Шеър ва ғазал 🔵
Open in Telegram
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Show more1 732
Subscribers
No data24 hours
+157 days
+3730 days
Data loading in progress...
Similar Channels
Tags Cloud
No data
Any problems? Please refresh the page or contact our support manager.
Incoming and Outgoing Mentions
---
---
---
---
---
---
Attracting Subscribers
September '26
September '26
+25
in 2 channels
August '26
+55
in 3 channels
Get PRO
July '26
+19
in 3 channels
Get PRO
June '26
+30
in 4 channels
Get PRO
May '26
+24
in 3 channels
Get PRO
April '26
+28
in 3 channels
Get PRO
March '26
+44
in 3 channels
Get PRO
February '26
+46
in 3 channels
Get PRO
January '26
+49
in 0 channels
Get PRO
December '25
+47
in 2 channels
Get PRO
November '25
+72
in 2 channels
Get PRO
October '25
+66
in 2 channels
Get PRO
September '25
+45
in 2 channels
Get PRO
August '25
+34
in 2 channels
Get PRO
July '25
+26
in 3 channels
Get PRO
June '25
+33
in 2 channels
Get PRO
May '25
+45
in 2 channels
Get PRO
April '25
+56
in 2 channels
Get PRO
March '25
+66
in 3 channels
Get PRO
February '25
+70
in 3 channels
Get PRO
January '25
+93
in 4 channels
Get PRO
December '24
+88
in 4 channels
Get PRO
November '24
+131
in 3 channels
Get PRO
October '24
+144
in 4 channels
Get PRO
September '24
+155
in 4 channels
Get PRO
August '24
+146
in 3 channels
Get PRO
July '24
+73
in 4 channels
Get PRO
June '24
+83
in 3 channels
Get PRO
May '24
+143
in 4 channels
Get PRO
April '24
+106
in 3 channels
Get PRO
March '24
+134
in 5 channels
Get PRO
February '24
+140
in 7 channels
Get PRO
January '24
+134
in 7 channels
Get PRO
December '23
+125
in 6 channels
Get PRO
November '23
+138
in 5 channels
Get PRO
October '23
+123
in 5 channels
Get PRO
September '23
+85
in 0 channels
Get PRO
August '23
+84
in 0 channels
Get PRO
July '23
+90
in 0 channels
Get PRO
June '23
+75
in 0 channels
Get PRO
May '23
+88
in 0 channels
Get PRO
April '23
+55
in 0 channels
Get PRO
March '23
+98
in 0 channels
Get PRO
February '23
+62
in 0 channels
Get PRO
January '23
+117
in 0 channels
Get PRO
December '22
+45
in 0 channels
Get PRO
November '22
+58
in 0 channels
Get PRO
October '22
+55
in 0 channels
Get PRO
September '22
+54
in 0 channels
Get PRO
August '22
+66
in 0 channels
Get PRO
July '22
+47
in 0 channels
Get PRO
June '22
+76
in 0 channels
Get PRO
May '22
+34
in 0 channels
Get PRO
April '22
+52
in 0 channels
Get PRO
March '22
+49
in 0 channels
Get PRO
February '22
+421
in 0 channels
| Date | Subscriber Growth | Mentions | Channels | |
| 08 September | 0 | |||
| 07 September | +6 | |||
| 06 September | +1 | |||
| 05 September | +4 | |||
| 04 September | +4 | |||
| 03 September | +3 | |||
| 02 September | +4 | |||
| 01 September | +3 |
Channel Posts
Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш,
Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш.
Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осоиш,
Мазоқи ҳирсу оз, эй дил, бишӯй аз талху аз шӯраш.
Биёвар май, ки натвон шуд зи макри осмон эмин
Зи лаъби Зӯҳраи чангиву Миррихи силаҳшӯраш.
Каманди сайди Баҳромӣ бияфган, ҷоми Ҷам бардор,
Ки ман паймудам ин саҳро на Баҳром асту на гӯраш
Биё, то дар маи софит рози даҳр бинмоям,
Ба шарти он, ки нанмой ба каҷтабъони дилкӯраш.
Назар кардан ба дарвешон, мунофии бузургӣ нест,
Сулаймон бо чунон ҳашмат назарҳо буд бо мӯраш.
Камони абрӯи ҷонон намепечад сар аз Ҳофиз,
Валекин ханда меояд бад-ин бозуи безӯраш.
(Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ)
https://t.me/gazaltj
| 2 | No text... | 205 |
| 3 | На ман беҳуда гирди кӯчаву бозор мегардам
Мазоқи ошиқӣ дорам пайи дилдор мегардам
Хатокорам гунаҳгорам ба ҳоли зор мегардам
Худоё раҳм кун бар ман парешонвор мегардам
Шароби ишқ менӯшам ба гирди ёр мегардам
Сухан мастона мегӯям вале ҳушёр мегардам
Гаҳе хандам гаҳе гирям гаҳе афтам гаҳе хезам
Масеҳо дар дилам пайдо вале бемор мегардам
Биё ҷоно иноят кун ту Мавлонои Румиро
Ғуломи Шамси Табрезам қаландарвор мегардам
(Ҷалолуддини Балхӣ - Румӣ )
https://t.me/gazaltj | 231 |
| 4 | Чӣ бошад ҷуз надомат суд аз ин ҳар сӯ давиданҳо
Аз ин беҳуда гуфтанҳо, аз ин беҷо шуниданҳо
Саросар қатраи хун асту меларзад ба сад хорӣ
Дили беҳосили ман аз гудози ночакиданҳо
Ҷудо мондем мою марг аз ҳам рӯзгоре шуд
Вай аз бемеҳридиданҳо, ман аз пас-пас хазиданҳо
Нагирад дасти ман соқӣ, ба як соғар аз он тарсад
Ки дар пойи хум афтам пештар аз саркашиданҳо
Расиданҳои мавҷи зиндагӣ оташ ба ҷонам зад
Хушо кунҷи лаҳад, он истгоҳи орамиданҳо
Зи бас дасти ҳаводис дод молиш пушту рӯямро
Баранги дарҳамӣ гаштам, ки монад аз чалиданҳо
Дареғо умр сарфи шеър шуд, аммо надонистам
К-аз ин сурно набошад ҳосиле ғайр аз дамиданҳо
Ниу-Ҷерсӣ
(Халилуллоҳи Халилӣ)
https://t.me/gazaltj | 294 |
| 5 | Агар як лаҳза хории забон бинам
Агар як лаҳза хории забон бинам,
Суханҳои равонро норавон бинам,
Ба дасти нотавоне нотавон бинам,
Дилам бар Рӯдаки сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу бинам ҳамдиёре худсару худком
Шиносад хешро алломаи айём,
Надонад мисрае аз Ҳофизу Хайём,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сўзад.
Чу бинам худнамое боз хушнуд аст,
Қи ҳусни тоза бар ҷевонаш афзудаст,
Хариди ҳар китоби нав агар муд аст,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу донам бўи Ҷӯи Мўлиёнам нест,
Ҳазорон Рустам асту достонам нест,
Ғуборе ҳаст, аммо корвонам нест,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.
Чу бинам Бӯалӣ Синост саргардон,
Миёни қавмҳои бесару сомон
Ва роҳаш нест сўи халқи ман осон,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагй сӯзад.
Чу донам «Шашмақом» имрӯз ноҷӯр аст,
Чу бинам оина дар хидмати кӯр аст
Ва лавҳи хотири мо лавҳаи гӯр аст,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад!
(Гулназар Келдӣ)
https://t.me/gazaltj | 313 |
| 6 | No text... | 285 |
| 7 | Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!
Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нӯши шодхорон ёд бод!
Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!
Мубтало гаштам дар ин банду бало,
Кӯшиши он ҳақгузорон ёд бод!
Гарчи сад рӯд аст дар чашмам мудом,
Зиндарӯди боғкорон ёд бод!
Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғо, роздорон ёд бод!
(Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ)
https://t.me/gazaltj | 442 |
| 8 | Аз баҳри хокиён ба само гиря мекунам,
Бинед аз куҷо ба куҷо гиря мекунам.
Сад оҳ дар гулӯи ман печида, рӯзу шаб
Бар тоҷикони зиндаҷудо гиря мекунам.
Дунё ба худ наоядӣ аз дасти бехудон,
Аз дасти бехудон ба Худо гиря мекунам.
Дар осмон ситораҳо бисёр мурдаанд,
Ман дар ғами ситораи мо гиря мекунам.
Пурсанд гоҳе беғамон аз ваҷҳи хандаам,
Кас нест пурсадам, ки чаро гиря мекунам.
Азхудгузаштагони баҳаднорасидаед,
Эй беғамон, ба ҳоли шумо гиря мекунам!
