en
Feedback
Рᴏҳи ʍуᴄᴛᴀқиʍ

Рᴏҳи ʍуᴄᴛᴀқиʍ

Open in Telegram
904
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📌 Китоби вузӯ 📜 Ибни Аббос разияллоҳу анҳума мегӯяд: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — شَرِبَ لَبَنًا ، فَمَضْمَ
📌 Китоби вузӯ 📜 Ибни Аббос разияллоҳу анҳума мегӯяд: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — شَرِبَ لَبَنًا ، فَمَضْمَضَ وَقَالَ: « إِنَّ لَهُ دَسَمًا » Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам шир нушид, сипас мазмаза кард ва фармуд: "Шир чарбу дорад". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 211) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Уммул мӯъминин Маймуна разияллоҳу анҳо мефармояд: أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — أَكَلَ عِنْدَهَا
📌 Китоби вузӯ 📜 Уммул мӯъминин Маймуна разияллоҳу анҳо мефармояд: أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — أَكَلَ عِنْدَهَا كَتِفًا ، ثُمَّ صَلَّى وَلَمْ يَتَوَضَّأْ . Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар хонаи ман гӯшти шонаи гӯсфанд тановул намуд, ва бидуни он ки вузӯ бигирад намоз хонд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 210) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Муғӣра ибни Шӯъба разияллоҳу анҳу мегӯяд: كُنْتُ مَعَ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم — فِى سَفَرٍ ، فَأَهْ
📌 Китоби вузӯ 📜 Муғӣра ибни Шӯъба разияллоҳу анҳу мегӯяд: كُنْتُ مَعَ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم — فِى سَفَرٍ ، فَأَهْوَيْتُ لأَنْزِعَ خُفَّيْهِ فَقَالَ: « دَعْهُمَا ، فَإِنِّى أَدْخَلْتُهُمَا طَاهِرَتَيْنِ » . فَمَسَحَ عَلَيْهِمَا . Дар яке аз сафарҳо, ҳамроҳи расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам будам. (Ҳангоми вузӯ) хостам мӯзаҳои расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро берун кунам, фармуд: "Онҳоро берун макун, зеро пас аз таҳорат ва вузӯ ман онҳоро пушидам". Сипас расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар мӯзаҳояш масҳ менамуд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 206) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Ҷаъфар ибни Амр ва ибни Умаййаи замрӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд: رَأَيْتُ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — يَ
📌 Китоби вузӯ 📜 Ҷаъфар ибни Амр ва ибни Умаййаи замрӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд: رَأَيْتُ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — يَمْسَحُ عَلَى عِمَامَتِهِ وَخُفَّيْهِ Ман паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро дидам, ки бар салла ва мӯзаҳояш масҳ мекард. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 205) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Ҷаъфар ибни Амр ва ибни Умаййаи замрӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّهُرَأَى النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم
📌 Китоби вузӯ 📜 Ҷаъфар ибни Амр ва ибни Умаййаи замрӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّهُرَأَى النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — يَمْسَحُ عَلَى الْخُفَّيْنِ Ман паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро дидам, ки бар мӯзаҳояш масҳ мекард. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 204) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Аз Саъд ибни Абуваққос разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар мӯзаҳояш
📌 Китоби вузӯ 📜 Аз Саъд ибни Абуваққос разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар мӯзаҳояш масҳ менамуд. Абдуллоҳ ибни Умар дар ин бора аз падараш Умар пурсон кард, Умар разияллоҳу анҳу фармуд: نَعَمْ إِذَا حَدَّثَكَ شَيْئًا سَعْدٌ عَنِ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم — فَلاَ تَسْأَلْ عَنْهُ غَيْرَهُ . "Бале. Ҳар гоҳ, Саъд аз расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизеро барои шумо баён кард, дар бораи он аз касе дигар, савол накунед. (Ба ӯ эътимод кунед)". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 202) 📲 T.me/hadisTaj

