en
Feedback
Азия-Плюс TJ

Азия-Плюс TJ

Open in Telegram

Ин саҳифаи тоҷикии гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" бо муҳимтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон аст. "Азия-Плюс" пешқадамтарину пурмухотабтарин расонаи Тоҷикистон буда, дар мавзуъҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ муҳтаво таҳияву нашр мекунад.

Show more

📈 Analytical overview of Telegram channel Азия-Плюс TJ

Channel Азия-Плюс TJ (@asiaplustj) in the Tajik language segment is an active participant. Currently, the community unites 23 149 subscribers, ranking 10 186 in the News & Media category and 75 in the Tajikistan region.

📊 Audience metrics and dynamics

Since its creation on невідомо, the project has demonstrated rapid growth, gathering an audience of 23 149 subscribers.

According to the latest data from 08 September, 2026, the channel demonstrates stable activity. Although there has been a change in the number of participants by -120 over the last 30 days and by -8 over the last 24 hours, overall reach remains high.

  • Verification status: Verified (Officially confirmed by Telegram)
  • Engagement rate (ER): The average audience engagement rate is 10.40%. Within the first 24 hours after publication, content typically collects 8.90% reactions from the total number of subscribers.
  • Post reach: On average, each post receives 2 407 views. Within the first day, a publication typically gains 2 061 views.
  • Reactions and interaction: The audience actively supports content: the average number of reactions per post is 9.

📝 Description and content policy

The author describes the resource as a platform for expressing subjective opinions:
Ин саҳифаи тоҷикии гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" бо муҳимтарин хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳон аст. "Азия-Плюс" пешқадамтарину пурмухотабтарин расонаи Тоҷикистон буда, дар мавзуъҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ муҳтаво таҳияву нашр мек...

Thanks to the high frequency of updates (latest data received on 09 September, 2026), the channel maintains relevance and a high level of publication reach. Analytics show that the audience actively interacts with content, making it an important point of influence in the News & Media category.

23 149
Subscribers
-824 hours
-177 days
-12030 days
Posts Archive
🇹🇯✨Шаршараи Ниагара бо рангҳои парчами Тоҷикистон оро дода шуд 💦 Шаби 8 ба 9-уми сентябр шаршараи Ниагара ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон бо парчами кишвари мо нурафшонӣ шуд. 🎆 Ҳамзамон бо нурпадозӣ, дар он ҷо оташбозии ҷашнӣ ҳам баргузор гардидааст. 🎥: Сафорати Тоҷикистон дар Амрико Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱

+1
⚡️Дар “Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард. 🎥: Азия-Плюс

#ЁДБУД 9-уми сентябр соли 2001 Аҳмадшоҳ Масъуд, сиёсатмадор, фармондеҳи низомӣ ва вазири дифоъи Афғонистон дар синни 48 кушта шуд. Ӯ 1-уми сентябри соли 1953 таваллуд шудааст. Аҳмадшоҳ Масъуд шахсияти барҷаста ва рамзи муқовимати миллии Афғонистон буд. Масъуд аз ибтидои солҳои 1970-ум бо муборизаи мусаллаҳона вориди саҳнаи сиёсат шуд. Соли 1975 дар нахустин шӯриши Панҷшер бар зидди ҳукумати Муҳаммад Довуд иштирок кард. Гарчанде он шӯриш бенатиҷа анҷом ёфт, аммо ӯ ҳамчун фармондеҳ ва чеҳраи ҷавони сиёсӣ шинохта шуд.
Бо оғози ҷанги Афғонистон (1979–1989) ва вуруди артиши Шӯравӣ, Масъуд ба яке аз фармондеҳони асосии муҷоҳидин табдил ёфт. Маҳорати низомӣ ва стратегияҳои ӯ сабаб гардиданд, ки водии Панҷшер ба қалъаи муҳкам табдил ёбад. Артиши Шӯравӣ нуҳ маротиба кӯшиши ишғоли Панҷшерро кард, аммо ҳар бор шикаст хӯрд. Барои ҳамин Масъуд бо лақаби "Шери Панҷшер" маъруф гардид. Соли 1982 ӯ бо нерӯҳои Шӯравӣ созишномаи муваққатии сулҳ имзо намуд, ки нишондиҳандаи хирадмандии сиёсӣ ва дипломатии ӯ буд. Баъди хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989, Масъуд дар шимолу шарқи кишвар ҳукумати маҳаллиро таъсис дод. Дар давраи 1992–1996 Аҳмадшоҳ Масъуд ҳамчун вазири дифоъи Афғонистон дар ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ фаъолият дошт. Ӯ яке аз сутунҳои асосии Эътилофи Шимолӣ бар зидди ҳаракати “Толибон”* (дар давраи аввали ишғоли Афғонистон аз сӯи гурӯҳи “Толибон”) ба ҳисоб мерафт. Масъуд на танҳо фармондеҳи низомӣ, балки шахси бофарҳанг ва ормонгар буд. Ӯ орзуи ташкили давлати мустақили тоҷиконро дар шимоли Афғонистон дошт ва ҳамеша дар пайи пойдории истиқлол ва озодии кишвар буд. Аҳмадшоҳи Масъуд рӯзи 9-уми сентябри соли 2001, ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои 11 сентябр ба ИМА, дар натиҷаи ҳамлаи террористии маргталабон, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ карда буданд, ба шаҳодат расид. Вай ҳамагӣ 48 сол дошт.
Баъди маргаш, соли 2002, ӯ ба унвони Қаҳрамони миллии Афғонистон сарфароз гардид. Ёду хотири Аҳмадшоҳ Масъуд гиромӣ бод! Хабарҳои бештар ➡️ Telegram 📱

