en
Feedback
Рᴏҳи ʍуᴄᴛᴀқиʍ

Рᴏҳи ʍуᴄᴛᴀқиʍ

Open in Telegram
904
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📌 Китоби Имом 📜 Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу мегӯяд: لَمَّا نَزَلَتِ ( الَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَ
📌 Китоби Имом 📜 Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу мегӯяд: لَمَّا نَزَلَتِ ( الَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَهُمْ بِظُلْمٍ ) قَالَ أَصْحَابُ رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — أَيُّنَا لَمْ يَظْلِمْ فَأَنْزَلَ اللَّهُ ( إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ ). "Ҳангоме ки ояти: {الَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَهُم بِظُلْمٍ أُ}  яъне, касоне ки имон оварданд ва имонашонро бо зулм олуда накарданд, нозил шуд, ёрони расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам (парешон шуда) гуфтанд: чи касе аз мо зулм накардааст? Он гоҳ Аллоҳ ин оят: {إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ}-ро нозил фармуд. яъне, ҳамоно ширк зулми бузург аст". 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم – سُئِلَ: أَى
📌 Китоби Имом 📜 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم – سُئِلَ: أَىُّ الْعَمَلِ أَفْضَلُ ؟ فَقَالَ: « إِيمَانٌ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ » . قِيلَ: ثُمَّ مَاذَا ؟ قَالَ: « الْجِهَادُ فِى سَبِيلِ اللَّهِ » . قِيلَ: ثُمَّ مَاذَا ؟ قَالَ: « حَجٌّ مَبْرُورٌ ». Аз расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам савол шуд: Кадом амал, беҳтар аст? Фармуд: Имони ба Аллоҳ ва Расулаш. Пурсиданд: сипас чи коре? Фармуд: ҷиҳоди дар роҳи Аллоҳ. (Боз) савол шуд: баъд аз он чи амал? Фармуд: ҳаҷҷи мақбул". 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз ибни Умар разияллоҳу анҳума ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: "أُمِرْتُ أ
📌 Китоби Имом 📜 Аз ибни Умар разияллоҳу анҳума ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд:  "أُمِرْتُ أَنْ أُقَاتِلَ النَّاسَ حَتَّى يَشْهَدُوا أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ ، وَيُقِيمُوا الصَّلاَةَ ، وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ ، فَإِذَا فَعَلُوا ذَلِكَ عَصَمُوا مِنِّى دِمَاءَهُمْ وَأَمْوَالَهُمْ إِلاَّ بِحَقِّ الإِسْلاَمِ ، وَحِسَابُهُمْ عَلَى اللَّهِ ». "Аз ҷониби Аллоҳ ба ман амр шудааст то замоне ки мардум ба ягонагии Аллоҳ ва ҳаққонияти рисолати Муҳаммад ﷺ шаҳодат надиҳанд, ва намозро барпо надоранд, закот надиҳанд бо онҳо ҷиҳод кунам. Аммо вақте, ки ин корҳоро анҷом доданд, мол ва ҷонашон дар баробари ҳама гуна ҳамлаҳо маҳфуз хоҳад монд, магар ҳаққе ки ислом таъйин кардааст. Ва саранҷоми кори онҳо (дар қиёмат) бо Аллоҳ аст". 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Ибни Умар разияллоҳу анҳума мегуяд: Рӯзе расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аз назди як марди ансори
📌 Китоби Имом 📜 Ибни Умар разияллоҳу анҳума мегуяд: Рӯзе расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аз назди як марди ансори мегузашт ки бародарашро дар мавриди шарм ва ҳаё насиҳат мекард (ва мегуфт ки кам шарму ҳаё кун) он ҳазрат ﷺ (ба ӯ) фармуд: «دَعْهُ فَإِنَّ الْحَيَاءَ مِنَ الإِيمَانِ». "Дар бораи кам кардани шарму ҳаё ӯро панд мадеҳ, зеро ҳаё шохае аз имон аст". 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз Абусаиди Худрӣ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «يُوشِكُ
📌 Китоби Имом 📜 Аз Абусаиди Худрӣ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «يُوشِكُ أَنْ يَكُونَ خَيْرَ مَالِ الْمُسْلِمِ غَنَمٌ يَتْبَعُ بِهَا شَعَفَ الْجِبَالِ وَمَوَاقِعَ الْقَطْرِ ، يَفِرُّ بِدِينِهِ مِنَ الْفِتَنِ». «Дар ояндаи наздк, замоне мерасад ки беҳтарин мол ва дороии мусалмон, гӯсфандонаш ҳастанд, ки вай ба дунболи онҳо ба минтақаи бориши борон ва қуллаи кӯҳҳо меравад то динашро аз хатари фитнаҳо, муҳофизат кунад». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « آيَةُ الإِيمَانِ حُبُّ ال
📌 Китоби Имом Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « آيَةُ الإِيمَانِ حُبُّ الأَنْصَارِ ، وَآيَةُ النِّفَاقِ بُغْضُ الأَنْصَارِ ». 📜 «Нишонаи имон, дӯсти бо ансор ва нишонаи нифоқ, душмани бо ансор аст». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «لاَ يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ
📌 Китоби Имом 📜 Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «لاَ يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى أَكُونَ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِنْ وَالِدِهِ وَوَلَدِهِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ». «Касе аз шумо наметавонад мӯъмин (-и воқеъи) бошад, то ин, ки ман (паёмбарﷺ) назди ӯ аз падар, фарзандон ва ҳамаи мардум маҳбубтар набошам». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: «فَوَالَّذِى
📌 Китоби Имом 📜Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: «فَوَالَّذِى نَفْسِى بِيَدِهِ لاَ يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى أَكُونَ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِنْ وَالِدِهِ وَوَلَدِهِ». «Савганд ба зоте ки ҷонам дар дасти Ӯст, касе аз шумо наметавонад мӯъмин бошад, то замоне, ки ман назди ӯ аз падар ва фарзандонаш маҳбубтар набошам». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «لا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ
