САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)
Open in Telegram
🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦. 🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.
Show more423
Subscribers
+124 hours
+87 days
+3230 days
Posts Archive
Сирри бонкӣ чист?
Сирри бонкӣ - маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад.
Мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» маълумоти зерин ҳамчун сирри бонкӣ эътироф шуда, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ муҳофизат карда мешаванд:
1. Дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ ва воситаҳои пардохтӣ, соҳибон ва дорандагони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо ва воситаҳои пардохтӣ иҷрошавандаи муштариён.
2. Дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо.
3. Дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ (воситаҳои пулӣ, ашё ва ғайра, ки мизоҷон дар қуттиҳои сейфии бонк нигоҳ медоранд), ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Барои ғайриқонунӣ ифшо ва дастрас намудани маълумоте, ки сирри бонкӣ маҳсуб мешавад, шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Намудҳои маъмули фишинг
1. Email-фишинг:
Дар ин ҳолат қаллобон ба почтаи электронии Шумо паёмҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб мефиристанд, масалан: «Дар лоторея бурд кардед», «Соҳиби туҳфа гардидед», «Хизматрасониҳои мо барои Шумо ройгон мебошанд», «Қарзи имтиёзнок танҳо барои Шумо».
Барои гирифтани бурд, туҳфа ё қарз аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки ба истиноди (ссылка) пешниҳодшуда ворид шуда, маълумоти шахсӣ ё бонкии худро пешниҳод намоед.
2. СМС-фишинг (Smishing):
Қаллобон тавассути СМС-паёмакҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram, WhatsApp ва ғайра) худро намояндаи ташкилот ё ширкати маъруф муаррифӣ намуда, ба Шумо «туҳфа», «купон» ё «тахфиф» пешниҳод мекунанд. Барои дарёфти онҳо хоҳиш мекунанд, ки ба истиноди замимашуда ворид шавед. Аксар вақт чунин истинодҳо қалбакӣ буда, барои дуздидани маълумоти шахсӣ ва бонкӣ пешбинӣ шудаанд
3. Фишинги телефонӣ (Vishing):
Дар ин намуди фишинг қаллобон тавассути занги телефонӣ ё паёми овозӣ худро корманди ташкилоти қарзии молиявӣ ё хадамоти амниятии он муаррифӣ мекунанд. Онҳо метавонанд аз Шумо рақами корти бонкӣ, рамзи амниятии CVV, рамзҳои яккаратаи тавассути СМС ирсолшуда ва дигар маълумоти махфиро пурсанд. Инчунин, қаллобон метавонанд хоҳиш намоянд, ки барномаи муайянеро дар телефони мобилии худ насб намоед.
Чӣ тавр метавонед худро аз фишинг эмин нигоҳ доред?
- агар шахси ношинос ё шубҳанок занг зада, аз Шумо маълумоти шахсӣ ё рамзи махфии тавассути СМС ирсолшударо талаб кунад, фавран суҳбатро қатъ намоед;
- ба истинодҳо ва суроғаҳои интернетии шубҳанок ворид нашавед;
- логин ва рамзҳои махфии худро танҳо дар сомонаҳои дорои пайвасти бехатар (https://) ворид намоед;
- барномаҳо ва замимаҳои шубҳанокеро, ки тавассути почтаи электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ё дигар манбаъҳо дастрас мегарданд, насб накунед.
Зимни истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ҳамеша эҳтиёткор бошед!
Фишинг қаллобист!?
Фишинг - яке аз усулҳои маъмули қаллобӣ мебошад, ки дар он қаллобон бо истифода аз фиреб, таъсиррасонии равонӣ, таҳрифи маълумот ва дигар роҳҳо кӯшиш мекунанд маълумоти махфӣ ва бонкии шаҳрвандонро ба даст оранд ва аз онҳо барои анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ истифода намоянд.
Мақсади асосии фишинг чист?
Мақсади асосии фишинг ба даст овардани маълумоти махфӣ ва бонкии шаҳрвандон, аз ҷумла логин ва рамзҳои махфии почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, рақами корти бонкӣ, рамзи амниятии CVV, рамзҳои яккаратаи тавассути СМС ирсолшаванда ва дигар маълумоти махфии шахсӣ ва бонкӣ мебошад.
