en
Feedback
ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ

ОМӮЗГОРИ ТОҶИК / Асадуллоҳ

Open in Telegram

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov Тел. / tel.: +998932378178 E-mail: asadullo1970@mail.ru

Show more
1 778
Subscribers
+124 hours
+477 days
+12030 days
Posts Archive
🔹 Ёрӣ ба омӯзгорон ДАРСИ ИСТИҚЛОЛ Тақдимоти дарс бахшида ба 35- солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Тартибдиҳанда: Ҳотамалӣ Раҳматов, муаллими тоифаи олии мактаби рақами 11-и ноҳияи Сӯх, вилояти Фарғона. ✅ @TJMETODIST Ба канал ҳамроҳ шавед: 👉 https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g

#МУЖДА ✅ ҲАМВАТАН ВА ҲАМЗАБОНОНИ АРҶМАНД! 📝 Шумораҳои идонаи дуюм ва сеюми маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «ДУРДОНАИ ШАРҚ»
+3
#МУЖДА ✅ ҲАМВАТАН ВА ҲАМЗАБОНОНИ АРҶМАНД! 📝 Шумораҳои идонаи дуюм ва сеюми маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «ДУРДОНАИ ШАРҚ» ба дасти чоп расид. 📚 Маҷалла рӯзҳои наздик ба муштариён дастрас хоҳад шуд. •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• ҶАШНИ АЗ ҲАМА АЗИЗ ВА МУҚАДДАС МУБОРАК ШАВАД, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ! •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Ба мо бошед, мо бо Шумоем! Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик

ОРДЕНИ "ДӮСТӢ" БА РАИСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКОНИ ҶИЗЗАХ ЭҲДО ШУД Раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдук
ОРДЕНИ "ДӮСТӢ" БА РАИСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКОНИ ҶИЗЗАХ ЭҲДО ШУД Раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов ба муносибати 35-умин солгарди Иди Истиқлолияти Ӯзбекистон бо мукофоти давлатӣ - ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардонда шуд. Мавсуфро бо ин комёбӣ муборакбод мегӯем ва дар фаъолияти минбаъдаи ишон комёбиҳои назаррас таманно дорем. Мукофот муборак бод! Раёсати Шӯрои адабиёти тоҷик https://t.me/adabiyotitojik_uz

Ёрӣ ба омӯзгорон Намунаи тақдимоти дарс дар мавзӯи "Такягоҳам - Ватан!" бахшида ба 35-ум солгарди Истиқлолияти Ҷумҳури Ӯзбекистон, таҳти шиори "Як Ватан, як халқ шуда, ҳаёт ва ояндаи навро меофарем!" Таҳияи Наргис Нарзуллоева, омӯзгори мактаби миёнаи таълими умумии рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд https://t.me/Xirad

#Гузориш Гузориш аз ҷараёни баргузории чорабинӣ бахшида ба ифтитоҳи китобхонаи шахсии Асадуллоҳ Шукуров дар Самарқанд 🎬 https://t.me/oriyonsamarqand •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷикhttps://t.me/DURDONAI_SHARQ

#Ггузориш Гузориш аз ҷараёни баргузории чорабинӣ бахшида ба ифтитоҳи китобхонаи шахсии Асадуллоҳ Шукуров дар Самарқанд 🎬 https://t.me/oriyonsamarqand •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷикhttps://t.me/DURDONAI_SHARQ

Repost from N/a
#гузориш Гузориш аз ҷараёни баргузории чорабинӣ бахшида ба ифтитоҳи китобхонаи шахсии Асадуллоҳ Шукуров дар Самарқанд Бо мо бошед:👇👇👇 https://t.me/oriyonsamarqand

