en
Feedback
Навигариҳои Синтаб

Навигариҳои Синтаб

Open in Telegram
570
Subscribers
-3124 hours
-197 days
-530 days
Posts Archive
Ёрон! Ба каф пиёлаву дар дил ғубор чист? Имрӯз ҳам гузашт, ғами рӯзгор чист? Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст? Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст. Ёрон! Баҳори ошиқӣ бо гулфишон гузашт, Дарёи дил зи соҳили суду зиён гузашт, Ин дил, ки ранҷ мекашад, то кай саломат аст? Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст. Ёрон! Ба орзуи дил бояд расида рафт. Нозе зи ёр гар расад, бояд кашида рафт. Ёре, ки ноз мекунад, то кай баҳиммат аст? Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст. Ёрон! Сари азиз фидои саре кунед. Дар ҳар даре тараннуми шеъри дарӣ кунед. Шеъру суруд шӯълаи дарди муҳаббат аст, Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст... ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Дар иҷрои Саъдимурод Рӯзиев. Синтаб аст. Чун нигоҳам бо нигоҳи СИНТАБ аст, Дар хаёлам зодгоҳи СИНТАБ аст. Доимо сарчашмаи назми дилам, ки то ҳанӯз, Чашмаи илҳоми дил аз чашмасори СИНТАБ аст. Қуллаи болои он як мисраест дар қалби халқ, Ёфтаам чун маъдане, к-аз кӯҳсори СИНТАБ аст. Шеваи суғди қадим то ҳол, ки бо лафзи ширин, Шеваи лафзи забонам, пойдори СИНТАБ аст. Рӯидам чун сабзае, к-аз хоки ҳосилноки ӯ, Навниҳолам решаи он, к-аз сабзазори СИНТАБ аст. ДАЛЕР МАНСУРОВ.

Шукри ҳар як неъматат Парвардигор, Меҳрубонӣ аз ту дидам бешумор . То даме, ки дар бадан ҷон метапад, Ҳар нафас бар зикри ту бодо нисор. Алишерхон Маруфӣ

Чун Худоят ҳаст танҳоям магӯ, Меҳрубонӣ ғайри ҳақ аз кас маҷӯ. Бо Худои хеш ҳамроҳ бошу бас, Меҳрубонӣ аз Худо кун ҷустуҷӯ. Алишерхон Маруфӣ

Як қадам аз остон берун ниҳем бехонаем, Нону чой бо ҳам хӯрем ҳам ношинос, мастонаем. Дар намакдони касе ахлоти худро мениҳем
Як қадам аз остон берун ниҳем бехонаем, Нону чой бо ҳам хӯрем ҳам ношинос, мастонаем. Дар намакдони касе ахлоти худро мениҳем, Одамизодем, ки оё ҳамчу як девонаем. Рӯякӣ меҳру муҳаббат, сохтакорӣ аз чӣ чист? Вонамуд чун мегузорем гӯиё, мардонаем. Ҳасрати дунё ба дил танҳо чу моро мушкилист, Менамоем чун шикоят дар ҳаёт, дармондаем. Молу мулки мардумонро мекунем ҳисоб-китоб, Бо ду чашмони ҳасудем аз ҳавас бегонаем. Тарҳу ҷамъ моҳонаи мардум ҳисобот медиҳем, Бехабарем аз худамон ношукр афсонаем. Дар ҳаёт ҳастем чунин шахсони нопоку разил, Мекунем аз кас шикоят дарди сар пинҳонаем. ✍ Далер Оромович. Барои баъзе чунин инсононе, ки дар ҳаёт вуҷуд доранд.

НАСИҲАТИ МОДАР Модарам мегуфт доим вақти хоб: «Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост! Он ҳама коре, ки ният мекунӣ, Сар бикун бо қувваи бозуи рост. Нонро доим ба дасти рост гир, Пӯш аввал остини ростро, Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ, Дасти чап не хайр дорад, не бақо». Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз: Фарқ байни дасти чапу рост чист? Хоб кардан, сер будан муддао, Муддао дар дасти чапу рост нест. Баъд фаҳмидам, муроди модарам, З-ин насиҳатҳош дигар будааст: Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман Ростиро тарбият бинмудааст. Лоиқ  ШЕРАЛӢ