Бо истифода аз ин маълумот қаллобон метавонанд ба суратҳисобҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дастрасӣ пайдо намуда, маблағҳоро тасарруф кунанд, амалиётҳои ғайриқонунии молиявӣ анҷом диҳанд, молу хизматрасониҳоро харидорӣ намоянд ё ба тамаъҷӯӣ машғул шаванд.
Моро дар саҳифаҳои «Саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон” дар Facebook, Telegram ва Instagram пайгирӣ намоед. Дар пости минбаъда дар бораи намудҳои маъмули фишинг маълумот хоҳем дод⬇️
Repost from Бонки миллии Тоҷикистон
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030 санаи 25 июни соли 2026 бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд.
Муфассал: https://nbt.tj/tj/news/636371/
Навор аз рафти қисмати фарҳангии фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки 25-уми июни соли ҷорӣ дар майдони марказии шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дӯстони гиромӣ!
Аллакай имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ва майдони марказии шаҳр аз соати 09:00 то 21:00 фестивали "Саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад!
Биёед ва якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Даромад ройгон аст!
+1
Дӯстони азиз!
Ба Шумо барномаи фестивали "Саводнокии молиявӣ"-ро, ки пагоҳ, яъне 25-уми июни соли ҷорӣ дар толор ва майдони назди Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ва майдони марказии шаҳр баргузор мегардад, манзур менамоем.
Даромад ройгон аст!
Биёед ва якҷо бо мо донишҳои молиявии худро боз ҳам бештар намоед!
Маълумоти муфассал тавассути рақамҳои: 106554444.
Мо Шуморо интизорем!
Дӯстони гиромӣ!
Дар доираи фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Бӯстон, ки 25-уми июни соли ҷорӣ аз соати 09:00 то 21:00 доир мегардад, Шуморо барномаи дилхушӣ ва викторинаҳои ҷолиб доир ба саводнокии молиявӣ барои калонсолон ва кӯдакон интизор аст!
Биёед дар викторинаҳо иштирок карда, соҳиби тӯҳфа гардед ва бо усулҳои ҷолиб якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Фестивали саводнокии молиявӣ - ҳамаи донишҳо муҳиманд, дониши молиявӣ муҳимтар!
Дӯстони гиромӣ!
Дар доираи фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Бӯстон, ки 25-уми июни соли ҷорӣ аз соати 09:00 то 21:00 доир мегардад, Шуморо барномаи дилхушӣ ва викторинаҳои ҷолиб доир ба саводнокии молиявӣ барои калонсолон ва кӯдакон интизор аст!
Биёед дар викторинаҳо иштирок карда, соҳиби тӯҳфа гардед ва бо усулҳои ҷолиб якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Фестивали саводнокии молиявӣ - ҳамаи донишҳо муҳиманд, дониши молиявӣ муҳимтар!
Дӯстони арҷманд!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар доираи фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ намоиши хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ баргузор карда мешавад. Намоиши мазкур 25-уми июни соли ҷорӣ дар назди бинои Қасри фарҳанги ш. Бӯстон доир гардида, аз соати 09:00 то 15:00 идома хоҳад ёфт.
Биёед ва дар бораи хизматрасониҳои молиявиӣ маълумот пайдо намуда, оид ба тарофа ва дигар шартҳои асосии онҳо аз мутахассисон маслиҳату машваратҳои ройгон гиред. Фурсати муносибро барои ба даст овардани маълумоти муфиди молиявӣ аз даст надиҳед!
Даромад ройгон аст!
+5
Дӯстони азиз!
Ба Шумо маълумот дар бораи баромадкунандагони форуми саводнокии молиявӣ ва мавзуъҳое, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, манзур менамоем.
Давлятова Фарзона - мутахассиси пешбари департаменти низоми пардохти Бонки милли Тоҷикистон
Мавзуи баррасишаванда: “Пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи бехатари онҳо”
Баротзода Ховар - мутахассиси дараҷаи I департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон
Мавзуи баррасишаванда: “Қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он”
Рафибаев Далерҷон - Сармутахассиси шуъбаи карздихи филиали КВД БССТ "Саноатсодиротбонк" дар ш. Хуҷанд
Мавзуи баррасишаванда: "Қарзҳо барои рушди тиҷорат ва истеҳсолот"
Ҳайдаров Саидмухтор - Директори ҶДММ ТС "Меҳнат"
Мавзуи баррасишаванда: “Суғуртаи молу мулк ва нақлиёт ҳамчун воситаи ҳифзи амнияӣт молиявӣ”
Раҳмонов Зафар - мудири филилалӣ ҶСК "Тавҳидбонк" дар шаҳри Ҳуҷанд
Мавзуи баррасишаванда: “Намудҳои маблағгузории исломӣ”
Биёед, 25 июн дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон аз соати 09:00 мо Шуморо мунтазирем!
