en
Feedback
Китобҳои тоҷикӣ | کتابهای تاجیکی | Китобхона

Китобҳои тоҷикӣ | کتابهای تاجیکی | Китобхона

Open in Telegram

🔰 Фурӯғи коинот аз офтоб аст, 🔰 Фурӯғи одамият аз китоб аст. 📚 Гулчини беҳтарин китобҳое, ки ба забони тоҷикӣ нашр гаштаанд, инҷо дар шакли электронӣ фароҳам овардем. 🕵 Барои ёфтани китоб аз тугмаи 🔍 ҷустуҷӯӣ истифода баред. 📲 Тамос: 👉 @tufaylonip

Show more
The country is not specifiedThe category is not specified
1 099
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📚 номи китоб: Рӯза ва одоби рӯзадорӣ 🖋 муаллиф: Саидмумини Ҳомид ⏳ соли нашр: 2010 — Душанбе 📖 ҳаҷм: 40 саҳифа 📝 эзоҳ: ҳа
📚 номи китоб: Рӯза ва одоби рӯзадорӣ 🖋 муаллиф: Саидмумини Ҳомид ⏳ соли нашр: 2010 — Душанбе 📖 ҳаҷм: 40 саҳифа 📝 эзоҳ: ҳадиси қудсӣ: «Ҳар амали фарзанди одам аз они худи ӯст, магар рӯза доштан, зеро рӯза аз Ман аст ва подош онро Ман медиҳам». Дар ин китоб роҷеъ ба рӯза ва одоби рӯзадорӣ, алалхусус рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, ки рукни чаҳоруми дини мубини Ислом аст, сухан меравад. Умеди онро дорем, ки мақбули даргоҳи Худованди бузург гашта ва мавриди писанди хонандагони азиз қарор гирад. #ислом

📙 Китоби рӯза 📚 номи китоб: Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ (бахши чаҳорум) 🖋 муаллиф: Абдушариф Боқизода ⏳ соли наш
📙 Китоби рӯза 📚 номи китоб: Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ (бахши чаҳорум) 🖋 муаллиф: Абдушариф Боқизода ⏳ соли нашр: 2018 — Душанбе 📖 ҳаҷм: 53 саҳифа 📝 эзоҳ: «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар пешгузаштагони аз шумо фарз гардида буд, то тақво намоед» (Сураи Бақара, 2:183). Китоб нақши маънавии ибодат ва бандагии Худоро дар такомули рӯҳӣ ва бинои шахсияти инсон мавриди таъкид қарор дода, аҳкоми ибодатҳо ва ҳолатҳои шахсӣ ва хонаводагиро бар асоси бузургтарин мактаби фиқҳӣ дар ислом – мазҳаби ҳанафӣ баррасӣ ва пешкаши хонанда менамояд. Дар ин бахши китоби мазкур доир ба аҳкому одоби рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ва дигар рӯзаҳо, ҳамаи нозукиҳои рӯзадорӣ, фоидаҳои рӯза ва бисёр масъалаҳои муҳимми фиқҳӣ сухани шарҳ баён шудааст.Китоб дар ороиши тоза ва бо истифода аз равиши дастабандӣ ва таснифи қонунҳои муосир таҳия гардида, барои доираи васеи хонандагон ва алоқамандон, ҳамчунин ҳавзаҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ тақдим мегардад. #дин #ислом