(Лоиқ Шералӣ)
https://t.me/gazaltj | 371 |
| 9 | ШИТОБ
Рӯзҳо бошитоб мегузаранд,
Бо гуноҳу савоб мегузаранд.
Мо ҳама дар ҳисоби насяву нақд,
Рӯзҳо беҳисоб мегузаранд.
Мешитобем, то ба кас бирасем,
Бехабар з-он ки худ чӣ гуна касем.
Саргарон дар талоши дунёем,
Худ ба дунё валек як нафасем.
Мо саросемаему дил шиканем,
Ҷони худ дар азобҳо фиканем.
Эй басо бошитоб дил баста,
Эй басо бошитоб дил биканем.
Тифли уммед бе падар монад,
Чун ятиме ба пушти дар монад.
Синаро боди сарсаре рӯбад,
Пас шитоби ту беасар монад.
Эй шитобии бесару сомон,
Бин, сари роҳ тифл мемӯяд,
Модараш дар шитоб гум кардаст,
Модарашро ба гиря меҷӯяд.
Лаҳзае, лаҳзае макун ту шитоб,
То насозӣ бинои хеш хароб.
Худ, ки ҳоло нагаштаӣ гумном,
Бираву тифли хешро дарёб!
(Аскар Ҳаким)
https://t.me/gazaltj | 397 |
| 10 | Худо гар парда бардорад
Зи рӯйи кори одамҳо
Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам
Чӣ бозиҳо шавад расво
Яке хандад зи ободӣ,
Яке гиряд зи вайронӣ
Яке аз ҷон кунад шодӣ,
Яке аз дил кунад ғавғо
Чӣ козибҳо шавад содиқ,
Чӣ содиқҳо шавад козиб
Чӣ обидҳо шавад фосиқ,
Чӣ фосиқҳо шавад мулло
Чӣ зиштиҳо шавад рангин
Чӣ талхиҳо шавад ширин
Чӣ болоҳо равад поён,
Чӣ сифлиҳо шавад аъло
Аҷаб сабрe Худо дорад
Ки парда барнамедорад
Вагарна бар замин афтад
Зи ҷайби муҳтасиб мино
Шабе дар кунҷи танҳоӣ
Миёни гиря хобам бурд
Ба базми қудсиён рафтам
Вале дар оламu рӯъё
Дурахшон маҳфиле дидам
Чу базми ахтарон равшан
Муҳаммад (с) ҳамчу хуршеде
Нишаста андар он боло
Равонu анбиё бо ӯ,
Али шерu Худо бо ӯ
Тамомu авлиё бо ӯ
Ҳама поку ҳама воло
Зи худ рафтам дар он маҳфил
Тапидам чун тани бисмил
Кашидам нолаe аз дил
Задам фарёд вовайло
Ки эй фахри расул Аҳмад
Бурун шуд ранҷи мо аз ҳад
Дилам дигар ба танг омад
Зи бозиxou ин дунё
Заданд ғам бар дилам ништар
Надорам сабр то маҳшар
Бигӯ бо Одили довар
Бигӯ бо Холиқи якто
Чисон бинам, ки Намруде
Бисӯзонад Халилеро
Чисон бинам, ки Фиръавне
Бипӯшонад яди байзо
Чисон бинам, ки номарде
Чароғи анҷуман бошад
Чисон бинам ҷавонмарде
Бимонад бекасу танҳо
Чисон бинам бадандеше
Кунад тақлиди дарвеше
Чисон бинам, ки Иблисе
Бипӯшад хирқаи тақво
Чисон бинам, ки шаҳбозe
Ба доми анкабут афтад
Чисон бинам, ки хаффошe
Кунад хуршедро иғво
Чисон бинам, ки нопокe
Фиребад покизагонро
Чисон бинам, ки инсонe
Бихонад хукро мавло
Ғарибу хона вайронам
Фидоят ин тану ҷонам
Мабодо нақди имонам
Равод аз каф дар ин савдо
Чӣ шуд таъсири Қуръонӣ
Чӣ шуд расми мусалмонӣ
Куҷо шуд сураи Ёсин
Куҷо шуд ояти Тоҳо?
Ба шиква чун лабам во шуд Ҳакими Ғазна пайдо шуд,
“Бигуфто баста кун дигар
Даҳон аз шикваи беҷо.
Арўси ҳазрати Қуръон
Ниқоб онгаҳ барандозад,
Ки дорулмулки имонро Муҷаррад бинад аз ғавғо.
