❤ Шеърҳои тоҷикӣ ❤
Open in Telegram
💕Омаден хуш омаден🤗 💕Ба канал мепартоем👍 💌Шерхой ошики👍 🎵Музика👍 📸Суратхо👍 📽Видие👍 Фаолияти канал 🇹🇯🇹🇷🇺🇿🇷🇺 ┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄┄ 🖤 @Sherhoi_TJ 🖤 ┄┄┅┅✿❀▪️🖤▪️❀✿┅┅┄ Админ @wzadham Инстаграм @adkxo_
Show more1 903
Subscribers
No data24 hours
-57 days
+1430 days
Posts Archive
1 903
Гузашт умрам ба ғафлат, бехабар будам надонистам,
Ғариби бенавои навсафар будам, надонистам.
Зи ман оҷиз дар ин ҳаждаҳ ҳазори оламаш набвад,
Зи ҳар махлуқ ман дармондатар будам, надонистам.
Саросар ғарқи исёну ба лаб лофи мусулмонӣ,
Чи суд аз зиндагӣ, к-андар зарар будам надонистам.
"Заламно" гуфт аз як дона гандум ҷадди аълоям,
Барои гиря пайрав бо падар будам, надонистам.
Ғалат фикри иқомат андар ин кӯҳна работи дун,
Яке аз талхкоми раҳгузар будам, надонистам.
Ниҳолам то дамид дар боғи даврон дар парешонӣ,
Зи по афтодаву захми табар будам, надонистам.
Бани Одам гирифтор аст дар сад ақбаи мушкил,
Зи тарси Ҳақ чун Нуҳ навҳагар будам, надонистам.
Биё соқи,Ҷунунӣ ташналаб азми сафар дорад,
Ки ман ғофил аз ин таъми шакар будам, надонистам!
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
🌙 Ба Васфи Масҷид🌙
Биё дил Хуш Нишин Инҷо қадамгоҳи ғарибон аст
К-ин масҷид ҳамеша маскану маъвои покон аст
Ҳамеша сӯфиён машғул андар зикри субҳон аст
Чи хуш ёрон дар инҷо рӯзу шаб такрори Қуръон аст
Биё бар саҳни масҷид шин, ки инҷо роҳати ҷон аст
Ба вақти субҳ дохил шав хусули муддао ин ҷост
Ғарибонро паноҳу дардмандонро даво ин ҷост
Ба мазлумон наҷот аммо ба беморон шафо ин ҷост
Ба мӯъминон роҳат ба ранҷурон шифо ин ҷост
Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст
Зимистон гар шавад шамъу палосаш доимо тайёр
Ба тобистон аҷоиб сояи хушбаҳру файзу осор
Дар аёми баҳорон бишкуфад дар саҳни он гулзор
Машав ғофил аз ин масҷид ки ту гар обиди зинҳор
Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст
Чу аскар меваҳояш бар замин дар дармонаст
Дар инҷо гар пок тоат кунед маҳбуби раҳмон аст
Ба гирдаш сангҳою фаршаш аз лаълу фармон аст
Барои мӯъминон к-ин ҷо роҳати ҷон аст
Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст
Дарахти савдааш ба паҳлу Туташ ҳамсаре дорад
Валекин ҳар манзиле обод охир абтаре дорад
Бикун шукрона пас ба ин ҳама кори худо бошад
Тамоми кори банда рӯзу шаб саҳву хато бошад
Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст
Ҳамеша роҳаташ оянда аз баҳри мо бошад
Ки ӯ бо бандагон пӯшондаи ҷурму гуноҳ бошад
Ба рӯзи ҳашр агар як зарра ба сӯям имо созад
Шавад авфу гуноҳонам агар раҳме ба мо бошад
Биё бар саҳни масҷид шин ки инҷо роҳати ҷон аст
Ҳамеша маюси машғули фикру зикри Субҳон бош
Канор ҷӯянда доим аз фасоду фисқу халқон бош 🕌
✍ Домулло Муҳаммадюсуфи Маъюсй Хонҷизагй
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
Муноҷоти якум
Илоҳо ба сӯи ту рӯ кардаам
Ба инъоми ту рӯ кардаам
Илоҳо бикун бикун файзу раҳмат ба ман
Умеде ба ҷон ҷусту ҷӯ кардаам
Гуноҳам чунон аст аз ҳад фузун
Сарам аз хиҷолат фурӯ кардаам
Мани бебизоат хиҷил аз гуноҳ
Ба назди ту узри вузу кардаам
Надорам васила ба ҷуз оби чашм
Ба дард оразам шустушӯ кардаам
Илоҳо надорам ба ҷуз ту касе
Ҳамонӣ ту ки орзу кардаам
Гуноҳам бубахш эй Худои карим
Зи тавба ду дида чу ҷӯ кардаам
Тараҳҳум ба маъюс би фармо даме
Ман аз раҳматат барг бӯ кардаам
Домулло Муҳаммадюсуфи Маъюсй
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
📝Куҷоӣ Оча 📝
Зи дунё рафти ту мегирям оча
Чу гулхан рӯзу шаб даргирам оча
Куҷо рафти биё , пазмонам имрӯз
Ки домангир аз тақдирам оча
Зимистон бигзарад ояд баҳорон
Куҷо рафти биё ей модари ҷон
Нишаста ҳар даме ёдат кунам
Зи дарди сар басо дилгирам оча
Ба ҳар ҷое равам ҳолам парешон
Ҳама хурсанду ман гирёну нолон
Надорам тоқате аз ҳасрати ту
Куҷо рафти биё, мемирам оча
Худоё ин чи рӯзе бар сари ман
Ҳамеша дарду ғам ҳамбистари ман
Намеой дигар бар хонаи Баҳром
Сари қабрат хабар гирам оча
💻 Баҳром Сатторов
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
1 903
Касри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
Яке зар гуфта аз додар ҷудо шуд, Яке зан гуфта аз модар ҷудо шуд.