Даромад ройгон аст.
Азамхон Акбаров – ровии фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Бӯстон!
Дӯстони арҷманд! Шуморо 25-уми июни соли ҷорӣ ба фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ва майдони марказии шаҳр аз соати 09:00 то соати 21:00 баргузор мегардад, даъват менамоем!
Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам баландтар бардоред!
Даромад ройгон аст!
Азамхон Акбаров – ровии фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Бӯстон!
Дӯстони арҷманд! Шуморо 25-уми июни соли ҷорӣ ба фестивали "Саводнокии молиявӣ", ки дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ва майдони марказии шаҳр аз соати 09:00 то соати 21:00 баргузор мегардад, даъват менамоем!
Биёед ва сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон боз ҳам баландтар бардоред!
Даромад ройгон аст!
Дӯстони гиромӣ!
Мехоҳед донишу малакаҳои молиявии худро такмил диҳед ва аз машварату тавсияҳои ройгони коршиносони соҳаи бонкӣ ва суғурта баҳра баред?
Пас фурсати нодирро аз даст надиҳед ва ба форуми саводнокии молиявӣ, ки 25 июни соли ҷорӣ аз соати 9:00 то 12:00 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон баргузор мегардад, ташриф биёред!
Дӯстони гиромӣ!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки 25 июни соли ҷорӣ аз соати 09:00 то 12:00 дар доираи фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон "Форуми саводнокии молиявӣ" баргузор мегардад, ки дар он намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар мавзуъҳои муҳим ва мубрами низоми молиявӣ бо рӯнамо баромад менамоянд!
Дӯстони азиз!
Бо хушнудӣ хабар медиҳем, ки 25-уми июнии соли ҷорӣ дар шаҳри Бӯстон фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор мегардад!
Ҳатман дар чорабинии мазкур иштирок намуда, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баландтар бардоред!
Repost from Радио Азия-Плюс
"Занон ва пул. Роҳҳои расидан ба мустақилияти молиявӣ" мавзӯи навбатии гуфтори "Фурсати донистан" аст.
Меҳмони мо - Саломзода Гулнора - номзади илмҳои иктисодӣ, муовини Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон ҳастанд.
19-уми ИЮНИ соли 2026, аз соати 10:05 то 11:00,
Пешниҳоди саволҳо тариқи телеграмм - 880000107 ва ё ба воситаи телефони студия - 446107107
Ин гуфтор дар доираи Лоиҳаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) "Инноватсияҳо дар бахши молиявии Тоҷикистон" бо дастгирии барномаи REMIT PRIME FFR, IFAD, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мегардад.
🎧 Моро online гӯш кунед
📢Обуна шавед /Telegram /Instagram
Бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" муайян гардида, шароити мусоид барои фаъолияти он дар асоси Қонуни мазкур фароҳам оварда шудааст.
Ба ҳолати имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 бонки исломӣ ва 4 равзанаи бонкии исломӣ фаъолият менамоянд ва шумораи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд, 39 ададро (5 филиал, 32 марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва 2 нуқтаи хизматрасониҳои хазинавӣ) ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ хусусияти ба худ хос дорад ва танзиму назорати он тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, аз ҷумла стандартҳои Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ (IFSB) ва Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) сурат мегирад.
Бинобар ин, дар ташкилотҳои қарзии исломӣ амалиётҳои бонкии исломӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, яъне риояи меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ ва стандартҳои байналмилалии зикргардида, анҷом дода мешаванд.
Ташкилотҳои қарзии исломӣ, айни замон дар кишвар ба муштариён (истеъмолкунандагон) амалиётҳои бонкии исломии зеринро пешниҳод менамоянд:
1. Муробаҳа - аҳд оид ба хариду фурӯши моле, ки ташкилоти қарзии исломӣ бо дархости муштарӣ харидааст. Нархи фурӯши моли ташкилоти қарзии исломӣ аз ҷониби тарафҳои шартнома ҳамчун ҷамъи нархи харид ва изофапулӣ, ки тарафҳо мувофиқа кардаанд, муайян карда мешавад.
