en
Feedback
САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (Финансовая грамотность в Таджикистане)

Open in Telegram

🇹🇯 Саҳифаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ 📈 🏦. 🇷🇺 Официальная страница Национального банка Таджикистана для повышения уровня финансовой грамотности населения 📈.

Show more
423
Subscribers
+124 hours
+87 days
+3230 days
Posts Archive
Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон Дар ҷаҳони муосир, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии байни давлатҳо
Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон   Дар ҷаҳони муосир, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии байни давлатҳо пайваста густариш меёбанд, бозори меҳнат низ хусусияти байналмилалӣ касб намуда истодааст. Ин раванд боиси афзоиши ҳаракати қувваи корӣ байни давлатҳо гардидааст ва шаҳрвандон бо мақсади дарёфти ҷойи кори муносиб, гирифтани музди меҳнати баланд ва афзоиши даромади худ ба давлатҳои дигар сафар менамоянд. Бо назардошти он ки яке аз ҳадафҳои асосии муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ ва аъзои оилаашон мебошад, дар баробари донистани қонунгузорӣ, забон ва фарҳанги давлати қабулкунанда, барои онҳо доштани донишу малакаҳои молиявӣ низ аҳамияти муҳим дорад.   Саводнокии молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки:   1. Даромад ва маблағҳои худро самаранок идора намоянд. Муҳоҷирони меҳнатӣ одатан қисми муайяни даромади худро ба аъзои оилаашон мефиристанд. Донистани чӣ тавр тартиб додани буҷети шахсӣ ва оилавӣ, банақшагирии даромаду хароҷот, назорати хароҷоти дуюмдараҷа ва муҳиммияти пасандозгузорӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки маблағҳои худро самаранок истифода баранд. Инчунин, барои ҳадафҳои дарозмуддат, аз ҷумла хариди манзил, таъмини таҳсили фарзандон, оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар эҳтиёҷоти муҳим маблағ пасандоз намоянд.   2. Аз хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дуруст, бехатар ва мақсаднок истифода баранд. Доштани дониши кофии молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки аз хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  давлати қабулкунанда огоҳ бошанд ва шартҳои пешниҳоди қарз, пасандозгузорӣ, суғуртакунӣ ва дигар хизматрасониҳои молиявиии ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавиро муқоиса намуда, аз онҳо барои маблағгузории хароҷоти марбут ба сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ истифода баранд.   3. Воситаҳои бехатар ва нисбатан самараноки интиқоли маблағро интихоб ва истифода намоянд. Саводнокии молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки ҳангоми интиқоли маблағ воситаҳо ва хизматрасониҳои мувофиқро интихоб намуда, маблағи ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия), қурби мубодилаи асъор, суръати интиқол ва сатҳи бехатарии амалиётро ба инобат гиранд. Ин ба кам кардани хароҷоти интиқоли маблағ ва ҳифзи маблағҳои ирсолшаванда мусоидат мекунад.   4. Аз хавфи қаллобони молиявӣ огоҳ бошанд ва маблағҳои худро ҳифз намоянд Дар муҳоҷират хавфи ба намудҳои гуногуни қаллобии молиявӣ дучор шудани муҳоҷирон вуҷуд дорад. Донишу малакаҳои молиявӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки чунин хавфҳоро сари вақт муайян намуда, маълумоти шахсӣ ва молиявии худро ҳифз кунанд ва пеш аз анҷом додани амалиёти молиявӣ эътимоднокии хизматрасонӣ ё пешниҳодро санҷанд ва маблағи худро аз қаллобони молиявӣ эмин нигоҳ доранд.

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод, диққат! Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба наздикӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бо ташаббуси Бо
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод, диққат! Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба наздикӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҷалби ташкилотҳои молиявӣ чорабинии бошукӯҳ барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ аҳолӣ баргузор мегардад. Ин имконияти хуб барои рушд додани донишҳои молиявӣ, шинос шудан бо хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакат ва муқоисаву интихоби хизматрасонии барои худ мувофиқу муфид мебошад. Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед ва аз тадбирҳое, ки дар доираи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ мегарданд, огоҳ бошед.