РИВОЯТ   Як рӯз, подшоҳе барои пайдо кардани вориси тахти худ озмуне барпо кард. Ӯ ҳамаи ҷавонони шаҳрро ҷамъ оварда, ба ҳар кадоме як дона тухми гул дод ва гуфт: «Ин тухмиҳоро парвариш кунед. Пас аз як сол гулҳои худро биёред, то бубинам, ки кӣ шоистаи подшоҳист». ​Ҷавоне бо номи Одил низ тухми худро дар кузае кошт ва ҳар рӯз ба он об дод. Аммо ҳафтаҳо ва моҳҳо гузаштанду аз куза ҳеҷ гиёҳе набаромад. Дӯстонаш ҳама аз гулҳои зебову хушбӯи худ сухан мегуфтанд, вале кузаи Одил холӣ буд. Падараш ба ӯ гуфт: «Бас аст, ки ту кӯшиши худро кардӣ. Бо ҳамон кузаи холӣ назди подшоҳ бирав ва ростгӯ бош». ​Пас аз як сол, ҳамаи ҷавонон дар қаср ҷамъ шуданд. Саҳни қаср пур аз гулҳои ранг ба рангу зебо буд. Танҳо Одил дар гӯшае бо кузаи холии худ шармгин истода буд. Подшоҳ аз миёни ҷавонон гузашта, ба гулҳо нигоҳ мекард ва дар охир назди Одил омад. Подшоҳ пурсид: «Чаро кузаи ту холӣ аст?»Одил бо сари хамида ва овози ором гуфт: «Эй подшоҳ, ман ҳама рӯз ба он об додам ва нигоҳубин кардам, аммо ҳеҷ чиз набаромад. Нахостам шуморо фиреб диҳам, бинобар ин кузаи холиро овардам». ​Подшоҳ табассум кард ва дасти Одилро бардошта, ба мардум гуфт: «Подшоҳи ояндаи шумо ҳамин ҷавон аст! Ман ба ҳамаи шумо тухмиҳои пухташуда ва мурда дода будам, ки аз онҳо ҳеҷ гуле намебаромад. Ҳамаи шумо барои гирифтани тахт тухмиҳои дигар коштед, аммо танҳо ин ҷавон ба ман ростиву ҳалолиро пешкаш кард».

Қудрати ду бозувонам, омаду бигзашта рафт, Тоҷи сар он меҳрубонам, омаду бигзашта рафт. Ҳамрози рози фарзандони худ буду набу
Қудрати ду бозувонам, омаду бигзашта рафт, Тоҷи сар он меҳрубонам, омаду бигзашта рафт. Ҳамрози рози фарзандони худ буду набуд, Қиблагоҳи хонадонам, омаду бигзашта рафт. Эй Падарҷонам туро ҷуста, намеёбам зи даҳр, Гӯиё чун меҳмонам, омаду бигзашта рафт. Бо соадат бо садоқат умри худро бигзаронд, Соҳиби дасторхонам, омаду бигзашта рафт. Нармдилу покимону боқаноат марди нек, Рози дил дар дил ниҳонам, омаду бигзашта рафт. Кам меоянд ба дунё соҳибистеъдод касон, Ҷумла аз ин одамонам, омаду бигзашта рафт. ✍ Далер Оромович.

Зиндагӣ ба мо иҷозат намедиҳад, ки  ба гузашта баргардем ва корҳои иштибоҳамонро дуруст кунем, Аммо фурсат додааст, ки ҳар рӯзамонро беҳтар аз дирӯз зиндагӣ кунем.

Ҷасорат дошта бошу зиндагӣ кун, аммо на ба шакле, ки дигарон аз ту интизор доранд, балки ҳамон тавре, ки дили худат мехоҳад. Муҳим нест, ки ба ҳамаи мақсадҳоят мерасӣ ё не. Муҳим нест, ки ҳамаи орзуҳоят амалӣ мешаванд ё не. Муҳим он аст, ки дар ин роҳ худро гум накунӣ. Зиндагӣ танҳо расидан ба манзил нест, зиндагӣ ҳамин лаҳзаҳоест, ки имрӯз дорӣ. Ҳамин нафас, ҳамин табассум, ҳамин оромии кӯчак. Пас то метавонӣ шод бош, аз ҳар лаҳза лаззат бибар, ба дили худ хиёнат накун ва бештар аз ҳама, худат бош.

Диле дорам,ки мисли субҳ пок аст. Маро аз шоми ҳиҷронат чи бок аст. Ба даст овардани дунё ҳунар нест. Ки охир манзили ҳар банда хок аст.

19.04.2026.с.
19.04.2026.с.

21.04.2024.с.
21.04.2024.с.

Хуш ҷои беандӯҳ Синтаб, Дур зӣ боди макрӯҳ Синтаб. Андар канори кӯҳ Синтаб, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб. Меваҳояш чу қанд ширин, Бе
Хуш ҷои беандӯҳ Синтаб, Дур зӣ боди макрӯҳ Синтаб. Андар канори кӯҳ Синтаб, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб. Меваҳояш чу қанд ширин, Беҳишти гӯшаи замин. Но бовари биё бубин, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб. Равон оби шифобахшаш, Меҳмондӯст халқи хушбахташ. Бубин себи сурху рахшаш, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб. Фазилмандатои баланд, Бо Ҷиззаху бо Самарқанд. Сарҳади он бо ҳам пайванд, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб. Кӯҳи Ҷивриву Сепара, Обҷиҳу Кӯл чун манзара. Ниҳон аст таърихи Дара, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб. Шунав садои мурғонро, Фарёди андалебонро. Зӣ кӯҳ хониши кабконро, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб. Ҳавои тозааш форам, Ба ҷисму ҷон шавад малҳам. Кушояд баҳри дил ҳар дам, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб. Агар пурсанд асл маконам, Зӣ боғу дашту домонам. Фарзанди Синтаб Пинҳонам, Деҳаи бо шукӯҳ Синтаб.

Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд, Сад фитнаву шӯр дар ҷаҳон ҳосил шуд. Сари наштари ишқ бар раги руҳ заданд, Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд....

Voice message01:42

photo content

photo content