Асосҳои диншиносӣ.pdf51.24 MB

📚 номи китоб: Асосҳои диншиносӣ 🖋 муаллиф: Шерзот Абдуллозода ⏳ нашр: 2014 — Душанбе 📖 ҳаҷм: 515 саҳифа 📝 эзоҳ: Ин аввали
📚 номи китоб: Асосҳои диншиносӣ 🖋 муаллиф: Шерзот Абдуллозода ⏳ нашр: 2014 — Душанбе 📖 ҳаҷм: 515 саҳифа 📝 эзоҳ: Ин аввалин китоби диншиносии илмӣ ба забони тоҷикӣ мебошад, ки дар асоси дастовардҳои тозаи илми диншиносию фалсафаи дин ва натиҷаи пажӯҳишҳову таҷориби илмию таълимии 40-солаи муаллиф навишта шудааст. Он аз ду китоб - «Таърихи дин» ва «Фалсафаи дин» иборат буда, муҳимтарин масоили назариявӣ ва ахбории таърих ва фалсафаи динро дар бар мегирад. Ин китоб барои муаллимон ва устодони фанҳои диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, таърихи динҳои ҷаҳонӣ, таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатмадорон, кормандони давлат ва алалхусус аспирантон, донишҷӯён ва хонандагони соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҳамаи он касоне,ки мақсади шинохтаи илмӣ ва касбии дин ва дониши амиқу васеъ аз масоили назариявии диниро доранд, муфид ва роҳнамо хоҳад буд. #таърих #дин #дархост

Ҳар_сухан_ҷоеву_ҳар_нукта_мақоме_дорад.pdf15.71 MB

📚 номи китоб: Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад 🖋 муаллиф: Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ⏳ нашр: 2005 — Душанбе; Ирфон �
📚 номи китоб: Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад 🖋 муаллиф: Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ⏳ нашр: 2005 — Душанбе; Ирфон 📖 ҳаҷм: 400 саҳифа 📝 эзоҳ: Маданияти баланди ҷамъият ва пешрафти маънавии онро бидуни забони иқтидорманде тасаввур наметавон кард. Ҳастии таърихии халқ ва ҷустуҷӯйҳои бардавоми маънавии ӯ дар оинаи забон акс андохтааст. Пас ин оинаро тозаву беғубор бояд нигоҳ дорем, то ҳастии маънавии худро аз он бинем ва барои такмили худ кӯшем. Чунинанд андешаҳои муаллифи ин китоб доир ба масъалаҳои забон ва тарзи баён. «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» аз ҷумлаи нахустин китобҳое дар Тоҷикистон аст (шояд нахустин китобе бошад), ки ба он чӣ банда мехоҳам илми фарҳанги сухан номгузорӣ гардад, бахшида шудааст. #дархост

Адабиёти тоҷик (асрҳои XVI—XX).pdf14.56 MB

📚 номи китоб: Адабиёти тоҷик 🖋 муаллифон: Ҳодизода Расул, Каримов У, Саъдиев Садрӣ ⏳ нашр: 1988 — Душанбе; Маориф 📖 ҳаҷм:
📚 номи китоб: Адабиёти тоҷик 🖋 муаллифон: Ҳодизода Расул, Каримов У, Саъдиев Садрӣ ⏳ нашр: 1988 — Душанбе; Маориф 📖 ҳаҷм: 416 саҳифа 📝 эзоҳ: Дар китоби мазкур таҳлили ҳаматарафаи даврае оварда шудааст, ки дар он намояндагони адабиёти асрҳои XVI—XIX ва ибтидои асри ХХ-и тоҷику форс асарҳои беҳтарини худро офаридаанд. #дархост

Таърихи_адабиёти_тоҷик_2_—_Мирзозода_Холиқ.pdf24.19 MB

Таърихи_адабиёти_тоҷик_1_—_Мирзозода_Холиқ.pdf12.52 MB

📚 Таърихи адабиёти тоҷик 🖋 муаллиф: Холиқ Мирзозода ⏳ нашр: 1987 — Душанбе; Маориф 📕 китоби 1 📖 488 саҳифа 📗 китоби 2 📖
📚 Таърихи адабиёти тоҷик 🖋 муаллиф: Холиқ Мирзозода ⏳ нашр: 1987 — Душанбе; Маориф 📕 китоби 1 📖 488 саҳифа 📗 китоби 2 📖 412 саҳифа 📝 эзоҳ: Китоб таърихи адабиёти тоҷикро аз давраи қадим то асри ХIII фаро мегирад. Барои  донишҷӯёни мактабҳои олӣ навишта шудааст.  Дар китоб дар бораи намояндагони адабиёти давраи қадими форсу тоҷик то асри VIII, адабиёти давраи устуворшавии феодализм (асрҳои VIII - X ) ва то намояндагони адабиёти асрҳои XIII-XV нақл мекунад. Намояндагони назми тоҷику форс: Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Дақиқӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Мунтасир, Абӯабдулло Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва«Шоҳнома»-и ӯ бо таҳлилаш, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Низомиддин Убайди Зоконӣ, Ҳофизи Шерозӣ Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ маълумот оварда шудааст.  #таърих

