cookie

We use cookies to improve your browsing experience. By clicking «Accept all», you agree to the use of cookies.

avatar

Ла Таҳзан

لا تحزن ولا تخاف. 《يقومنآ اجيبوا داعي الله》

Show more
The country is not specifiedThe language is not specifiedThe category is not specified
Advertising posts
189
Subscribers
No data24 hours
No data7 days
No data30 days

Data loading in progress...

Subscriber growth rate

Data loading in progress...

Фасл. Аҳкоми он чизҳое ки аз ҷисм хориҷ мешавад: 1. Идрор — наҷас аст, ба иҷмоъ ботилкунандаи вузӯъ аст. 2. Мазӣ — наҷас аст, ба иҷмоъ ботилкунандаи вузӯъ аст. 3. Вадӣ — наҷас аст, ба иҷмоъ ботилкунандаи вузӯъ аст. 4. Манӣ — бино бар қавли роҷеҳ пок аст ва сабаби вуҷуби ғусл аст. 5. Хуни ҳайз ва нифос — ба иҷмоъ наҷас аст, сабаби вуҷуби ғусл аст. 6. Хуни истиҳоза — наҷас аст ва ба иҷмоъ ноқизи вузӯъ аст. 7. Рутубати фарҷи зан — бинобар қавли роҷеҳ пок аст ва вузӯъро воҷиб мекунад. 8. Мадфуъ — наҷас аст, ба иҷмоъ ботилкунандаи вузӯъ аст. 9. Хун — наҷас аст ва миқдори ками он бино бар қавли ҷумҳур гузашт мешавад ва бино бар қавли роҷеҳ вузӯъро ботил намекунад. 10. Хуни бавосир (геморрой) — аз маҳали дубр хориҷ мешавад ва наҷас аст, ботилкунандаи вузӯъ аст, агар аз даруни дубр бошад. 11. Хуни навосир — аз маҳали дубр хориҷ мешавад, (вале) аз берун. Ин хуни наҷас аст ва бинобар қавли роҷеҳ вузӯъро ботил намекунад. (Маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан давом дорад.
Show all...
Фасл. Наҷосат бар се қисм аст: 1. Наҷосати муғаллаза — Он наҷосати хос (тавассути) саг аст ва пок кардани он бо ҳафт бор шустан аст, ки як бори он бо хок аст. Муслим аз Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят кардааст, ки гуфт: «Пок шудани зуруфи ҳар касе аз шумо ки саг онро бо забон лесида бошад, ин гуна аст, ки бояд ҳафт мартаба шуста шавад, ки дар аввалин мартаба бо хок бошад». Наҷосати мухафафа — Он идрори писарбачае аст, ки ҳанӯз ғазо намехӯрад, чунон ки Аҳмад ва Тирмизӣ ба санади саҳеҳ аз Алӣ ( Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) аз Набӣ (ﷺ) ривоят кардаанд, ки гуфт: «(Бар маҳали) идрори писарбачаи ширхур (фақат) об пошида мешавад, ва идрор духтарча бо об шуста мешавад». — Ва мазӣ: Чунон ки Абу Довуд ва Тирмизӣ ба санади ҳасан ривоят кардаанд: Аз Саҳл бин Саъд (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шуда ки гуфт: «Ман бисёр дучори исобати (хуруҷи) мазӣ мешудам, ва бисёр вақт барои он ғусл мегирифтам, пас аз Расули Аллоҳ (ﷺ) дар бораи он пурсидам, пас гуфт: «Бароят кофӣ буд, ки вузӯъ бигирӣ». Гуфтам: «Эй Расули Аллоҳ, пас бо он чи аз либосам, ки ба он исобат карда чи кунам?» Фармуд: «Бароят кофист, ки як мушт об бигирӣ ва бар он ҷои либосат, ки мебинӣ исобат карда, бипошӣ». Наҷосати мутавассита — Он дигар наҷосат монанди идрор ва мадфуъ ва хун аст ва таҳорати инҳо бо як бор шустан аст, ки наҷосат бо он биравад, ба далели умуми далоил, рафъи наҷосат ва агар наҷосат бо як бор шустан дур нашавад, пас бештар шуста мешавад, то ин ки дур шавад. (Маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан давом дорад...
Show all...
Беҳтарин каналҳои мо дар шабакаи телеграм: @Rodmardd — Аз ҳама архиви калон, маводҳо и не только... @Tijorat_bo_alloh — Кумак ба хоҳарони асир @Ahly_had_is — Мақолаҳои исломӣ @Gurrabba — Видеоҳои исломӣ @Quran_viideo — Қироат ва нашидҳои дилнишин @Ahluhadisenglish — Саволу ҷавобҳои исломӣ @Nashir_links — Линкҳои исломӣ