Якеро мешинохтам, беХудо буд,
Зи ҳаҷ омад, насиҳатгӯи мо шуд.
Муҷозотам гаҳе моро зарур аст,
Вагарна дар тасаввур ҳар кӣ зур аст.
Намебинад худашро мутакаббир,
Ки ӯ аз тӯдаи бинои кӯр аст.
Якеро дидаам бойи маҳал буд,
Вале аз камбағалҳо камбағал буд.
Ҳавои сарвату дунёӣ дар сар,
Ба додар баҳри мулке дар мағал буд.
Яке серу вале серӣ намедид,
Лаби чоҳе сарозерӣ намедид.
Зи ҳасратҳои даври навҷавонӣ,
Намегуфт ӯ агар пирӣ намедид.
Ду чашми баста боло мепаридем,
Чу борони ҳавое мечакидем.
"Чӣ даркор аст китобе"- гуфта мастон,
Матоъи Чину Мочин мехаридем.
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
‼️ТАЬНАИ ФАРЗАНД ҚАЛБИ МОДАРАШРО ПОРА КАРД‼️
❗Таънаи фарзанд қалби модарашро пора кард,
Модари бечораашро боз ҳам бечора кард.
Ҳеҷ тири зиндагӣ сангину дардовар набуд,
Мисли ин захме, ки дар бунёди модар кора кард.
Ин ҳамон модар, ки тифлашро ба ҷои ҷон гирифт
То биёромад, зи чӯби устухон гаҳвора кард.
Ин ҳамон модар, ки шодиву ғами айёмро,
Шукри қисмат гуфту ҳамчун кӯдакаш пуштора кард.
Ин ҳамон модар, ки рӯзу шаб нагуфту хобу хӯр
Бачаи осуда дар бар, хешро овора кард.
Ин ҳамон модар, ки захми таънаи дилбандро,
Дар ҷигар пинҳон намуду ашк бар рухсора кард...
Ин ҳамон модар, ки бар ин достон бовар насохт,
Сӯи фарзандаш чу тифли бегунаҳ наззора кард!
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
Нагу нафрат ба ишки худ,Фақат сабру таҳамул кун.
Нагу лаънат ба ёри худ, Фақат танҳо дуъояш кун.
Нагу танҳой танҳоям,Бигу танҳо худо бо мост.Нагу сарсону сарсонам,Бигу танҳо худо дорам.
Нагу мирам аз ин дунё,Бихон қуръони покатро.
Нагу бемори ишкам, ман Бихон панҷвақт намозатро.
Агар хоҳи шифои ишқ,Факат танхо дуъояш кун.
Шифоят медиҳад он кас,Ки у танхо худои мост
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
1 903
1 903
.Дар ғами дунё ба дунё бехабар бовар макун,
Эй сафарнодида ту бар ҳамсафар бовар макун.
Дӯст бар сайри ҷаҳон хонад агар бо ҷон бирав,
Душманат гӯяд баро бар пушти дар, бовар макун.!
Чун гувоҳи марги Суҳроб аст шамшери падар,
Дар набарди зиндагӣ бар ҳамсафар бовар макун.
Кӯдакон хобанд дар гаҳвораҳои чӯби бед,
Бедро гуянд нахли бесамар бовар макун.
(Аз саҳифаи Мадина Мирзоева )
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
Такя бар гуфтаи бегона накардам,
накунам,
Шамъро дом ба парвона накардам,
накунам.
Дар бари мардуми ҳушёр нишастам
ҳамадам,
Баҳс дар суҳбати девона накардам,
накунам.