ОЛИМҶОН ДАВЛАТОВ МУШОВИРИ ПРЕЗИДЕНТ ТАЪИН ШУД Директори Бунёди байналмилалии ҷамъиятии ба номи Алишер Навоӣ, узви Шӯрои адаби
ОЛИМҶОН ДАВЛАТОВ МУШОВИРИ ПРЕЗИДЕНТ ТАЪИН ШУД Директори Бунёди байналмилалии ҷамъиятии ба номи Алишер Навоӣ, узви Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, профессор Олим Давлатович Давлатов ба вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои мақомоти намояндагӣ, созмонҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ ва ҷавонон таъин гардид. Олим Давлатовичро ба ин муносибат шодбош мегӯем ва дар корҳои минбаъдаи мавсуф комёбӣ таманно дорем. Раёсати Шӯрои адабиёти тоҷик https://t.me/adabiyotitojik_uz

Repost from N/a
РӮНАМОИИ КИТОБИ "БОДБАРАКИ ХАЁЛ"-И АСАДУЛЛО ШУКУРОВ Дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи дӯстии ха
+1
РӮНАМОИИ КИТОБИ "БОДБАРАКИ ХАЁЛ"-И АСАДУЛЛО ШУКУРОВ Дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо китоби ба наздикӣ нашршудаи шоир ва рӯзноманигори шинохта Асадулло Шукуров - "Бодбараки хаёл" рӯнамоӣ гардид, ки ба ду забон -тоҷикиву ӯзбекӣ чоп шуда, тарҷумони ашъори ӯзбекӣ Одил Икром мебошад. Дар маҷмӯа ашъори солҳои гуногун навиштаи шоир фароҳам омадаанд, ки инсонро ба ватандӯстиву худшиносӣ, ҳамдиливу инсонгароӣ ва муҳаббати беолоиш даъват менамоянд. Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон https://t.me/adabiyotitojik_uz

ЗОДРӮЗ МУБОРАК ШАВАД! Имрӯз олими адабиётшинос, узви ҳайати таҳрири маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” ҶУМЪА Ҳ
ЗОДРӮЗ МУБОРАК ШАВАД! Имрӯз олими адабиётшинос, узви ҳайати таҳрири маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” ҶУМЪА ҲАМРОҲ,  масъули маҷаллаамон дар шаҳри Чирчиқ, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ҲИКМАТ СУЛТОНЗОДА ва тарғибгари маҷаллаю сарпарасти аҳли адаб собиқ омӯзгори мактаби  рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё ТОҲИР АКБАРОВ ҷашни зодрӯз доранд. Соҳибҷашнҳоро бо солгарди умр муборакбод намуда, барояшон хушиҳои ҳаёт ва умри бобаракатро таманно дорем.   Бо дуо ҷамоаи эҷодии маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷикhttps://t.me/DURDONAI_SHARQ

ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД! Дар доираи таҷлили рӯзи дӯстии халқҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити хориҷӣ бо ҳамватанони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон тақдимоти китобҳои тозанашр ва мушоираи дӯстӣ баргузор шуд. Анҷуманро раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид оғоз бахшид ва дар мавзӯи “Дӯстии адабиётҳо дӯстии абадӣ” суханҳои самимӣ изҳор намуд. Боиси хушнидист, ки дар ин анҷумани бонуфуз тақдимоти китобҳои “Саҳарнам”-и Фарзонаи Хуҷандӣ, ки бо сарпарастии Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон чоп шудааст ва “Бодбараки хаёл”-и Асадуллоҳ Исмоилзода ҳам баргузор шуд. Олими адабиётшинос, роҳбари Бунёди байналмилалии Алишер Навоӣ Олимҷон Давлатов ва роҳбари Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Хусрави Саъдулло дар бораи китобҳои тозанашр маълумот доданд.  Иштирокчиёни анҷуман, ки намояндаҳои эҷодкорони гуногунмиллати  диёрамон буданд, дар анҷуман аз маърӯзаю шеърхонии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдулло Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ ва шеърхониҳои шоирони номдори Ӯзбекистон Абдулло Субҳон ва Асадуллоҳ Исмоилзода баҳраманд шуданд. Боиси хурсандист, ки устод Фарзонаи Хуҷандӣ ва шоираи боистеъдоди вилояти Сурхондарё Саодат Сангинова ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд. Мубораку бардавом бошад! Поянда бод дӯстии халқҳо дар Ӯзбекистони Нав! Абдушукур ИСМОИЛЗОДА. Суратгузориш аз анҷуман •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷикhttps://t.me/DURDONAI_SHARQ

ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД! Дар доираи таҷлили рӯзи дӯстии халқҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити хориҷӣ
+3
ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД! Дар доираи таҷлили рӯзи дӯстии халқҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити хориҷӣ бо ҳамватанони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон тақдимоти китобҳои тозанашр ва мушоираи дӯстӣ баргузор шуд. Анҷуманро раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид оғоз бахшид ва дар мавзӯи “Дӯстии адабиётҳо дӯстии абадӣ” суханҳои самимӣ изҳор намуд. Боиси хушнидист, ки дар ин анҷумани бонуфуз тақдимоти китобҳои “Саҳарнам”-и Фарзонаи Хуҷандӣ, ки бо сарпарастии Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон чоп шудааст ва “Бодбараки хаёл”-и Асадуллоҳ Исмоилзода ҳам баргузор шуд. •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷикhttps://t.me/DURDONAI_SHARQ

Repost from N/a
ВОХӮРӢ БО УСТОД ФАРЗОНА Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони шеъру адаб расонда мешавад, ки дар доираи таҷлили Рӯзи дӯстии халқҳо рӯзи 29
ВОХӮРӢ БО УСТОД ФАРЗОНА Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони шеъру адаб расонда мешавад, ки дар доираи таҷлили Рӯзи дӯстии халқҳо рӯзи 29 июли соли 2026, соати 14:00 дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдулло Рӯдакӣ, шоираи маҳбуби миллат Устод ФАРЗОНА вохӯрӣ ба амал меояд. Ба чорабинӣ ширкат кардан озод аст. Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон https://t.me/adabiyotitojik_uz

Нақшаи тақвимӣ барои солҳои таҳсили 2026–2027 1. Қисми такягоҳӣ (ҳатмӣ. асосӣ). 2. Қисми вариативӣ (ихтиёрии муассиса). 3. Қисми интихобӣ (санҷишӣ). https://t.me/Xirad

Нақшаи тақвимӣ барои солҳои таҳсили 2026–2027 1. Қисми такягоҳӣ (ҳатмӣ. асосӣ). 2. Қисми вариативӣ (ихтиёрии муассиса). 3. Қисми интихобӣ (санҷишӣ). https://t.me/Xirad

+6
НАҚШАИ ТАҚВИМӢ АЗ ФАНҲОИ АЛИФБО, ҲУСНИ ХАТ, ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХОНИШ, БАРОИ СИНФҲОИ 1-4 ДАР СОЛИ ХОНИШИ 2026-2027   https://t.me/Xirad

85 СОЛИ УМРИБОБАРАКОТИ МУАЙЯНА ХӮҶАЕВА Журналисти шоистаи Ӯзбекистон МУАЙЯНА ХӮҶАЕВА – бонуи боматонати донишманде, ки бо мат
85 СОЛИ УМРИБОБАРАКОТИ МУАЙЯНА ХӮҶАЕВА Журналисти шоистаи Ӯзбекистон МУАЙЯНА ХӮҶАЕВА – бонуи боматонати донишманде, ки бо матонати худ бар сар тоҷи шараф гузошта, аз меҳр барои ҳамдилону дӯстдоранаш бӯстони пурнакҳате бунёд намудааст, бо сарбаландӣ ба синни мубораки 85 қадам гузошт. Саманди фурсати айёми умр даргузар аст, Ба роҳи некӣ гузар, ар тавонӣ ҳар қадаре. Чунон ту олиҷанобӣ, ки моилӣ ҳар дам Ба завқи ҳусни маонӣ, на шефта ба заре. (Саидаҳмади ВАСЛӢ) 📖 ПУРРА: 👉 https://telegra.ph/85-SOLI-UMRIBOBARAKOTI-MUAJYANA-HӮҶAEVA-07-06 АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА –             Роҳбари шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд, сармуҳаррири маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангии “ДУРДОНАИ ШАРҚ”       •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷикhttps://t.me/DURDONAI_SHARQ