Show all...
Фасл: Аҳкоми наҷосат Наҷосат: Ба ҳар он чизҳои айнии палидкунанда гуфта мешавад, ки шаръ аз ҳамроҳии он дар намоз манъ мекунад чи дар намоз бошад, чи дар либос бошад ва чи дар макон. Ва ҳар наҷасе ҳаром аст, вале ҳар ҳароме наҷас нест. Ва наҷосат ё ҳукмӣ аст ё Айнӣ аст: ▪Пас наҷосати айнӣ он аст, ки пок кардани худи он, ҳаргиз мумкин нест, чаро ки айни он наҷас аст, монанди идрор ва гушти хинзир. ▪Ва наҷосат ҳукмӣ он аст, ки воқеъ шуда бошад, ин гуна ки бар чизи пок наҷосат воқеъ шавад ва онро наҷас кунад. Асли он чизе ки наҷосат бо он зудуда мешавад об аст. Аллоҳ мефармояд: {Ва аз осмон обе бар шумо фурӯ фиристодем, то шуморо бо он пок кунад} [Анфол: 11]. (Маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан давом дорад.
Show all...
Дар ҳақиқат уламо (Аллоҳ раҳматашон кунад) фиқҳро бо китоби таҳорат оғоз мекунанд, чаро ки таҳорат аз муҳимтарин шурути намоз ва намоз дувумин рукни ислом ва аввалин рукн аз аркони амалӣ аст, ки пас аз он рукни аввал ки шаҳодатайн аст, мебошад ва боби он, китоби ақоид аст. Ва уламо китоби таҳоратро бо бобҳои «Масоили об» оғоз мекунанд, чаро ки он моддаест, ки таҳорат ба василаи он ҳосил мешавад. ФАСЛ Таҳорат дар луғат: Назофат ва покӣ аст. Таҳорат дар истилоҳ: Рафъ кардани ҳадас ва он чи ки дар маънои он аст, ва зудудани хубус (наҷосат) аст. Маънои ҳадас: Ҳадас васфи як ҳукме аст, ки бар бадан қоим мегардад ва соҳиби худро аз намоз хондан ва он чи ки таҳорат, шарте барои он аст, манъ мекунад. Пас он васфи ҳукми маънавӣ аст ва як чизи маҳсус намебошад. Ва ҳадас бар ду навъ аст: Ҳадаси акбар, ки ғуслро воҷиб месозад ва ҳадаси асғар, он чи ки вузӯъро воҷиб месозад. Маънои хубус: Наҷас ва он ба тамоми чизҳои айни палидкунанда гуфта мешавад, ки шаръ аз ҳамроҳӣ он дар намоз манъ мекунад, чи дар бадан бошад, чи дар либос ва чи дар макон бошад. Маънои бархе истилоҳҳои боло: ▪Рафъ кардани ҳадас: Рафъ кардани он васфи қоимшуда бар бадан, ки монеъи намоз хондан аст. ▪Ва он чи дар маънои он аст: Яъне он чи ки дар маънои рафъ бошад, монанди таҷдиди вузӯъ. ▪Зудудани хубус: Дур сохтани наҷосат аз бодан, либос ва макон. Таҳорат ба ду қисм аст: ▪Таҳорати маънавӣ — ва он таҳорати қалб аз ширк, бидъатҳо ва маъсиятҳост. ▪Таҳорати ҳиссӣ — Таҳорати бадан аз ҳадас ва хубус аст. (Маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан давом дорад...
Show all...
Сабаби саввум: Ин ки фаҳмиши онҳо аз далел бо ҳам тафовут доштанд. Мисол: Гуфтаи Набӣ (ﷺ) ба ёронаш: «Ҳеҷ касе намози асрро нахонад, магар дар маҳали бани Қурайза». Саҳоба дар фаҳми он ихтилофи назар пайдо карданд, пас бархе аз онон чунин бардошт карданд, ки муроди Расули Аллоҳ (ﷺ) ин буда ки саъй ба хуруҷ кунанд, то ин ки ҳанӯз вақти аср дохил нашуда онон дар бани Қурайза бошанд, пас чун онон ҳанӯз дар масир хуруҷ буданд, вақти аср фаро расид, пас намозро хонданд, ва онро то хурӯҷи вақташ ба таъхир наандохтанд. Ва аз онон бархе чунин фаҳм карданд, ки муроди Расули Аллоҳ (ﷺ) ин буд, ки намозро нахонанд, илло вақте ки ба маҳали бани Қурайза расанд, пас онон намозро ба таъхир андохтанд, то ин ки ба бани Қурайза расиданд ва баъд аз он ки вақти намоз хориҷ шуда буд онро хонданд ва Набӣ (ﷺ) аз