en
Feedback
Рᴏҳи ʍуᴄᴛᴀқиʍ

Рᴏҳи ʍуᴄᴛᴀқиʍ

Open in Telegram
904
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📌 Китоби намоз 📜 Абу Зарри Ғиффари разияллоҳу анҳу мегӯяд: كُنَّا مَعَ النَّبي في سَفَرٍ ، فَأَرَادَ الْمُؤَذِّنُ أَنْ يُؤَ
📌 Китоби намоз 📜 Абу Зарри Ғиффари разияллоҳу анҳу мегӯяд: كُنَّا مَعَ النَّبي في سَفَرٍ ، فَأَرَادَ الْمُؤَذِّنُ أَنْ يُؤَدِّنَ للظهر ، فَقَالَ النَّبِيُّ صلى الله عليه وسلم: «أَبْرِدْ». ثمَّ أَرَادَ أَنْ يُؤَدِّنَ ، فَقَالَ لَهُ: «أَبْرِدْ". حَتَّى رَأَيْنَا فَيْءَ الثلول. Дар сафар бо расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамроҳ будам. Муаззин хост барои намози зуҳр, азон гӯяд, расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Андак сабр кун то ҳаво сардтар шавад". Пас аз чанд лаҳза, бори дигар, муаззин қасди азон намуд. Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Сабр кун то ҳаво сардтар шавад". Ва ин гуна, азони зуҳр то зоҳир шудан сояи теппаҳо, ба таъхир афтод. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 539) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « اعْتَدِلُوا فِى السّ
📌 Китоби намоз 📜 Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « اعْتَدِلُوا فِى السُّجُودِ ، وَلاَ يَبْسُطْ ذِرَاعَيْهِ كَالْكَلْبِ ، وَإِذَا بَزَقَ فَلاَ يَبْزُقَنَّ بَيْنَ يَدَيْهِ وَلاَ عَنْ يَمِينِهِ ، فَإِنَّهُ يُنَاجِى رَبَّهُ »  . "Дар саҷда мӯътадилиро риоят кунед, ва дастҳоро монанди саг, бар замин нагузоред. Ҳамчунин агар агар касе хост туф кунад, пеш ва самти рости худ, туф накунад. Зеро вай дар намоз, бо Парвардигораш, роз ва ниёз мекунад". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 532) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд: كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يُصَلِّى وَأَنَا رَاقِدَةٌ مُعْتَر
📌 Китоби намоз 📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд: كَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يُصَلِّى وَأَنَا رَاقِدَةٌ مُعْتَرِضَةٌ عَلَى فِرَاشِهِ ، فَإِذَا أَرَادَ أَنْ يُوتِرَ أَيْقَظَنِى فَأَوْتَرْتُ . Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам намоз мехонд дар ҳоле ки ман пеши он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва рӯйи рахти хобаш хобида будам. Сипас ҳангоме ки мехост намози витр бихонад, маро низ бедор мекард. Ман ҳам намози витр мехондам. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 512) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят мекунад ки: كَانَ بَيْنَ مُصَلَّى رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وس
📌 Китоби намоз 📜 Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят мекунад ки: كَانَ بَيْنَ مُصَلَّى رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — وَبَيْنَ الْجِدَارِ مَمَرُّ الشَّاةِ . Фосилаи ҷои намози расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва девор (муқобил) ба андозаи буд ки гӯсфанде метавонист аз онҷо убур кунад. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 496) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 عَنِ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا: أَنَّهُ كَانَ يُصَلِّي في أماكن من الطريق وَيَقُولُ: أَنَّهُ رَأ
📌 Китоби намоз 📜 عَنِ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا: أَنَّهُ كَانَ يُصَلِّي في أماكن من الطريق وَيَقُولُ: أَنَّهُ رَأَى النَّبِيِّ يُصَلِّي في تلك الأمكنة. Нақл шудааст, ки Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳума дар маконҳои якчанд ки дар Миср роҳи (Макка ва Мадина) қарор доранд, намоз мехонд ва мефармуд: Ман расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро дидам ки дар ин маконҳо намоз мехонд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 483) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Аз Абумусои Ашъарӣ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « إِنَّ
📌 Китоби намоз 📜 Аз Абумусои Ашъарӣ разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « إِنَّ الْمُؤْمِنَ لِلْمُؤْمِنِ كَالْبُنْيَانِ ، يَشُدُّ بَعْضُهُ بَعْضًا » . وَشَبَّكَ أَصَابِعَهُ . Мӯъмин барои мӯъмин, ба манзалаи як сохтмон аст ки ҳар қисмати он, мӯҷиби таквияти қисмати дигари он мешавад". Ва (барои нишон додани ҳолати он) ангуштони дастҳои худро байни якдигар маҳкам кард. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 481) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Абдуллоҳ ибни Зайди ансори разияллоҳу анҳу мегӯяд: رَأَى رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — مُسْتَلْقِ
