МАДРАСАИ ҲАНАФИЯ (official)
Open in Telegram
📌ДАРСҲОИ МО ДАР ТЕЛЕГРАММ: 📗 ФИҚҲИ АКБАР @Fiqhi_Akbar 📘 БОҒИ НАКӮКОРОН @BogiNakukoron 📔АЛИФБОИ АРАБӢ @muallimi_soni_tj 🎞️ ТАҶВИД @tajwid_tj 🕋 Ба сӯи Байтуллоҳ @Ba_sui_Baytulloh
Show more555
Subscribers
-124 hours
-17 days
+130 days
Posts Archive
🌙 *ПАЁМИ ҶУМЪА | АДАБ ВА АХЛОҚ* 🌙
عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عَمْرٍو رضي الله عنهما، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ:
«لَيْسَ مِنَّا مَنْ لَمْ يَرْحَمْ صَغِيرَنَا، وَيَعْرِفْ شَرَفَ كَبِيرِنَا»
Аз Абдуллоҳ ибни Амр رضي الله عنهما ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд:
*«Аз мо нест касе, ки ба хурдсолони мо раҳм накунад ва бузургсолони моро эҳтиром накунад.»*
📚 Сунани Абу Довуд (4943), Ҷомеъ ат-Тирмизӣ (1920)
🪶 *Шарҳи кӯтоҳ:*
Ин ҳадис моро ба меҳрубонӣ бо кӯдакон ва эҳтироми бузургсолон таълим медиҳад. Ҷомеаи солим бо ҳамин ахлоқ сохта мешавад: хурдсол аз калон меҳрубонӣ мебинад ва калонсол аз хурд эҳтиром.
💡 *Фоида:*
✅ Бо кӯдакон меҳрубон ва нармрафтор бошем.
✅ Бузургсолонро эҳтиром кунем.
✅ Қувват ва синну сол набояд сабаби таҳқири дигарон гардад.
✅ Меҳрубонӣ ва эҳтиром аз ахлоқи зебои Ислом аст.
✅ Ахлоқи нек муҳаббатро дар оила ва ҷомеа зиёд мекунад.
🤲
Аллоҳ моро аз ҷумлаи бандагони меҳрубон ва боадаб қарор диҳад, ба хурдсолон раҳм ва бузургсолонро эҳтиром кардан насибамон гардонад. Омин.
Ҷумъаи муборак!بسم الله الرحمن الرحيم.
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَىٰ ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ
Эй касоне, ки имон овардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа дода шавад, ба намоз бишитобед ва доду гирифтро тарк кунед,. Агар доно бошед, ин кор бароятон беҳтар аст.
(Сураи Ҷумъа ояти 9)
💎 🔤🔤🔤🔤🔤 🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦🇸🇦
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
📢 ХАБАРИ ХУШ! 📖
🧎♂ Дарсҳои фосилавии таҷвид аз китоби «Таҷвиди навин» оғоз мешаванд!
🖊 Барои кӣ?
✔️Барои касоне, ки Қуръон хонда метавонанд
✔️Аз 8-сола боло
✔️Барои мардон
🎙️ Забон: тоҷикӣ
👥 Дарсҳо дар гурӯҳҳо гузаронида мешаванд.
📩 Сабти ном ва маълумоти бештар:
👉 @mudarris_muallim
🌙 Пайғоми Ҷумъа | Хоксорӣ ва некӣ 🌙
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ: «إِنَّ اللَّهَ أَوْحَى إِلَيَّ أَنْ تَوَاضَعُوا، حَتَّى لَا يَفْخَرَ أَحَدٌ عَلَى أَحَدٍ، وَلَا يَبْغِيَ أَحَدٌ عَلَى أَحَدٍ»
Расули Худо ﷺ фармуданд:
«Аллоҳ ба ман ваҳй кард, ки хоксорӣ кунед, то ҳеҷ кас бар дигаре фахр накунад ва ҳеҷ кас бар дигаре зулм накунад.»