он чизе ки ин ду гурӯҳ анҷом доданд, огоҳ шуд, вале бар ҳеҷ кадомаш инкор наварзид. Сабаби чаҳорум: Ин ки ҳадисе мансухшуда ба ӯ иблоғ шуда бошад ва аз насхи он хабар надорад. Мисол: Он Ҳадиси Абу Ҳурайра - رضي الله عنه - аст, ки Паёмбар (ﷺ) дастур ба таҷдиди вузӯъ дод, (баъд аз майли) он чи (аз таом) ки дар оташ ба он расида аст ва Ҷобир ривоят кардааст, ки аз ду амри Расули Аллоҳ (ﷺ) охирин ҳамин буд, ки амали вузӯъ гирифтан бобати таоме ки оташ ба он расидаро тарк гуфт, ва лекин ин амр ба Абу Ҳурайра нарасида буд, аз ин хотир эшон аз ғазое, ки оташ ба он расида буд, таҷдиди вузӯъ мекард. (Тавзеҳ:) Он чи ки оташ ба он расидааст — яъне болои оташ пухта шудааст. Сабаби панҷум: Ин ки олим ҳадиси заиферо бигирад ё ин ки истидлоли заифе биоварад. Мисол: Он чи ки бархе уламо бар мустаҳаб будани намози тасбеҳ истидлол кардаанд, он ҳам бобати эътимодашон бар ҳадисе, ки ҷумҳури муҳаддисон онро заиф доштаанд ва муҳаққиқон бар онанд, ки намози тасбеҳот як бидъати макрӯҳ аст ва дар ҳақиқат ҳадисаш саҳеҳ нест. Аз ҷумлаи он касон Имом Аҳмад аст, ки фармуд: «Субуташ аз Набӣ (ﷺ) ба сиҳат нарасида аст». Ва шайх ул-Ислом Ибни Таймия фармуд: «(Нисбат додани) ҳадиси он, дурӯғ бастан бар Расули Аллоҳ (ﷺ) аст». (Маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан давом дорад.
Show all...
Сабаби дуввум: Ин ки ҳадис ба як шахс иблоғ шуда бошад ва лекин ба нақлкунандаи он эътимод нашавад ё ин ки ӯро чунин бубинад, ки мухолифи он чизест, ки аз (ҳуҷҷати) ӯ қавитар аст, пас дар натиҷаи он ҳукмеро мегирад, ки онро қавитар аз ӯ мебинад. Мисол: Он чи ки Фотима бин Қайс (رضي الله عنها) ривоят мекунад, ки шавҳараш охирин талоқ аз се талоқи вайро дод, пас (он мард) вакилашро бо миқдори ҷав ба сӯи Фотима фиристод, то нафақаи ӯ дар замони иддааш бошад. Ва лекин Фотима аз бобати ҷав ғазаб кард ва аз қабули он имтиноъ ворзид. Пас қазияро ба сӯи Набӣ (ﷺ) руҷӯъ доданд, Набӣ (ﷺ) ӯро хабар дод, ки барои он зан нафақа ва сукунате бар шавҳар (-и собиқаш) нест, зеро ки шавҳар ӯро талоқи саввум ва охирро додааст, пас он зан аз ӯ ҷудо шудааст ва барои зани ҷудошуда ҳаққе аз суи шаҳар дар нафақа ва сукунаташ нест, магар ин ки зан аз ӯ ҳомила бошад, бо далели ин қавли Аллоҳ: {Ва агар бордор бошанд, нафақаи онҳоро бидиҳед, то ин ки ҳамли худро бигзоранд}. Ва Умар - رضي الله عنه - чунин медид, ки барои зан ҳаққи нафақа ва сукунат ҳаст в он ривоят, ки тавассути Фотима нақл шуда буд, нагирифт, бобати ин эҳтимол медод Фотима (чизе аз ривоятро) фаромӯш кардааст, пас Умар гуфт: «Оё гуфтаи Парвардигори худро раҳо мекунем, бобати сухане зане, ки намедонем, оё онро ба хотир дорад ё фаромӯш кардааст?» Ва маълум аст, ки Умар дар маҳали нусуси шаръ тавқифкунанда ва дорои пойбанди сариъе аст, илло ин ки (дар ин қазия) аз ин тарсид, ки Фотима - رضي الله عنها - фаромӯш карда аз ин хотир аз ривояти ӯ чизе нагирифт. Ва ин навъ файсала ҳамчунин дар баъд аз онон низ рух медиҳад, хусусан дар он чи ки мутааллиқ ба ровиёни аҳодис ва таъдил ва ҷарҳи шахсияти ровӣ онон аст. Пас мумкин аст ба олим як ҳадис аз тариқи саҳеҳе иблоғ шавад ва онро бигирад ва ба шахси дигаре ҳамон ҳадис аз тариқи заиф иблоғ шавад, пас онро намегирад, пас аз ин ҷо ихтилоф мешавад. (Маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан давом дорад...
Show all...
Ла Таҳзан

