ARMON TV
Open in Telegram
اسلام عليكم ورحمة الله •┈┈┈┈•❈••✾••❈•┈┈┈┈• Assalamu Alaykum Дустон ба канали АРМОН ТВ хуш омадед. Админ/👉 @khasta_dil
Show more639
Subscribers
No data24 hours
-107 days
-4530 days
Data loading in progress...
Similar Channels
Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
October '24
October '240
in 0 channels
September '24
+5
in 0 channels
Get PRO
August '24
+4
in 0 channels
Get PRO
July '24
+15
in 0 channels
Get PRO
June '24
+20
in 0 channels
Get PRO
May '240
in 0 channels
Get PRO
April '24
+188
in 0 channels
Get PRO
March '24
+24
in 0 channels
Get PRO
February '24
+35
in 0 channels
Get PRO
January '24
+30
in 0 channels
Get PRO
December '23
+2
in 2 channels
Get PRO
November '23
+19
in 1 channels
Get PRO
October '23
+63
in 0 channels
Get PRO
September '23
+102
in 0 channels
Get PRO
August '23
+62
in 0 channels
Get PRO
July '23
+63
in 0 channels
Get PRO
June '23
+114
in 0 channels
Get PRO
May '23
+126
in 0 channels
Get PRO
April '23
+135
in 0 channels
Get PRO
March '23
+126
in 0 channels
Get PRO
February '23
+123
in 0 channels
Get PRO
January '23
+136
in 0 channels
Get PRO
December '22
+118
in 0 channels
Get PRO
November '22
+86
in 0 channels
Get PRO
October '22
+92
in 0 channels
Get PRO
September '22
+100
in 0 channels
Get PRO
August '22
+89
in 0 channels
Get PRO
July '22
+2 311
in 0 channels
Get PRO
June '22
+31
in 0 channels
Get PRO
May '22
+38
in 0 channels
Get PRO
April '22
+51
in 0 channels
Get PRO
March '22
+57
in 0 channels
Get PRO
February '22
+32
in 0 channels
Get PRO
January '22
+24
in 0 channels
Get PRO
December '21
+47
in 0 channels
Get PRO
November '21
+86
in 0 channels
Get PRO
October '21
+61
in 0 channels
Get PRO
September '21
+58
in 0 channels
Get PRO
August '21
+81
in 0 channels
Get PRO
July '21
+77
in 0 channels
Get PRO
June '21
+69
in 0 channels
Get PRO
May '21
+153
in 0 channels
Get PRO
April '21
+315
in 0 channels
Get PRO
March '21
+153
in 0 channels
Get PRO
February '21
+135
in 0 channels
Get PRO
January '21
+197
in 0 channels
Get PRO
December '20
+1 224
in 0 channels
| Date | Subscriber Growth | Mentions | Channels | |
| 21 October | 0 | |||
| 20 October | 0 | |||
| 19 October | 0 | |||
| 18 October | 0 | |||
| 17 October | 0 | |||
| 16 October | 0 | |||
| 15 October | 0 | |||
| 14 October | 0 | |||
| 13 October | 0 | |||
| 12 October | 0 | |||
| 11 October | 0 | |||
| 10 October | 0 | |||
| 09 October | 0 | |||
| 08 October | 0 | |||
| 07 October | 0 | |||
| 06 October | 0 | |||
| 05 October | 0 | |||
| 04 October | 0 | |||
| 03 October | 0 | |||
| 02 October | 0 | |||
| 01 October | 0 |
Channel Posts
Орзуҳо фаромӯш мешаванд.
Дардҳо сабук мешаванд,
Ҷароҳатҳо шифо меёбанд.
Замон дигар мешавад,
Одамон дигар мешаванд.
Эҳсосот гум мешаванд,
Маскаҳо меафтанд.
Намоишҳо тағйир меёбанд,
Андешаҳо иваз мешаванд
Дар он ҷое ки замоне хотираҳои зебое буд, фаромуш мешавад
Аммо ҳаёт идома дорад.
Мунтазири ҳеҷ дасте аз ҳаҷ касе машав.
✍ Umar
| 2 | Аламовар аст.....
Ҳамон шахсе ки ба ту хотирахои бехтаринро хадя мекунаду дар охир худи хамон шахс хотирае аз хотирахо мешавад...💔😔 | 285 |
| 3 | Велик дар ҳолати беҳтарин қарор дорад барои калоно мешавад занг занед маслихат мекнем🤝
Нарх: 850 см
Адрес: Старый аэропорт
Номер тел: 555511241
➖➖➖➖➖➖➖➖➖➖
📢Барои эълон додан ба @khasta_dil нависед. | 27 |
| 4 | БАҲСҲОИ АҚЛИЮ МАНТИҚИИ БЕИМОН БО МУСУЛМОН.
Беимоне хост мусулмонеро шармандаю мулзам созад.
Бинобар ин назди чамье аз мусулмон пурсид:-
1)--Барои чй дар Ислом ба занхо ичозат нест, ки бо мардон бо даст салом кунанд ?!
Мусулмон:--Ое ба шумоен ичозат хаст, ки дасти маликаи кишваратонро гирифта, салом кунед ?!
Гайримусулмон:-- Не, ичозат нест !
Танхо як гурухи хоссе ин ичозатро доранд.
Мусулмон:-- Занхои мусулмон хама малика хастанд.Маликахо бошанд дастхои мардхои бегонаро ба дасти худ намегиранд ва намефишоранд.
2)-Гайримусулмон:- Барои чй занхои шумо бадани худро бо либосхо сатру пинхон мекунанд ?!
Мусулмон:- Табассум намуда, ду шириниро гирифта, якеро ба холи худ ва дигареро аз ч,илдаш ч,удо намуда, ба замин партофт.
Баьд ба мулх,ид гуфт:-
Агар ман ба ту бигуям, ки яке аз онхоро бигир, кадомашро мегирй?
Гайримусулмон :- Албатта оне, ки аз чангу губорхо покиза мондааст,
яьне оне, ки дар ч,илдаш печонда бокй монда аст.
Мусулмон- Ана мо хам ана хамин хел занхои худро интихоб
мекунем - босатрхо, бохичобхо, покизахо ва бошармхоро.
3)-Гайримусулмон ба газаб омада гуфт:- Ин тавр ки бошад нишон дех ба ман он Худои мегуфтагии шуморо, агар, ки вучуд дорад ?!
Мусулмон;- Пас ба офтоб назар кун !
Гайримусулмон:- Ман хеч чизеро дида наметавонам, зеро нурхои офтоб чашмони маро хира мекунанд.
Мусулмон:-Вакте ки ту ба як махлуки Худованд назар карда наметавонй , пас чи тавр кодир хохй буд, ки ба Холик,-Худованди чахон нигох кунй.
Баьди ин шахси беимон мусулмонро ба хонаи худ ба мехмонй даьват карда, ба назди у ангур гузошт.Вакте шахси мусулмон ангурро хурд, беимон ба у шишаи аракро пешниход кард.
Мусулмон нушидани аракро рад кард.Он гох гайримусулмон гуфт:-
4)--Барои чй шумо ангурро мехуред ва нушидани аракро мамнуь медонед ва хол онки хамин арак аз хамон ангур омода ва бароварда мешавад ?!
Мусулмон:- Ое ту духтар дорй?!
Беимон- Бале, дорам.
Мусулмон:- Ое ту метавонй уро ба занй гирй ?!
Беимон:-Не, албатта.
Мусулмон:-Субх,он Аллох, ! Ту ба модари у издивоч кардаи ва наметавонй ба духтараш издивоч намои, дар холе, ки ин духтар аз хамон модар баромадааст.
Баьди ин шахси беимон аз гуфтор монд ва сукут кард..#
Бародарону хохарони гиромй!