📌 Китоби Имом 📜 Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «لا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى يُحِبَّ لأَخِيهِ مَا يُحِبُّ لِنَفْسِهِ». «Имон (имони комил) намеорад яке аз шумо, то он вақте, ки дӯст бидорад барои бародараш он чиро, ки дӯст медорад барои худаш». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз Абумусо разияллоҳу ривоят аст, ки гуфт: قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَىُّ الإِسْلاَمِ أَفْضَلُ ؟ قَالَ:
📌 Китоби Имом 📜 Аз Абумусо разияллоҳу ривоят аст, ки гуфт: قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَىُّ الإِسْلاَمِ أَفْضَلُ ؟ قَالَ: « مَنْ سَلِمَ الْمُسْلِمُونَ مِنْ لِسَانِهِ وَيَدِهِ». «(Мардум) пурсиданд: Эй расули Аллоҳ! Исломи чи касе (назди Аллоҳ) беҳтар аст ? Фармуд: "Исломи касе, ки мусалмонон аз даст ва забони ӯ дар амон бошанд"». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз Абдуллоҳ ибни Ъос разияллоҳу анҳума ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «الْمُسْل
📌 Китоби Имом 📜 Аз Абдуллоҳ ибни Ъос разияллоҳу анҳума ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «الْمُسْلِمُ مَنْ سَلِمَ الْمُسْلِمُونَ مِنْ لِسَانِهِ وَيَدِهِ ، وَالْمُهَاجِرُ مَنْ هَجَرَ مَا نَهَى اللَّهُ عَنْهُ»  «Мусалмон касест, ки дигар мусалмонон аз даст ва забони ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир (воқеъи) касест, ки аз он чи Аллоҳ манъ кардааст ҳиҷрат кунад (яъне онро тарк кунанд)». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «الإِيمَانُ بِضْعٌ
📌 Китоби Имом 📜 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «الإِيمَانُ بِضْعٌ وَسِتُّونَ شُعْبَةً ، وَالْحَيَاءُ شُعْبَةٌ مِنَ الإِيمَانِ». «Имон шасту чанд шоха дорад ва ҳаё яке аз шохаҳои он аст». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби Имом 📜 Аз ибни Умар разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: «Ислом бар па
📌 Китоби Имом 📜 Аз ибни Умар разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: «Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: якум, гувоҳӣ додан бар ин ки Аллоҳ, ягона аст ва ҷуз Ӯ, маъбуди бар ҳаққе вуҷуд надорад ва Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) расули Аллоҳ аст. Дувум: намозро барпо доштан. Савум: додани закот, чаҳорум: ҳаҷ кардан, панҷум: Рӯза гирифтани моҳи Рамазон». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Аҳамияти ният (ва доштани ихлос) дар тамоми амалҳои солеҳ. بسم الله الرحمن الرحيم Бисмиллаҳир-раҳамонир-раҳим. 📜 Умар ибн
+1
📌 Аҳамияти ният (ва доштани ихлос) дар тамоми амалҳои солеҳ. بسم الله الرحمن الرحيم Бисмиллаҳир-раҳамонир-раҳим. 📜 Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу мегӯяд: шунидам расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: «إِنَّمَا الأَعْمَالُ بِالنِّيَّاتِ ، وَإِنَّمَا لِكُلِّ امْرِئٍ مَا نَوَى ، فَمَنْ كَانَتْ هِجْرَتُهُ إِلَى دُنْيَا يُصِيبُهَا أَوْ إِلَى امْرَأَةٍ يَنْكِحُهَا فَهِجْرَتُهُ إِلَى مَا هَاجَرَ إِلَيْهِ» «Албатта амалҳо ба ниятҳо бастагӣ доранд ва бо ҳар кас, мутобиқи нияташ рафтор мешавад. Пас ҳар кас ба хотири мақсади дунёи ё издивоҷ бо зане ҳиҷрат намояд, ба дунё даст меёбад ва бо он зан издивоҷ мекунад. Дар натиҷа дастоварди ҳар кас, ҳамон чизе аст ки ба хотири он, ҳиҷрат кардааст». 📚 Саҳеҳи Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Саййидул истиғфор ин аст, ки бигӯед: اللَّهُمَّ أَنْتَ رَبِّي ، لاَ إِلَ
📌 Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Саййидул истиғфор ин аст, ки бигӯед: اللَّهُمَّ أَنْتَ رَبِّي ، لاَ إِلَهَ إِلاَّ أَنْتَ ، خَلَقْتَنِي وَأَنَا عَبْدُكَ ، وَأَنَا عَلَى عَهْدِكَ وَوَعْدِكَ مَا اسْتَطَعْتُ ، أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا صَنَعْتُ ، أَبُوءُ لَكَ بِنِعْمَتِكَ عَلَيَّ وَأَبُوءُ بِذَنْبِي ، فاغْفِرْ لِي ، فَإِنَّهُ لاَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلاَّ أَنْتَ {Бор Илоҳо Ту парвардигори мани ҳеҷ маъбудӣ баҳақ ҷуз ту нест ту маро офариди ва ман бандайи ту ҳастам ва онқадаркӣ тавонам бошад бар аҳд ва паймон ва ваъдайи ту вафо дорам паноҳ мебарам ба ту аз ончи анҷом додаам эътироф мекунам баҳ ниъмати ки бар ман арзонӣ доштайи ваба гуноҳам эътироф менамоям пас маро бубахш. Чаро ки ҳеҷ кас ҷуз ту гуноҳонро намебахшад}. Ҳар кас субҳ бо яқин онро бигӯяд ва дар он рӯз қабл аз шаб аз дунё бигзарад, аз биҳиштиён хоҳад буд, ва ҳаркас дар шаб бо яқин онро бигӯяд ва дар он шаб қабл аз субҳ аз дунё бигзарад аз биҳиштиён хоҳад буд". 📖 Ривояти Бухорӣ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Имом ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ: "Инсони муваффақ метавонад одатҳояшро ба ибодат табдил диҳад, аммо инсони ғофил ибодатҳояшр
📌 Имом ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ: "Инсони муваффақ метавонад одатҳояшро ба ибодат табдил диҳад, аммо инсони ғофил ибодатҳояшро одат қарор медиҳад" 🔗 [الفتاوی ۱۸۳/۸] 📲 T.me/hadisTaj