Ба ин олудадомонӣ, ба ин ошуфтасомонӣ,
Мазан лофи мусалмонӣ макун беҳуда ин ғавғо...!!
Мусалмон моли муслимро
Ба коми шуъла наспорад
Мусалмон хуни муслимро
Нарезад дар шаби ялдо
Биё худро мусалмон кун
Аз он Пас фикри Қуръон кун
Сафар дар кишвари ҷон кун
Ки бинӣ ҷилваи маъно”
Санойӣ рафту пинҳон шуд
Маро рӯъё парешон шуд
Хиёл аз авҷ поён шуд
Фурӯ афтодам аз боло
На маҳфил буд, на ёроне
На ғамхорону гуноҳкорон
Зи абри дидаам борон
Фурӯ борид бепарво
Yтоқам нимарӯшан буд
Китобе чанд бо ман буд
Кушодам ганҷи Ҳофизро
Ки ёбам гавҳари якто
Бигуфтам, ки ин ҳоламро
Лисон-ул-ғайб медонад
Ки дар тафсири аҳволам
Бигуфт он шоири доно:
“Ало ё айюҳас-соқӣ
Адир косан ва новилҳо
Ки ишқ осон намуд аввал
Вале афтод мушкилҳо”
“Шаби торику бими мавҷу
гирдобе чунин ҳоил
Куҷо донанд ҳолӣ мо
Сабукборони соҳилҳо”
Бигуфто Ҳофизo акнун
Каме аз ҳоли меҳан гуй
Ки мо дар гӯшаи ғурбат
Аз ӯ дурем манзилҳо
Бигуфто хома хун гиряд
Гар он аҳвол бинвисам
Ба туфон монда киштиҳо
Ба оташ рафта ҳосилҳо
Зи теғи номусалмонон
Зи санги ноҷавонмардон
Фитода ҳар тараф сарҳо
Шикаста ҳар тараф дилҳо
Бигуфтам чун кунад мардум?
Бигуфто: “Худ намедонӣ?
Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо.”
( Розиқи Фонӣ)
Худо гар парда бардорад…
https://t.me/gazaltj | 376 |
| 11 | No text... | 649 |
| 12 | Дарде дорум ман зи дарди дандон батаруст,
Хоби саҳарӣ зи кандани ҷон батаруст.
Ҳар кас, ки ба хоби саҳарӣ дил бандад,
Аз кофару габру номусулмон батаруст.
(Рубоиёти халқӣ) | 503 |
| 13 | Дунёра чӣ ҷои бевафо мебинум,
Худро зи ғарибони Худо мебинум.
Шахсе дидам, ки моли Қорун дорад,
Дар хонаи охират гадо мебинум. | 538 |
| 14 | Модарнома
Ба гармӣ ғунчаеро менавозад, мисли фарзандаш,
Ки аз меҳру тароват офарид ӯро Худовандаш.
Ҳавои хона покизааст дар ин шаҳри олуда,
Ҳавои хонаро покиза карда дуди испандаш.
Кабӯтарҳое зи нах ҷон гирифта бо гиреҳҳояш,
Гилиме бофта аз осмон — дасти ҳунармандаш.
Худоё, кош модар бехабар аз дардҳоям буд,
Ки бо ҳар воқеаи талх боло меравад қандаш.
Дубора панҷара яхбаста, мекӯбад ба дар тӯфон,
Хазон пушти дар асту ҳамчунон сабз аст лабхандаш.
Садоқатро нишон додааст аз ойинаҳо беҳтар,
Ки қавлаш қавлу ҳарфаш ҳарфу савганд аст савгандаш.
Гузашт аз иштибоҳотам, шабеҳи ҷӯйбор аз санг,
Агар гоҳе набуд ахлоқу рафторам хушояндаш.
Ба ман гуфта: «Мабодо марг бедорат кунад аз хоб!»
Ба ёди чашми хоболуди ман мондааст ин пандаш.
(Шаҳоби Меҳрӣ)
https://t.me/gazaltj | 606 |
| 15 | Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,
Хӯшачину боғбанду дос дар бар будаам.
Гӯш мекардам суруди марди хирманкӯбро,
Мешунидам зарбҳои говрона — чӯбро.
Побараҳна, дилгурусна сар-сари кӯҳу адир,
Хӯрҷин дар китф мегаштам чу як марди фақир.
Рӯзу шаб чун коҳҳои монда дар саҳро будам,
Дар парешонӣ чу боди бесару бепо будам.
