cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

ДИН НАСИҲАТ АСТ

Ҳадиси "Дин насиҳат аст" Аз Абуруқайя, Тамим ибни Авси Дорӣ ривоят шуда аст, ки Пайғамбари Худо фармуд: Дин насиҳат аст. Гуфтем: Барои чи касе: Гуфт: Барои Худо ва барои Қуръон ва барои Пайғамбараш ва пешвоёни мусалмонон ва барои оммаи мусалмонон.

Show more
Advertising posts
406
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

04:02
Video unavailableShow in Telegram
#наворҳо #najm_tv #мавъиза #панднасиҳат #амримаъруф 📹 ИСТИҚБОЛИ ҲАҚИҚИИ РАМАЗОН. 🎙 УСТОД АДҲАМ ҲАЙДАРЗОДА © NAJM TV ↗️ Ба наздикон фиристед ↗️ •┈┈┈┈┈••✦❀✦••┈┈┈┈┈• «ДИН НАСИҲАТ АСТ» 👉@din_nasihatast •┈┈┈┈┈••✦❀✦••┈┈┈┈┈•
Show all...
04:57
Video unavailableShow in Telegram
#наворҳо #najm_tv #мавъиза #панднасиҳат #амримаъруф 📹 ФАЗЛУ ҶОЙГОҲИ РАМАЗОН. 🎙 ҚОРИ МУСТАФО. © NAJM TV ↗️ Ба наздикон фиристед ↗️ •┈┈┈┈┈••✦❀✦••┈┈┈┈┈• «ДИН НАСИҲАТ АСТ» 👉@din_nasihatast •┈┈┈┈┈••✦❀✦••┈┈┈┈┈•
Show all...
06:47
Video unavailableShow in Telegram
#наворҳо #najm_tv #мавъиза #панднасиҳат #амримаъруф 📹 РАМАЗОН МЕҲМОНИ ХУДОСТ. 🎙 УСТОД АБДУЛЛАТИФИ АЗҲАРӢ © NAJM TV ↗️ Ба наздикон фиристед ↗️ •┈┈┈┈┈••✦❀✦••┈┈┈┈┈• «ДИН НАСИҲАТ АСТ» 👉@din_nasihatast •┈┈┈┈┈••✦❀✦••┈┈┈┈┈•
Show all...
#Рамазон Моҳи Рамазон 🌙 📝 Мавзӯъи 5-ум 🌙 ШИКАНАНДАҲОИ РӮЗА 1⃣. Қасдан хурда, нушидан, уколҳои қувва диҳанда ва кашидани сигор (ва нос, ва дигар маводҳо ба мисли ин). (Бақара, 187) Ниг. "Фатово ислимия" 2/183 2️⃣. Ҳамхобагӣ бо ҳамсар, кафаки (ва низ дигар намудҳои шаҳватрони). Ниг "Саҳеҳ ибн Ҳузайма" 3/242 3⃣. Қасдан қай партофтан. Ниг. Абу Довуд 2380 ва Аҳмад 2/489 4️⃣. Ҳайз, баъди таваллуд кардан (ва бача партофтан, аборт). Ниг "Фатово ал-лаҷна ад-доима" 10/224 5️⃣. Қасди шикастани рӯза. Ниг. "Ал-мухалла" 6/175, "Ал-Муғни" 3/25, "Ал-маҷмуъ" 6/314 (аммо дар ин маврид ихтилоф аст назди уламо). 6️⃣. Куфр варзиданд. Ниг. "Ал-Муғни" 3/25. (Сураи Зумар, 56). 7️⃣. Хун гузаронидан. (Муҳаммад ат-Тувайҷири "мавсуа ал-фиқҳ ал-ислами"). Мавзӯъҳои навбатӣ: ⤵️ 🔲 Чи касон аз фаризаи рӯза доштан озод мешаванд. 🔲 Суҳур (саҳархури) 🔲 Ифтор (рӯзакушои) 🔲 Муайян кардани авал ва охири моҳ 🔲 Кафораи ҳамхобагӣ ба шахси рӯзадор, дар Рамазон. 🔲 Намози таровиҳ 🔲 Иътикоф 🔲 Шаби Қадр ◻▫️▪️ ва дигар мавзӯъҳо.
Show all...
#Рамазон Моҳи Рамазон 🌙 📝 Мавзӯъи 4-ум 🌙 МУАЯН КАРДАНИ АВАЛ ВА ОХИРИ МОҲ 1-ум тариқа. Бо дидани моҳи нав, ки як шахси мусалмони рост қавл бошад, Рамазон оғоз мешавад, ва бо дидани моҳи нави шаввол ду шахс, анҷом меёбад. ✅ (Абу Довуд 2342 ва Аҳмад 4/321 2-юм тариқа. Агар ҳаво ғубор бошад, моҳи шаъбон 30 руз ҳисоб карда моҳи Рамазон оғоз мешавад, агар моҳи Рамазон ғубор бошад, моҳи шаволро дида нашавад, моҳи Рамазон 30 рӯз ҳисоб карда ба охир мерасад. ✅ (Муслим 1081) 3-юм тариқа. Солшумории мелоди, ки ин (солшумори барои муян кардани моҳи Рамазон) бидъат аст. ❌ ("Фатҳул-Бори" 4/195) Мавзӯъҳои навбатӣ: ⤵️ 🔲 Шиканандаҳои рӯза 🔲 Чи касон аз фаризаи рӯза доштан озод мешаванд. 🔲 Сухур (саҳархури) 🔲 Ифтор (рӯзакушои) 🔲 Муайян кардани авал ва охири моҳ 🔲 Кафораи ҳамхобагӣ ба шахси рӯзадор, дар Рамазон. 🔲 Намози таровиҳ 🔲 Иътикоф 🔲 Шаби Қадр ◻▫️▪️ ва дигар мавзӯъҳо.