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод, диққат! Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба наздикӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бо ташаббуси Бо
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод, диққат! Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба наздикӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҷалби ташкилотҳои молиявӣ чорабинии бошукӯҳ барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ аҳолӣ баргузор мегардад. Ин имконияти хуб барои рушд додани донишҳои молиявӣ, шинос шудан бо хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакат ва муқоисаву интихоби хизматрасонии барои худ мувофиқу муфид мебошад. Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед ва аз тадбирҳое, ки дар доираи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ мегарданд, огоҳ бошед.

Агар кортатон дар банкомат дар монад, қадамҳои зеринро иҷро кунед: • Ором бошед – ин ҳолат бисёр вақт рӯй медиҳад ва роҳи ҳал
Агар кортатон дар банкомат дар монад, қадамҳои зеринро иҷро кунед: • Ором бошед – ин ҳолат бисёр вақт рӯй медиҳад ва роҳи ҳал дорад.   • Интизор шавед – баъзан банкомат худ кортро пас аз чанд сония бармегардонад.   • Ба рақами маркази тамоси бонк занг занед – рақами телефон одатан дар худи банкомат навишта шудааст.   • Кортро фавран масдуд (блок) кунед – то ин ки каси дигар онро истифода набарад. Инро тавассути занг задан ба бонк ё замимабарномаи мобилии он анҷом додан мумкин аст.   • Ба филиали наздиктарини бонк равед – бо шиноснома ва аризаи расмӣ кортро барқарор кунед.   • Маълумот диҳед – сана, вақт ва ҷойи ҳодисаро ба корманди бонк бигӯед.   • Агар банкомат шубҳанок ба назар расад (масалан, дастгоҳҳои иловагӣ насб шудаанд), аз истифодаи он худдорӣ намоед.    Дар хотир дошта бошед: Барои бехатарӣ аз банкоматҳое истифода баред, ки дар дохили бонк ё ҷойи назоратшаванда ҷойгир карда шудаанд. Агар банкомат суст кор кунад, беҳтараш аз он истифода набаред.  

Истифодаи дурусти банкоматҳо Банкомат — дастгоҳи автоматии бонкӣ мебошад, ки ба муштариён имкон медиҳад бидуни иштироки корма
Истифодаи дурусти банкоматҳо Банкомат — дастгоҳи автоматии бонкӣ мебошад, ки ба муштариён имкон медиҳад бидуни иштироки корманди бонк амалиёти гуногуни молиявиро анҷом диҳанд, аз ҷумла гирифтани пули нақд, ворид кардани маблағ, санҷиши бақияи суратҳисоб ва анҷом додани пардохтҳо. Қоидаҳои истифодаи бехатари банкомат 1. Пеш аз истифода атрофро бодиққат санҷед. Агар шахси шубҳанок дар наздикии банкомат қарор дошта бошад, беҳтараш каме интизор шавед ё аз банкомати дигар истифода баред. 2. Корти худро танҳо ба ҷойи махсус ворид кунед. Агар дар банкомат ягон дастгоҳ, таҷҳизот ё ашёи ғайриоддӣ ва шубҳанокро мушоҳида кунед, аз истифодаи он худдорӣ намоед. 3. Рамзи махфии худро (PIN-код) танҳо худатон ворид кунед. Ҳангоми ворид кардани PIN-код клавиатураро бо даст пӯшонед, то дигарон онро набинанд. 4. PIN-кодро ба ҳеҷ кас нагӯед. Кормандони бонк низ ҳақ надоранд PIN-коди шуморо талаб кунанд. 5. То анҷоми амалиёт интизор шавед. Пас аз интихоби амалиёт, масалан, гирифтани пул ё санҷиши бақия, то пурра анҷом ёфтани раванд аз банкомат дур нашавед. 6. Корт ва маблағи гирифтаатонро ҳатман санҷед. Пеш аз тарк кардани банкомат боварӣ ҳосил кунед, ки корт ва пули худро гирифтаед. 7. Дар банкомат чизеро фаромӯш накунед. Пас аз анҷоми амалиёт ҷойи корти қабулкунанда, қисмати додани пул ва дигар қисмҳои банкоматро санҷед. 8. Расидро бо худ гиред. Агар расид ба Шумо лозим набошад, онро ба таври бехатар нобуд кунед ва маълумоти дар он бударо ба дигарон нишон надиҳед. 9. Дар ҳолати мушкилӣ ба бонк хабар диҳед. Агар банкомат кор накунад, кортро барнагардонад ё ҳолати ғайриоддӣ мушоҳида шавад, фавран ба бонк муроҷиат кунед. 10. Дар ҷойҳои торик ва камодам эҳтиёт бошед. То ҳадди имкон банкоматҳои дар ҷойҳои равшан, серодам ва бехатар ҷойгиршударо истифода баред. Дар хотир доред: Амнияти маблағ ва маълумоти бонкии Шумо аз эҳтиёткорӣ ва истифодаи дурусти банкомат вобаста аст.