⚡️35 дастоварди Тоҷикистон дар даврони истиқлол Рӯйдоди калидии замони истиқлолро гирдоварӣ кардем МУФАССАЛ

#35_сол_дар_рақамҳо ——— Таблиғ: "Истэра" - сифатеро интихоб кунед, ки ба он бовар кардан мумкин аст! eastera.tj
#35_сол_дар_рақамҳо ——— Таблиғ: "Истэра" - сифатеро интихоб кунед, ки ба он бовар кардан мумкин аст! eastera.tj

⚡️35-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак! Ҳамватанони азиз! Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳар яки шумо самимона табрик мегӯяд. Дар 35 соли истиқлол, Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бунёди роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо, беморхонаҳо ва рушди зерсохторҳо ба пешрафти кишвар ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мусоидат карданд. "Азия-Плюс" ҳамчун яке аз натиҷаҳои даврони истиқлол дар тӯли се даҳсола рушд карда, имрӯз ба як мактаби пуртаҷрибаи журналистикаи касбӣ табдил ёфтааст. Имсол мо 30-солагии таъсиси “Азия-Плюс”-ро таҷлил кардем. 35-умин солгарди Истиқолияти давлатӣ муборак! #Якхабар

⚡️Дар роҳпаймои идона ба муносибати ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 120 ҳазор кас ширкат кардаанд. Дар ин бора саҳифаи шардории Душанбе хабар дод. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳузур доштанд.

⏺Маълум шуд, ки шоми имрӯз кадом роҳҳои Душанбе баста мешаванд Пулиси шаҳри Душанбе эълон кард, ки шоми 9 сентябр, аз соати 1
Маълум шуд, ки шоми имрӯз кадом роҳҳои Душанбе баста мешаванд Пулиси шаҳри Душанбе эълон кард, ки шоми 9 сентябр, аз соати 17:00 то соати 22:00 ҳаракати мошинҳо тавассути хиёбони И. Сомонӣ ва кӯчаи Н. Ганҷавӣ қатъ карда мешавад. Ин ниҳод аз ронандаҳо хост, ки дар ин соатҳо аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода карда, қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя кунанд. Қарор аст шоми имрӯз дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон барномаи консертӣ баргуҳор шавад. Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX

+2
⚡️Бори аввал парчами Тоҷикистон дар “Волл стрит”-и Ню-Йорк парафшон шуд Бори аввал дар 35-соли Истиқлоли Тоҷикистон парчами кишварамон ҳамроҳ бо парчами Амрико дар кӯчаи “Волл стрит”-и минтақаи Манҳэттени шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳида парафшон шудааст. Дар ин бора аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Дар ҳамин ҷой тоҷикони муқими Амрико Истиқлоли кишварро ҷашн гирифтаанд. 📸 🎥: 1-2. аз Намояндаии доимии Тоҷикистон дар СММ ба “Азия-Плюс” пешниҳод шуд; 3. аз шабакаҳои иҷтимоӣ