Шукронаи онро кунем, ки Худованд моро аз чумлаи ахли ислом ва умматони Паембари махбубаш Мух,аммад ( с) халк кардааст ва чунин як дини пок--
Исломро насибамон гардондааст.
Шукрона кунем ва ифтихор намоем ва худро аз ношукрй ва носипосй нигох дорем, ки бисер сифатхои бад хастанд. | 124 |
| 5 | Чӣ қадар зебост вақте касеро дӯст бидори на аз рӯи молу мулк на аз рӯи вақту сония балки аз самими қалб танҳо барои оянда...
Танҳо ба хотири Аллоҳ дӯсташ бидорӣ! | 513 |
| 6 | ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ АНҶОМИ ҚИССА
Тахмина бо Шахром рафта Мафтунаро хам гирифьтанду якбора дуруги гуфтаашро дар назди Хусураш рост карданд.Баъд аз бозори кардан, Шахром Онхоро оварда ба хона расонд.Баъд аз як хафта, туйии Тахмина ва Шахромро чашн гирифтанд.Хонандаи азизи кошона, ое мехохи дони, ки шохидони ин Домоду Аруси хушбахт дар рузи туяшон кихо буданд?Шоят Худат дарк карда боши, вале ман ба Ту равшантар карда мегуям. Исфандиёр ва Мафтуна...
Карочи интизори қиссаҳои нав бошед
Бо эҳтиром 👇👇👇
Абу Мудассир @khasta_dil | 582 |
| 7 | карданд...
Идома дорад... | 1 |
| 8 | Агар Шаҳром намебуд ва Тахмина мефахмид, ки У нашъаманд аст, ба дарду ранчи ин вабои аср токат накарда Худаш ин захрро ефта истифода мебурду ба катори кихо дохил мешуд?Ба катори Гунахкорон.Холо ин гунахкори бегунох аз паси Мафтуна бо газаб нигарист ва то назди дарвоза рафта истод.Лахзайе андешид, ки холо У мераваду Бародари нокомаш, ки акнун дар интизори тифлак, нахустин меваи умр аст, хонавайрон мешавад.Баъд аз муддате зери лаб гуфт.Чор тарафат кибла.Аз гови шохзан, огили холи бех..У ампула ба даст ба хонаи хобаш даромаду дар назди тиреза нишаста бо диккат ба вай нигариста ба андеша фуру рафт.Ин марги сафед чони хазорон Чавононро гирифтааст ва чандин тифлаконро ятиму бесаробон кардааст.Ана барои чи Шахром ба Оилаамон ичозат надодааст, ки бемориамро ба Ман ошкоро бигуянд.Агар медонистам, хангоми дард кашидан токат накарда ба чустучуи ин захр Худам мебаромадам.Охир Ман тамоман акламро аз даст дода будам.Тахмина ногох бори дигар ба зираки ва боандешагии Шахром мафтун шуда дар дилаш мехри Вай чуш заду, телефони мобилиашро аз руи болишт гирифта номи дилдодаашро интихоб кард.Садои ширину гушнавози он начотбахши хаеташ ба гушаш садо дод.Лаббай азизам.Тахмина аз ихтиер берун овоз баровард.Салом Эй султони калбам, Эй шохзодаи хастиям ва эй сарчашмаи умеду орзухоям.Шахром аз забони Тахминаи шармгин бори аввал ингуна суханхоро шунида лахзайе карахт шуда чи чавоб доданашро надонист ва баъд аз чанде Худро ба даст гирифта гуфт.Салом азизам, ба Ту чи Шуд?Мафтуна ногох аввал бо овози баланд хандиду баъд аз суханхои гуфтаи Худаш шарм дошта гиряро огоз кард.Шахром фаред зад.Бигуй охир ба Ту чи шуд?Тахмина Худро ба даст гирифта чавоб дод.Ба Ман хеччиз нашудааст, факат мехохам бигуям, ки Туро беохир дуст медорам.Шахром аз гуфтахо ва муомилаи Тахмина чизеро нафахмида ба назди мошинаш давиду бо суръат мошинро суи деха ронд.Чун ба назди дарвоза расид, дид, ки дарвоза кушода аст.У саросима ба хавли ворид шуду дид, ки касе наменамуд.Бо навбат дархои чанд утокро кушоду нихоят Тахминаро ефт.У руяшро ба болишт пахш карда мегирист, вале ин ашк ашки шоди буд, на ашки гам.Дар назди Вай дар руи колин, он ампула меистод.Шахром ин манзараро дида гумон кард, ки омад ба сараш аз он чи метарсид.У фаред зад.Ту чикор карди?Тахмина вазъияти Уро фахмида саросима гуфт.Натарс, ором бош, чунин нест, ки Ту фикр мекуни.Шахром ором шуда пахлуяш нишаст.Тахмина ходисаи руйдодаро оромона накл кард.Ду дилдода хурсандона ба хамдигар нигариста бо завк хандиданд..Шахром гуфт.Охир чаро Маро инкадар сахт тарсонди?Тахмина гуфт.Ман Туро тарсондани набудам, факат мехостам гуям, ки дустат медорам.Онхо бори аввал ба чашмони якдигар беибо ва бидуни шарм нигаристанд, ва бусахои аввалинро аз лабони хамдигар бехудона ситониданд.Баъд аз дакикайе Тахмина ба Худ омада саросима Худашро аз огуши Шахром дур кард.Шахром низ гунахкорона ба замин нигарист.Акнун чи максад дори?Тахмина хайрон шуда гуфт.Хеч максад надорам, боят чи кор куннам?Боят ба хотири Исфандиер Янгамонро бубахшем.Тахмина боз Худашро бой дода ба огуши Шахром партофт.Баъд руи зонуи вай нишаста ба гушаш гуфт.Ман ое хад дорам, ки аз фармон Ту берун бароям?Шахром чавоб надод.Онхо ба хулосайе омаданд, ки пеш аз туй рафта Мафтунаро ба хона меоранд.Тахмина ба Мафтуна занг зад ва Мафтуна чанде саросима ба экрани телефонаш нигариста ба чашмонаш бовар намекард, ки номи Тахмина баромадааст.У бечуръатона телефонро бардошт ва гайри чашмдошт садои Тахминаро шунид.Салом Янгачон, Шумо дар кучойед?Мафтуна бо овози гиряолуд гуфт.Дар таксии Файзобод истодам, ки ба хонаи Модарам биравам.тахмина гуфт.Фаройед, мо хозир бо Шахром омада Шуморо мегирем, Мо Шуморо бахшидем, барои он, ки Шумо сабабгори мухаббати поки Мо шудед.Мафтуна аз хурсанди чи гуфтанашро надониста часта аз мошин фаромад.Онхо бо Мафтуна як накшаи дигар кашиданд.Мафтуна ба Амаки Шохрачаб занг зада гуфт.Падарчон, Кудохо занг зада буданд.Агар ичозат дихед, Ман Тахминаро хамрохи кунаму рафта баъзе камбудихоро Шахром аз бозор гирифта медодаанд.Амаки Шохрачаб хуб шудааст гуфта розиги дод.Тахмина бо Шахром рафта Мафтунаро хам гирифьтанду якбора дуруги гуфтаашро дар назди Хусураш рост | 454 |
| 9 | гунахкоранд.Харгиз на, Онхо курбони тири нохаки такдиранд.