Пардохтҳои рақамӣ тавассути технологияи NFC акнун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Интиқолҳои фаромарзӣ Имрӯз барои аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол додани маблағ якчанд имконият вуҷуд дорад. Масалан, ма
Интиқолҳои фаромарзӣ Имрӯз барои аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол додани маблағ якчанд имконият вуҷуд дорад. Масалан, маблағро метавон тавассути системаҳои интиқоли маблағ, аз корт ба корт ё тавассути интиқоли байнибонкӣ ба дигар кишвар интиқол дод. Ин воситаҳо аз ҳамдигар чӣ фарқият доранд? 1️⃣ Системаҳои интиқоли маблағ: Принсипи кор одӣ аст: интиқолдиҳанда маблағро тавассути системаи интиқол месупорад, система онро ба кишвари дигар мефиристад ва қабулкунанда метавонад онро тибқи шартҳои система, масалан, дар нуқтаи хизматрасонии бонкӣ қабул кунад. Дар ин ҳолат кушодани суратҳисоб зарур нест. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон системаҳои «ЮНИСТРИМ», «CONTACT» ва «Вестерн Юнион» ҳамчун системаҳои дорои ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағ нишон дода шудаанд. Одатан интиқолдиҳанда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, маълумоти қабулкунанда, кишвар ва маблағи интиқолро пешниҳод кунад. Пас аз анҷоми амалиёт ба ӯ рақам ё рамзи интиқол дода мешавад, ки онро бояд ба қабулкунанда расонад. Барои гирифтани маблағ қабулкунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва маълумоти зарурии интиқолро ба нуқтаи хизматрасонии бонкӣ пешниҳод менамояд. 2️⃣ Интиқол аз корт ба корт: Дар ин ҳолат маблағ аз корти интиқолдиҳанда ба корти қабулкунанда интиқол дода мешавад. Масалан тавассути кортҳои пардохти "Корти миллӣ" ё тавассути кортҳои байналмиллалии Visa ва Mastercard бо истифодаи хизматрасонии VisaDirect ва Mastercard Send чунин имконият вуҷуд дорад. Барои анҷом додани чунин интиқол одатан рақами корти қабулкунанда ё дигар маълумоти талабнамудаи ташкилоти қарзии молиявӣ, маблағ ва асъори интиқол зарур аст. Интиқол метавонад тавассути замимабарномаи мобилии бонк, интернет-бонкинг ё дигар воситаҳои пешниҳоднамудаи ташкилоти қарзии молиявӣ анҷом дода шавад. 3️⃣ Интиқоли байнибонкӣ: Интиқол аз суратҳисоби бонкии интиқолдиҳанда ба суратҳисоби бонкии қабулкунанда анҷом дода мешавад. Барои ин одатан маълумоти пурра, рақами суратҳисоб ва реквизитҳои ташкилоти қарзии молиявии қабулкунанда, аз ҷумла маълумоти зарурӣ барои интиқоли байналмилалӣ, талаб карда мешавад. Вобаста ба самт ва бонк, интиқол метавонад тавассути бонкҳои миёнарав низ анҷом дода шавад. Пеш аз интиқол: Танҳо ба комиссия нигоҳ накунед. Қурби мубодила, маблағи ниҳоии ба қабулкунанда дастрасшаванда, муҳлати интиқол ва эҳтимоли комиссияҳои иловагиро муқоиса кунед. Зеро, маблағе, ки ба қабулкунанда мерасад, метавонад аз маблағи фиристодашуда камтар бошад. Қоидаи муҳим: Танҳо аз хизматрасониҳои расмӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии дорои иҷозатнома мақоми вақолатдор истифода баред ва маълумоти махфии корти худро ба шахсони дигар надиҳед.

