en
Feedback
Хирад

Хирад

Open in Telegram

Маркази «Хирад» ба тарҷума ва нашри китобҳои мотиватсионӣ, фалсафӣ ва равшоншиносӣ машғул аст.📚 Тамос: @khiradbot;

Show more
6 180
Subscribers
+524 hours
+67 days
-730 days
Posts Archive
Агар чизеро дӯст медорӣ, онро ба забон биёр. Агар чизе ба ту маъқул нест, ошкоро ва боэҳтиром бигӯ. Дилат барои касе танг шуд
Агар чизеро дӯст медорӣ, онро ба забон биёр. Агар чизе ба ту маъқул нест, ошкоро ва боэҳтиром бигӯ. Дилат барои касе танг шудааст? Худат занг зан. Чизеро намефаҳмӣ? Бипурс. Мехоҳӣ касеро бубинӣ? Ӯро даъват кун. Чизе мехоҳӣ? Аз дархост кардан натарс. Агар мехоҳӣ дигарон туро дарк кунанд, равшану возеҳ сухан бигӯ. Агар хато кардӣ, онро бипазир ва баҳона наҷӯй. Дар хотир дошта бош: ҳар кас ҷаҳонро аз дидгоҳи худ мебинад ва шарт нест, ки ҳама мисли ту фикр кунанд. Муҳимтарин шахсе, ки ҳамеша дар канори ту мемонад, худи ту ҳастӣ. Ба эҳсоси дарунии худ эътимод кун. Бо ҳама, хоҳ бузург бошад, хоҳ хурд бошад бо меҳрубонӣ, сабр ва эҳтиром муносибат кун. Агар рӯзҳои душвореро аз сар мегузаронӣ, дар хотир дошта бош, ки ин рӯзҳо низ мегузаранд. Дар ҳамин лаҳза зиндагӣ кун: дирӯз гузаштааст ва фардо ҳанӯз нарасидааст. Қадри имрӯзро бидон, зеро он арзишмандтарин рӯзест, ки дорӣ.

Чу нодонӣ, надонӣ ҳеч аз ин ҳол, Шавад зоеъ туро рӯзу маҳу сол. Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ, Зи нодонӣ наёби зиндагонӣ. ✍️Н.
Чу нодонӣ, надонӣ ҳеч аз ин ҳол, Шавад зоеъ туро рӯзу маҳу сол. Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ, Зи нодонӣ наёби зиндагонӣ. ✍️Н. Хусрав

Азизони дил, муъҷиза танҳо дар оғоз кардан аст. Вақте ба ҳаракат медароӣ, тоза метавонӣ роҳро бубинӣ, мушкилиҳояшро бишносӣ в
Азизони дил, муъҷиза танҳо дар оғоз кардан аст. Вақте ба ҳаракат медароӣ, тоза метавонӣ роҳро бубинӣ, мушкилиҳояшро бишносӣ ва он қадар дар он қадам занӣ, ки оҳиста-оҳиста бароят ба як одат табдил ёбад ва беҳтару беҳтар шавӣ. ♥️ Роҳи миёнбуре нест. Ҳамин ҳоло кафшҳоятро бипӯш ва қадами аввалро бардор. Беҳтарин нусхааат интизори туст.

Рӯзи КИТОБ муборак бошад ҳараҳони азиз!

Медонед, ки ҳатто аз хато кардан чӣ хатарноктар аст? Он тарсест, ки ҳатто намегузорад корро оғоз кунед. Баъзан мо мунтазир ме
Медонед, ки ҳатто аз хато кардан чӣ хатарноктар аст? Он тарсест, ки ҳатто намегузорад корро оғоз кунед. Баъзан мо мунтазир мешавем, то нақша комил, шароит мувофиқ ва натиҷа кафолатнок бошад. Ба худ мегӯем: «Каме дигар омода шавам, баъд оғоз мекунам». Аммо то мо барои як оғози бехато омода мешавем, имкониятҳо аз наздамон мегузаранд. Иштибоҳ далели нотавонии шумо нест. Он танҳо нишон медиҳад, ки роҳи интихобкардаатон кор накард ва бояд усули дигареро санҷед. Касе, ки ба кори ношинос даст мезанад, табиист, ки гоҳе пешпо мехӯрад. Шахсе, ки ҳеҷ гоҳ иштибоҳ намекунад, эҳтимол муддати дароз аст, ки кори наверо наозмудааст. Албатта, як хаторо пайваста такрор кардан рушд нест. Пас аз нокомӣ бояд аз худ пурсид: «Чӣ нодуруст рафт, ман аз ин чӣ фаҳмидам ва дафъаи дигар чиро тағйир медиҳам?» Ҳамин се савол ҳар иштибоҳро ба таҷрибаи муфид табдил медиҳанд. Хато метавонад суръати шуморо кам кунад, аммо тарси хато роҳатонро пурра мебандад. Барои пеш рафтан комил будан шарт нест. Муҳим он аст, ки оғоз кунед, натиҷаро бинед, ро