Идома Дорад... | 1 |
| 10 | ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-11
Ин моҷарое,ки ба сари оилаи мо омадааст, тамоман бо шахром дахл надорад.Факат вакт лозим, ки ин хаммаро ба Ту бигуйем.Ман ваъда медихам, ки баъд аз шифо ефтанат Худам хаммаашро ба Ту мефахмонам.Дар инчо танхо як нафар гунох надорад, Мо хам гунахкорем, ки бо сабаби даву гечи зиндаги вакт ефта аз ахволи фарзандонамон бохабари карда насихат карда бо рохи дуруст рав нагуфтем.У баъд ба Мафтуна руй оварда гуфт.Исфандиер хаммаашро ба Ман накл кардааст.Ту Духтарам холо чавони ва баду неки зиндагиро дуруст намефахми.Оиладори лухтакбози нест, ки бо ихтиери Худат кадом вакте, ки хохи гузошта рави.Ин савдои зиндагист, ва Шукри Худо Ман холо зиндаам ва Касе бе ичозати Ман кадамашро берун аз хонаам намегузорад.Ман гапи гуфтагиямро гуфтам ва дигар набинам, ки касе дигареро гумони бад карда бадбини кунад.Хозир бошад Духтарам ба хона даро ва хечгох ягон кори беаклиро аз пеши Худат накун.Ту боши Тахминачон нисбати хамсафари ояндаи хаетат харгиз шак накун, Вай гунох надорад.Инчо Мафтунаи Худамон хатои бузург кардааст, ва Мо кушиш мекунем, ки Уро ислох кунем, охир Мафтуначон Ту Келини Мо хасти ва Келин ба чои фарзанд аст.Рузхо пайи хам мегузаштанд ва туйи Тахмина низ наздик омадан мегирифт.Хар рузу хар дакикаву соат ахли хонавода бо Мафтуна муносибати хуб мекарданду, гуе бо ин амалашон ба чарохатхои калбаш намак мепошиданд.Барои мисол.Агар дар телевизор ягон филме намоиш медоданд, ки дар бораи феъли бади келин мебуд, охиста касе аз бошандагон барои хичолат накашидани Мафтуна канали дигарро мемонд, е телевизорро хомуш мекард, ки аз ин Мафтуна боз бисертар хичолат мекашид.Кори баду неки чахон дер е зуд ошкор мешавад ва сабабгори он имруз е фардо хатман боят чавоби амали кардаашро бидихад.Туйи Тахминаву Шахромро баъд аз як мохи дигар муайян карданд.Ин як мох барои дилдодагон муддати тулони буд.Албатта Онхо бо телефон гап мезаданд, аз орзухои оянда, аз сухбати аввалинашон ва аз мухаббаташон бемалол харф мезадаги шуданд, вале ин барои Онхо кам буд.Нихоят рузе Тахмина хангоми тоза кардани пушти хона аз байни хокрубахо ампулайеро, ки охирин бор Пулод ба Мафтуна додабуд, ефт.Мафтуна онро дар вакти ба гунохаш икрор шудан ба Исфандиер дода будааст ва Исфандиер сари кахру газаб аз тиреза ба пушти хона хаво дода будааст.Тахмина, ки Худаш табиб буд, онро хонда чи буданашро фахмида ин дар инчо аз кучо пайдо шуда бошад?Наход дар Оилаи Мо одами нашъаманд бошад гуфта хайрон шуд.У бисер фикр кард ва якбора диккаташро як чиз ба худ чалб кард.У ягон бор дар ин бора андеша накарда буд.Чаро Вай дар дасти Шахром табобат гирифт?Охир Шахром табиби беморихои нашъамандист.Охиста охиста корхои аз сараш гузашта пеши назараш омаданд.Аз рузи аввали бемориаш, ки Янгачони азизаш аналгину демидрол уколаш карда буд, то рузе, ки Падараш гуфт, ки Мафтуна хато кардааст.У дигар тамоман шубха надошт, сад дар сад фахмида буд, ки Янгаи азизтаринаш бо чони чавони вай боози кардааст.Тахмина ампуларо ба дасташ гирифта ба хона омад.Хамма ба кор рафта буданду, Модараш ба хонаи Духтари калониаш ба нохияи Пяндж.Дар хона Тахмина бо янгааш танхо буданд.Тахмина ба руи хавли омад, ки Мафтуна дар ончо картошка тоза карда истода буд.У якбора кордро аз дасти Мафтуна гирифта аз гиребонаш дошту ампуларо ба чашмонаш наздик оварда гуфт.Бигуй, ин аз кучо омадааст?Хуш аз сари Мафтуна парид, чашмонаш сиехи заданд, Дуне ба назараш чарх мезад.Тахмина ахволи Уро дида ба Вай рахмаш омаду Уро рахо карда гиряолуд гуфт.Хайфи Ту, Ман барои ин гунохат Туро хечгох намебахшам.Мафтуна бо чашми гирену дили хунчакон хеста рохи хонаи падарашро пеш гирифт ва он руз Тахмина дар хона танхо монд
Мо дар бораи нашъамандон бисер мешунавему медонем ва шоят баъзеашонро мешиносему нисбаташон нафрат дорем ва Онхоро гунахкор низ мешуморем, ки аз руи камакли ва чохили ба чони Худ чабр карда бо ин рох рафтаанду хаети Худро сузонида Наздикон ва Пайвандонашонро нниз хам ба гаму гусса ва хам ба шармандагиву сархами дар назди атрофиен гирифтор кардаанд.Агар дурусттар андеша намойем, на хаммаи Онхо гунахкоранд.Дар байни Онхо Афроде низ хастанд, ки акли комил ва дили поку бузург низ доранд, пас Онхо низ ое | 391 |
| 11 | ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-10
Ин субх, Тахмина аз хоби ноз чашмашро кушода ба тиреза нигарист.Нав субхи козиб дамида буд ва хавои тозаи кухистон ба чони бошандагони ин дехаи зебоманзар хузуру халоват мебахшид.Тахмина хост, ки боз каме хоб кунад ва субхи содикро акалан интизор шавад.Охир он шахсе, ки дилашро ба зиндаги гарм кард ва бо кушишу талоши зиед саломатиашро баркарор кард, оне, ки аввалин бор донахои мухаббатро дар полизи дилаш бомехр кишту ба ивазаш хатто миннатдории дурустеро хам кабул накард ва ба болои ин хамма боз мехохад, ки як умр дар бараш бошаду саробонаш шавад, илтимос кардааст, ки зиедтар бихобад.Тахмина бо ин максад чашмонашро пушид, вале шуру шавки чавони, мухаббати поки навбунеду бобарор оромаш нагузошт.У чашмонашро боз кушода ба тиреза нигаристу дид, ки субхи содик нав дамида истодааст.Аз чояш сабук ва хушер бархест ва сухани Шахромро, ки аввалин бор аз мухаббат даракаш дода буд, ба ед овард.Дар хакикат Шумо духтари зеботарини Дуне будаед.У беихтиер табассум карду як эхсосоти гуворойеро, ки омехта бо шарму хае буд дар унки калбаш хис кард.У ба назди оина рафта ба чехраи Худаш нигарист.Ин Чавони накусиришт дар кучои Ман он зебогийеро дида бошад, ки дар ягон Каси дигар надидааст?