2. Музораба - аҳди дар асоси шартнома басташуда, ки мутобиқи шартҳои он як тараф – сармоягузор сармоя (маблағҳои пулӣ) пешниҳод мекунад, тарафи дигар – соҳибкор сармояро гирифта, онро бо истифода аз захираҳои меҳнатии худ бо мақсади гирифтани фоида ва тақсими он дар байни тарафҳо тибқи шартнома истифода мебарад.
3. Қарзи ҳасана - аҳде, ки тибқи шартҳои он як тараф дар асоси шартнома маблағи пулиро ба тарафи дигар бе изофапули бо шартҳои бозгардонӣ ё бо мақсадҳои хайрия пешниҳод мекунад.
4. Иҷора - навъи фаъолияти сармоягузорӣ, ки тибқи он иҷорадеҳ тавассути хариди махсус молики таҷҳизот ё дигар молу мулк шуда, онро ба иҷорагир ба иҷораи (кирояи) пулакӣ ба ихтиёрдорӣ ё истифодаи муваққатӣ дар муҳлати мувофиқашуда медиҳад.
5. Салам - аҳд доир ба харидории мол дар асоси ба таъхир гузоштани таҳвил, ба шарти дар лаҳзаи бастани шартнома пардохт намудани арзиши мол мебошад. Ин як намуди аҳди фурӯш мебошад, ки дар он нарх ҳамчун сармоя дониста мешавад.
6. Иҷораи мунтаҳия биттамлик - аҳдест, ки аз шартномаи иҷора баромада, мутобиқи он муштарӣ барои харидани молу мулки қаблан ба иҷора дода (барои ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатӣ), ё баъди анҷомёбии муҳлати амали шартномаи иҷора ва ё давра ба давра дар давоми давраи амали шартнома ҳуқуқ пайдо мекунад.
Бонкдории исломӣ ҳамчун ҷузъи муосири низоми молиявӣ дар баробари бонкдории анъанавӣ дар рушди устувор ва мутавозини низоми бонкӣ нақши муҳим дорад. Зеро, он бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ ба диверсификатсияи хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ мусоидат менамояд ва ин раванд маблағгузории бахши воқеии иқтисоди миллиро тақвият медиҳад.
Саҳифаи моро пайгирӣ намоед ва дар бораи амалиётҳои бонкии исломӣ ва шартҳои он маълумоти бештар пайдо намоед.
Ҳамёнҳои электронӣ
То 31 майи соли 2026 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ 19,3 млн ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 5,5 млн адад ё 39,4 фоиз зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ-майи соли 2026 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 12,0 млн амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 2,9 млрд сомонӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 30,1 фоиз ва 98,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Афзоиш ёфтани шумораи ҳамёнҳои электронӣ нишондиҳандаи рушди босуръати рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат аст.
16 июн – Рӯзи байналмилалии интиқолҳои маблағҳои оилавӣ
Ҳамасола 16-уми июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии интиқолҳои маблағҳои оилавӣ таҷлил мешавад. Ин сана бо ташаббуси Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) таъсис ёфта, бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эътироф гардидааст.
Ин рӯз ба қадрдонии саҳми миллионҳо муҳоҷирони меҳнатӣ бахшида шудааст, ки дур аз Ватан фаъолият намуда, оилаҳои худро дастгирӣ мекунанд ва дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои худ саҳми арзишманд мегузоранд.
Рӯзи байналмилалии интиқолҳои маблағҳои оилавӣ ёдовар менамояд, ки интиқолҳои пулӣ на танҳо воситаи дастгирии молиявии оилаҳои алоҳида мебошанд, балки омили муҳимми рушди устувор, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва густариши фарогирии молиявӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини дастрасӣ, амният ва самаранокии хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар ин самт тавсеаи хизматрасониҳои рақамӣ, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои истифодаи ҳамёнҳои электронӣ ва хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Амалисозии чунин тадбирҳо ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки маблағҳои интиқолшавандаро бо хароҷоти камтар, суръати бештар ва сатҳи баланди амният қабул ва истифода намоянд.
