cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

Ишқу ошиқи

t.me/ishqu_oshiqi

Show more
Iran334 027The language is not specifiedThe category is not specified
Advertising posts
176
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Мавзу// КУРОН ХУЧАТ ХАСТ ДАР РУЗИ КИЁМАТ☝️☝️☝️😥😥😥😥
Show all...
4.91 MB
Қуръон 33:59 ------------------- . يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُل لِّأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلَابِيبِهِنَّ ۚ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰ أَن يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا . ------------------- . Эй Паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар худ пушанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Аллох бахшояндаву меҳрубон аст!
Show all...
2A4Tgp-ds.120913083383251538-4012986-1.mp43.38 MB
1.24 MB
Айёме, ки рӯза гирифтан ҳаром аст 1-Ду рӯзи ид, иди саъиди фитр ва иди қурбон. Амиру-л-мӯъминин Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу мефармояд:Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз рӯза гирифтани ин ду рӯзи ид наҳй кардааст, рӯзи иди фитр ва рӯзи иди қурбон, ки дар он аз гушти қурбониятон мехӯред.Имом Бухорӣ (1990) ва Муслим (1137) ривоят кардааст. Ва ҳамчунин ҳазрати Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз рӯзаи ин ду рӯз, рӯзи иди фитр ва қурбон наҳй кардааст.Имом Бухорӣ (1993) ва Муслим (1138) ривоят кардааст. Абӯсаъиди Худрӣ ва Абдуллоҳ ибни Умар ва Уммулмӯъминин Оиша разияллоҳу анҳум низ ҳадиси наҳй аз рӯза гирифтан дар ду рӯзи идро ривоят кардаанд. 2-Се рӯзи айёми ташриқ, ки иборат аст аз ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми моҳи зулҳиҷҷа. Ҳазрати Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам Абдуллоҳ ибни Ҳузофа разияллоҳу анҳуро фиристод, то ин ки дар Мино бигардад ва ба мардум бигӯяд, ки (Ин се рӯзро рӯза нагиранд, зеро ки айёми хӯрдан ва ошомидан ва зикри Аллоҳи азза ва ҷалла аст. ↘️Лозим ба тазаккур аст, ки ҳуҷҷоҷе, ки мутаматеъ ё қорин ҳастанд агар ҳадяи қурбонӣ надошта бошанд метавонанд дар ин айёми ташриқ рӯза бигиранд. Имом Бухорӣ (1997) аз ҳазрати Оиша ва Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам иҷозати рӯза гирифтан дар ин айём ба касе надод, магар касоне, ки ҳадяи қурбонӣ надошта бошанд. 3-Рӯзи шак, он рӯзи сиюми Шаъбон аст, ки мардум бигӯ магӯ дар бораи ҳилоли Рамазон доранд, аммо ба хотири абролуд будани осмон ҳилол рӯъят нашудааст, пас рӯза гирифтан дар он рӯз ба қасди эҳтиёт дуруст нест ва ҳаром аст. Ҳазрати Аммор ибни Ёсир разияллоҳу анҳу мефармояд:Касе, ки рӯзи шакро рӯза бигирад, Расули Аллоҳ Абӯлқосим саллаллоҳу алайҳи ва салламро нофармонӣ кардааст. Ҳадиси саҳеҳ аст. Имом Тирмизӣ (686) ва Абӯдовуд (2334) ва Насоӣ (4\153) ва ибни Моҷа (1645) ривоят кардаанд. 4-Рӯзаи мустаҳаби занони шавҳардор бидуни (бе) иҷозати шавҳар ҳаром аст, зан ҳақ надорад бидуни ризоият ва иҷозати шавҳар рӯзаи суннат бигирад. Ҳазрати Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст: Зан, чунончи шавҳараш ҳозир ва муқим бошад бидуни ризоият ва иҷозаташ набояд рӯза бигирад. Имом Бухорӣ (5192, 5360) ва Муслим (1026) ривоят кардаанд.
Show all...
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.