Ое У Худаш медониста бошад, ки Худаш дар хакикат хам дар зебоги ва хам дар одобу ахлоку хамма сифатхои начиби Инсонгари нотакрор аст?Охир акалан вай мефахмида бошад, ки Ман духтар хастам ва забонам намегардад, ки бигуям, ки У ягона одамест, ки барояш таерам, ки чонамро бидихам.Тахмина гарки андешахои гуворо буд, ки ногох янгааш ба хотираш расид.Муносибати Вай бо Акаам ким чихел нофахмо шудааст рузхои охир.Хатто вакте, ки хостгорхои Тахмина омада ноншиканон карданд, ду Акаи шахрнишинаш ва ду Аппаи оиладораш, ки дар нохияи Пяндж зиндаги доранд омада буданд, хаммаи оила сарчамъ буд, вале Янгааш кушиш мекард, ки ба чашми Онхо камтар намояд.Чанд бор Хошимчон, Писари хурдии Амаки Шохрачаб бо вай шухихо низ кард, вале У онкадар бозавк чавоб надод.Шоят аз оиладор шудани Тахмина ягон норозиги дораду гуфта наметавонад?Боят хатман бо У сухбат карда сабаби дар Оила дигар шудани муносибаташро фахмам.Тахмина ба руи хавли баромада чорубро аз назди оташдон гирифту ба лаби чуй оварда гузошту сатилро гирифта ба хавли об пошид.То каме хушк шудани замин хост, ки ба назди Янгааш рафта бо Вай сухбат кунад, вале дид, ки Худи Вай аз хона баромада чониби дарвоза рафта истодааст.Мафтуна чун харвакта дар дасташ сумкаи либосхои кори ва дар танаш либосхои харвактааш набуд, у Худашро дуруст ба тартиб хам наоварда буд, маълум буд, ки ба кор нарафта истодааст.Бар зами ин аз чашмонаш ашк мерехту охиста ва бо дили нохохам рох мегашт.Тахмина ба назди Мафтуна омада аз китфаш гирифта Уро боз дошт.Янгачон, ба кучо меравед?Барои чи Шумо баъд аз аз беморхона омадани Ман дигар шудед?Акаам хам бо Шумо чун харвакта муносибат намекунад.Танхо Падарам Шуморо навозиш мекунаду Шумо хамеша сархаму гамгинед.Агар ин хамма носозихои оилави аз сабаби оиладор шудани Ман бошад, бигуйед, то Ман хам донам.Е Шумо дар шахсияти Шахром ночурийеро мебинеду ба ман гуфтан мехохед, вале хонагихо ба Шумо ичозат намедиханд?Агар чунин бошад илтимос бигуйед, охир Ман Шуморо хечгох аз Аппахоям кам намедонам.Ин сирри байни мо мешавад, ба Шумо ваъда медихам.Мафтуна ин суханони Тахминаро гуш кард ва мехост, ки замин кафаду дарояд ва чашмонаш дигар ба чашмони бегунохи Тахмина во нахуранд.Мафтуна Тахминаро ба огуш гирифта аз рухсорааш бусида гирену нолон гуфт.Не Хохараки азизам, харгиз чунин фикр накун, Шавхаршавандаи Ту Инсони хуб аст, ин Манам, ки оси ва русиехам.Дар дили Тахмина ногох фикри дигаре пайдо шуд.У фикр кард, ки хангоми донишчуи дар байни Мафтунаву Шахром муносибате будааст ва барои хамин бо дидани Шахром вазъияти Вай бо Шавхараш бад шудааст.Шоят Исфандиер Занашро бо Шахром рашк мекунад?Якбора ранги руи Тахмина дигар шуду катъиян талаб кард.Худи хозир хаммаашро ба Ман мефахмонед, е Ман Шуморо ба ягон чой рафтани намемонам.Хамин замон Амаки Шохрачаб охиста аз хона баромада Келинашро бо Духтараш ба наздаш хонда гуфт...
Идома дорад... | 349 |
| 12 | ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-9
Вале себи ширину хушбуй об шудан мегирифт.Ин ширинтарин лахзаи хаети Тахмина буд.Шахром нихоят аз кораш боз истода гуфт.Тамом, бас дигар мункин нест, Шумо ду руз боз чизе нахурдаед, акнун баъд аз ду соат Худам ба Шумо мехуронам.Тахмина чашмонашро кушода ба Шахром нигарист.Шахром максади рафтан дошт ва ин ба Тахмина хуш наомад.У беихтиер гуфт.Акаи Шахром наравед намешавад?Мехохам Шумо бо Ман бошед.Шахром беихтиер гуфт.Агар хохед Ман як умр бо Шумо мемонам, вале агар ичозатам дихед, рафта ахволи беморонро хабар гирифта зуд меоям.Тахмина Худаш низ табиб буду вазъияти Шахромро хуб мефахмид, бинобар ин рози шуд.шахром бо дили нохохам аз хучра баромад.Хаминхел рузхо пайи хам мегузаштанду саломатии Тахмина хубтар шудан мегирифт.Хаммаи хонагихояшон ба аедаташ меомаданд, вале У Янгаашро намедид.Хар боре, ки аз хонагихояшон мепурсид, ки Янгам кани чаро намеояд, Исфандиер саросима ба чои хамма чавоб медод, кораш бисер аст, пагох меояд, е дар беморхона навбатдор буд.Баъд дар тули ду мохи табобаташ Тахмина Худро хушбахттарин инсони руи Олам эхсос мекард.шахром хечгох аз мухаббат ба Вай сухан намегуфт, Уро шарм намедоронид, вале бо амалхо ва рафтораш ба хаммаи саволхои Тахмина чавоб дода аник ба Вай мефахмонд, ки дар хакикат хамсафари арзандатарини хаеташ буда метавонад.Агар Тахмина медонист, ки нашъаманд аст ва дар холи табобат карор дорад, шоят аз ин гирдоби марговар харгиз баромада наметавонист.Токат накарда боз истеъмол мекарду Худашро ба халокат мерасонид.Аз хамин сабаб Шахром дар танхои гаштаву баргашта ба Исфандиер мегуфт ки акалан то шаш мох номи маводи мухадирро дар назди Вай нагиранд ва агар мачбур нашаванд, як умр ба Вай нагуянд, ки У нашъаманд буд.Тахмина баъд аз ду мох шифо ефта ба хонаашон бар гашт, лекин чудои аз Шахром барояш мушкил буд.У хангоми чудо шудан Худашро дошта натавонист.Барои хизматхоятон Ман аз Шумо як умр карздорам гуфт ба Шахром ва аз чашмонаш ашк баромад.Ин ин гаронии Тахмина дер давом накард.Баъд аз ду руз ба Тахмина аз тарафи Шахром хостгорхо омаданд...
Идома дорад... | 357 |
| 13 | Ку-ку
Ягон кас ҳаст? | 338 |
| 14 | вале себи ширину хушбуй худаш дар дахонаш об шудан мегирифт...
Идома дорад ...
👉 @qissahoizindagi | 1 |
| 15 | ГУНАҲКОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-8
Онҳо дохили беморхона шуданду бо Исфандиер ва Модараш вохури карданд.Онхо гуфтанд, ки Тахмина нав ба хуш омадаасту ахволаш бад нест.Исфандиер шоят вактро муносиб надид, ки дар инчо хам сирри Мафтунаро накушод.