لا تحزن ولا تخاف. 《يقومنآ اجيبوا داعي الله》

Фасли дуввум: Баъзе аз асбоби ихтилофи уламо Ҳамоно масоили ҷузъи илмӣ аз далоили тафсилӣ истинбот мешавад ва уламо ва имомон - رحمهم الله - ба сабабҳои мухталиф дар бисёр аз аҳкоми ҷузъӣ ихтилоф доранд, он ҳам бо вуҷуде ки ҳақро мехоҳанд ва далелро металабанд ва далелро мегиранд, илло ин ки онон - رحمهم الله - дар ҷумлаи аз масоил ихтилофи назар кардаанд. Ва сабаби ихтилофи онон таорузи далоили шаръӣ нест, чаро ки шаръ ҳамааш аз сӯи Аллоҳ аст. Таоруз ва таноқузе дар он вуҷуд надорад ва лекин баъзе аз масоил ва аҳком ба сабабҳои мухталифе бар бархе уламо пушида монда ва барои бархе зоҳир гардида аст, пас аз асбоби ихтилофи уламо - رحمهم الله - бадин қарор аст: Сабаби аввал: Ин ки далел ба баъзеашон иблоғ ва ба баъзе дигар иблоғ нашуда бошад. Қатъан саҳоба - رضي الله عنهم - дар ҳамнишинӣ бо Набӣ (ﷺ) ва наздик будан бо ӯ, бо ҳамдигар тафовут доштаанд. Аз онон бархе аз ин ҷумъа то ҷумъа назди ӯ меомаданд ва бархе аз як рӯз ба рӯзи дигар назди ӯ (ﷺ) меомаданд. Ва касе аз онон бисёр бо ӯ (ﷺ) ифтихори ҳамнишинӣ ва шунидани ҳадис доштаанд. Пас мумкин аст, бархе аз он ҳукмеро шунида бошад, ки дигаре онро нашунидааст. Ё ҳукме буда ки насх шуда ва баъзе дигарашон насхи ҳукмашро намедонистанд, пас аз ин ҷо ихтилоф пеш омад. Мисоли он: Он чи дар саҳеҳ Бухорӣ ва ғайр аз он сабт шуда ки: Умар ибни Хаттоб - رضي الله عنه - ба сӯи Шом сафар кард ва дар тӯли масир ба эшон гуфта шуд, ки дар Шом вабоъ омада ки ҳамон тоавн аст, пас тавқиф кард, то ба саҳоба - رضي الله عنهم - машварат кунад. Пас ба рӯи ду раъй ихтилофи назар пайдо карданд. Баъзе аз онон гуфтаанд — баргардем ва баъзе гуфтанд — ба сарзамини Шом дохил шавем, сипас Абдур-Раҳман ибн Авф, ки ба хотири ҳоҷате ғоиб буд, омад ва гуфт: Дар назди ман илм ба ин масъала мавҷуд аст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуд: «Агар дар мавриди (зуҳури он мараз) дар сарзамине шунидед, пас ба он ҷо қадам магузоред ва агар дар сарзамине мараз афтод ва шумо дар он ҷо будед, пас аз онҷо хориҷ нашавед». Пас ин ҳукм бар бузургони саҳобаи муҳоҷирин ва ансор пушида монда буд, то ин ки Абдур-Раҳмон омад ва ононро аз ин ҳадис бохабар сохт. (Маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан Давом дорад...
Show all...
Ла Таҳзан