📌 Китоби намоз 📜 Абдуллоҳ ибни Зайди ансори разияллоҳу анҳу мегӯяд: رَأَى رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — مُسْتَلْقِيًا فِى الْمَسْجِدِ ، وَاضِعًا إِحْدَى رِجْلَيْهِ عَلَى الأُخْرَى . وَعَنِ ابْنِ شِهَابٍ عَنْ سَعِيدِ بْنِ الْمُسَيَّبِ قَالَ كَانَ عُمَرُ وَعُثْمَانُ يَفْعَلاَنِ ذَلِكَ . Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар масҷид дидам дар ҳоле ки ба пушт, дароз кашида ва яке аз пойҳояшро рӯй пойи дигараш, гузошта буд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 475) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд: لَمَّا أُنْزِلَ الآيَاتُ مِنْ سُورَةِ الْبَقَرَةِ فِى الرِّبَا ، خَرَجَ ال
📌 Китоби намоз 📜 Оиша разияллоҳу анҳо мефармояд: لَمَّا أُنْزِلَ الآيَاتُ مِنْ سُورَةِ الْبَقَرَةِ فِى الرِّبَا ، خَرَجَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — إِلَى الْمَسْجِدِ ، فَقَرَأَهُنَّ عَلَى النَّاسِ ، ثُمَّ حَرَّمَ تِجَارَةَ الْخَمْرِ . Вақте ояте аз сураи Бақара ки дар бораи рибо аст нозил шуд, расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба масҷид рафт ва онҳоро барои мардум тиловат кард. Баъд аз он, ҳурумоти тиҷорати шаробро низ эълом фармуд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 459) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Абумусои Ашъарӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « مَنْ مَرَّ فِى شَىْء
📌 Китоби намоз 📜 Абумусои Ашъарӣ разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « مَنْ مَرَّ فِى شَىْءٍ مِنْ مَسَاجِدِنَا أَوْ أَسْوَاقِنَا بِنَبْلٍ ، فَلْيَأْخُذْ عَلَى نِصَالِهَا ، لاَ يَعْقِرْ بِكَفِّهِ مُسْلِمًا » . "Ҳар кас бо найза аз масоҷид ё бозорҳои мо мегузарад, бояд сари найзаҳоро муҳофизат кунад. Мабодо мусалмонеро бо дасти худ, захмӣ намояд". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 452) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Ҷобир ибни Абдуллоҳ разияллоҳу анҳума мегӯяд: مَرَّ رَجُلٌ فِى الْمَسْجِدِ وَمَعَهُ سِهَامٌ ، فَقَالَ لَهُ
📌 Китоби намоз 📜 Ҷобир ибни Абдуллоҳ разияллоҳу анҳума мегӯяд: مَرَّ رَجُلٌ فِى الْمَسْجِدِ وَمَعَهُ سِهَامٌ ، فَقَالَ لَهُ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم: « أَمْسِكْ بِنِصَالِهَا » . Шахсе бо миқдори тир аз дохилӣ масҷид убур мекард, расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Пайкони тирҳоро бигир" (Яъне тезии онҳоро муҳофизат кун то боиси захмӣ шудани касе нашавад). (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 451) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Ҳангоме ки Усмон разияллоҳу анҳу дар мавриди бинои масҷиди набӣ бо иътирози мардум рӯ ба рӯ шуд, фармуд: Ш
📌 Китоби намоз 📜 Ҳангоме ки Усмон разияллоҳу анҳу дар мавриди бинои масҷиди набӣ бо иътирози мардум рӯ ба рӯ шуд, фармуд: Шумо зиёд хурдигари мекунед вале ман аз расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам шунидам ки фармуд: « مَنْ بَنَى مَسْجِدًا — قَالَ بُكَيْرٌ حَسِبْتُ أَنَّهُ قَالَ — يَبْتَغِى بِهِ وَجْهَ اللَّهِ ، بَنَى اللَّهُ لَهُ مِثْلَهُ فِى الْجَنَّةِ » . "Ҳар касе барои хушнудии Аллоҳ масҷид бино кунад, Аллоҳ хонае монанди он, дар Биҳишт барои вай бино хоҳад кард". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 450) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Абуқатодаи Сулими разияллоҳу анҳу мегӯяд: Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « إِذَا دَخَلَ
📌 Китоби намоз 📜 Абуқатодаи Сулими разияллоҳу анҳу мегӯяд: Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « إِذَا دَخَلَ أَحَدُكُمُ الْمَسْجِدَ فَلْيَرْكَعْ رَكْعَتَيْنِ قَبْلَ أَنْ يَجْلِسَ » . "Ҳар гоҳ, яке аз шумо вориди масҷид шуд, қабл аз он ки бинишинад, ду ракъат намоз бихонад". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 444) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Ибни Умар разияллоҳу анҳума мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « اجْعَلُوا فِى بُيُوتِكُم
