904
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📌 Китоби ҳайз
📜 Оиша разияллоҳу анҳо мегӯяд:
كَانَ النَّبِيُّ صلى الله عليه وسلم يَتَّكِنُ فِي حَجْرِي وَأَنَا حَائِضُ ، ثُمَّ يَقْرَأُ الْقُرْآنَ
Ҳангоме ки ман дар ҳолати ҳайз қарор доштам, расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар ман такя менамуд (сар бар зонуи ман мениҳод) ва Қуръон тиловат мекард.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 297)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби ҳайз
📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд:
كُنْتُ أُرَجِّلُ رَأْسَ رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — وَأَنَا حَائِضٌ .
Дар ҳоли ҳайз, мӯйҳои сари мубораки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро шона мезадам.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 295)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби ғусл
📜 Абуҳурайра разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
« إِذَا جَلَسَ بَيْنَ شُعَبِهَا الأَرْبَعِ ثُمَّ جَهَدَهَا ، فَقَدْ وَجَبَ الْغَسْلُ » .
"Ҳар вақте, ки шавҳар миёни аъзои чаҳоргонаи ҳамсараш қарор бигирад ва ҳамбистари кунад, ғусл воҷиб мешавад".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 291)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби ғусл
📜 Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу аз расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид:
أَيَرْقُدُ أَحَدُنَا وَهْوَ جُنُبٌ ؟ قَالَ: « نَعَمْ إِذَا تَوَضَّأَ أَحَدُكُمْ فَلْيَرْقُدْ وَهُوَ جُنُبٌ »
Оё дар ҳолати ҷанобат метавонем бихобем ? Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Бале, агар вузӯ бигиред, метавонед бихобед".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 287)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби ғусл
📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд:
كَأَنِّى أَنْظُرُ إِلَى وَبِيصِ الطِّيبِ فِى مَفْرِقِ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم — وَهْوَ مُحْرِمٌ .
Гуё ҳам акнун, дурахши хушбӯйро бар фарқи сари расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам мушоҳида менамоям, дар ҳоле ки эшон дар эҳром буданд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 271)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби ғусл
📜 Оиша разияллоҳу анҳо фармуд:
كُنْتُ أُطَيِّبُ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — ، فَيَطُوفُ عَلَى نِسَائِهِ ، ثُمَّ يُصْبِحُ مُحْرِمًا يَنْضَخُ طِيبًا .
Ман бо расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам (пеш аз иҳром) хушбӯй мезадам. Он гоҳ он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо ҳамсаронаш ҳамбистари мекард. Сипас ҳангоми субҳ, вақте ки либоси иҳром бар тан менамуд, бӯй атр ҳамчунон аз бадани (мубораки) расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба машом мерасид.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 267)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби ғусл
📜 Ҷубайр ибни Мутъим разияллоҳу анҳу мегӯяд:
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — « أَمَّا أَنَا فَأُفِيضُ عَلَى رَأْسِى ثَلاَثًا » . وَأَشَارَ بِيَدَيْهِ كِلْتَيْهِمَا .
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо нишон додани кафи дастҳо фармуд: "Ман се бор бо инҳо бар сари худ об мерезам".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 254)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби ғусл
📜 Аз Оиша разияллоҳу анҳо ривоят аст ки:
أَنَّهَا سُئِلَتْ عَنْ غُسْلِ النَّبِيِّ ﷺ ، فَدَعَتْ بِإِنَاءِ نَحْوا منْ صَاعِ ، فَاغْتَسَلَتْ ، وَأَفَاضَتْ عَلَى رَأْسِهَا ، وَبَيْنَهَا وَبَيْنَ السَّائِلِ حِجَابٌ
Аз вай дар бораи ғусли паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам суол шуд. Эшон зарфе хост ки ҳудуди як соъ об мегирифт, сипас бо он ғусл кард ва бар сараш (бақияи) обро рехт. Байни ӯ ва суолкунанда яъне бародараш; Абдурраҳмон пардае овезон буд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 251)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби ғусл
📜 Уммул мӯъминин Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд:
كُنْتُ أَغْتَسِلُ أَنَا وَالنَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — مِنْ إِنَاءٍ وَاحِدٍ مِنْ قَدَحٍ يُقَالُ لَهُ الْفَرَقُ .
Ман ва расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз як зарф об ки ба он "фарақ" мегуфтанд, барои ғусл, истифода мекардем.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 250)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Ҳузайфа разияллоҳу анҳу мегӯяд:
كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — إِذَا قَامَ مِنَ اللَّيْلِ يَشُوصُ فَاهُ بِالسِّوَاكِ .