Дами танҳоӣ бидидам, ки Худоро бо худ,
Ҷилва дар масҷиду майхона накардам,
накунам.
Аз паси хонуми ҳар кӯча ҳавоӣ нашудам,
Ҳаваси духтари ҳар хона накардам,
накунам.
Панҷаро бар задам аз пеши сару пушти
сарам,
Мӯйро шона ба ҳар шона накардам,
накунам.
Пур бувад сафҳаам аз ҷалби
ҳаводоронам,
Ғамза дар ҳар хати сомона накардам,
накунам.
Тоҷикистон, ки бувад, хонаи аҷдодии мо,
Баски ношукрӣ аз ин хона накардам,
накунам....
ДАВЛАТ САФАР
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
1 903
Ҳар кӣ дар ғам сабр кард, Айюб медонем мо,
Хӯ ба ҳиҷрон кардаро Яъқуб медонем мо,
Ошиқонро дар вафо мансуб медонем мо,
«Бевафоӣ шеваи маҳбуб медонем мо,
Нест хубонро вафое, хуб медонем мо!»
Кӯҳкан аз ёди Ширин монд сар дар кӯҳсор,
Фикри Лайлӣ дар биёбон кард Маҷнунро ғубор,
Ин масал бар сафҳаи даҳр аст аз эшон ёдгор,
«Ошиқонро ҳаст қуллоби муҳаббат зулфи ёр,
Ин кашиш аз ҷониби матлуб медонем мо».
То дамида бар узораш сабзаи мушки Хутан,
Боғбон аз сунбули тар сохт девори чаман,
Гар кунад даъвии мулк он Юсуфи гулпераҳан,
«З-он хати ошуфта хоҳад шаҳрҳо вайрон шудан,
Одати он моҳи шаҳрошӯб медонем мо»!
Сайидо, доман каш аз базми шароби гулрухон,
Бӯйи хун сар мезанад аз сунбули зулфи бутон,
Кандаанд ин нақш бар санги мазори куштагон,
«Хатти хубон номаи қатл аст баҳри ошиқон,
Осифӣ, мазмуни ин мактуб медонем мо» !
(Мухаммаси Сайидои Насафӣ бар ғазали Осифӣ)
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
АГАР ШАВҲАР ЗИ ЗАН ҒАМДИДА ГАРДАД.
ХУДОВАНД АЗ Ӯ ЗАН РАНҶИДА ГАРДАД ,
ХУДОВАНД МЕШАВАД ХУШНУД АЗ ОН ЗАН!
АГАР ШАВҲАР ЗИ ЗАН ХАНДИДА ГАРДАД.
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
Ба дунё омадӣ, найранги дунёро намедонӣ,
Тамошо омадӣ, тарфи тамошоро намедонӣ.
Зи соҳил сар ба дарё мезанӣ чун кӯдакони хом,
Зи бас дандони тези санги дарёро намедонӣ.
Чу тифли саҳлангоре зи гардун моҳи тобонро
Таманно дориву доғи таманноро намедонӣ.
Мукофоти амал меҷӯӣ ҳар ҷое, ки по монӣ,
Вале дар ҳар қадам марги муфоҷоро намедонӣ.
Ба боло мекашӣ ҳар дам таноби муддаои хеш,
Чӣ гӯям, пастии авранги болоро намедонӣ.
Аламбардори миллат метарошӣ хешро ҳар бор,
Аламҳои Самарқанду Бухороро намедонӣ...
Таҷовузкории олам ба одам будаву боқист,
Ту заҳри одамони умрфарсоро намедонӣ...
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
ХОҲАМ ЗИ ХУДО ХАСТАВУ ДАРМОНДА НАБОШИ,
МАҲБУБИ ХУДО БОШИВУ, ШАРМАНДА НАБОШИ.
ЭЙ ДӮСТ ИЛОҲӢ,КИ ДАР ИН ОЛАМ ҲАСТИ.
САРЗИНДА БИМОНИВУ, САРАФКАНДА НАБОШИ.
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
Баъди маргам санги қабрам қимати хоҳам чикор
Даста гулҳои қашангу зинати хоҳам чикор.
Хандаҳоядро ҳамин имрӯз мехоҳам биханд
Баъди маргам гиряву бетоқати хоҳам чикор
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
1 903
БИДОН ЭЙ ДӮСТ ҲАЁТ ФАРДО НАДОРАД.
БА ШАРТИ МО ФАЛАК ПАРВО НАДОРАД,
АГАР РӮЗЕ АҶАЛ ОЯД БА МЕҲМОНИ,
ПИРИЮ ҶАВОНИ ҲЕҶ МАЪНО НАДОРАД.
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_Tojik
✨ 𝐓𝐞𝐥𝐞𝐠𝐫𝐚𝐦 | @Sherhoi_TJ_Guruh