Good grades help you get into a good college, get yourself a good job and help you have a good life with good people around s
Good grades help you get into a good college, get yourself a good job and help you have a good life with good people around so work to get the best of the grades. Wishing you Happy World Students Day Баҳоҳои хуб ба шумо кумак хоҳанд кард, ки вориди донишгоҳи хубе шавед , шуғли муносибе пайдо кунед ва зиндагии хубе бо инсонҳои писандида дар атрофатон дошта бошед. Пас талош ва кушиши зиёде дошта бошед, то беҳтарин баҳоҳоро касб кунед. Бароятон рӯзи донишро табрик намуда, шодӣ ва иқболи баландро орзумандем. Рӯзи дониш муборак!

Ҳофиз аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ, Фикри мақбул бифармо, гули бехор куҷост?
Ҳофиз аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ, Фикри мақбул бифармо, гули бехор куҷост?

Имрӯз дари боз як хонаи маърифат ба рӯйи дӯстдорони китоб боз шуд, дукони нави «ХирадBooks» фаъолияти худро оғоз намуд. Китоб
Имрӯз дари боз як хонаи маърифат ба рӯйи дӯстдорони китоб боз шуд, дукони нави «ХирадBooks» фаъолияти худро оғоз намуд. Китоб дар ҳама давру замон танҳо маҷмӯаи саҳифаҳо набуда ва нест. Китоб ин калиди дониш, худшиносӣ, пешрафт ва муваффақияти ҷомеаҳои пешрафта будааст. Ҳар ҷомеае, ки ба китоб рӯ овардааст, ба андеша, маърифат ва рушд роҳ кушодааст. Зеро тағйироти бузург пеш аз ҳама аз тағйири тафаккури инсон оғоз мешавад ва китоб яке аз беҳтарин роҳҳои сохтани ҳамин тафаккур аст. Мо мехоҳем «ХирадBooks» танҳо макони хариди китоб набошад, ҷойе бошад, ки инсон дар он китоби зарурӣ, андешаи нав, илҳом ва шояд ҳатто самти нави зиндагии худро пайдо кунад. Бо ифтитоҳи ин дукони нав боз як қадам ба сӯи ҳадафи худ гузоштем: китобро ба мардум наздиктар ва китобхониро бахши ҷудонашавандаи зиндагии ҳаррӯза табдил диҳем. 📍Суроға: ш.Душанбе, н.Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур 71 дохили супермаркети Ёвар, рӯ ба рӯи театри “Лухтак”

Мо ҳар рӯз ба ҷаҳони берун менигарем: ба одамон, рӯйдодҳо, зебоиҳо, муваффақиятҳо ва орзуҳо. Аммо дар миёни ин ҳама фаромӯш мекунем, ки бузургтарин ҷаҳон дар дохили худи мост. Ҷаҳони берун ҳар қадар васеъ ва ҳайратангез бошад ҳам, наметавонад тамоми умқи рӯҳ, орзу, тарс, меҳр ва андешаи инсонро дар худ ҷой диҳад. Он чизе, ки мо дар берун мебинем, танҳо порае аз он чизест, ки дар даруни мо мегузарад. Баъзан он қадар машғули дидани зиндагии дигарон мешавем, ки аз шунидани садои худ фаромӯш мекунем. Он қадар барои зебо нишон додани берун талош мекунем, ки намепурсем: «Даруни ман чӣ ҳол дорад?» Ҷаҳони берун метавонад мисли оина бошад, аммо оинае нокомил. Ҳамаи ҳақиқати туро нишон дода наметавонад. Арзиши инсонро на танҳо он чизе муайян мекунад, ки дигарон мебинанд, балки он чизе, ки ӯ дар танҳоӣ бо худ месозад. Пас баъзан аз садои берун дур шав. Ба даруни худ нигоҳ кун. Шояд он ҷо чизҳое ҳастанд, ки солҳо интизори таваҷҷуҳи ту буданд. Касе, ки ҷаҳони даруни худро мешиносад, дар ҷаҳони берун камтар гум мешавад.