Show all...
#Рамазон Моҳи Рамазон 🌙 📝 Мавзӯъи 3-юм 🌙  ШАРТ ВА РУКНҲОИ РӮЗА 1️⃣- Мусалмон будан (Моида, 5) 2️⃣- Худдорӣ кардан аз аз шиканандаҳои рӯза ("Туҳфатул-фуқаҳо" 1/537.) 3️⃣- Вақт (аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб (Бақара, 186)). 4️⃣- Ният (бо қалб) "Равдатут-толибин" 2/350 (бояд қасди рӯза доштан кард то дамидани субҳ, ҳар шаби Рамазон. "Туҳфатул-ахвази" 2/80). Агар шахсе, барои ният кардан фаромӯш кард ё дар хоб монд рӯзааш дуруст аст. (Ибн Моҷа 2045,  Байҳақй 7/356, ат-Таҳови 2/56. 5️⃣- Тавони рӯза доштан (аз ҷиҳати саломатӣ, пок аз ҳйзу нифос,..) "Хошия ад-Дусуқи" 1/509. Мавзӯъҳои навбатӣ: ⤵️ 🔲 Шиканандаҳои рӯза 🔲 Чи касон аз фаризаи рӯза доштан озод мешаванд. 🔲 Суҳур (саҳархури) 🔲 Ифтор (рӯзакушои) 🔲 Муайян кардани авал ва охири моҳ 🔲 Кафораи ҳамхобагӣ ба шахси рӯзадор, дар Рамазон. 🔲 Намози таровиҳ 🔲 Иътикоф 🔲 Шаби Қадр ◻▫️▪️ ва дигар мавзӯъҳо.
Show all...
#Рамазон Моҳи Рамазон 🌙 📝 Мавзӯъи 2-юм 🌙  ШАСОНЕ, КИ АЗ ФАРИЗАИ РӮЗА ДОШТАН ОЗОД МЕШАВАНД. 1️⃣- Пиронсол (Бухорӣ 7/179. (Пиронсоли заъиф, ки рӯза дошта наметавонад)). 2️⃣- Мусофир (Бақара, 185. (Агар рӯза барои ӯ душвор набошад, беҳтараш рӯза бигирад, аз оне ки баъд қазои онро адо менамояд)). 3⃣- Шахсе, ки ба саломаташ хавф дошта бошад, ("ал-мухалла" 6/228. (Онҳое, ки агар рӯза доштан барои ӯ зарар мерасонад. мисол: желудка язва, ва дигар касалиҳо амсоли ин (Моида, 29)). 4️⃣- Ҳомиладор (Тирмизӣ 715, ва Абу Довуд 2408). 5️⃣- Зани ширдиҳанда. (Тирмизӣ 715 ва Абу Довуд 2408. (Агар ҳомиладор хавф дошта бошад барои зарар расдан ба фарзандаш ва зани ширдиҳанда барои камшавии шири синааш, инҳо рӯза намегиранд. "ал-инсфа" 7/382)). 6️⃣- Беақл (Аҳмад 1/104, Абу Довуд 4398 ва 4402,Насои 3432). 7️⃣- Ноболиғ (Аҳмад 1/104, Абу Довуд 4398 ва 4402,Насои 3432). 8️⃣- Муҷоҳид (Муслим 1120) 9️⃣ Зани ҳайздида (Бухорӣ 304, Муслим 2/132). Ва зани навзой (то дар давоми 40 рӯз. (Аҳмад 6/203, Абу Довуд 1/311)). 🔟- Бемор (аммо на ҳамаи бемориҳо, мисол бемориҳое, ки бар сиҳат шуданаш монеъ мешавад, ё беморе, ки бар бемориаш зарар мерасонад, амсоли инҳо. (“Саҳиҳ фиқҳу-Сунна” 2/119)). Мавзӯъҳои навбатӣ: ⤵️ 🔲 Шартҳои ва рукнҳои рӯза 🔲 Шиканандаҳои рӯза 🔲 Чи касон аз фаризаи рӯза доштан озод мешаванд. 🔲 Сухур (саҳархури) 🔲 Ифтор (рӯзакушои) 🔲 Муайян кардани авал ва охири моҳ 🔲 Кафораи ҳамхобагӣ ба шахси рӯзадор 🔲 Намози таровиҳ 🔲 Иътикоф 🔲 Шаби Қадр ◻▫️▪️ ва дигар мавзӯъҳо.
Show all...