لا تحزن ولا تخاف. 《يقومنآ اجيبوا داعي الله》

Тамҳид Қабл аз шурӯъ дар масоили фиқҳӣ бояд умуреро бишносем, ки бо он барои донишҷӯ фаҳмиши масоил ва аҳкомашон осон мегардад. Фасли аввал: Аҳкоми таклифӣ Маънои фиқҳ дар луғат: фаҳм Ва маънои он дар шаръ: шинохти аҳкоми шаръӣ, илме ки аз далоили тафсили он истинбот гардидааст. • Воҷиб: Он аст, ки шаръ бар он ба сурати илзом дастур додааст, монанди гуфтаи Аллоҳ: {Сабукбор ва гаронбор (ҳамагӣ ба сӯи ҷиҳод) бароед, ва бо амвол ва ҷонҳои худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кунед} [Тавба: 41]. • Мустаҳаб: Он чи ки шарҳ ба он аз боби надб ва истиҳбоб дастур додааст, монанди қавли Набӣ (ﷺ): «Қабл аз намози мағриб ду ракъат намоз хонед, қабл аз намози мағриб ду ракъат намоз хонед, қабл аз намози мағриб ду ракъат намоз хонед, ҳар касе хост (онро бихонад)» (Муттафақун алайҳ). • Мубоҳ: Он чи ки шаръ дар мавридаш вусъат додааст, на ба он дастур додааст ва на аз он наҳй кардааст, Мисоли он дар гуфтаи Аллоҳ таоло дар сидоқ аст: {Ва пиразанҳои аз кор афтода ки ёмеди никоҳ надоранд, бар онҳо гуноҳе набошад, ки рӯбанди худро бигзорад, дар ҳоле ки зиннат ошкор насозад, ва агар худдорӣ кунанд ин барои онҳо беҳтар аст, ва Аллоҳ шунавои доност} [Нур: 60]. • Ҳаром: Он чи ки шаръ аз он лозиман наҳй кардааст, мисол он қавли Аллоҳ таоло аст: {Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ аст, пас касеро ҳамроҳ бо Ӯ нахонед} [Ҷин: 18]. • Макруҳ: Он чи шаръ наҳй кардааст, аммо на аз ваҷҳи лозим. Ё он чи тарккунандаи он мавриди мадҳ қарор гирифта ва фоили он зам ва накӯҳиш нашудааст. Мисоли аз он, хобидан байни шом ва хуфтан аст. Дар саҳеҳайн аз тариқи Аби Барза Асламӣ (رضي الله عنه) ривоят шудааст, ки Набӣ (ﷺ) аз хобидани қабл аз хуфтан ва аз сӯҳбат кардан пас аз хуфтан кароҳат дошт. (маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан давом дорад...
Show all...
Давом... Дар замоне ки булуғ мерасанд ва мусалмон ҳастанд ё агар пас аз ин ки ба булуғ расидаанд, мусалмон шуданд, ба думболи таълими ин умур бошанд. Ва бояд, ки имоми мусалмонон шавҳарҳои занон ва соҳибони бардагонро маҷбур кунад, ки ба онҳо ин умурро ёд бидиҳанд. Чи худашон ин вазифаро анҷом диҳанд чи бо касе рӯбарӯ шаванд, ки метавонад ба онҳо биомӯзад. Ва бар Имом фарз аст, ки мардумро бар ин чиз бигирад ва гурӯҳеро барои таълими ҷоҳилон бигуморад» (Иҳком фи усулил Аҳком, 5/121). Аз ин рӯ мо бар он шудем, то матни мухтасаре дар таҳорат ва намоз ва рӯза таълиф кунем, то дар масоҷид ва маъоҳид ва омӯрзишгоҳҳои низомӣ тадрис шавад ва барои мардон ва занони мусалмон муфид воқеъ шавад. و آخر الدعوانا أن الحمد لله رب العالمين، و صلى الله و سلم على أشرف الأنبياء و المرسلين. (Маълумоти бештар ин ҷо) 📜 || #Ла_Таҳзан
Show all...
Choose a Different Plan

Your current plan allows analytics for only 5 channels. To get more, please choose a different plan.