📌 Китоби намоз 📜 Ибни Умар разияллоҳу анҳума мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « اجْعَلُوا فِى بُيُوتِكُمْ مِنْ صَلاَتِكُمْ ، وَلاَ تَتَّخِذُوهَا قُبُورًا » . "Бахше аз намозҳоро дар хонаҳоятон бихонед ва ва хонаҳоятонро ба қабристон табдил накунед". (Манзур намозҳои суннат ва навофил аст). (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 432) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «عُرِضَتْ عَلَيَّ النّ
📌 Китоби намоз 📜 Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «عُرِضَتْ عَلَيَّ النَّارُ وَآنَا أَصَلِّي». "Дар ҳоле ки намоз мехондам, оташи дўзах бар ман нишон дода шуд". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 431) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « هَلْ تَرَو
📌 Китоби намоз 📜 Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « هَلْ تَرَوْنَ قِبْلَتِى هَا هُنَا فَوَاللَّهِ مَا يَخْفَى عَلَىَّ خُشُوعُكُمْ وَلاَ رُكُوعُكُمْ ، إِنِّى لأَرَاكُمْ مِنْ وَرَاءِ ظَهْرِى » . "Оё шумо фикр мекунед, ман рӯям ба сӯйи қибла аст (ва аз тарафи худ бехабарам) ? Ба Аллоҳ савганд ки хушуъ ва рукуъи шумо бар ман пушида нест, ва ман (ҳангоми намоз) шуморо аз пушти сари худ, хуб мебинам". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 418) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « الْبُزَاقُ فِى الْمَ
📌 Китоби намоз 📜 Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: « الْبُزَاقُ فِى الْمَسْجِدِ خَطِيئَةٌ ، وَكَفَّارَتُهَا دَفْنُهَا » . "Туф кардан дар масҷид гуноҳ аст. Ва кафораи он, дафн кардан ва аз байн бурдани он, мебошад". (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 415) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Ҷобир ибни Абдуллоҳ разияллоҳу анҳу мефармояд: كَانَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — يُصَلِّى عَلَى
📌 Китоби намоз 📜 Ҷобир ибни Абдуллоҳ разияллоҳу анҳу мефармояд: كَانَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — يُصَلِّى عَلَى رَاحِلَتِهِ حَيْثُ تَوَجَّهَتْ ، فَإِذَا أَرَادَ الْفَرِيضَةَ نَزَلَ فَاسْتَقْبَلَ الْقِبْلَةَ . Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам навофилро бар пушти маркаб (-и уштур) ва ба ҳар тараф ки он мерафт, мехонд. Аммо ҳангоме ки мехост намози фарз бихонад, пиёда мешуд ва рӯ ба қибла, намоз мехонд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 400) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Бароъ ибни Озиб разияллоҳу анҳума мегӯяд: كَانَ رَسُولُ الله— صلى الله عليه وسلم نَحْوَبَيْت المقدس سنة عَ
📌 Китоби намоз 📜 Бароъ ибни Озиб разияллоҳу анҳума мегӯяд: كَانَ رَسُولُ الله— صلى الله عليه وسلم نَحْوَبَيْت المقدس سنة عَشَرَ أَوْ سَبْعَةَ عَشَرَ شَهْرًا تَقَدَّمَ وَبَيْنَهُمَا اخْتلاف في اللفظ. Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам баъд аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара, ҳудуди шонздаҳ ё ҳабдаҳ моҳ ба тарафи байтул муқаддас хонд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 399) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 Абдуллоҳ ибни Молик ибни Буҳайна разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — كَانَ إِذ
📌 Китоби намоз 📜 Абдуллоҳ ибни Молик ибни Буҳайна разияллоҳу анҳу мегӯяд: أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — كَانَ إِذَا صَلَّى فَرَّجَ بَيْنَ يَدَيْهِ حَتَّى يَبْدُوَ بَيَاضُ إِبْطَيْهِ . Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми саҷда, дастҳояшро чунон аз паҳлу дур медошт ки сапедии зери бағалҳояш дида мешуд. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 390) 📲 T.me/hadisTaj

📌 Китоби намоз 📜 سَأَلْتُ أَنَسَ بْنَ مَالِكٍ: أَكَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يُصَلِّى فِى نَعْلَيْهِ ؟ قَالَ: ن
📌 Китоби намоз 📜 سَأَلْتُ أَنَسَ بْنَ مَالِكٍ: أَكَانَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — يُصَلِّى فِى نَعْلَيْهِ ؟ قَالَ: نَعَمْ . Аз Анас ибни Молик разияллоҳу анҳу суол шуд: Оё паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо кафш намоз мехонд ? Гуфт: Бале. (📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 386) 📲 T.me/hadisTaj