Тахмина карибихои соати дуи шаб ба Худ омад.У чашмашро кушода хаммаи ахли хонаводаашро дар болои сараш дид.Дар байни хаммаи бошандагон чашмони У танхо Мафтунаро мечустанд.Барои Тахмина Хозир Мафтуна азизтарин Шахс буд.Хаммаи харакатхои Мафтунаро, буи атрашро, охиста чун дуздон гап заданашро ва хусусан бо эхтиет сузандоруро ба Вай гузарониданашро чун як сапти лентаи видиои бо мухаббат ба хотир оварду аз дарди чонкох лаб зери дандон карда харисона ба хар гушаи Уток чашм давонд.Нихоят дар кунчаке Мафтунаро диду гуе чони тоза ба баданаш даромад.Аввалин сухане, ки У ба забон овард ин буд.Янггачон, дар пеши поят бимирам, охир ба Ту чи шуд?Чаро ба Ман аналгину демидрол укол намекуни?Илтимос чони Маро бихар гуломат мешавам.Тахмина дигар Он Духтари оташиннигох, маълумотноку босаводу шармгин набуд.У ба як тифлаке монанд шуда буд, ки суханони нофахмову бетартиб гуфта хаммаи оилаашонро дар назди якдигар ва дар назди Шахром шарм доронид.Чашмони хамма ба Мафтуна харгуна духта шуданд.Агар Исфандиер ва Шахром ба Вай бо нафрат менигаристанд, Холаи Савсан ва Амаки Шохрачаб бо хайрат ба вай нигох мекарданд.Нихоят Шахром аз чояш хеста гуфт.Хуб, майлаш, ором шавед, хозир Ман ба Шумо аналгину демидрол укол мекунам.Тахмина гуфт.Не Акачон, монед Янгам кунанд, дасти Вай сабук аст, тез нагз мешавам.Шахром бори аввал ба чашмакони обии мададхохи Тахмина нигариста дар чашмонаш халкаи ашк пайдо шуд ва дилашро муфт бой дод.Мувофики коидаи табобат, якбора маводи нашъаоварро кахт кардан мункин набудааст.Онро аввал кам карда ва фосилаи гузарониданашро дур дур карда хаминхел охиста охиста нест мекардаанд.Шахром охиста ашки чашмашро пок карда гуфт.Дасти Ман хам сабук аст, ана хозир мебинед, гул барин сабук шуда истирохат мекунед.Акнун хохишмандам беморро танхо гузоред.Шахром сузандоруйеро бо микдори зарурии дору таер карда ба дасти Тахмина гузаронид ва У ором шуд.Оилаи Амаки Шохрачаб хомушона таерии рафтанро диданд.Он шаб Шахром Худаш барои парастории Тахмина навбатдор истод.Субхи он руз Тахмина чашмашро кушода танхо Шахромро дар канори болинаш дар руи курси нишаста дид, ки бо мехр ба Вай менигарист.У ба нигохи Шахром тоб наоварда руяшро бо дастонаш пушониду гуфт.Акаи Шахром, Ман Шуморо бисер хурмат мекунам.Илтимос ба ман инхел ачоиб нигох накунед, ки мачбур мешавам, то Шуморо низ дар катори дигар мардхо бад бинам.Шумо барои чи дигар Мардонро бад мебинед?Аз дасти сардухтурамон, Вай хаммаи Мардхоро ба чашми Ман бад кардааст.Кадом марди бегонайе, ки ба Ман бисер нигох кунад, руи безебу зишти Уро пеши чашмонам меорам.шхром хандид ва гуфт.шумо дигар харгиз Уро намебинед, зеро Вай дина чун саг мурдааст.Тахмина аз ин гапи Шахром хурсанд шуда ба руи Вай нигох карда пурсид.Рост мегуйед?Чаро мурда бошад намедонед?Не, намедонам, мегуянд, ки дилаш аз кор мондааст.Тахмина гуфт.Хар навъе, ки бошад, Худо Маро бубахшад, лекин Ман аз мурданаш хурсанд шудам, У Одами бад буд.Шахром як дастагули тару тозарро оварда дар болои сари Тахмина гузошту, себи сурхеро охиста бо корд пуст карда истода бо Тахмина сухбатро идома додан гирифт.Хуб майлаш, биейед дигар дар бораи бадихо гап намезанем.Имруз хамсабаконатон ба аедати Шумо меоянд, боят Шумо дар назди Онхо Худатонро солиму бардам нишон дихед.Шахром порайе аз себ бурида ба лабони Тахмина наздик бурд.Тахмина аз шарм супсурх шуда ночор дахонашро кушода себро ба дахон гирифт.Сафи дандонхои сафед, лабони нозуку хушкидаи Вай ба назари Шахром як муъчизаи афсонавийеро нишон доданд.Шахром Худро тамоман аз даст дода беихтиер гуфт.Дар хакикат Шумо зеботарин духтари руи Олам будаед.Аз чашмони Тахмина ашк баромада охиста гуфт.Не, Ман зебо нестам, ин Шумо бисер рахмдил хастед барои хамин дилатон ба Ман сухта ба назаратон хаминхел намудагист.Шахром чизе нагуфта ба дахони Тахмина себ мемонд ва тахмина гайр аз хурдан ва халоват бурдан дигар чорайе надошт.У кушиш мекард, ки акалан охиста ва боодобона бихурад, | 352 |
| 16 | ГУНАҲГОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-7
Исфандиер хомушона ба мошинаш нишасту гарки андешахои гуногун чихел ба хона расиданашро нафахмид.Чун У дарвозаро кушода мошинро ба чояш гузошььт, овози Мафтунаро шунид, ки баланд фигон бардошта гиря мекард.У гумон кард, ки Мафтуна аз марги Пулод бохабар аст.Ба хона даромада аввал ба руи Мафтуна нанигариста гуфт.Дигар доду фигони бехуда фоида надорад, алакай ба ивази бадкорихояш Худо чонашро гирифт, бокимондаи азобхояшро дар Дузах мекашад.исфандиер ин гапро гуфта ба Мафтуна нигарист, ки У куртаи Худашро, яъне аз Исфандиерро ба руяш пахш карда гириста истодааст.Мафтуна овози Исфандиерро шунида аз чояш часта хесту харосон гуфт.Ки дар кучо барои чи?Ое Ту Пулодро кушти?Охир чаро дастатро ба хуни хароми Вай олуда карди?Майлаш Маро фикр накарда боши, охир Ман бароят вучуд надорам, Ман мурдаги, Хохари беморат, Модари зоратро андеша накарди?Агар Туро ба чавобгари кашанд ахволи Онхо чи мешавад?Исфандиер аз ин суханони Мафтуна лахзайе Худашро гум карда боз ба Худ омаду гуфт.Ту чихо мегуи?Наход Маро низ мисли Худат ва он саги лаъинат Одамкуш гумон куни?Мафтуна каме ором шуда Шукронаи Оллох гуфт ва пурсид.Азизам пас бигуй, чи гап шудааст, ки мурдааст?Исфандиер ходисаи дидагиашро мухтасар гуфта дод.Мафтуна бори дигар Шукронаи Оллох гуфта ба чояш нишаст.ПИсфандиер чизхои лозимиашро гирифта ба назди мошинаш равон шуд, Мафтуна хост, ки ба вай ердам кунад, лекин Исфандиер Уро бо нигохаш аз наздаш дур кард.Мафтуна бошад бо чашми гирену калби хунчакон руи хавли бехаракат монд.Баъд аз чанде Амаки Шохрачаб аз кор бар гашта келинашро дар ахволи бад диду хуш аз сараш парид.Келин, бигуй, ба Ту чи шуд?Кани Одамони хона?Тезтар гап зан, ое ба Тахмина ходисайе руй додааст?Мафтуна саросима не Падарчон, натарсед, хеч гап не каме маззааш гурехту ба беморхонааш бурданд.Ана диди Духтарам, Ман гуфта будам, ки беморхона бурдан лозим.Боз Шумо бо Модаратон махмаддоноги карда якрави кардед.Хайр Илохо ба хайр бошад, дар кишлок мотам аст, сардухтуратон Пулодчон казо кардааст, ман ба чаноза меравам.Ту гиряи бехударо як тараф мону хеста ягон дами гарм паз, Ман зуд меояму ба беморхона меравем.Мафтуна шармандавор ба руи Амаки Шохрачаб гунахкорона нигариста ба ошхона даромад.Амаки Шохрачаб низ бисер Инсони Начиб аст.У дар рохи илму маърифат сарашро сафед кардааст.У 20 сол Омузгори фанни забону адабиет кор кардаасту, боз 10 соли дигар рохбарии мактаби дехаи хамсояро ба ухда дошт.Мафтуна боз дар хона танхо монд.У дар хакикат мурданро осонтар мешуморид аз ин руз дида.Охир келини хонаи бо намунавии деха буд, маълумот ва чои кори муносиб низ дошт ва хамма ба вай хасад мебурданд.Имруз е фардо аз амали зишти содир кардааш хамма огох мешаванду, бечора Хусуру Шавхару Хушдоманаш дар деха дигар аз шармандаги сар бардошта наметавонанд.Худи хамин сол Амаки Шохрачаб бо зиерати Макатуллох мушарраф гардида номи Хочиро низ дар байни хамдехагон сохиб шуд.Амаки Шохрачаб аз чаноза бар гашту келинашро садо кард.Духтарам, кани тезтар бие, таер шуди?Ту чикор карда истодаи то хол либосатро иваз накардаи ку?Тез бош ба либосатро пушу ба мошин бишин, дер шуд охир.Мафтуна ба зур овоз бароварда гуфт.Падарчон, Ман наравам намешавад?Охир дар хона одам нест.Не Духтарам хеч гап не, меравем, Ман Туро дар мурдашаба танхо намегузорам, хосияти хуб надорад.Мафтуна ночор таер шуда ба курсии кафо нишаст.Амаки Шохрачаб гуфт.Не дар ончо нашин, охир дар назди Худам бишин ва накл кун, ки чаро ахволи Тахминачаи Ман якбора бад шуд?Гуфтед, ки зуком асту бемори чидди нест ку?Мафтуна фаромада ба пеш нишасту бо овози пастуу ларзон гуфт.Падарчон, хеч гап нест, Исфандиер Худаш ба Шумо мефахмонад.Амаки Шохрачаб дигар чизе нагуфт, У мошинро бо суръат меронд.Онхо ба беморхона расиданд.Мафтуна Шахромро мешинохт ва медонист, ки Исфандиер хатман ба назди У рафтааст.Дар назди бино Онхо бо Шахром вохурданд ва Амаки Шохрачаб хайрон шуда пурсид.Писарам, Тахмина дар инчо хоб карда шудааст?Шахром гуфт.Бале Амакчон вале он чизе, ки Шумо фикр мекунед нест ва ба Мафтуна нигариста бо нимтабассум гуфт.Хаминхел не Янга?Мафтуна ночор бо аломати тасдик сар чумбонд...
