cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

Mehrofarin

Журналистика касби пуршараф, аммо пуразоб аст!

Show more
Advertising posts
200
Subscribers
No data24 hours
-17 days
-130 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

МАРЯМБОНУИ ФАРҒОНӢ: “ТОҶИКОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ЗАМИНИ АҶДОДИИ ХУД ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД!” Ҳоло дар баъзе донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя факултаҳо бо забони тоҷикӣ боз шудаанд, аммо мушкили набудани мактабу боғчаҳои тоҷикӣ ҳамоно мубрам боқӣ мондааст.
Show all...
Марямбонуи Фарғонӣ: “Тоҷикони Ӯзбекистон дар замини аҷдодии худ зиндагӣ мекунанд!”

Марямбонуи Фарғонӣ, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик рӯзи 11-уми ноябр зодрӯзи худро ҷашн гирифт. Ӯ умри худро ба тарғиби фарҳангу таърихи тоҷикон ва таҳкими ҳувияти миллӣ сарф кардааст.

👍 4 3
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Фикр намекунам, ки вақти хонашинӣ расидааст” - На фақат чанд диплом гирифтам, балки мактаби зиндагиро гузаштам. Ҳоло бояд аз таҷрибаи касбкардаам барои пешравии давлату миллатам истифода барам. Фикр намекунам, ки вақти хонашинии ман расидааст, то замоне қувват дар тан дорам, дар хидмат мемонам. Хушбахт ҳастам, ки аз таҷрибаи кору ҳаётам ба ҷавонҳо манфиат мерасонам ва хурсандам, ки барои давлату миллатам нафъ мерасонам. @n_mehrofarin
Show all...
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Фикр намекунам, ки вақти хонашинӣ расидааст”

Гулҷаҳон Бобосодиқова, ходими давлатӣ ва бонуи саршиноси тоҷик, имрӯз, 8-уми ноябр, ба 86-солагӣ қадам гузошт. Ӯ хатмкардаи риштаи математикаву физикаи Донишкадаи давлатии Тоҷикистон буда, адолатхо…

4👍 1
Низорамо Зарифова: Ман ба осонӣ 100-сола нашудаам! Суҳбат бо нафаре, ки аз бо шаш роҳбари охири Тоҷикистон кор кардааст.
Show all...
Низорамо Зарифова: Ман ба осонӣ 100-сола нашудаам

Низорамо Зарифова, ходими давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон 100-сола шуд. Ӯ нафарест, ки аз бо шаш роҳбари охири Тоҷикистон кор кардааст ва шоҳиди шодиву ғами давлату миллат будааст.

👍 2 2
ИНТЕРНЕТ ВА БАРҚ. ДУ МУШКИЛИ АСЛИИ ҶОРӢ НАШУДАНИ ДАРСИ ОНЛАЙН ДАР ТОҶИКИСТОН Сардиҳои зимистони гузашта дар Осиёи Миёна низоми маорифи кишварҳоро бо мушкил рӯбарӯ кард, аз ин лиҳоз таътили зимистонаи хонандагони мактаб тамдид гардид. Вақте сардӣ дер давом кард, давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар минтақаҳои алоҳида дарсҳои онлайн ҷорӣ карданд. Тоҷикистон бошад, танҳо таътилро барои 10 рӯз тамдид намуд, аммо дарси онлайн ҷорӣ накард. Ҳоло дар пешорӯи зимистон ва дигар ҳолатҳои изтирорӣ Тоҷикистон метавонад барои хонандагону донишҷӯён дарсҳои онлайнро ҷорӣ кунад? Дар ин робита кадом заминаҳо фароҳам оварда шудааст? Мо ба ин саволҳои посух ҷустем... @n_mehrofarin
Show all...
Интернет ва барқ. Ду мушкили аслии ҷорӣ нашудани дарси онлайн дар Тоҷикистон

Сардиҳои зимистони гузашта дар Осиёи Миёна низоми маорифи кишварҳоро бо мушкил рӯбарӯ кард, аз ин лиҳоз таътили зимистонаи хонандагони мактаб тамдид гардид. Вақте сардӣ дер давом кард, давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар минтақаҳои алоҳида дарсҳои онлайн ҷорӣ карданд. Тоҷикистон бошад, танҳо таътилро барои 10 рӯз тамдид намуд, аммо дарси онлайн ҷорӣ накард.

👍 4
“Таърихи садсолаи фарҳанги тоҷик гирдоварӣ шуд”. Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов ифтитоҳ гардид Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони шинохтаи тоҷик ифтитоҳ шуд. Мо аз ин осорхонаи нав боздид карда, гузориш таҳия намудем. Осорхона аз ду толори бузург, хонаҳои дарунӣ ва кати чойнӯшиву ҷойи истироҳат иборат аст. Ин ҷо китобҳо, либосҳо, аксҳо, каллексияҳои ҷамъоварда ва дигар ёдгориҳо аз шодравон гирд оварда шудаанд. Ва ин ҳам, гуфта мешавад, танҳо аз се як ҳиссаи ёдгориҳои ҳунарманданд. Осорхонаи мазкур бо ташаббуси фарзандони ҳунарманд дар хонаи нав ва бо тарҳи муосир таҳия шудааст ва зертобеи ягон ниҳоди давлатӣ нест. Пайвандони Ҳабибулло Абдураззоқов мегӯянд, Осорхона хусусӣ ё худ ҷамъиятӣ боқӣ мемонанд, вале пешниҳоде ҳам ҳаст, ки он ба тобеияти Академияи милллии илмҳо ва ё Вазорати фарҳанг дохил карда шавад. Ҳабибулло Абдураззоқов 7-уми ноябри соли 1937 дар Кӯлоб ба дунё омада, 19-уми январ соли 2021 дар 83-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум беш аз 50 сол дар театру синамои тоҷик хидмат намуда ва номашро дар саҳифаҳои санъату фарҳанг ҳаккокӣ кард.
Show all...
Дар Душанбе Осорхонаи Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ифтитоҳ шуд

Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони шинохтаи тоҷик ифтитоҳ шуд. Аз субҳ инҷониб чеҳраҳои шинохтаи илму адабу фарҳанг ва дигар ҳаводорони ҳунарпеша аз Осорхона боздид мекарданд. Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов дар канори Осорхонаи Садриддин Айнӣ, дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода боз шудааст ва онро аҳли фарҳанг рамзӣ медонанд. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт:

https://asiaplustj.info

Facebook:

https://facebook.com/asiaplustj

Instagram:

https://instagram.com/asiaplustj

#таджикистан #asiaplus

👍 2 1
Ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” ҷамъбаст шуд. Кадом филм чӣ ҷоиза гирифт?
Show all...
Ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” ҷамъбаст шуд. Кадом филм чӣ ҷоиза гирифт?

Дирӯз, 19-уми октябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти нахустин синамоҷашнвораи байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” баргузор шуд ва ҷоизаву диплому мукофотҳо тақдим гардид.

👍 2 1
Саидқул Билолов: “Баъзе шеърҳои Бозор Собирро оҳанг набастан гуноҳ аст!” Имрӯз Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони шинохтаи кишвар ба 70-солагӣ қадам гузошт. Аксар суруду таронаҳои ӯ дар пояи худшиносиву ҳувиятхоҳӣ оҳанг баста шудааст. Саидқул Билолов яке аз дӯстони наздики шоири шаҳир Бозор Собир аст ва ба беш аз 50 шеъри ӯ оҳанг ҳам бастааст. Ҳоло мегӯяд, ки “шеъри Бозор оҳанги иҷтимоӣ дорад ва онро насароидан гуноҳ аст”. Инчунин, дар ин гуфтугӯ ӯ дар бораи таъсиси як дастаи ҳунарӣ, рисолату раҳовардаш ва сарҷамъиву ишқу ҷудоӣ ҳарф зад.
Show all...
Саидқул Билолов: “Баъзе шеърҳои Бозор Собирро оҳанг набастан гуноҳ аст!”

Имрӯз Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони шинохтаи кишвар ба 70-солагӣ қадам гузошт. Аксар суруду таронаҳои ӯ дар пояи худшиносиву ҳувиятхоҳӣ оҳанг баста шудааст. Б…

👍 2 2
Марги тадриҷӣ овозхонҳои ҷавон ва дар айни ҳол бисёр шинохтаву маҳбуби тоҷикро аз ҷамъи ҳаводоронашон ҷудо кард ва чанде аз онҳо маҳз дар тасодуфи ронандагӣ аз олам даргузаштанд: ҳоло аз Некрӯз Ниёзову Дамирбек Олимову Баҳром Ғафурӣ то Наргис Бандишоеваву Муқаддас Набиева. Мо ба хотири гиромидошти ному ёди ин овозхонони ҷавонмарг ин матлабро таҳия кардем. @Halva.tj
Show all...
Аз Муқаддасу Наргис то Баҳрому Дамирбеку Некрӯз. Сарнавишти шабеҳи сарояндагони ҷавонмарги тоҷик

Марги тадриҷӣ овозхонҳои ҷавон ва дар айни ҳол бисёр шинохтаву маҳбуби тоҷикро аз ҷамъи ҳаводоронашон ҷудо кард ва чанде аз онҳо маҳз дар тасодуфи ронандагӣ аз олам даргузаштанд: ҳоло аз Некрӯз Ниёзову Дамирбек Олимову Баҳром Ғафурӣ то Наргис Бандишоеваву ...

😢 5👍 2❤‍🔥 1👏 1
Аз Душанбе то Самарқанд. Муҷассамаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам
Show all...
Аз Душанбе то Самарқанд. Муҷассамаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам

Ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. “Азия-Плюс” ба ин муносибат расмҳои муассамаҳои саромади шеър ва шоирони тоҷику форсро гирд овард.

👍 4 3
Дарди музмин? Воқеиятҳои талхи нишастҳои матбуотӣ
Show all...
Дарди музмин? Воқеиятҳои талхи нишастҳои матбуотӣ

Нишастҳои матбуотии тобистона ба анҷом расид. Бардоштҳо аз ин нишастҳо гуногун аст. Коршиносони соҳа ва рӯзноманигорон аз ҷараёни маъмулии нишастҳо сухан мегӯянд, аммо баъзеи онҳо таъкид мекунанд, ки нисбат ба нишастҳои матбуотии қаблӣ, то андозае дигаргунӣ ва паҳлӯҳои мусбат мушоҳида мешуд.

👍 3💯 1