📝 Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ: «Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҷумлаи шахсоне буд ки аз дигарон дида дар вузӯ обро кам
📝 Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ:  «Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҷумлаи шахсоне буд ки аз дигарон дида дар вузӯ обро кам масраф мекард, ва ӯ уммати худро васият намуд аз исроф кардан дар ин маврид, ва хабар дод, ки дар умматаш мардуми исрофкор дар вузӯ пайдо мешаванд». 🔗 Манбаъ: "Зодул-маъод" 1/197 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Анас разияллоҳу анҳу мегӯяд: كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يَغْسِلُ — أَوْ كَانَ يَغْتَسِلُ — بِا
📌 Китоби вузӯ 📜 Анас разияллоҳу анҳу мегӯяд: كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يَغْسِلُ — أَوْ كَانَ يَغْتَسِلُ — بِالصَّاعِ إِلَى خَمْسَةِ أَمْدَادٍ ، وَيَتَوَضَّأُ بِالْمُدِّ . Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо як соъ ё панҷ муд об ғусл мекард, ва бо як мудд об, вузӯ мегирифт. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 201) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Абумусои Ашъарӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — دَعَا بِقَدَحٍ فِيهِ مَاءٌ
📌 Китоби вузӯ 📜 Абумусои Ашъарӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — دَعَا بِقَدَحٍ فِيهِ مَاءٌ ، فَغَسَلَ يَدَيْهِ وَوَجْهَهُ فِيهِ وَمَجَّ فِيهِ . Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам қадаҳи бузургеро ки пур аз об буд, дархост кард ва дар он об, дасту сурати худро шуст, ва мазмаза намуд. (Ин кор, барои табаррук ва хости он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд. Ва касе ғайр аз эшон ҷоиз нест чунин кунад). (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 196) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Ибни Умар разияллоҳу анҳума мегӯяд: كَانَ الرِّجَالُ وَالنِّسَاءُ يَتَوَضَّئُونَ فِى زَمَانِ رَسُولِ اللَّه
📌 Китоби вузӯ 📜 Ибни Умар разияллоҳу анҳума мегӯяд: كَانَ الرِّجَالُ وَالنِّسَاءُ يَتَوَضَّئُونَ فِى زَمَانِ رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — جَمِيعًا . Дар замони расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мардон ва ҳамсаронашон бо ҳам (аз як зарф) вузӯ мегирифтанд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 193) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « لاَ يَزَالُ الْ
📌 Китоби вузӯ 📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « لاَ يَزَالُ الْعَبْدُ فِى صَلاَةٍ مَا كَانَ فِى الْمَسْجِدِ يَنْتَظِرُ الصَّلاَةَ ، مَا لَمْ يُحْدِثْ » . "То замоне ки банда дар масҷид бинишинад ва мунтазири намоз бошад, ва вузӯяш нашиканад, дар ҳолати намоз ба шумор меравад". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 176) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳума мегӯяд: كَانَتِ الْكِلاَبُ تَبُولُ وَتُقْبِلُ وَتُدْبِرُ فِى الْمَسْجِ
📌 Китоби вузӯ 📜 Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳума мегӯяд: كَانَتِ الْكِلاَبُ تَبُولُ وَتُقْبِلُ وَتُدْبِرُ فِى الْمَسْجِدِ فِى زَمَانِ رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — فَلَمْ يَكُونُوا يَرُشُّونَ شَيْئًا مِنْ ذَلِكَ . Дар замони расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам сагҳо дар масҷид, рафту омад ва гоҳе ҳам, пешоб мекарданд ва касе рӯйи он, об намепошид. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 174) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « إِذَا شَرِبَ الْكَلْبُ فِى
📌 Китоби вузӯ 📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « إِذَا شَرِبَ الْكَلْبُ فِى إِنَاءِ أَحَدِكُمْ فَلْيَغْسِلْهُ سَبْعًا » . "Ҳар гоҳ, саге дар зарфи яке аз шумо об хӯрд, онро ҳафт бор бишӯед". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 172) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Анас разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — لَمَّا حَلَقَ رَأْسَهُ كَانَ أَبُ
📌 Китоби вузӯ 📜 Анас разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — لَمَّا حَلَقَ رَأْسَهُ كَانَ أَبُو طَلْحَةَ أَوَّلَ مَنْ أَخَذَ مِنْ شَعَرِهِ . Ҳангоме ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мӯйҳои сарашро тарошид, Абуталҳа нахустин кас буд, ки мӯйҳо (мубораки) расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро (ба қасди табаррук) бардошт. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 171) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд: كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يُعْجِبُهُ التَّيَمُّنُ فِى تَنَعُّ
📌 Китоби вузӯ 📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд: كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يُعْجِبُهُ التَّيَمُّنُ فِى تَنَعُّلِهِ وَتَرَجُّلِهِ وَطُهُورِهِ وَفِى شَأْنِهِ كُلِّهِ . Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар пушидани кафш, шона кардани мӯйҳо, вузӯ гирифтан, ва ҳама корҳояш шурӯъ кардан аз тарафи ростро меписандид. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 168) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « مَنْ تَوَضَّأَ فَلْيَسْتَن
📌 Китоби вузӯ 📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « مَنْ تَوَضَّأَ فَلْيَسْتَنْثِرْ ، وَمَنِ اسْتَجْمَرَ فَلْيُوتِرْ » . "Ҳар кас вузӯ мегирад, об дар бинияш кунад ва онро тамиз намояд, ва ҳар кас бо санг истиҷмор мекунад, адади тоқро истифода кунад". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 161) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Абдуллоҳ ибни Зайди ансори разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — تَوَضَّأَ مَرَّت
📌 Китоби вузӯ 📜 Абдуллоҳ ибни Зайди ансори разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — تَوَضَّأَ مَرَّتَيْنِ مَرَّتَيْنِ . Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам вузӯ гирифт ва ҳар узви вузӯро ду бор шуст. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 158) 📲 T.me/hadisTaj