Чӣ гуна эҳсосоти манфиро тағйир диҳем? Техникае бо номи «амали муқобил» мегӯяд: вақте як эҳсос шуморо ба рафтори носолим тела
Чӣ гуна эҳсосоти манфиро тағйир диҳем? Техникае бо номи «амали муқобил» мегӯяд: вақте як эҳсос шуморо ба рафтори носолим тела медиҳад, огоҳона баръакси он рафтор кунед. Марҳилаҳо: Эҳсосро шиносед. Аз худ бипурсед: «Ҳоло ман дақиқ чӣ эҳсос дорам?» Вокуниши худкорро пайдо кунед. Ин эҳсос шуморо ба чӣ водор мекунад: гурехтан, хомӯш мондан, асабонӣ шудан ё канорагирӣ кардан? Баръакс амал кунед. Тарс: як қадам ба пеш гузоред. Хашм: оромтар сухан гӯед. Ғам: бо дигарон робита барқарор кунед. Шарм: қомататонро рост нигоҳ доред ва фикратонро баён кунед. Такрор кунед. Тағйир бо як бор рӯй намедиҳад. Ҳар боре, ки ин машқро такрор мекунед, мағз ба сохтани як қолаби нави рафторӣ наздиктар мешавад.

Фарқи бузургест миёни касе, ки танҳо мондааст ва касе, ки танҳоиро интихоб кардааст. Касе, ки танҳо мондааст, шояд дар интизо
Фарқи бузургест миёни касе, ки танҳо мондааст ва касе, ки танҳоиро интихоб кардааст. Касе, ки танҳо мондааст, шояд дар интизори касест. Ва ё дар дилаш холигӣ дорад ва аз набудани ҳамсуҳбат, ҳамдард ё ҳамроҳ ранҷ мебарад. Танҳоии ӯ бештар ба набудан монанд аст. Аммо касе, ки танҳоиро интихоб кардааст, ҳатман танҳо нест. Ӯ шояд фаҳмидааст, ки баъзан оромӣ беҳтар аз суҳбати беҳуда, сукут беҳтар аз баҳси бемаънӣ ва танҳоӣ беҳтар аз ҳузури одамони нодуруст аст. Танҳоии интихобшуда метавонад маконе бошад барои шинохтани худ, ҷамъ кардани фикрҳо ва шунидани садои ботин. Ин гуна инсон аз мардум намегурезад ӯ танҳо омӯхтааст, ки барои пур кардани холигии худ ба ҳар ҳузуре муҳтоҷ набошад. Танҳо мондан метавонад дард бошад, аммо танҳоиро интихоб кардан баъзан нишонаи оромӣ, худшиносӣ ва озодист.

Туро, ки ҳиммату иқболу фарру бахтест Ба ҳар чӣ саъй кунӣ давлатат диҳад ёре... Саъдии Шерозӣ Агар чизе аз таҳти дил мехоҳӣ,
Туро, ки ҳиммату иқболу фарру бахтест Ба ҳар чӣ саъй кунӣ давлатат диҳад ёре... Саъдии Шерозӣ Агар чизе аз таҳти дил мехоҳӣ, агар фикри расидан ба он туро ором намегузорад, зуд ноумед нашав. Шояд роҳаш дароз бошад, шояд чанд бор хаста шавӣ, ҳатто шояд лаҳзаҳое бирасанд, ки фикр кунӣ дигар намешавад. Аммо ин ҳанӯз охири қисса нест. Ҳар чизе, ки арзиши расидан дорад, одатан сабр, талош ва чанд бор аз нав оғоз кардан мехоҳад. Муҳим он аст, ки дар миёнаи роҳ аз худат даст накашӣ. Пас агар орзуе ба дилат нишастааст, барои он қадам гузор. Кӯшиш кун, омӯз, сабр кун ва идома деҳ. Шояд охири қиссаи ту маҳз ҳамон чизе бошад, ки имрӯз танҳо орзуяшро дорӣ.