#Рамазон Моҳи Рамазон 🌙 📝 Мавзӯъи 1-ум 🌙 ФАЗИЛАТИ МОҲИ РАМАЗОН 1⃣- Беҳтарин моҳи сол аст. 2️⃣- Моҳи раҳмату мағфират аст. 3️⃣-Миқдор аъмол ва дараҷаи банда афзуда мешавад. (Сураи Анъом, 116. "Маҷмӯъ, фатово ва мақолот мутанаввиъа" 15/446) 4️⃣- Дар ҳар шаб он инсонҳо аз дӯзах озод карда мешаванд. (Тирмизӣ 682) 5️⃣- Шайтонҳо (-и марид) занҷирбанд карда мешаванд. 6️⃣- Дарвозаҳои Биҳишт кушода ва дарвозаҳои Дӯзах баста мешавад. 7️⃣- Умра дар Рамазон дар аҷру савоб баробар ба ҳаҷҷ кардан аст. (Бухороӣ 1863) 8️⃣- Шабу рӯз дуъо иҷобат мегардад. ("Саҳиҳ ат-тарғиб" 100) 9️⃣- Гуноҳони рӯзадор бахшида ва подош интизораш аст. (Бухороӣ 38) Мавзӯъҳои навбати: ⤵️ 🔲 Шартҳои ва рукнҳои рӯза 🔲 Шиканандаҳои рӯза 🔲 Чи касон аз фаризаи рӯза доштан озод мешаванд. 🔲 Суҳур (саҳархури) 🔲 Ифтор (рӯзакушои) 🔲 Муайян кардани авал ва охири моҳ 🔲 Кафораи ҳамхобагӣ ба шахси рӯзадор 🔲 Намози таровиҳ 🔲 Иътикоф 🔲 Шаби Қадр ◻▫️▪️ ва дигар мавзӯъҳо
Show all...
​​АМАЛҲОИ ҲАРОМЕ, КИ БИСЁРИ МАРДУМОН НИСБАТИ ОНҲО БЕПАРВО ҲАСТАНД. - 6 - ҲАМНИШИН ВА УНС ГИРИФТАН БО МУНОФИҚОН ВА ФОСИҚОН 🔷 Бисёри аз мардум, ки имон дар дилҳояшон устувор нагаштааст, бо аҳли фисқу фуҷур ва касоне, ки ба шариати Аллоҳ таън мезананд ва дини ислом ва дӯстони Аллоҳро истиҳзо ва масхара мекунанд, бо инҳо ҳамнишин ва вохуриҳое барпо мекунанд, ки бешак ин кор ҳаром аст, ва сабаби таън ва тардид дар ақида мегардад. 🔶 Аллоҳ таоло мефармояд: وَإِذَا رَأَيْتَ الَّذِينَ يَخُوضُونَ فِي آيَاتِنَا فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ حَتَّىٰ يَخُوضُوا فِي حَدِيثٍ غَيْرِهِ ۚ وَإِمَّا يُنسِيَنَّكَ الشَّيْطَانُ فَلَا تَقْعُدْ بَعْدَ الذِّكْرَىٰ مَعَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ 📗 «Ва чун бубинӣ, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯйгардон шав, то ба сухане ғайри он шуруъ кунанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкора манишин» ✨ Сураи Анъом, ояти 68 🔷 Пас дар чунин маврид нишастан бо онҳо ҷоиз нест, агар чи аз хешовандон ва наздиконат бошанд ва вохуриашон босафо ва суханҳояшон ҷаззоб бошад, магар касе ки мақсадаш даъвати онҳо бошад ва ҷавоб додан ба даъвоҳои ботили онҳо бошад, на инки аз нишастанаш бо онон розӣ бошад ва сукут кунад. 🔶 Аллоҳи мутаол мефармояд: فَإِن تَرْضَوْا عَنْهُمْ فَإِنَّ اللَّهَ لَا يَرْضَىٰ عَنِ الْقَوْمِ الْفَاسِقِينَ 📘 «Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Аллоҳ аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд!» ✨Сураи Тавба, ояти 96
Show all...

💠 Ва монанди ин ибораҳое, ки барои башарият истифода бурда шавад, ва низ истифода бурдани лафзи “сайид” (ва ё монанди ин калимаҳое, ки дар дигар забонҳо истифода мешавад) барои шахси мунофиқ ва ё кофир. Ва низ лафзи (арабии لو) маънояш “Агар” аст, ки бар норозигӣ, пушаймонӣ ва ҳасрат далолат мекунад ва роҳро барои шайтон боз мекунад. Ва низ ин гуна дуо кардан: “Парвардигоро агар мехоҳи маро бибахш” 🔴 Ин ҳама амалҳо ҳаром ва ноҷоиз аст.
Show all...