Чорабинии маърифатӣ оид ба саводнокии молиявӣ барои наврасон баргузор гардид 12 августи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи да
+5
Чорабинии маърифатӣ оид ба саводнокии молиявӣ барои наврасон баргузор гардид 12 августи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» чорабинии маърифатӣ дар мавзуи «Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои наврасон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ 155 нафар хонандагони болаёқати синфҳои 5–11 аз 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ ба иштирокчиён оид ба мафҳуми пул ва нақши он, аҳаммияти пасандозгузорӣ, тартиб додан ва идора намудани буҷети оилавӣ, роҳҳои ҳимоя аз қаллобии молиявӣ ва дигар донишҳои заминавии молиявӣ, ки барои наврасон муҳим мебошанд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Дар бахши интерактивии чорабинӣ хонандагон ба саволҳои худ вобаста ба низоми бонкии кишвар, қоидаҳои истифодаи бехатари кортҳои пардохтӣ, замимаҳои мобилӣ ва интиқоли маблағҳо посухҳои муфассал гирифтанд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷолибу хотирмон гузаштани чорабинӣ, бозиҳои маърифатӣ ва интерактивӣ ташкил ва баргузор карда шуданд. Хонандагон дар онҳо фаъолона иштирок намуда, донишу малакаҳои молиявии худро такмил доданд. Ба хонандагоне, ки дар рафти чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо ташаккул додани рафтори оқилона ва масъулиятноки молиявӣ дар байни наврасон, баланд бардоштани сатҳи донишҳои молиявии онҳо ва омода намудани насли ҷавон ба қабули қарорҳои дурусти молиявӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №75 «Дар бораи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030» дар соли 2026, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ гардидааст. Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ баргузории чорабиниҳои маърифатиро дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявии наврасон идома медиҳад, то дар насли наврас муносибати масъулона, огоҳона ва оқилона нисбат ба масъалаҳои молиявӣ ташаккул ёбад.

Тартиби амалишавии пардохти суғуртавӣ Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии граждан
Тартиби амалишавии пардохти суғуртавӣ   Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” пардохти суғуртавӣ аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ дар муддати 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.   Дар ҳолати фавти ҷабрдида ва дар асоси аризаи аз ҷониби фоидагиранда воридгардида дар бораи пардохти суғуртавӣ ва маълумотномаи муассисаи тиббӣ доир ба ҳодисаи мазкур, суғуртакунанда уҳдадор аст, ки панҷоҳ фоизи маблағи пардохти суғуртавиро дар муҳлати як рӯзи корӣ пардохт намояд. Маблағи боқимондаи пардохти суғуртавӣ пас аз пешниҳод намудани шаҳодатномаи вафот дар муҳлати як рӯзи корӣ пардохт карда мешавад.   Ҳангоми дар муҳлати муқарраргардида амалӣ накардани пардохти суғуртавӣ суғуртакунанда уҳдадор аст ба ҷабрдида (фоидагиранда) барои ҳар рӯзи батаъхиргузошташуда ба андозаи 0,5 фоизи маблағи пардохтшаванда ноустуворона супорад.   Ҳангоми муфлисшавӣ, барҳамхӯрӣ ва ё бо сабабҳои дигар қатъ гардидани фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ портфели суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти дигари суғуртавӣ интиқол дода шуда, уҳдадориҳо оид ба пардохти суғуртавӣ низ мувофиқан ба ташкилоти мазкур мегузарад.   Агар ҳангоми муроҷиат ба ташкилоти суғуртавӣ барои гирифтани пардохти суғуртавӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудед ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Шумо поймол шуданд, ба рақамҳои телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон – 44 600 15 20 ё ба маркази тамоси “Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ" 3939 занг занед.