Баъзе чизҳоро намешавад аввал шикасту баъд бо як «бахшиш» дубора мисли рӯзи аввал сохт. Намешавад ҳар чизе, ки дар вақти хашм ба забон омад, бигӯӣ, дили касеро озор диҳӣ, эҳтиромашро бишканӣ, баъд ором шавӣ ва фикр кунӣ, ки ҳама чиз фаромӯш мешавад. Одам метавонад туро бубахшад, метавонад дигар чизе нагӯяд, ҳатто метавонад боз табассум кунад… аммо ин маънои онро надорад, ки дар дарунаш чизе нашикастааст. Баъзе суханҳо захме мегузоранд, ки дида намешавад. Баъзе рафторҳо деворе месозанд миёни ду дил. Баъд аз он инсон шояд ҳанӯз дӯстат дорад, аммо дигар мисли пештара озодона дӯст дошта наметавонад. Шояд туро бовар кунад, аммо дар гӯшае аз дилаш ҳамеша як тарс мемонад: «Боз ҳамин ҳолат такрор нашавад…» Муносибат танҳо дӯст доштан нест, нигоҳубин кардан ҳам ҳаст. Яъне дар лаҳзаи хашм ҳам бояд бидонӣ, ки кадом суханро набояд гуфт. Ҳар эҳсосеро набояд ба сари касе рехт ва ҳар асабониятро набояд баҳона кард. Зеро на барои ҳар иштибоҳ фурсати ҷуброн ҳаст. Баъзан чизе мешиканад, ки номи он «эҳтиром» аст. Ва вақте эҳтиром шикаст, на ҳар узрхоҳӣ онро бармегардонад, на ҳар оғӯш ва на ҳар «ман туро дӯст медорам». Пеш аз он ки сухане бигӯӣ, ки баъд пушаймон мешавӣ, як лаҳза фикр кун: шояд ту баъдтар ором шавӣ, аммо он сухан дар дили касе солҳо бимонад.

Мегӯянд: «Бо ҳар кас ҳамон гуна рафтор кун, ки ӯ бо ту рафтор мекунад». Аммо ман фикр мекунам, агар ин қоидаро қабул кунем, о
Мегӯянд: «Бо ҳар кас ҳамон гуна рафтор кун, ки ӯ бо ту рафтор мекунад». Аммо ман фикр мекунам, агар ин қоидаро қабул кунем, оҳиста-оҳиста аз худи мо чизе боқӣ намемонад. Агар касе дағал буд, мо ҳам дағал шавем? Агар касе хиёнат кард, мо ҳам хиёнат кунем? Агар касе беэҳтиромӣ кард, мо ҳам беэҳтироми кунем? Пас фарқи мо аз ӯ дар чӣ мемонад? Инсон будан маънои онро надорад, ки ба ҳар рафтор бо рафтори монанд ҷавоб диҳем. Баръакс, бузургии инсон дар он аст, ки ҳатто дар баробари бадрафторӣ ҳам асолати худро аз даст надиҳад. Ҳар кас метавонад бо ту он гуна рафтор кунад, ки тарбия, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи худаш иҷозат медиҳад. Аммо ту бояд он гуна рафтор кунӣ, ки шахсият ва тарбияи худат талаб мекунад. Нагузор беэҳтиромии дигарон туро беэҳтиром кунад. Нагузор хашми дигарон оромии туро бигирад. Нагузор бадии касе сабаб шавад, ки ту ҳам аз некии худ даст кашӣ. Баъзан ҷавоби беҳтарин ба бадӣ бадии дигар нест. Баъзан беҳтарин ҷавоб он аст, ки оромона роҳи худро идома диҳӣ ва ҳамон инсоне бимонӣ, ки ҳамеша будӣ.