📚 Саҳеҳ Муслим (2865)
🪶 Шарҳи кӯтоҳ:
Ин ҳадис моро ба хоксорӣ ва дурӣ аз такаббур даъват мекунад. Инсон набояд худро аз дигарон болотар шуморад, онҳоро таҳқир кунад ё ба сабаби мол, мақом, дониш ё насаб бар дигарон фахр намояд.
💡 Фоида:
✅ Хоксорӣ инсонро назди Аллоҳ маҳбуб мегардонад.
✅Такаббур сабаби дур шудани муҳаббат ва эҳтироми мардум мегардад.
✅ Мусалмон набояд касеро хор ё таҳқир кунад.
✅ Хоксорӣ ва эҳтироми дигарон аз ахлоқи зебои Ислом аст.
🤲
Аллоҳ моро аз такаббур нигоҳ дорад ва бо хоксорӣ, адаб ва ахлоқи нек зинат диҳад. Омин.🌙 Пайғоми Ҷумъа | Некӣ ба мардум 🌙
عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ رضي الله عنهما، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ: «كُلُّ مَعْرُوفٍ صَدَقَةٌ».
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ رضي الله عنهما ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд:
«Ҳар кори нек садақа аст.»
📚 Саҳеҳ Бухорӣ (6021)
🪶 Шарҳи кӯтоҳ:
Ин ҳадис меомӯзонад, ки садақа танҳо додани мол ба ниёзмандон нест. Ҳар кори неке, ки инсон бо нияти нек анҷом медиҳад — кӯмак кардан, роҳ нишон додан, сухани хуб гуфтан, дилеро шод кардан ва мушкилии касеро осон намудан — метавонад садақа бошад.
💡 Фоида:
✅ Барои некӣ кардан имконият ҳамеша вуҷуд дорад.
✅ Кори хурди нек низ назди Аллоҳ арзиш дорад.
✅ Некӣ муҳаббатро байни мардум зиёд мекунад.
✅ Мусалмон бояд ҳар рӯз кӯшиш кунад барои дигарон манфиатбахш бошад.
🤲
Аллоҳ моро аз ҷумлаи некӯкорон ва бандагони манфиатбахш гардонад. Омин.Ин китобро метавонад аз wildberries дастрас кунед.
Hilol Nashr
https://www.wildberries.tj/catalog/296641880/detail.aspx?size=451508023
🌙 Пайғоми Ҷумъа | Афв, садақа ва фурӯтанӣ 🌙
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ:
«مَا نَقَصَتْ صَدَقَةٌ مِنْ مَالٍ، وَمَا زَادَ اللَّهُ عَبْدًا بِعَفْوٍ إِلَّا عِزًّا، وَمَا تَوَاضَعَ أَحَدٌ لِلَّهِ إِلَّا رَفَعَهُ اللَّهُ»
Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд:
«Садақа молро кам намекунад. Аллоҳ ба сабаби бахшиш бар иззати банда меафзояд. Ва ҳеҷ кас барои Аллоҳ фурӯтанӣ намекунад, магар ин ки Аллоҳ ӯро баландмартаба мегардонад.»
📚 Саҳеҳ Муслим (2588)
🪶 Шарҳи кӯтоҳ:
Ин ҳадис се сифати бузурги мӯъминро баён мекунад:
🇸🇦 Садақа — сабаби кам шудани мол нест.
Инсон набояд аз додани садақа тарсад, зеро баракати мол дар саховат ва кӯмак ба ниёзмандон аст.
🇸🇦 Афв — сабаби иззат аст.
Бахшидани касе, ки ба инсон ситам кардааст, нишонаи заъф нест. Балки инсон бо бахшидан ба ризояти Аллоҳ наздик мешавад ва Аллоҳ иззати ӯро бештар мегардонад.
🇸🇦 Фурӯтанӣ — сабаби баланд шудани мартаба аст.
Касе ки барои Аллоҳ такаббурро тарк мекунад ва бо мардум бо фурӯтанӣ муомила менамояд, Аллоҳ ӯро дар дунё ва охират баландмартаба мегардонад.
💡 Фоидаи ҳадис:
✅ Саховат баракат меорад.
✅ Бахшиш инсонро хор намекунад, балки иззат мебахшад.
✅ Фурӯтанӣ аз сифатҳои бандагони солеҳ аст.
