904
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days
Posts Archive
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Шахсе ки аз барои (ризогии) Аллоҳ, як рӯзро рӯза бидорад Аллоҳ таоло ӯро ҳафтод сол аз дӯзах дур мегардонад».
📖 Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
©️ t.me/hadisTaj
📌 Паёмбар ﷺ фармуданд: «Ҳар яке аз шумо ҳангоми ифтор, рӯзаашро бо хурмо бикушояд ва агар хурмо набошад, бо об ифтор кунед, зеро пок кунанда ва манфиатбахш аст».
(📖 Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ 658, "Саҳеҳи Ҷомиъ", 362)
©️ t.me/hadisTaj
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
"Рӯзадорро ду хурсанди аст, яке дар вақти ифтори рӯза ва хурсандии дигар дар ҳоли вохӯри бо Парвардигори худ. Ҳароина бӯи даҳони рӯзадор назди Аллоҳ хӯшбйтар аз бӯи мушк аст."
📖 Ривояти Бухорӣ ва Муслим, 1151
©️ t.me/hadisTaj
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
"Дар саҳархури (суҳур) хайру баракат аст, пас онро тарк накунед, агарчи бо нушидани як қулт об бошад, зеро Аллоҳ ва фариштагонаш бар касоне, ки саҳархури мекунанд дуруд мефиристанд".
📖 Ривояти Аҳмад 3/12, 44.
🔘 Дуруд аз ҷониби Аллоҳ, ин раҳмат ва розигӣ аст ва аз ҷониби фариштагонаш бошад, ин дуъо ва истиғфор аст.
©️ T.me/hadisTaj
📌 Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
«Беҳтарин саҳарии мӯъмин, хурмо аст»
📚 Саҳеҳи Абудовуд: 2345
📲 T.me/hadisTaj
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: «Ҷаннат ҳашт дарвоза дорад, яке аз дарвозаи он "ар-Райён" ном дорад, ки рӯзи қиёмат рӯзадорон дохили он мешаванд, ва касе дохил намешаванд ғайри онҳо. Гуфта мешавад: "куҷоянд рӯзадорон?" онгоҳ онҳо пеш мебароянд, вориди дарвоза мешаванд, дарвоза пушида мешавад ва ба он дигар касе дохил намешавад».
(Бухорӣ 1896 ва Муслим 1152)
©️ t.me/hadisTaj
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Касе рӯзадореро ифтор диҳад, ба мисли рӯзадор аҷр мегирад, дар ҳоле ки аз аҷри он рӯзадор чизе кам намешавад».
📖 Аҳмад 5/192, ва Тирмизӣ 807.
.
©️ t.me/hadisTaj
📝 Джабир ибн ‘Абдуллах (да будет доволен им Аллах) говорил: «Когда ты постишься, то пусть вместе с тобой постятся твоё зрение, твой слух, твой язык ото лжи и греховного». Ибн Аби Шейба (2/271).
Маймун ибн Михран говорил: «Поистине, наилегчайший вид поста, это оставление еды и питья». Ибн Хазм в «аль-Мухалля» (4/308).
Хафиз Ибн Раджаб говорил: «Когда же станет праведным тот, кто не стал праведным в рамадане?!»
См. «Лятаиф аль-ма’ариф» (стр. 211).
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Вақт касе аз шумо рӯзадор бошад, пас сухани қабеҳ нагӯяд, ва бо овози баланд сухан нагӯяд, пас агар касе ӯро дашном диҳад, ё иродаи ҷанг кунад, бояд бигӯяд, ки: "ман рӯзадор ҳастам"».
📖 Ривояти Бухорӣ ва Муслим
©️ t.me/hadisTaj
📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
«Шахсе, ки фаромӯш карда таом хӯрд ва об нушид дар ҳоле, ки рӯза дошт, пас рӯзаи худро (то ифтор давом дода) тамом кунад, ба дурусти Аллоҳ ӯро об ва таом додааст».
📖 Ривояти Бухорӣ ва Муслим
©️ t.me/hadisTaj
Repost from N/a
Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагонаш хабар дод ва онҳоро табрик гуфт:
«Моҳи Рамазон бар шумо омад, моҳи файз. Аллоҳ ба шумо амр кардааст, ки дар ин моҳ рӯза бигиред ва онро дар рӯзадорӣ сарф кунед. Дар ин моҳ дарҳои Ҷаннат кушода ва дарҳои Дӯзах баста ва шайтонҳо занҷир баста мешаванд».