Зиндагӣ танҳо аз рӯзҳои равшан ва танҳо аз шабҳои торик ҳам иборат нест. Рӯзҳое мешаванд, ки ҳама чиз мувофиқи орзуҳоят пеш м
Зиндагӣ танҳо аз рӯзҳои равшан ва танҳо аз шабҳои торик ҳам иборат нест. Рӯзҳое мешаванд, ки ҳама чиз мувофиқи орзуҳоят пеш меравад ва рӯзҳое ҳам меоянд, ки гӯё тамоми дарҳо баста шудаанд. Аммо маҳз ҳамин пастиву баландиҳо моро қавитар, оқилтар ва пуртаҷрибатар месозанд. Агар ҳамеша офтоб мебуд, мо қадри сояро намедонистем. Агар ҳамеша осонӣ мебуд, муваффақият дигар лаззате надошт. Пас на аз душвориҳо ноумед шав ва на аз комёбиҳо мағрур. Ҳар ду муваққатиянд ва ҳар ду барои омӯхтани дарсе ба зиндагии мо меоянд. Ҳунари зиндагӣ дар он нест, ки танҳо рӯзҳои хубро дӯст дорӣ, ҳунари зиндагӣ он аст, ки ҳатто дар рӯзҳои 🔤🔤🔤🔤 низ умедро аз даст надиҳӣ. Зеро зебоии зиндагӣ аз омезиши рӯзу шаб, шодиву ғам ва талошу пирӯзӣ офарида мешавад.

Баъзан бузургтарин душмани оромии мо воқеият нест, балки хаёлҳои худи мост. Як фикри манфӣ меояд... Мо онро калон мекунем. Ба
Баъзан бузургтарин душмани оромии мо воқеият нест, балки хаёлҳои худи мост. Як фикри манфӣ меояд... Мо онро калон мекунем. Ба он ҳодисаҳои дигарро зам мекунем. Дар зеҳни худ даҳҳо сенария месозем, ки шояд ҳеҷ кадомашон рӯй надиҳанд. Чанд рӯз худро ғамгин мекунем, шабҳо бехоб мемонем ва аз чизҳое метарсем, ки танҳо дар тасаввури мо вуҷуд доранд. Ҳақиқат ин аст, ки зиндагӣ бисёр вақт аз фикрҳои тарсовари мо меҳрубонтар аст. Пас пеш аз он ки худро бо фикрҳои беохир хаста кунӣ, аз худ бипурс: «Оё ин воқеият аст ё танҳо тахмини ман?» Зиндагӣ барои нигаронии беохир нест. Он барои зиндагӣ кардан, кӯшиш кардан ва лаззат бурдан аз ҳар лаҳза аст. Фикрҳои худро идора кун, вагарна онҳо зиндагии туро идора мекунанд.

Одамон монанди фаслҳои соланд... Баъзеҳо мисли баҳор меоянд: бо ҳузурашон умед, табассум ва нерӯи нав мебахшанд. Баъзеҳо мисли тобистонанд: гармӣ медиҳанд, аммо агар аз ҳад наздик шавӣ, метавонанд бисӯзонанд. Баъзеҳо мисли тирамоҳанд: бо рафтанашон ба ту меомӯзанд, ки на ҳама чиз барои ҳамеша мемонад. Ва баъзеҳо мисли зимистонанд: сард, хомӯш ва дур, аммо маҳз онҳо қадри гармии муҳаббатро ба ту мефаҳмонанд. Дар зиндагӣ ҳар кас бо ҳадафе меояд. Яке дарсе меомӯзонад, дигаре захме мегузорад, саввуми қуввати аз нав бархостанро мебахшад. Муҳим он нест, ки чанд нафар аз зиндагии ту гузаштанд. Муҳим он аст, ки кадоме аз онҳо баъди рафтанашон туро инсони беҳтар карданд. Пас одамонро на аз рӯи муддати ҳузурашон, балки аз рӯи таъсире, ки дар қалбат мегузоранд, арзёбӣ кун. Зеро баъзан як дидори кӯтоҳ метавонад дарси тамоми умр бошад.

Баъзан пеш аз он ки дигаронро арзёбӣ кунем, беҳтар аст лаҳзае назди оинаи виҷдони худ биистем. Аз худ бипурс: «Агар имрӯз бор
Баъзан пеш аз он ки дигаронро арзёбӣ кунем, беҳтар аст лаҳзае назди оинаи виҷдони худ биистем. Аз худ бипурс: «Агар имрӯз бори аввал бо худ шинос мешудам, оё дӯст медоштам бо чунин инсон дӯст шавам?» Оё бо суханонам оромиш мебахшам ё ранҷ? Оё ҳузурам ба дигарон нерӯ медиҳад ё хастагӣ? Оё шахсе ҳастам, ки мардум ба ӯ бовар мекунанд? Ҷавоби ин саволҳо барои айбдор кардани худ нест, балки барои шинохтани худ аст. Зеро бузургтарин тағйирот аз ҳамон рӯз оғоз мешавад, ки 🔤🔤🔤🔤🔤 ҷуръат мекунад бо худ ростқавл бошад. Ҳар рӯз кӯшиш кун версияи беҳтари дирӯзаи худ бошӣ. Зеро муҳимтарин инсоне, ки тамоми умр ҳамроҳи туст, худи ту ҳастӣ.