Идома дорад... | 417 |
| 17 | ГУНАҲКОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-6
Чун Мафтуна хаммаи суханонашро ба охир расонд, Исфандиер бо шаст аз чояш парида хесту ба суи дар чун тир аз камон парид.Мафтуна низ аз чояш хеста ба сари рохаш парида Худро ба огушаш партофта гуфт.Азизам, аввал киссаи Мани нопокро ба охир расон, такдирамро хал бикун ва ба суханони охиринам агар тавони гуш кун, баъд каме ором гирифта аклатро ба чояш гузор, баъд Худат чи коре, ки мекуни ихтиер дори.Исфандиер каме оромтар шуда хайратзада ба руи Хамсараш нигаристу гуфт.Мани бегунох ба руи Ту нигох карда ба чои Ту шарм медорам.Наход Ман бедор бошам?Шоят хоби пурдахшату бемаънойе дида истодаам?Агар чунин бошад аз Ту барои ин нафрате, ки нисбатат дорам шармандавор хеста узр мепурсам.Мафтуна боз Худро ба пеши пои Шавхараш партофта руяшро ба пойхои Вай молид.Исфандиер ба Худ омада Уро аз рохаш ба канор карду аз дари хучраи хобашон баромада чониби дарвоза равон шуд, вале садои Тахминаро шунида ба хучраи У даромад.Тахмина бо чашмони пушида руи бистараш хобида баланд баланд хазен мегуфт.Янгачон, илтимос, тезтар аналгину демидроли чонбахшатро гузарон, ки тамоми баданам месузад, дасту поям мешикананд, мемирам.Исфандиер давида ба сари болини Хохараш омада Уро ба огуш гирифта озод ба руи дастонаш гирифта бардошту аз дар баромад.Мафтуна давида руи хавли баромаду Исфандиерро дид, ки Тахминаро руи даст бардошта оварда истодааст, чониби мошини Исфандиер давиду хост, ки дари мошинро кушояд.Исфандиер бо пои чапаш Мафтунаро охиста аз назди дари мошин як тараф тела доду бо дасти чапаш Худаш дарро кушода Хохарашро бо эхтиет руи курсии кафои мошин хобонида аз пешонии вай бо мехр бусида гуфт.Мохи Ман, Фариштаи Ман ором бош, Бародарат бо Туст, намегузорад, ки ба ягон тори муят зарар расад.То ин дам Ту номуси Худат ва номуси Оилаамонро хифз карди, акнун навбати Ман.Тахмина чашмони обиашро бемадорона кушода дастакони харобу бемадорашро бо азоб ба гардани Исфандиер халка карда бо овози базур шунаво гуфт.Акачон, мемирам.Модарашон, Холаи Савсангул давида омаду, ох сарам дар хок, чи гап шуд?Гуфта ба Писараш бо чашмони харосон нигарист.Исфандиер ба Модараш дар назди Тахмина чой дода гуфт.Натарс Очачон, Худо Бузург асьт, холо таъгири либос хам кардан лозим нест, вахтамон кам аст.Тез бишин ба Душанбе меравем.Исфандиер сари фармони мошинаш нишасту, зуд ба рох баромаданд.Модар сари рох аз дареи варзоб фаромада дар зарфи пластики, баклашка об гирифту рох ба рох ба лабони хушкидаи Тахмина об чаконидан гирифт.Чун ба беморхона расиданд, Исфандиер ба хамсабакаш, ки дар ончо кор мекард, Тахминаро нишон дода гуфт.У нашъаманд асту Худаш намедонад.Шахром хайрон шуда пурсид.Ман бори аввал мешунавам, ки Одам нашъаманд бошаду Худаш надонад.Яъне чихел?Исфандиер ба Вай ходисаро махфиена фахмонид.Баъд аз ташхис маълум шуд, ки бо сабаби 15 руз бе танаффус гузаронидани мавод хуни Тахмина захролуд шудааст ва хатман боят хунашро иваз кунанд.Шахром гуфт.Табобати ин бемори аз иродаи Бемор вобастагии калон дорад.Аксар вакт Мо Беморонро табобат мекунем, вале Онхо токати хумори нашъаро накарда боз истеъмол мекунанд.Ин хуб аст, ки Хохарат намедонад, ки нашъаманд аст ва боят эхтиет кунем, ки касе ба вай нагуяд.Исфандиер хуб шудааст гуфта Модару Хохарашро дар як хучраи алохида хобониду, барои мухае кардани чизхои лозими ва фармудахои табибон суи хонаашон рох пеш гирифт.У чун ба деха расид, дар назди беморхона издихоми зиеди одамонро дида мошинашро манъ карда фаромад ва пурсид.Инчо чи гап аст, чаро одамон чамъ шудаанд?Дугонаи Тахмина, духтараки зардинамуи кадбаланд, ки Фируза ном дошту дар беморхона ба хайси фаррош кор мекард, чавоб дод.Сардухтурамон, Пулод Сатторов аз олам гузаштанд.Исфандиер хайрон шуда пурсид.Читавр, охир чаро?Фируза гуфт.У нашъаманд будааст, аз сабаби якбора меъери зиеди маводро ба хунаш гузаронидан, передозирофка, дар утоки кориаш чон додааст.