Кӯшиш кунед, ки аз ин моҳ истифода баред, зеро он моҳи файз (муборак), файз (баракат) дар ҳама чиз аст: дар вақташ, дар ҳама корҳои хайр.
Як фикр кунед эй бандагони Аллоҳ! Дар ин паём Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) онҳоро табрик гуфта, мефармояд: «Моҳи Рамазон фаро расид», яъне тамоми қувваи худро ҷамъ кунед, то онро дар беҳтарин ибодати Аллоҳ сарф кунед. Дар ин моҳ тӯҳфаҳои зиёде мавҷуданд! Ва Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси дигаре дар ин бора мефармояд:
«Чун шаби аввали Рамазон фаро мерасад, шайтонҳо ва ҷинҳои саркаш занҷирбанд мешаванд ва дарҳои оташ баста мешаванд ва ҳеҷ яке аз онҳо боз намешавад. Ва баръакс, тамоми дарҳои Биҳишт боз мешавад ва ҳеҷ яке аз онҳо баста намешавад. Ва муждадиҳанда нидо мекунад: «Эй касоне, ки неки кардан мехоҳед, ба пеш шитобед! Эй касоне, ки мехоҳанд бади кунанд, аз ниятҳои худ рӯй гардонед!» Аллоҳ дар Рамазон касоне дорад, ки онҳоро аз оташи дӯзах озод мекунад».
Пок аст Аллоҳ (субҳоналлоҳ)! Бубинед, ки чӣ қадар баракатҳо, раҳматҳо, чӣ қадар ҳадяҳое аз ҷониби Аллоҳ, ки бо онҳо ин моҳи мубораки рӯза, моҳи истодан дар намоз гиромӣ додааст. Гуфта шудааст: «Дарҳои биҳишт боз аст». Ин чӣ маъно дорад? Ва ин барои мо далели он аст, ки бояд аз сидқи дил амалҳои шоистае анҷом диҳем, аз он баҳра барем, тавба кунем, аз гуноҳон ва тарки гуноҳ ва нофармонӣ ба Аллоҳ (Ӯ пок ва баландмартаба аст). Ин фурсатест барои расидан ба Аллоҳ бо он чизе, ки Ӯ дӯст медорад. Мо бояд амал кунем! Эй бандаи Аллох, ки мехохад хайр, амал кун! Зеро агар ҳозир амал накунӣ, дар ҳоле ки ҳама чунин шароит аз ҷониби Аллоҳ ҳаст, кай нияти амал карданро мекунӣ?! Ту кай ба назди Аллоҳ тавба мекуни, агар ҳозир не?!
Аз ин рӯ, Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт:
«Бале, ки Рамазонро ёфт, ва чун Рамазон рафт, барои гуноҳҳояш бахшиш нагирифт, хору зор мешавад ».
Хутбаи пурраро бихонед
https://nuriislom.com/mohi-sharifi-ramazon-faro-merasad/
Repost from N/a
🌕 Хутбаҳо дар бораи моҳи Шаъбон:
✅Шаъну шарафи моҳи Шаъбон. Навовариҳо (бидъатҳо) дар шаби 15 — уми Шаъбон (қисми — 1)
✅Фазилатҳои шаби миёнаи Шаъбон (қисми — 2)
✅Рӯза дар моҳи Шаъбон
☑ Дар мавриди ноҷоиз будани пайвастани мӯйҳо,
хол кӯбидан (татуировка) ва чидани қошҳо,..
🗓 Имрӯз 11-уми Шаъбон. 1445 с.ҳ
✅ Мутобиқ ба 21-уми Феврал 2024 с.ш
🌙 то фарорасии Рамазон тақрибан 20 рӯз мондааст.
📌 Уммул мӯъминин Оиша разияллоҳу анҳо мегӯяд:
«Паёмбар ﷺ ҳеҷ моҳро ба андозаи моҳи шаъбон рӯза намегирифт; чун дар моҳи шаъбон ҳама ё бештари онро рӯза мегирифт.»
Ва дар ривояти дигар омадааст: «Ба ҷуз андаке аз моҳи шаъбон, ҳамаашро рӯза мегирифт.»
متفق عليه 📚
©️ t.me/hadisTaj
🗓 Имрӯз 1-уми Шаъбон. 1445 с.ҳ
✅ Мутобиқ ба 11-уми Феврал 2024 с.ш
🌙 то фарорасии Рамазон тақрибан 30 рӯз мондааст.
📲 T.me/hadisTaj
