:
Дар пешгӯии соли гузашта аз 22 банд, нашрия ҳамагӣ се маротиба хато кардааст, ки ба арзёбии онҳо эътимод мебахшад.
➖ Bitcoin ба 200 000 доллар мерасад;
➖ Ширкатҳои "ҳафтгонаи олиҷаноб" - Alphabet, Amazon, Apple, Meta, Microsoft, Nvidia ва Tesla - аз харобшавӣ пешгирӣ кунанд;
➖ Ҳиссаи мошинҳои барқӣ дар фурӯши ҷаҳонӣ аз 25% зиёд нахоҳад буд;
➖ Дар ҷаҳон агентҳои зеҳни сунъӣ пайдо мешаванд, ки онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза фаъолона истифода бурдан мумкин аст;
998
Як зани солхурда дар ҳайратанд - Telegram барои ҳар як корти солинавӣ аз 480 то 720 рубл талаб мекунад😊
Агар инро дар Youtube медиданд инфаркт мешуданд.
Умедорам ягон нафар фаҳмондагист.
998
Салом дӯстон аз ҳамаи Шумо хоҳиш мекунам.
Чанд муддат шуд номи каналро дигар карданиям лекин ягон номи зебо ба сарам намеояд😊
Агар касе кӯмак кунад хурсанд мешудам ва ба саратон ҳар номе ки ояд нависед шояд аз байнаш ягон номи зебо ёфт мешавад.
Ҳатман ном дар таркибаш Tech ё Techno дошта бошад ва дар давомаш ягон калимаи тоҷикӣ бошад зӯр мешавад. Раҳмат ба ҳамаатон!
Ҳа ChatGpt дигар аз ман безор шуд аз пушти ин ном кобиҳо😄
998
Кӯдаконе, ки ҳамин лаҳзаҳо таваллуд мешаванд аввалин намояндагони насли нав - насли Beta ҳисоб меёбанд. Хуш омади насли ҷадид, насли зеҳнӣ сунъӣ!
