Хазинаи Маърифат - Khazinai Marifat
Open in Telegram
Саҳифаи аслии Хазинаи Маърифат Ассалому алайкум мухлисони гиромиқадр! Ташаккур ба якояки Шумо, ки бандаро пайваста ҳамроҳӣ ва дастгирии маънавӣ мекунед. Aдмин: t.me/komron_safarov Мо дар шабакаи иҷтимои YouTube : https://youtu.be/gx-TgGXNuxk
Show more269
Subscribers
No data24 hours
-47 days
-1230 days
Posts Archive
Иди Қурбон ва Рӯзи ҷумъа бароятон муборак бодо! Бароятон аз даргоҳи илоҳӣ итоати Иброҳиму а.с.) таслими Исмоил (а.с.) таманно мекунам.
- На ҳар байрақбардор ватандӯсти асил асту ва на ҳар саҷдакун обиди соф (Субҳон Қурбонов)
Мор ва деҳқони дилсӯз
Деҳқони дилсӯзе дар фасли зимистон мореро мебинад, ки дар канори роҳе яхзада ва нимҷон хобидааст. Дили деҳқон месӯзаду морро аз замин бардошта дар остинаш ҷо мекунад. Яхҳои мор об мешавад. Мор оҳиста-оҳиста ба худ меояд ва чашмонашро мекушояд. Баъди лаҳзае деҳқонро мегазад.
Деҳқон бо садои заиф ба мор мегӯяд:
- Ман туро аз марг наҷот додам, чаро маро газидӣ?
Мор:
- Ман мор ҳастам ва неш задан сифати ман аст. Аз мор меҳрубонӣ интизор мабош, ҳато агар барояш хубие ҳам карда бошӣ.
*** Дар ҳаёт, доимо меҳрубону бошафқат бош, аммо ҳаргиз сиришти дигаронро нодида нагир. Бархе мавҷудот, алалхусус одамон ҳам дар баробари некӣ неш мезананд. Доноӣ дар он аст, ки хубиро бо ҳушёрӣ ҳамроҳ бисозем.
https://www.facebook.com/khudobakhsh
ХУДОБАХШ
11.05.2025с.
