Бо забонии Тоҷики📜
Open in Telegram
Дар ин канал фақат шеърҳову мусиқахои тоҷики навишта ва гузошта мешавад! (txt. mp3. Video. jpg.) Чи таклифе ёки шикояте доред Касе мехоҳад админ шудан Марҳамат нависед! ⇄ @dr_gafurov ⇄
Show more436
Subscribers
+124 hours
+137 days
+9030 days
Posts Archive
Эй писар бояд бидони ки ду́стад кист!
Сабаб!? булбул ба гулу зог ба ахлат мебарад!!!
Аллоҳ се чизро дар 3 чиз пинҳон кардааст.
1. Ғазаби худро дар гуноҳ пинҳон кард ва нагуфт, ки кадом гуноҳ аст, дар гуноҳе, ки мо хурд меҳисобем, шояд дар он хашми Худо ҳаст, эҳтиёт бошем;
2. Раҳматашро дар савоб пинҳон кард ва нагуфтааст, ки кадом савоби хурд ё бузург, он савобеки мо хурд медонем шояд дар он раҳмати Аллоҳро меёбем, иншоаллоҳ;
3. Дўстонашро дар миёни бандагонаш пинҳон кард ва нагуфт, ки онҳо кистанд. Биёед эҳтиёт бошем.
Шохруз Гафуров
16 август – Зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
МАРДИ ҲАМАДОН
Марди ҳамадон буд, бирафту Ҳамадон зист,
Маҷмӯаи ҳикмат шуду пуршӯру тавон зист.
Ҳар кас, ки шавад огаҳи асрори камолаш,
Ангушти таҳайюр бигазад ин ки чӣ сон зист?
Ҳар шаб сари эҷод нишасту қаламе зад,
Ҳарчанд, ки бо дағдағаи подшаҳон зист.
Дар фалсафа бас нуктаи пурбор бигуфт ӯ,
Чун нуқтаи паргор дар он давру замон зист.
Дар илми табобат набувад кас ба мисолаш,
Оинаи таҳқиқ шуду оинасон зист.
“Қонун”-у “Шифо” хон, бикушо “Номаи дониш”,
То он ки бидонӣ чи бузурге ба ҷаҳон зист.
Ҳарчанд ба зудӣ пайи лаббайки аҷал рафт,
Бо дарди башар лек зиёд аз ҳамагон зист.
Хусрав
https://t.me/xusravsadullo
Вой, агар марди гадо якшаба султон бишавад,
Мисли ин аст, ки гурге саги чӯпон бишавад.
Ҳар куҷо ҳудҳуди доно биравад кунҷи қафас,
Чуғди вайронанишин муршиди мурғон бишавад.
Сарзамине, ки дар он қаҳт шавад озодӣ,
Гарчи девор набошад, худи зиндон бишавад.
Боғбоне, ки ба наҷҷор диҳад боғашро,
Фаслҳояш ҳама ҳамранги зимистон бишавад.
Нохудо, дилхуши ин обеву ором набош!
Вой аз он лаҳза, ки ҳангомаи тӯфон бишавад.
Вой, агар марди гадо якшаба султон бишавад,
Мисли ин аст, ки гурге саги чӯпон бишавад.
Ҳар куҷо ҳудҳуди доно биравад кунҷи қафас,
Чуғди вайронанишин муршиди мурғон бишавад.
Сарзамине, ки дар он қаҳт шавад озодӣ,
Гарчи девор набошад, худи зиндон бишавад.
Боғбоне, ки ба наҷҷор диҳад боғашро,
Фаслҳояш ҳама ҳамранги зимистон бишавад.
Нохудо, дилхуши ин обеву ором набош!
Вой аз он лаҳза, ки ҳангомаи тӯфон бишавад.
Д У Б А Й Т И Ҳ О
Илоҳо , ҳеҷ модар ғам набинад,
Ва боре дидаҳояш нам набинад.
Илоҳо,шодиҳо бинад фаровон,
Вале намро ба ҷуз шабнам набинад.
Худовандо,чӣ тарзам офаридӣ,
Пур аз бадбахтиву ғам офаридӣ?
Надодӣ як замони бофароғат,
Маро бо чашми пурнам офаридӣ.
Худоё,раҳм кун бар ҳоли зорам,
Ки як мӯъҷизаеро интизорам.
Ба дарди духтарам бахшой дармон,
Умед аз меҳрубонии ту дорам.
Азизон, ваъдаро бишкастаам,узр,
Ду дасте бар дуо биншастаам,узр.
Даме ки ҷисму ҷон бар сӯзиш ояд,
Аз он қавлу қасам ворастаам,узр.
Худоё,аз ғами дил беқарорам,
Намонда лаҳзае сабру қарорам.
Бароям як дами шодӣ биовар,
Ки як рӯзи хушеро интизорам.
16.05.23
🍃🍃🍃🍃🌸🌸🍃🍃🍃🍃
Моҳи Рамазон ба се қисмат тақсим мешавад.
Даҳаи аввал...Раҳмат
Даҳаи дувум..Мағфират
Даҳаи севум..Раҳои аз ҷаҳаннам
Пас даҳаи аввалро дуо кунем Раҳмати Аллоҳ насиби ҳоли мо боше ва калимаи тайибаро зиёд бихонем “Ла илаҳа илаллоҳ”.
Даҳаи дувумро Истиғфор бихонем то ъавф шавем. “Астағфируллоҳ ва атубу илайҳ”.
Даҳаи севум барои талаби Биҳишт ва раҳои аз Ҷаҳаннам дуо кунем. “Аллоҳума аҷрани минал-нор.Аллоҳума адхал-нил-Ҷаннат.