+1
📌 Ҳадиси рӯз Аз Абдуллоҳ ибни Ъос разияллоҳу анҳума ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Мусалмон касест, ки дигар мусалмоно аз даст ва забони ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир (воқеъи) касест, ки аз он чи Аллоҳ манъ кардааст ҳиҷрат кунад". (яъне онро тарк кунанд). 📖 Муттафақун алайҳ 📲 T.me/hadisTaj

📌 Шахсони бо тақворо бо амалҳои зерин метавон шинохт: 1- дар гуфторашон содиқанд. 2- дар ваъдаҳояшон вафо мекунанд. 3- рафту
📌 Шахсони бо тақворо бо амалҳои зерин метавон шинохт: 1- дар гуфторашон содиқанд. 2- дар ваъдаҳояшон вафо мекунанд. 3- рафтуомад бо хешовандонро қатъ намекунанд. 4- нисбати заъифон раҳмдил ҳастанд. 5- хоксор ҳастанд, на такаббуру бо кибру ғурур. 6- садақа диҳанда ҳастанд. 7- амалҳои худро назди мардум ифшо намекунанд. 8- одоби некро риоя мекунанд. 9- озори халқро таҳаммул мекунанд, дар ҳар он чизе, ки ба Парвардигор наздик мекунад. 📚 "Ҳилат ал-аулиё" (1/270). Ҳасани Басри. © t.me/hadisTaj

Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: «بادِروا بالأعْمالِ فِتَنًا كق
Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: «بادِروا بالأعْمالِ فِتَنًا كقطَعِ اللَّيلِ الْمُظْلمِ يُصبحُ الرَّجُلُ مُؤمنًا ويُمْسِي كافرا، ويُمسِي مُؤْمنًا ويُصبحُ كافرا، يبيع دينه بعَرَضٍ من الدُّنْيا». «Ба сӯй корҳои нек бишитобед, ки фитнаҳои монанди шаби торик падид хоҳад омад. Инчунин, ки шахс, субҳ мусалмон аст бегоҳ кофир; ва бегоҳ имон дорад субҳ кофир аст, ва динашро ба чизи андаки ночизи дунё мефурӯшад». 📚 Саҳеҳи Муслим 📲 T.me/hadisTaj

+1
📌 Ҳадиси рӯз ▪︎ Аз Саъд ибни Абуваққос разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд: «Ҳаққо, ки ту ҳатман аҷру савоберо аз худ мекуни, ки барои ҳар он чизе, ки аз барои Аллоҳ сарф мекуни, ва ҳатто ҳамон луқмаеро ки дар даҳони ҳамсари худ мегузори». 📖 Муттафақун алайҳ 📲 T.me/hadisTaj