Ҳикоёти_Убайди_Зоконӣ_ва_Дастур_ул_мулуки_Тирмизӣ.pdf60.96 MB

📕 Ҳикоёти латиф 🖋 муаллиф: Убайди Зоконӣ 📗 Дастур-ул-мулук 🖋 муаллиф: Самандари Тирмизӣ ⏳ нашр: 1990 — Душанбе, Адиб 📖 ҳ
📕 Ҳикоёти латиф 🖋 муаллиф: Убайди Зоконӣ 📗 Дастур-ул-мулук 🖋 муаллиф: Самандари Тирмизӣ ⏳ нашр: 1990 — Душанбе, Адиб 📖 ҳаҷм: 160 саҳифа 📝 эзоҳ: Дар ин китоб асарҳои классикии адабиёти форсу тоҷик, ҳикоёт аз устоди ҳаҷв Убайди Зоконӣ ва «Дастур-ул-мулук»-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин асарҳо ҷаҳолатпарастии динӣ ва урфу одатҳои зараровари он, кирдори ношоистаи намояндагони синфи ҳоким танқид ва беҳтари хислатҳои инсонӣ, оину анъанаҳои халқӣ тасвир ёфтаанд.

Кинороманҳо – Бароти Абдураҳмон.pdf25.71 MB

🎬 Кинороманҳо 🖋 муаллиф: Бароти Абдураҳмон ⏳ нашр: 2015 — Душанбе; «Адиб» 📖 ҳаҷм: 522 саҳифа 📚 романҳо: 📕 Куруш ва Томир
🎬 Кинороманҳо 🖋 муаллиф: Бароти Абдураҳмон ⏳ нашр: 2015 — Душанбе; «Адиб» 📖 ҳаҷм: 522 саҳифа 📚 романҳо: 📕 Куруш ва Томирис 📗 Искандар ва Спитамен 📘 Рухшона 📙 Алвидоъ ишқ #роман #таърих

Адабиёти_паҳлавӣ_—_Саймиддинов_Додихудо.pdf33.78 MB

📚 номи китоб: Адабиёти паҳлавӣ 🖋 муаллиф: Додихудо Саймиддинов ⏳ нашр: 2003 — Душанбе 📖 ҳаҷм: 240 саҳифа 📝 эзоҳ: Китоби м
📚 номи китоб: Адабиёти паҳлавӣ 🖋 муаллиф: Додихудо Саймиддинов ⏳ нашр: 2003 — Душанбе 📖 ҳаҷм: 240 саҳифа 📝 эзоҳ: Китоби мазкур, ки тавассути донишманди гаронқадри Тоҷикистон доктор Саймиддинов Додихудо таълиф гардида, намунаест ҷиҳати шиносоӣ ва омӯзиши бахше аз осори паҳлавии сосонӣ. Ҳарчанд ки тақрибан тамоми ин осор аз сӯи муҳаққиқони аврупоӣ ва эронӣ тарҷума ва таҳлил шудааст, аммо аз он ҷое, ки шеваи тадвини "Адабиёти паҳлавӣ" ба тарзи нисбатан навин ва ҳамроҳ бо тавзеҳоти муаллиф ва ба хатти кириллӣ мебошад ва асарест, ки аввалин бор дар Тоҷикистон бад-ин сурат таълифу нашр мегардад, қобили тақдир аст. Ин китоб марҷаъ ва роҳнамое муфиду зарурӣ барои хонанда ва гоми дигаре ҷиҳати шинохти бештари пайвандҳои таърихӣ ва фарҳангиву забонии кишварҳои форсизабон аст. #таърих #дархост

Чӣ_гуна_ҳидоят_ёфтам_—_Муртазо_Родмеҳр.pdf1.24 MB