Барои гирифтани пардохти суғуртавӣ чӣ ҳуҷҷат лозим аст? Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгари
Барои гирифтани пардохти суғуртавӣ чӣ ҳуҷҷат лозим аст?   Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ширкати суғуртавӣ пардохти суғуртавиро ба ҷабрдида (фоидагиранда) дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ менамояд: - полиси суғуртавӣ (нусхаи он); - нусхаи маълумотномаи тасдиқкунандаи ҳодисаи роҳу нақлиёт, ки аз тарафи бозрасии давлатии автомобили дода шудааст; - нусхаи шиносномаи суғурташаванда; - ваколатномаи аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт додашуда (агар воситаи нақлиёт дар асоси ваколатнома идора гардида бошад); - нусхаи шаҳодатномаи ронандагӣ; - нусхаи шаҳодатномаи техникии воситаи нақлиёт; - маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба корношоямии муваққатӣ ё худ маълумотнома дар бораи муқаррар кардани гурӯҳи маъюбӣ дар ҳолати расонидани зарар ба саломатии ҷабрдида; - нусхаи шаҳодатномаи вафоти мусофир, пиёдагард ё шахси (шахсони) дигари ҷабрдида; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи андозаи зараре, ки ба молу мулки ҷабрдида расонида шудааст.   Ҳуҷҷатҳои худро пурра ва дуруст пешниҳод намоед, то баррасии пардохти суғуртавӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ сари вақт анҷом дода шавад.

Муҳиммияти суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқ
Муҳиммияти суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва дар асоси шартномаи байни суғуртакунанда ва суғурташаванда амалӣ гардида, ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибони воситаҳои нақлиётро таъмин менамояд. Дар хотир дошта бошед, ки: - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар шаклҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ сурат мегирад; - бастани шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ соҳиби воситаи нақлиётро аз уҳдадории бастани шартномаи суғуртаи ҳатмӣ озод намекунад; - агар Шумо сабабгори ҳодисаи роҳу нақлиёт бошед, ташкилоти суғуртавӣ аз ҳисоби полиси суғуртавии Шумо зарари ба шахси сеюм ё амволи ӯ расидаро ҷуброн мекунад.   Андозаи пардохти суғуртавӣ Ҳадди ниҳоии масъулияти ташкилоти суғуртавӣ: 818 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 63804 сомонӣ мебошад.   Аз ҷумла: • Дар ҳолати фавти ҷабрдида (пиёдагардон ва мусофирони воситаҳои нақлиёт): 545 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 42 510 сомонӣ. • Барои зарар ба воситаи нақлиёт ё дигар молу мулк: то 273 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 21 294 сомонӣ. • Ҳангоми маъюб гардидани ҷабрдида: Маъюбии гурӯҳи   I — 380 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 29 640 сомонӣ. Маъюбии гурӯҳи  II — 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 23 400 сомонӣ. Маъюбии гурӯҳи III — 220 нишондиҳанда барои ҳисобҳо = 17 160 сомонӣ.   Хулоса: Агар соҳиби воситаи нақлиёт (дар номи худ) полиси суғуртаи ҳатмӣ дошта бошад ва дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба шахси сеюм зарари ҷисмонӣ ё молиявӣ расонад, ташкилоти суғуртавӣ дар доираи ин меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонун, маблағи суғуртавиро ба ҷабрдида пардохт мекунад.

Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони
Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт   Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт - намуди суғуртаи ҳатмие, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба ухдадориҳои ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм, бинобар аз ҷониби ӯ истифода бурдани воситаи нақлиёт, аз ҷумла ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии интиқолдиҳанда расонда шудааст, пешбинӣ менамояд.   Ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт чист? Ин уҳдадории соҳибони воситаҳои нақлиёт барои ҷуброни зарари расонидашуда ба ҳаёт, саломатӣ (маъюбӣ, марг) ва (ё) молу мулки (воситаи наклиет, бино ва ғайра) шахсони зарардида мебошад, ки дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт ҳангоми истифодабарии воситаи нақлиёт ба вуқуъ пайвастааст.   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: -ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, новобаста ба навъ ва намуди воситаи нақлиёт, ки дар мақомоти дахлдор ба қайд гирифта шудаанд ва аз ҷониби соҳибони онҳо мавриди истифода қарор доранд, инчунин воситаҳои нақлиёти муваққатан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва ё воридкардашуда ба суғуртакунии ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд; -истифодабарии воситаҳои нақлиёт, ки ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони онҳо ба суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта нашудааст, иҷозат дода намешаванд; -cоҳибони воситаи нақлиёте, ки бе ин намуди суғурта воситаи нақлиётро истифода мебаранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