Идома дорад... | 444 |
| 18 | ГУНАҲКОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-5
Мафтуна бехудона дар рохи качу нохамвори реги, ки рохи асосии ин дехаи кухи ба хисоб мерафт, суи хона охиста, охиста кадам мезаду, дар дил ба Худаш ва ба Пулод лаънат мехонд.У Худашро акнун баъд аз ин бекадрии сахте, ки аз тарафи ин Марди Худобехабар дид, бори аввал пасттарин инсон дар руи олам хисоб кард.Мафтуна дар роххо ва дар чойхои чамъияти борхо мушохида карда буд, ки мардхои занбоз занони бадрохаро бекадри мекунанд, хакорат мекунанд ва берун аз хохишашон бо онхо чигунайе, ки хохан муносибат мекунанд.У хамеша ба занхои сабукпой нафрат дошт ва ба онхо лаънат мехонд.Акнун холо мачбур шуд, ки Худашро бори аввал дар бари Он Занхо гузораду бо Онхо мукоиса намояд.Мафтуна бо тарозуи адл холисона номуси Худашро хам бар кашиду аз он Занхоро хам, вале дид, ки номусу шарафи Онхо аз мафтуна дида зиедтр ва мустахкамтар будааст.Охир Он Занхои бечора агар якеашон аз сабаби бефарзанди хонавайрон шуда дар чорсуи зиндаги танхо монда бо макру фиреби касе ба рохи бад рафта бошад, нафари дуввум аз чохили ва бадрафтории Шавхараш ва гуруснаву ташна мондани тифлаконаш ба ин рох рафтаасту нафари саввуму чахорум шоят боз дигар ночорихо доштанд, аммо Мафтуна чи?У хонаи обод ва як Шавхаре дорад, ки як кошаш нархи дахто инхел бо кавли Тахмина пирбуз аст.Исфандиер дар хакикат Чавони меарзидаги буд.У сохибкор буду як ширкати бузурги доруфуруши дошту хечгох ягон гуфтаи Мафтунаро ичро накарда намемонд.Исфандиер низ Донишгохи тиббиро се сол баъд аз Пулод хатм карда буд, факултаи формацефти яъне дорусозиро.Одобу ахлоки хушашро намегуйед?Мафтуна Худаш ба ин Чавони хушахлок ошики зор шуда се сол аз пушташ давида дилашро ефт.Ана хозир Мафтуна боят Ин Чавони покдилу зеборо хиенат карда бо як зиштруи одамкуш иваз намояд.Пас аз ин кирдораш ое як нохуни он бечора Занхойе, ки бо амри такдир ба рохи бад рафтаанд аз Мафтуна боло нест.Мафтуна гарки андешахои дахшатангез буд, ки аз пушт касе охиста ва бо навозиш аз китфонаш ба огуш гирифт.У гумон кард, ки Пулод аз кафояш омадааст, дод зада Худашро ба пеш хаво дода ба кафояш нигарист.Хост, ки сангеро бардошта ба сари Пулод зада бикушадаш, вале ба чои Пулод Исфандиерро дид, ки бо завк механдид.Мафтуна давида Худашро ба пеши пои Исфандиер партофта фаред зада пойхояшро огуш карда бусидан гирифт.Исфандиер аз ин кори Мафтуна хайрон шуда Уро аз замин бардошта ба огуш гирифт.Мафтуна сарашро ба китфи пахлавононаи Шавхараш гузошта бо хасрат, бо пушаймони ва бо алам шармандавор мегирист.Исфандиер такрор ба такрор мепурсид, ки ба вай чи ходиса руй додааст?Ое ба Тахмина бемории баде ер шудаасту Мафтуна барои хамин гамгин аст?Агар чунин бошад пас Мафтуна чаро Худашро ба пеши пои Исфандиер партофт?Ое У Худашро гунахкор мешуморад?Исфандиер хамоно саволхои зиеди пай дар пай медоду Мафтуна бошад хамоно доду фаред зада Исфандиерро мебусиду мегирист.Нихоят Пулод бетокат шуду дод зада гуфт.Эй духтар, Ту дили Маро кафондан мехохи?Бас аст дигар Ман токати ашки чашмони Туро надорам, ором шав ва ба Ман бигуй, ки чи ходиса руй додааст?Мафтуна ба Худ омада гуфт.Майлаш, мегуям, факат ваъда бидех, ки ба суханонам то охир токат карда гуш мекуни, зеро Ман Туро медонам, Ту хечгох ваъдаатро нашикастаи ва намешикани.исфандиер ваъда дод.Мафтуна аз гардани Исфандиер огуш карда гуфт.Бие Туро бибусам, зеро шоят ин бори охирин бошад ва дигар хечгох чунин имконият даст надихад.Исфандиер гуфт, ки чи коре, ки мехохи бикун ва тезтар дахонатро кушову гапатро гуй.Мафтуна Шавхарашро огуш кард ва бусида гуфт.Аввал Маро то охир гуш кун, баъд агар хохи бикуш, ман нома менависам, ки Худам худкуши кардам ва дар маргам хечкас гунахкор нест.Онхо ба хонаи хобашон рафта руи диван пахлуи якдигар нишастанд, ва Мафтуна ба сухан гуфтан огоз кард.Хангоми накл кардани ин вокеъа ашк аз чашмони Мафтуна мешориду, Исфандиер чун Шери дар банд афтода наъра мезад, аз чояш мехест, ба назди дар мерафту боз омада ба чояш менишаст, чун, ки ба Мафтуна ваъда дода буд, ки то охир суханашро намебуррад.Мафтуна киссаро ба Исфандиер аз аввал то ба охир нукта ба нукта накл кард.
Идома дорад.... | 467 |
| 19 | ГУНАҲКОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-4
Хамин тарик рузхо пайи хам мегузаштанду бемории Тахмина шиддат мегирифт.У дигар дар бораи касе ва чизе фикр кардан намехост, танхо хушу едаш ба ин банд буд, ки кай бегох мешаваду Янгааш омада бо як сузандору чону танашро аз панчаи дарди токатфарсо мерахонад.Тахмина хатто акле надошт, ки фикр кунад, ки ин чигуна сузандоруст, ки бо истифодаи он аз Одаму Олам бегона мешавад ва чаро тани чавону солимаш якбора инкадар дардманду нотавон шуд.Руз то руз Тахмина харобу нотавонтар мегардиду ахволаш бадтар шудан мегирифт, ва дар дили Мафтуна дахшат афтод.Исфандиер дид, ки бемории Хохараш чиддист ва максад кард, ки Тахминаро ба беморхона бурда ташхис намояд.Аз ин карори додаи Исфандиер ба дили Мафтуна оташ афтоду гуфт, ки онкадар вохима накунед, каме грип шудаасьт ва Худам дар хона табобаташ мекунам.Агар онкадар зарур бошад, Пулод Рустамович омада дар хона ташхис карда дорухои лозимиашро Худаш мухае мекунад.Тахмина бо вучуди бе хол буданаш аз дахони Янгааш чун номи Пулодро шунид, дод зада аз чояш хесту гуфт.Агар он пирбузи харом кадами касофаташро ба хонаи Мо гузорад, Ман зада мекушамаш ва баъд рафта умри бокимондаамро дар хапсхона мегузаронам.Аз ин амали Тахмина Мафтуна тарсид, ки сирраш кушода нашавад ва ранг аз руяш парид.Исфандиер кайхо хис карда будааст, ки Мафтуна аз одамон пинхони сузандоруи Тахминаро мегузаронад, аммо хомушона ноаен назорат карда хостааст, ки аз асли вокеъа бохабар шавад.Мафтуна дигар фурсат ефта ба Тахмина сузандору гузаронида натавонист зеро, Исфандиер хамеша дар назди Тахмина буд ва гох даст ба сараш мегузошту гох дилбардориаш мекард.Тахмина аз Исфандиер илтимос мекард, ки ба Янгаам бигуй, ки омада ба Ман аналгину демидрол укол кунад.Исфандиер хохиши Хохарашро ба чо меовард, аммо фоида намебахшид, чун ки дар назди Исфандиер Мафтуна аналгину демидроли хакики ба бадани Тахмина мегузаронид, ки ин тамоман ба Тахмина тахсир намекард.