МАРДИ СОЛЕҲУ ҲАЛИМ Имрӯз марди солеҳу Ҳалим нависандаи болаёқат, тарғибгари маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ"
МАРДИ СОЛЕҲУ ҲАЛИМ Имрӯз марди солеҳу Ҳалим нависандаи болаёқат, тарғибгари маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" СОЛЕҲ САИДМУРОД ҷашни зодрӯз дорад. Аз номи ҷамои эҷодии маҷалла адиби хушбаёнро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояшон ҷӯши илҳом таманно дорем. •┈•┈•┈•┈•❁✿❁•┈•┈•┈•┈• 👇 Бо мо бошед: Telegram | Facebook | Омўзгори тоҷикhttps://t.me/DURDONAI_SHARQ

#ТАБРИК 📖 27-уми июн – Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ Имрӯз дар ҷумҳуриямон кормандони васоити ахбори оммавӣ  ҷашни касбиашонро ботантана истиқбол мегиранд. Кормандони ин касби бошараф ва мушкилписанд, ки доимо дар эътибори мардуманд барои равнақи диёр саҳми босазо мегузоранд. Дар ин рӯзи ҷашн тамоми ҳамкасбонамро бо ин ҷашни ҳақиқату адолат ва истеъдод - Рӯзи кормандони матбуот ва васоити ахбори оммавӣ самимона муборакбод мегӯям.  Қалами бурро, забони гӯё, чашми ҳақиқатбин ва дили адолатҷӯю некандеш ҳамроҳи доимии Шумо бошад рӯзноманигорони қаламбадаст. Бо разолат доимо андар набард, Аскари роҳи адолат – журналист. Бо қалам сад мушкил осон мекунад, Душмани ҷаҳлу ҷаҳолат – журналист. Сулҳу осоиш, ҳақиқат ёри ӯ, Маҳв бинмуда разолат – журналист. Бо сухан битвон ҷаҳон обод кард, Инчунин дорад рисолат – журналист. ✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" 👇 Ба мо ҳамроҳ шавед: Telegram | Web-сайт | Facebook | Омўзгори тоҷик ✅ https://t.me/DURDONAI_SHARQ

#табрикот АЙНИИ ЗАМОН (Ба устод Асадуллоҳ Исмоилзода) Шумо бешубҳа Айнии замонед, Барои халқи тоҷик қаҳрамонед. Дар ин роҳи пур аз ранҷу машаққат, Шабу рӯзон, ҳама дам ҷонфишонед. Намуда пешкаш "Дурдонаи Шарқ" Ба мардум, ҳамчу як гавҳаршиносед. Бубахшидед бар мо боли парвоз, Аз ин рӯ лоиқи шукру сипосед. Намудедаш дили мардум чу обод, Дуо гӯям фақат, обод бошед, Надида ҳеҷ дарду ғам дар олам, Аё устод, доим шод бошед. ✍🏼Зикруллои Зубайдулло Аҳли маҳфили "Адаб"- и кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва эҷодкорони "Ориён" шоир, ношир, рӯзноманигор, роҳбари шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд, муҳаррири маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ", инсони самимию хоксор, устоду раҳнамои садҳо адад эҷодкорон, "Айнии замон" Асадуллоҳ Шукуровро самимона табрик гуфта, барояшон тамоми хушбахтиҳои оламро таманно мекунанд! 💐Зодрӯз муборак, устоди азиз! Бо мо бошед: 👇👇👇 https://t.me/oriyonsamarqand