🍃🍃🍃🍃🌸🌸🍃🍃🍃🍃
РӮЗИ ЯКУМИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ВА ДАҲАИ РАҲМАТИ ОФАРИДАГОР МУБОРАКАТОН БОШАД АЗИЗОН..
ИМРӮЗ РӮЗИ ЯКУМИ ДАҲҲАИ РАҲМАТ АСТ..
ДАСТИ ДУО БАРДОРЕМ ХОЛИҚИ ЯКТО ҲАМАИ МОВУ ШУМОРО ТАРИҚАИ РАҲМАТИ ХУД ҚАРОР ДОДА ДАР БИҲИШТИ АНБАРСИРИШТИ ХУД ҶОЙ ДИҲАД...
ОМИН🤲
🍃🍃🍃🍃🌸🌸🍃🍃🍃🍃
Умри одамро, ки мегӯянд, як дам будааст,
Нек бинам, суҳбати ёрони ҳамдам будааст.
Рӯзи шодӣ, гарчи мегӯянд, бисёр аст ёр,
Он, ки аз шодии ту шодӣ кунад, кам будааст.
Ҳар чӣ аз одам расад, ноодамӣ ё одамӣ,
Лек одам боз ҳам муҳтоҷи одам будааст.
Гарчи дилро мекунад ғам сахт бемору хароб,
Чорасози ҷони беғам боз ҳам ғам будааст.
Гавҳари одам бубояд дид, в-арна ҳар даво
Бар яке нешу ба дигар нӯшу марҳам будааст.
Он ҷавонмаргон, ки рафта қарздору қарзхоҳ,
Қарзҳои умрашон бар қарзи мо зам будааст.
Бошад аз ин пас ба қадру қимати одам расем,
К-ин ҳаёти мо ба дунё одаму дам будааст.
Аскар Ҳаким.
ҒАЗАЛИ МОДАР
Ба шоми рўзгори мо фурўғи дигарӣ, модар,
Таконбахши заминиву муҳаббатофарӣ, модар.
Баҳор аз файзи дидорат шукўҳи сабз мегирад,
Ба сони барги гул як умр зебову тарӣ, модар.
Ба ҷону дил намоям саъй, то лаҳни ту омўзам,
Ба гўшам "аллаҳо" гуфтӣ ба алфози дарӣ, модар.
Агарки дар замин мардум мақоматро намедонад,
Ба бурҷи осмон аз ахтарон болотарӣ, модар.
Хаёли ҷумла фарзандон рабуда хоб аз чашмат,
Худо ҳофиз! Дили худро куҷо ҳам мебарӣ, модар?
Давоми Сораву Ҳоҷар, давоми Марями покӣ,
Агар занро мақоме буд, ту пайғамбарӣ, модар.
Набахшам тори мўятро ба ганҷу сарвати дунё,
Шабу рўзон дуогўӣ, зи ҷонам бартарӣ, модар.
Туӣ, ки ҳарфи Хусравро зи меҳрат ранг мебахшӣ,
Бароят як ғазал гуфтам, ки зеби дафтарӣ, модар.
@Хусрав
ЧАШМАИ ЗИНДАГӢ
Бе падар мумкин аст шуд маълум
Чун Масеҳо зи Марями маъсум.
Лек бе модари хуҷаставуҷуд
Валадеро нагуфта кас мавлуд.
Ҳақ ба ҷониби Амир Хусрави Деҳлавӣ аст, ки тасаввурнопазир будани хидмати Зан-Модарро нишон додааст.
Мегӯянд, баъд аз он ки Момо Ҳаворо аз қабурғаи чапи Ҳазрати Одам алайҳиссалом офариданд, Момо Ҳаво ҳар шаб ҳангоми хоб будани Одам алайҳиссалом қабурғаҳои он касро шумурда мебаромад, ки мабодо ягонто кам нашуда бошад. Воқеан ин аз муҳаббати бузурги Момо Ҳаво дарак медиҳад, ки мехост Одам алайҳиссалом танҳо аз они ӯ бошад.
Ҳамаи бонувонро бо ин рӯзи ба онҳо хос самимона шодбош мегӯям ва барояшон зиндагии ободу саломатии бардавом ва умри пурбаракат таманно дорам. Ҳар қадар, ки Зан-Модар васф карда шавад, боз сифатҳои ҳамидаи ӯ нимгуфтаву нотамом мемонад. Зеро Худованд бонувонро чун олиҳаи зебоиву ҳусн офаридааст.
Барои якояки бонувони гиромӣ саодати абадӣ таманно дорам.
Дӯст гар душман шавад дар зиндагӣ парво макун,
Ëр гар номеҳрубон аст, қасд аз дунë макун,
Аз муҳаббат коми мо дигар намегардад ширин
Ин гуноҳи мост бори шеъри Мавлоно макун,
Зиндагии хешро бо ғам мабар то вопасин,
Каъбаи дилро зи доғу ҳасратат расво макун.
Ғунчае бе қадр шуд нафрат махон бар боғбон,
Сайди булбул гар хато рафт айбро пайдо макун.
Душманат гар нафрату санги маломат мезанад,
Хешро аз сад ғазаб бо бадхӯëн ҳампо макун.
Ҷаннати дунë махоҳу ëд аз дузахт мабар,
Эй дили мискин дарат бар нокасоне во макун.
Орзуи ташналаб як қатра оби поки ишқ,
Об намеояд ба дарë қасд аз Дарë макун.
Хомушу ором бош ҳарчи биëмад бар сарат,
Сабр бинмо ,ай дили зор, моҳиро гӯë макун.