QR-рамзи ягона ва бартариятҳои он QR-рамзи ягона — ин рамзи стандартизатсияшудаи электронӣ мебошад, ки барои пардохтҳои ғайри
QR-рамзи ягона ва бартариятҳои он QR-рамзи ягона — ин рамзи стандартизатсияшудаи электронӣ мебошад, ки барои пардохтҳои ғайринақдӣ истифода бурда мешавад. QR (Quick Response) маънои “посухи зуд” дошта, имконият медиҳад, ки пардохт дар чанд сония тавассути скан кардани рамз анҷом дода шавад. QR-рамзи ягона бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда, ҳамаи QR-рамзҳои хусусии бонкҳо ва муассисаҳои молиявиро ба як шаблони умумӣ муттаҳид менамояд. Бартариятҳои асосии QR-рамзи ягона: - пардохт осон ва зуд аст - танҳо бо як скан пардохт анҷом дода мешавад; - замимабарнома ё ҳамёни электронии дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявиро истифода бурда метавонед; - барои муштарӣ бе комиссия аст, яъне ҳаққи хизматрасонӣ ситонида намешавад; - барои соҳибкорон - воситаи муассири афзоиши фурӯш аст ва аз муштариёни ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ пардохти ҳаққи молу хизматрасониро бе мушкилӣ қабул карда метавонанд. Ба ҳолати 30.06.2026 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии мамлакат барои қабули пардохти ҳаққи молу хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ 33 620 ҳазор QR–рамзи ягона насб карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 32,4 фоиз ё 8232 адад афзоиш ёфтааст.

Оферта чист ва чаро пеш аз қабул кардани он бояд бодиққат шинос шуд? Муносибатҳои байни мизоҷ ва ташкилоти молиявӣ, аз ҷумла
Оферта чист ва чаро пеш аз қабул кардани он бояд бодиққат шинос шуд? Муносибатҳои байни мизоҷ ва ташкилоти молиявӣ, аз ҷумла бонкҳо, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ, ҳамеша дар асоси шартнома ба вуҷуд меоянд. Маҳз шартнома ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар ду ҷонибро муайян мекунад. Дар баробари шартномаи дуҷониба, баъзе ташкилотҳои молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳо аз офертаи оммавӣ низ истифода мебаранд. Оферта чист? Мутобиқи моддаи 502 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, оферта пешниҳоди ба як ё якчанд шахси мушаххас равонашуда мебошад, ки шартҳои асосии шартномаро дар бар гирифта, нияти пешниҳодкунандаро барои бастани шартнома ифода мекунад. Ба ибораи сода, оферта ин пешниҳоди расмии ташкилоти молиявӣ барои бастани шартнома бо шартҳои муайян мебошад. Офертаи оммавӣ чист? Мутобиқи моддаи 503 Кодекси маданӣ, агар пешниҳод ба доираи васеи шахсон равона шуда, ҳамаи шартҳои муҳими шартномаро дар бар гирад ва ташкилот омода бошад бо ҳар шахсе, ки онро қабул мекунад, шартнома бандад, чунин пешниҳод офертаи оммавӣ ҳисобида мешавад. Масалан, шартҳои кушодани пасандоз, гирифтани корти бонкӣ ё полиси суғурта, ки дар сомона ё филиали ташкилот ҷойгир шудаанд, метавонанд офертаи оммавӣ бошанд. Аксепт чист? Тибқи моддаи 504 Кодекси маданӣ, аксепт ҷавоби шахс дар бораи қабул кардани оферта мебошад. Аксепт бояд пурра ва бечунучаро бошад. Қабули оферта метавонад бо роҳҳои гуногун сурат гирад, аз ҷумла: - имзо кардани шартнома; - пахш кардани тугмаи «Қабул мекунам» дар барномаи мобилӣ ё сомона; - анҷом додани амалҳое, ки дар оферта пешбинӣ шудаанд, масалан, пардохти маблағ ё оғози истифодаи хизматрасонӣ. Пеш аз қабул кардани оферта ҳатман ба ин нуктаҳо диққат диҳед: • ҳаққи хизмат ва комиссияҳо; • фоизҳо ва муҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо; • ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо; • ҳолатҳои қатъ намудани шартнома; • ҷарима ва дигар масъулиятҳо; • шартҳо ва истисноҳо (барои хизматрасониҳои суғуртавӣ). Дар хотир доред: имзо гузоштан ё пахш кардани тугмаи «Қабул мекунам» маънои онро дорад, ки шумо бо ҳамаи шартҳои оферта розӣ ҳастед. Аз ин рӯ, пеш аз қабул намудани он, ҳар як банди барои шумо муҳимро бодиққат хонед ва дар сурати мавҷуд будани саволҳо аз корманди ташкилоти молиявӣ маълумоти заруриро дархост намоед.