⚡️Баргузории роҳпаймоӣ ба муносибати ҷашни Истиқлол дар Душанбе Имрӯз, 9-уми сентябр, дар шаҳри Душанбе ба муносибати 35-умин
+7
⚡️Баргузории роҳпаймоӣ ба муносибати ҷашни Истиқлол дар Душанбе Имрӯз, 9-уми сентябр, дар шаҳри Душанбе ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ройпаймоӣ баргузор шуда истодааст. Дар баргузории ин чорабинӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдор Душанбе ширкат доранд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ пеш аз оғози роҳпаймоӣ мардуми кишвар, сокинони пойтахт, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва иштирокдорони роҳпаймоии имрӯзаро ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлол табрик гуфтааст. “Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, - гуфтааст ӯ дар суханронии худ. Ба ин муносибат, имрӯз муваққатан роҳҳои бархе кӯчаҳои марказии Душанбе низ баста шудааст. 📸: President,tj Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX

⚡️Аз Доналд Трамп то Владимир Путин. Роҳбарони кадом кишварҳо ҷашни Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфтанд? Роҳбарони як қатор
⚡️Аз Доналд Трамп то Владимир Путин. Роҳбарони кадом кишварҳо ҷашни Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфтанд? Роҳбарони як қатор кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳониву минтақаӣ бо ирсоли номаи табрикотӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфтаанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки номаҳо аз номи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ворид шудаанд. Ҳамчунин Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Ваагн Хачатурян ва Никол Пашинян, раисҷумҳур ва нахуствазири Арманистон, Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ван дер Беллен, раисҷумҳури Белгия барқияҳои шодбошӣ фиристодаанд. Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ, Антониу Кошта, роҳбари Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Нурлан Ермекбаев, дабири кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой ва Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, валиаҳди Арабистони Саудӣ низ, Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфтаанд.

☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 сентябри соли 2026 Ҳамаи рӯйдоди муҳими таърихи имрӯз дар чанд сатр. ♦️ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 9 СЕНТЯБР ♦️ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 СЕНТЯБР ♦️МАВЛУДИ ШАХСИЯТҲО ♦️САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ ♦️ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 СЕНТЯБР Ин ҳамаро дар матлаби мо хонед. ⤵️

🌤 ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026 ☀️Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо
🌤 ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026 ☀️Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 30+35º гарм, шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 20+25º гарм, шабона 5+10º гарм. ☀️Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 32+37º гарм, шабона 18+23º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 26+31º гарм, шабона 15+20º гарм. ☀️Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 30+35º гарм, шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 25+30º гарм, шабона 10+15º гарм. ☀️Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, шабона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 12+17º гарм, шабона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 3+5º гарм. ☀️Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 33+35º гарм, шабона 18+20º гарм. ☀️Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 33+35º гарм, шабона 18+20º гарм. ☀️Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 34+36º гарм, шабона 17+19º гарм. ☀️Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 15+17º гарм.

🎉 Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хуҷаста бод! ❗️Ҳаммеҳанони гиромӣ! 🇹🇯 Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи шуморо ба ҷашни 35-умин солгарди худсолории давлатии Тоҷикистон табрик мекунад! 🕊Ба шумо ва наздиконатон сулҳу сафо, бахту саодат ва рӯзгори некро таманно дорем. ⚡️Истиқлоли давлатии Тоҷикистон поянда бод! Бо эҳтиром, гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”

🔴Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰 💬 Мутахассисони Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯянд, пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об мешаванд МУФАССАЛ 💬 Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Анҷумани “Пайванд” бори дигар аз такмили омӯзиши хатти форсӣ ишора кард МУФАССАЛ 💬 Мақомот эълон карданд, ки пагоҳ кадом роҳҳои Душанбе баста мешаванд МУФАССАЛ 💬 Аз Мардон Мавлонов то Сайёра Сафарӣ. Вазорати фарҳанг аз муаррифони Тоҷикистон қадрдонӣ кард. Кӣ чӣ унвону ҷоиза гирифт? МУФАССАЛ 💬 Ба Петр Шегрт, Дилшод Восиев, Леонид Слутский ва Алан Дзагоев дар Душанбе хона туҳфа кардаанд МУФАССАЛ 💬 Ӯзбекистон пардохтҳои гумрукиро барои шаҳрвандони оддӣ кам мекунад. Қоидаи муайянкардаи Тоҷикистон чӣ гуна аст? МУФАССАЛ 💬 Гардиши мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳафт моҳ беш аз 30% афзудааст МУФАССАЛ 💬 Аз ташкили давлати мухтор то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ. Муҳимтарин ҳаводисе, ки Тоҷикистонро ба истиқлол расонид МУФАССАЛ 💬 Омаданду гуфтанду рафтанд… Чаро ғазал бар шеъри нави тоҷик пирӯз омадааст? МУФАССАЛ 💬 Масъуд Пизишкиён дар номае ба Эмомалӣ Раҳмон 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфтааст МУФАССАЛ Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX

🇹🇯Аз ташкили давлати мухтор то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ. Муҳимтарин ҳаводисе, ки Тоҷикистонро ба истиқлол расонид Аз истиқлоли Тоҷикистон 35 сол пур мешавад. МУФАССАЛ

⚡️Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба омӯзиши хатти форсӣ таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба тақвияти омӯзиши хатти форсӣ таъкид кард ва гуфт, ки ба масъулони маорифи кишвар дастур додааст, ки барои такмили омӯзиши алифбои ниёкон ё хатти форсӣ чораҳои зарурӣ андешида, таълими онро дар мактабҳо беҳтар ба роҳ монанд. Ин нуктаро ӯ рӯзи 7-уми сентябр дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - “Пайванд” бо номи “Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ” зикр кардааст. Раисҷумҳур илова кардааст, ки андешаву мероси гаронбаҳо ва арзишманди ниёгонамон маҳз бо ҳамин хат иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст. Ҳамчунин ӯ аз раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо сухан гуфта, ба аҳамияти “иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ”-и форсизабонон таъкид кардааст. Раисҷусмҳур дар ҳамоиши анҷумани “Пайванд” боз кадом нуктаҳоро таъкид кард, муфассал дар сомона ва саҳифаҳои “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонед. #Якхабар

⚡️Гардиши мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳафт моҳ беш аз 30% афзудааст Ҳамчунин, ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ миёни кишварҳо 17% зиёд шудааст. МУФАССАЛ

⚡️Дар Иттифоқи нависандагон адибони форсизабон маҳфили шеър баргузор карданд Шоирону нависандаҳо ва муҳаққиқони адабиёти форс
+9
⚡️Дар Иттифоқи нависандагон адибони форсизабон маҳфили шеър баргузор карданд   Шоирону нависандаҳо ва муҳаққиқони адабиёти форсиву тоҷикӣ аз Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Русия дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷмъ омада, маҳфили шеър баргузор карданд. Бештари онҳо ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд. Аз ҷумла, дар ин маҳфил Ҳодӣ Саидии Киёсарӣ, роҳбари Конуни адабиёти Эрон, Паймон ва Абдулло Субҳон, шоирони тоҷики муқими Ӯзбекистон, Ҳорун Роун, шоири афғонистонии муқими Конодо, Ризо Муҳаммадӣ, шоири афғонистонии муқими Бритониё, Нақӣ Аббос ва Алии Акбаршоҳ, шоирони форсигӯ аз Ҳиндустон шеърхонӣ карданд.   Гузориши хабарнигори “Азия-Плюс”-ро аз ин маҳфил рӯзҳои наздик дар сомона ва саҳифаҳои мо мутолиа карда метавонед.   Хабарҳои бештар ➡️Telegram ва MAX

“Google Pay” барои дорандагони кортҳои “Visa”-и “Душанбе Сити Бонк” дастрас шуд Он имкон медиҳад ба ҷойи корти бонкӣ аз смартфон ё соатҳои ҳушманд истифода баред. Дорандагони кортҳои “Visa”-и “Душанбе Сити Бонк” акнун метавонанд аз хидмати “Google Pay” истифода баранд. Барои ин кифоя аст, корти худро ба барномаи “Google Wallet” пайваст кунанд. “Google Pay” хидмати пардохти бетамоси “Google” буда, имкон медиҳад ба ҷойи корти бонкӣ аз смартфон ё соати ҳушманд истифода баред. Бо ин роҳ дар мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар нуқтаҳои дорои “POS”-терминалҳои пардохти бетамос харидро анҷом додан мумкин аст. Чӣ гуна кортро метавон пайваст кард? МУФАССАЛ