Имом Нававӣ раҳматуллоҳ мегӯяд: "Иҷмоъи донишмандон ба он назаранд, ки ҳар узвро дар вузӯ як бор шустан воҷиб аст, аммо се маротиба шустан суннат аст. Дигар ҳадисҳои саҳеҳ собит шудааст ки як бор шустан дар вузӯ ё се бор, ё баъзе узви вузӯро се бор, ё ду бор ва ё як бор аст. Донишмандон гуфтанд: "Ин фарқиятҳо ба ҷоиз будани ин амалҳо далолат мекунанд, аммо ҳар узвро се бор шустан беҳтар аст, ва як бор шустан кифоя аст. Ин фарқиятҳоро бо чунин маъно бояд фаҳмид"".

📌 Китоби вузӯ 📜 Ибни Аббос разияллоҳу анҳума мегӯяд: تَوَضَّأَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — مَرَّةً مَرَّةً . "Паёмбар
📌 Китоби вузӯ 📜 Ибни Аббос разияллоҳу анҳума мегӯяд: تَوَضَّأَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — مَرَّةً مَرَّةً . "Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам вузӯ гирифт ва ҳар узви вузӯро як бор шуст". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 157) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби вузӯ 📜 Аз Абуқатода разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « إِذَا شَرِبَ
📌 Китоби вузӯ 📜 Аз Абуқатода разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « إِذَا شَرِبَ أَحَدُكُمْ فَلاَ يَتَنَفَّسْ فِى الإِنَاءِ ، وَإِذَا أَتَى الْخَلاَءَ فَلاَ يَمَسَّ ذَكَرَهُ بِيَمِينِهِ ، وَلاَ يَتَمَسَّحْ بِيَمِينِهِ » . "Ҳангоми об нушидан, дар зарфи об, нафаси худро набароред ва ҳар гоҳ ба қазои ҳоҷат рафтед, на бо дасти рост узвҳои ҷинсии худро бигиред, ва на ба василаи он истинҷо кунед". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 153) 📲 T.me/hadisTaj