🚨 Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳо
🚨 Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад          Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок паҳн гардида истодаанд. ⚠️ Барои фиреб додани шаҳрвандон қаллобон аз: ❌ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ; ❌ логотип ва унсурҳои сохтаи расмӣ; ❌ фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ботҳои сохта истифода мебаранд. ❗️Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд: 🔹 Ба чунин эълонҳо ва паёмакҳо бовар накунед; 🔹 Ба шахсони ношинос ҳеҷ гоҳ маблағ интиқол надиҳед; 🔹 Маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед. 📌 Хотиррасон мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон: ❌ ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ анҷом намедиҳад; ❌ ба аҳолӣ қарз намедиҳад; ❌ барои интиқоли маблағ аз шаҳрвандон дархост намекунад; ❌ тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ё шаҳодатномаи кормандонро ирсол намекунад. 🛑 Агар пай бурдед, ки фирефтаи қаллобон шудаед: 1️⃣    фавран корти бонкии худро масдуд намоед; 2️⃣    ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиа

Дӯстони гиромӣ! Ба Шумо шакли пурраи баррасии мавзуи «Занон ва пул. Роҳҳои расидан ба мустақилияти молиявӣ» манзур мегардад. https://youtu.be/vsGpjvQ2A-4?si=iwO530KVvVOwz5hn

Дӯстони гиромӣ! Ба таваҷҷуҳи Шумо навор аз ҷараёни фестивали "Саводнокии молиявӣ" , ки 25-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор шуд, пешниҳод карда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ба ин васила тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат мебошад.

Кӣ ҳуқуқи дастрасӣ ба сирри бонкиро дорад? Сирри бонкӣ яке аз кафолатҳои муҳими ҳифзи маълумоти молиявии шаҳрвандон мебошад.
Кӣ ҳуқуқи дастрасӣ ба сирри бонкиро дорад? Сирри бонкӣ яке аз кафолатҳои муҳими ҳифзи маълумоти молиявии шаҳрвандон мебошад. Тибқи қонун сирри бонкӣ танҳо ба доираи муайяни шахсон ва мақомот дастрас мебошад. Ба сирри бонкӣ ҳуқуқи дастрасӣ доранд: - соҳиби суратҳисоби бонкӣ, соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндагони онҳо; - дорандагони воситаҳои пардохтӣ ё намояндагони онҳо; - шахсони ҷалбшуда барои иҷрои амалиёти бонкии муштарӣ (дар доираи зарурӣ); - фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ; - Бонки миллии Тоҷикистон; - Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун); - судҳо; - мақомоти иҷро; - бюрои таърихи қарз; - мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ (дар асоси қарори суд); - мақомоти андоз (дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун). Дастрасӣ ба сирри бонкӣ дар асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба саводнокии молиявӣ аз сомонаи www.fingram.tj дидан намоед ва ба саҳифаҳои мо ҳамроҳ шавед: Facebook: @fingramtjj Instagram: @fingramtj