Шабҳо ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз хоб бедор мешуд, (барои намози шаб) даҳони худро мисвок мезад.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 245)
📲 T.me/hadisTaj
Абумусои Ашъарӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд:
أَتَيْتُ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — فَوَجَدْتُهُ يَسْتَنُّ بِسِوَاكٍ بِيَدِهِ يَقُولُ « أُعْ أُعْ » ، وَالسِّوَاكُ فِى فِيهِ ، كَأَنَّهُ يَتَهَوَّعُ .
Дар хидмати паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам будам, эшон мисвок дар даст дошт ва бо садои "уъ - уъ' мисвок мезад. Яъне чунон садо дармеоварад ки гӯё уро қай мекард.
244
Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу ривоят мекунад ки:
بَزَقَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — فِى ثَوْبِهِ .
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам оби даҳонашро бо либоси худ гирифт. (то ки ба асҳобаш нишон диҳад, дар ҳолати намоз ин ҳолатро чи гуна бартараф кунанд).
241
Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят мекунад ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
« لاَ يَبُولَنَّ أَحَدُكُمْ فِى الْمَاءِ الدَّائِمِ الَّذِى لاَ يَجْرِى ، ثُمَّ يَغْتَسِلُ فِيهِ » .
"Огоҳ бошед, дар оби истода пешоб накунед, шояд ки баъд барои ғусл ва таҳорат, ниёз пайдо кунед".
239
📌 Китоби вузӯ
📜 Уммул мӯъминин Маймуна разияллоҳу анҳо ривоят мекунад ки:
أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — سُئِلَ عَنْ فَأْرَةٍ سَقَطَتْ فِى سَمْنٍ فَقَالَ: « أَلْقُوهَا وَمَا حَوْلَهَا فَاطْرَحُوهُ . وَكُلُوا سَمْنَكُمْ » .
Аз расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи муше ки дар равған афтода бошад, суол шуд. Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Муш ва миқдоре рағанҳои атрофи онро берун бирезед, ва бақияи равғанро дар таъом истифода кунед".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 235)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Анас разияллоҳу анҳу мегӯяд:
كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يُصَلِّى قَبْلَ أَنْ يُبْنَى الْمَسْجِدُ فِى مَرَابِضِ الْغَنَمِ .
То он вақте ки масҷид сохта шуд, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷое ки шабҳо гӯсфандон мехобидан намоз мехонд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 234)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Уммул мӯъминин Оиша разияллоҳу анҳо мегӯяд:
كُنْتُ أَغْسِلُ الْجَنَابَةَ مِنْ ثَوْبِ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم — ، فَيَخْرُجُ إِلَى الصَّلاَةِ ، وَإِنَّ بُقَعَ الْمَاءِ فِى ثَوْبِهِ .
Асари ҷанобатро аз либоси паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мешустам ва он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои намоз, аз хона берун мерафт дар ҳоле ки асари лаккаи он об, ҳанӯз бар либосаш монда буд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 229)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Ҳузайфа разияллоҳу анҳу мегӯяд:
أَتَى النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — سُبَاطَةَ قَوْمٍ فَبَالَ قَائِمًا ، ثُمَّ دَعَا بِمَاءٍ ، فَجِئْتُهُ بِمَاءٍ فَتَوَضَّأَ .
Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам канори партовҳои ахлоти қабилае рафт ва истода пешоб кард, ва баъд об хост, ман об овардам ва эшон вузӯ гирифт.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 224)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд:
كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — إِذَا تَبَرَّزَ لِحَاجَتِهِ أَتَيْتُهُ بِمَاءٍ فَيَغْسِلُ بِهِ .
Ҳар гоҳ, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои қазои ҳоҷат, берун мерафт, ман барои эшон об мебурдам ва эшон бо он об, истинҷо мекард.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 217)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Анас разияллоҳу анҳу мегӯяд:
كَانَ النَّبِيُّ ﷺ يَتَوَضَّأُ عِنْدَ كُلِّ صَلَاةٍ ، وكان يُجْزِئُ أَحَدَنَا الْوُضُوءُ مَا لَمْ يُحْدث.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои ҳар намоз, вузӯ мегирифт, вале мо то вақте ки вузӯ доштем, ҳамон вузӯ барои мо кифоя буд.
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 214)
📲 T.me/hadisTaj
📌 Китоби вузӯ
📜 Анас разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
« إِذَا نَعَسَ أَحَدُكُمْ فِى الصَّلاَةِ فَلْيَنَمْ حَتَّى يَعْلَمَ مَا يَقْرَأُ »
"Ҳар гоҳ, яке аз шуморо дар намоз ғанаб бибарад, бихобад (ва пас аз он, намоз бихонад) то бидонад ки чи мехонад".
(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 213)
📲 T.me/hadisTaj