Ин бегох Мафтуна хис кард, ки хатои нобахшидани кардааст, ва ин рохи рафтааш дар охир шармандаву расвову хонавайронаш мекунад.У вакте, ки соати охирини кори ба охир расида истода буд ва беморхона каме камодам шуда буд, ба назди Пулод даромада пурсид.Ба Ман фахмон, Ту бо кадом максад хаети Тахминаро сузонида истодаи?Охир бо нашъаманд шудани Вай чихел ба максадат мераси?Аз ин ба Ту чи фоида?Пулод гуфт.Ту бисер савол надех.Ин бегох ба Тахмина вахт ефта руи рост асли вокеъеаро аз аввал то ба охир накл мекуни ва мегуи, ки чонаш дар дасти ман аст ва агар Ман ба Вай героин надихам, мемирад.Агар зинда мондан хохад ба такдираш тан дода Худашро ба Ман бахшад.Агар имруз натавони, пагох хатман ин корро мекуни.Тахмина е рози шуда аз Ман мешавад, е мемирад.Мафтуна баъд аз шунидани ин сухан фахмид, ки гунохи содир кардааш бенихоят бузург аст.У газаболуд пурсид.Агар боз хам рози нашавад чи?Пулод гуфт.Пас бигузор бимирад.Ман намегузорам, ки У дар огуши дигаре бошад.Пулод ин гапро гуфта аз чояш хеста ба назди сандуки оханин рафта як ампуларо гирифта ба мафтуна дода гуфт.Имшаб Ту дар накши Тахмина бози мекуни.Мафтуна аз ин гапи Пулод хайрон шуда чизеро нафахмида пурсид.Яъне чихел ва барои чи Ман дар накши Тахмина бози мекардаам?Пулод хандида гуфт.Имшаб Келини Очачонам нест.Хозир Ту рафта Тахминаро бо хар рохе, ки набошад, иммконият ефта бо ин сузандору ором мекуни ва ягон бахона ефта аз либосхои Тахмина пушида ба хонаи Ман омада бистари хобамро обод мекуни.Фаромушт накун, Ту то пагох Тахмина ном дори.Мафтуна акнун фахмид, ки Ин Пирбуз чигуна касофат будааст.У бо газаб ампуларо ба сумкачааш андохта гуфт.Ту аклатро хурдаи?Инкадар гунохам кам аст, ки боз фоишаги кунам?Пулод як шаппотии сахт ба руи Мафтуна зада гуфт.Гуш кун канчикча.Ба Ту як бор мегуям ва дигар такрор намекунам.Агар аз гапам як мижжа барои, мурдам гуфтан гир.Мафтуна хечгох чунин бекадри ва тахкирро хатто нисбати каси дигар хам надида буд, хеч кас дар умраш ба Вай даст набардошта буд.У бо ашки шашкатор аз беморхона баромада суи хона равон шуд.
идома дорад... | 509 |
| 20 | ГУНАҲКОРОНИ БЕГУНОҲ ҚИСМИ-3
Дакикайе чанд аз гузаронидани сузандоруйе, ки маводи нашъаовар дошт гузашта буд, ки Тахмина Худашро тамоман одами дигар хис кард.У бо чашмони лабрез аз мехру мухаббат ба Мафтуна нигаристу сабук ва чолокона аз чояш хестан хост, вале Худаш хайрон шуд, ки чаро инсонвор неву чун як одами навори видиои, ки бо пульт идора карда тез тез пешу кафояш мебаранд, саросима ва бетартиб харакат мекунад.Мафтуна бо нарми гуфт.Ха Шохдухтар, чаро механди?Тахмина бо овози баланду аз Худаш бегона хандида гуфт.Чи гуфти?Шохдухтар?Шохдухтар ба гарди пои Ман намеарзад.Ман аз хамма боллотарам, шоят Шохи Шохдухтархо гуи каме ба хакикат наздиктар шавад.Мафтуна аз харакатхои Тахмина тарсид, ки хозир дар хамин ахвол касе даромада Тахминаро мебинаду гумон мекунад, ки девона шудаасту ба ягон беморхона бурда ташхисаш карда мефахманд, ки ба хунаш маводи нашъадор гузаронида шудааст.Аз хамин сабаб У ба Тахмина охиста гуфт.Бие ба лаби даре рафта каме мешинем, ки ончо салкин аст.Онхо ба лаби даре рафта руи сабзахо нишаста ба мавчхои пуртугену саркаши даре дар равшании махтоб, ки аолакай баромада истода буд тамошо карда истоданд.То рафт дер шуда истода буд ва Мафтуна мехост, ки ба хона боз гарданд, то хонагихо ташвиш шуда ба кофтанашон омада ахволи гайри оддии Тахминаро набинанд, вале Тахмина ба хона рафтан намехост.У мегуфт, ки Ман хозир дар даре оббози мекунам.Мафтуна бисер кушиш мекард, ки ба ин духтараки аклгумкарда фахмонад, ки даре калон асту чараени тез дорад ва ин чой барои оббози мувофик нест, аммо Тахмина тамоман гуш кардан намехост.Хамин замон Шавхари Мафтуна Исфандиер хавотир шуду ба назди Онхо омада пурсид.Чи дигар Шумо ин шаб ба хона рафтани нестед?Рафтем алакай соат кариб 24 шуд, боз пагох ба кор меравед.Тахмина, ки Бародарашро бехад эхтиром мекарду аз чазабаи Вай хатто дар наздаш баланд гап намезад, хангоми мадхуши низ каме хам бошад аклаш даромаду хомушона суи хона кадам гузоштанд.Чун ба хона омаданд, хар кас ба чои хоби Худаш даромада хоб карданд.Нихоят субх низ дар расиду бо нури умедбахшаш дили сиехи шабро дарронда Оламро охиста охиста мунаввар гардонид.Тахмина ин субх чун харвахта барвахт аз хобаш бедор нашуд, аниктараш бедор шуду аз чояш хестан нахост.У дар баданаш як вазминии ношиносеро эхсос карду андешид, ки имруз ба кор намеравад, хуб дам гирифта фардо бо майнаи тоза рафта хисобашро бо Он саги пастфитрат барои чуръат карда нисбаташ нияти бад карданаш баробар мекунад.Соатхо пайи хам мегузаштанду Тахмина то рафт Худашро бад хис кардан мегирифт.Тамоми аъзои баданаш дард мекарду токаташ низ ток шудан мегирифт.У тамоман пай намебурд, ки ин чи дардест, ки ба Вай ер шуда инкадар азияташ медихад.Мафтуна, ки хуб дардашро медонист, ки алакай хумори нашъаи дируз додааш бадани ин духтараки чавону нозукандомро ба худ тобеъ кардааст, ба хонагихо гуфт, ки саломатии Тахмина каме ночур асту бигузоранд то ин руз истирохат кунад.У ба назди Пулод омада аз муваффакияти дирузааш ва ходисахои руйдода накл карду, боз ампуола гирифт. У бегох ба хона омада Тахминаро бемор диду, боз кори дирузаашро такрор карда бори дуввум бо фиреб ба бадани Тахмина героин гузаронид.Тахмина ором шуда бехабар аз хиенати янгаи беномусаш дар дил Шукрона мекард, ки Вай хасту доруву даво карда дардашро сабук мекунад.Чун тахсири героин камтар шуд, Тахмина каме андеша карда ходисахои гузаштаро ба хотир оварду, дилаш аз Янгааш дур рафт.У чаро гуфт, ки дар чевон об хаст, вале набуду баъдтар аз кучойе об оварда ончо гузошт?Махз баъд аз нушидани хамон об ин ходисахои нофахмо ба сараш омадан гирифтанд.У каме андешид, вале боз аз Худаш шарм дошта фикр кард, ки чаро янгаи Худашро гумони бад мекунад?Охир наход Вай хохаршуяшро ба доми як Пирбузи ĵбегона андозад?Вале беихтиер сухани Вай ба едаш омад, ки гуфта буд, ки беакли накун, Сардухтур Туро дуст медорад.Боз он бегох аз Тахмина чудо шуда дуру дароз дар беморхона монданаш низ ба едаш омад ва дилаш оташ гирифт ва фикр кард, ки боят аз Вай эхтиет бошад.
Идома дорад..
@qissahoizindagi | 466 |