Нонвои шаҳр меояд кунун гар пушти дар
Нони гарми хешро бардошта вақти саҳар,
Кӯчаҳоро пур кунад аз бӯи нони ширмол,
Пур кунад хони арӯсон дар шаби тӯи висол.
Хӯшаҳо дар киштаҳо вақте ки сар хам мекунанд,
Шодию хурсандии хурду калон зам мекунанд.
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Дидаву санҷидаву болида мемолам ба чашм.
(Мирзо Турсунзода)
https://t.me/gazaltj | 586 |
| 16 | Ба кини мо камар бандад касе, к-аз бахт баргардад,
Чу вақти марги мор ояд, ба гирди раҳгузар гардад.
(Масъуди Балёнӣ)
https://t.me/gazaltj | 744 |
| 17 | Бинмо ҷамоли ҷонфазо, ё раҳматал лил оъламин.
Дар хоби муштоқон даро, ё раҳматал лил оъламин.
Дар мотамат ҷамъи малак, нолон ба фавқи ҳар фалак,
Аз аршу фаршу то самак, ё раҳматал лил оъламин.
Бе шамъи ту парвонаҳо, аз сӯзи дил девонаҳо,
Наъразанон мастонаҳо, ё раҳматал лил оъламин.
Рӯи гулат то шуд хазон, ҳасрат ба ҷони булбулон,
Дар ҳар чаман шӯру фиғон, ё раҳматал лил оъламин.
Шайдои рӯят ҳар замон, аз доғ ояд дар фиғон,
Бигзаштаанд аз хону мон, ё раҳматал лил оъламин.
Бечорагони хастаро, дармондаи бишкастаро,
Ҳал карда уқди бастаро, ё раҳматал лил оъламин.
Ҳурону ғилмон ҳар тараф, гирди мазорат баста саф,
Сад шишаи шарбат ба каф, ё раҳматал лил оъламин.
Ризвон ба хизмат мунтазир, хони наъими дилпазир,
Бар тахти фирдавси амир, ё раҳматал лил оъламин.
Ҷони Ҷунун қурбони ту, бо ҷумлаи ёрони ту,
Бо аҳли хонадони ту, ё раҳматал лил оъламин.
(Мавлавӣ Ҷунунӣ)
https://t.me/gazaltj | 1 197 |
| 18 | Эй, дар ин кохи амонӣ ба ғаму шодӣ банд,
Бандаи нафси худӣ, даъвии озодӣ чанд?
Лаб ба ҳар тӯъма маёлой, ки дандон шиканад,
Бар сари хок фурӯмоя зи полудаву қанд.
Санги озор мазан бар дили арбоби сафо,
К-омад осон шиканӣ шишаву мушкил пайванд!
Нописандида фитад таври ту, Ҷомӣ, ҳамаро,
Ҳар чӣ бар худ маписандӣ, дигаронро маписанд.
(Абдураҳмони Ҷомӣ) | 778 |
| 19 | No text... | 763 |
| 20 | Бишнав сухани маро, ки панд аст,
Панди падар аст, судманд аст.
Сармояи умр бас азиз аст,
Дарёб, ки ин нафас азиз аст...
Умре, ки баҳо бувад гаронаш,
Бо ҳар баду нек магзаронаш.
Дар коргаҳе чунин дилафрӯз,
Коре куну пешае биёмӯз...
Бояд зи дари талаб дарой,
Аз раҳгузари адаб дарой...
Дар илм ба нияти амал кӯш,
То заҳри ту з-ин амал шавад нӯш.
Илме, ки дар он амал набошад,
Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Кадри ту яке ҳазор гардад...
Айб аст, ки дар ҳунар накӯши,
Сад айб ба як ҳунар напӯши.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
---
中文翻译(意译):
请听我言,此乃箴言,
乃父之训,利益无边。
生命资本,极其珍贵,
须知此息,亦复可贵……
人生若贵,价在其重,
善恶皆过,莫纵其踪。
于斯妙工场,心为之燃,
择一业精,学一艺专……
当从求索之门而入,
更行礼仪之路而出……
于学之中,志在实行,
使汝之毒,因行化饮。
学而无行,徒存空论,
唯有争辩,别无他存。
学若与行,结为良伴,
汝之价值,千倍增显……
有艺不精,实为过愆,
百过难掩一艺之全。
有技在身,且具品位,
在众人眼,弥足珍贵。
Бишнав сухани маро, ки панд аст …
(Бадриддин Ҳилолӣ)
https://t.me/gazaltj | 916 |