Ба ҳамон дӯсти наздикат фикр кун, ки орзу доштӣ рӯзе ӯро дар либоси арӯсӣ ё домодӣ бубинӣ, аммо туро ба тӯяш даъват накард. Б
Ба ҳамон дӯсти наздикат фикр кун, ки орзу доштӣ рӯзе ӯро дар либоси арӯсӣ ё домодӣ бубинӣ, аммо туро ба тӯяш даъват накард. Ба ҳамон муносибате фикр кун, ки гумон мекардӣ бе ту як рӯз ҳам давом намекунад, аммо имрӯз мебинӣ, ки зиндагии худро хеле ором идома дода истодааст. Ба ҳамон орзуе фикр кун, ки солҳо ҳангоми хомӯш кардани шамъҳои зодрӯзат барои амалӣ шуданаш дуо мекардӣ, вале имрӯз орзуҳои дигар ҷойи онро гирифтаанд. Азизи дили бародар, як ҳақиқатро фаромӯш накун: мо одамон танҳо қисме аз саргузашти якдигар ҳастем, на тамоми он. На касе, ки дар оғози роҳ ҳамроҳи ту буд, имрӯз ҳатман дар паҳлӯят аст ва на касе, ки имрӯз ҳамсафари туст, аз аввал бо ту будааст. Зиндагӣ туро он қадар ба пастиву баландӣ мебарад, он қадар одамонро вориди зиндагият мекунад ва баъд онҳоро аз он хориҷ месозад, ки дар ниҳоят як ҳақиқатро биомӯзӣ: Ягона шахсе, ки то охири роҳ ҳамеша бо ту мемонад, худат ҳастӣ. Шояд захм бихӯрӣ. Шояд ҳасрат кашӣ. Шояд дили ту барои касе танг шавад. Аммо ин маънои поёни ту нест. Ту аз ҳама сахтиҳо қавитар ҳастӣ ва ҳар бор имкони аз нав оғоз карданро дорӣ. Пас худро дӯст дор, қадри худро бидон ва ҳамеша ғами худро бихӯр. Зеро муҳимтарин муносибате, ки дар тамоми умр ҳамроҳи ту мемонад, муносибати ту бо худат аст.

Дар охир мефаҳмед, ки дар ин дунё ҳеҷ кас ба андозаи шумо 🔤🔤 нафар ба ҳамдигар наздик нест. Бо ҳам аз хонаҳои иҷора мегузар
Дар охир мефаҳмед, ки дар ин дунё ҳеҷ кас ба андозаи шумо 🔤🔤 нафар ба ҳамдигар наздик нест. Бо ҳам аз хонаҳои иҷора мегузаред, қисту қарз ва душвориҳои сохтани зиндагиро паси сар мекунед. Бо дидани ду хати рӯи як санҷиш, тамоми дунёятон дигар мешавад. Шабҳои бехобиро дар паҳлуи ҳам сипарӣ мекунед, рӯзҳои тангдастиро таҳаммул менамоед ва лаззати муваффақиятро низ якҷоя мечашед. Бо ҳам сафар мекунед, дар нишастҳои хонаводагӣ иштирок мекунед, тӯйи фарзандонатонро ҷашн мегиред, чанд бор ҷойи зистатонро иваз мекунед. Баъзан аз ҳам меранҷед, баъд боз оштӣ мекунед. Бо хабарҳои хуш якҷоя механдед ва ҳангоми шунидани хабарҳои талх, пуштибони ҳамдигар мемонед. Ва рӯзе, вақте мӯйҳоятон сафед шудаанду дар як шоми ороми тобистон паҳлуи ҳам нишастаед, ба чашмони якдигар нигоҳ карда, аз таҳти дил мегӯед: «Ташаккур, ки то охири ин роҳ ҳамроҳи 🔤🔤🔤 мондӣ...» Он вақт мефаҳмед, ки зеботарин қисми зиндагӣ худи роҳе буд, ки якҷоя тай кардед, на танҳо расидан ба манзили ниҳоӣ.