✅ Мусалмон бояд ҳам ба мардум нафъ расонад ва ҳам аз кибру такаббур дурӣ ҷӯяд.
🤲
Аллоҳ моро саховатманд, бахшанда ва фурӯтан гардонад ва ба молу зиндагии мо баракат ато намояд. Омин.💎 Ояте аз Қуръони карим
بسم الله الرحمن الرحيم
يَآأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرࣱ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ.
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ таоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст.
(Сураи Ҷумъа ояти 9)
🌙 Пайғоми Ҷумъа | Ҳусни ахлоқ 🌙
🪶 Ҳусни ахлоқ аз вазнинтарин амалҳо дар тарозуи мӯъмин дар рӯзи қиёмат аст.
عَنْ أَبِي الدَّرْدَاءِ رضي الله عنه، عَنِ النَّبِيِّ ﷺ قَالَ:
«مَا مِنْ شَيْءٍ أَثْقَلُ فِي مِيزَانِ الْمُؤْمِنِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مِنْ حُسْنِ الْخُلُقِ، وَإِنَّ اللَّهَ لَيُبْغِضُ الْفَاحِشَ الْبَذِيءَ»
Аз Абуддардо رضي الله عنه ривоят аст, ки Паёмбари Худо ﷺ фармуданд:
«Ҳеҷ чизе дар тарозуи мӯъмин дар рӯзи қиёмат аз ҳусни ахлоқ вазнинтар нест. Ва ба дурустӣ, Аллоҳ шахси бадзабон ва бадрафторро дӯст намедорад (балки аз ӯ нафрат дорад).»
📚 Ривояти Тирмизӣ (2002)
🪶 Шарҳи кӯтоҳ:
Ин ҳадис баён мекунад, ки ҳусни ахлоқ аз бузургтарин сабабҳои вазнин шудани тарозуи аъмоли мӯъмин дар рӯзи қиёмат мебошад.
Ахлоқи нек танҳо табассум ё сухани хуб нест, балки он дар сабр, ростгӯӣ, амонатдорӣ, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, бахшиш ва муомилаи нек бо мардум зоҳир мегардад.
Дар идомаи ҳадис Паёмбар ﷺ мефармоянд, ки Аллоҳ шахси фоҳиш ва бадзабонро дӯст намедорад. Яъне касе, ки суханони қабеҳ мегӯяд, мардумро дашном медиҳад, таҳқир мекунад ё бо забонаш дигаронро озор мерасонад, худро аз муҳаббати Аллоҳ маҳрум месозад.
Мӯъмини ҳақиқӣ мекӯшад, ки забон, ахлоқ ва рафтораш пок бошад, зеро аз вазнинтарин аъмол дар рӯзи қиёмат аст.
💡 Фоида:
✅ Ҳусни ахлоқ аз вазнинтарин амалҳо дар тарозуи мӯъмин аст.
✅ Ахлоқи нек сабаби муҳаббати Аллоҳ ва муҳаббати мардум мегардад.
✅ Бадзабонӣ, дашном ва суханони қабеҳ аз сифатҳое мебошанд, ки Аллоҳ онҳоро дӯст намедорад.
🤲
Аллоҳ моро бо ахлоқи нек, мисли ахлоқи Паёмбари акрам ﷺ зинат диҳад ва забонҳои моро аз ҳар сухани ношоиста нигоҳ дорад. Омин.🪶 Шарҳи кӯтоҳи оят:
Худованд дар ин оят сифати бандагони дӯстдоштаи Худ – бандагони Раҳмонро баён мекунад. Онҳо бо фурӯтанӣ ва хоксорӣ зиндагӣ мекунанд, аз такаббур ва худписандӣ дур ҳастанд. Рафтору гуфтори онҳо орому боадаб аст.
Ҳар гоҳ инсонҳои нодон бо суханони дағал, таҳқир ё ҷанҷол ба онҳо муроҷиат кунанд, онҳо ҷавоби бад намедиҳанд. Балки бо сухани нек, мулоим ва ором посух мегӯянд ё аз баҳси беҳуда канорагирӣ мекунанд. Ин нишонаи ахлоқи баланд ва тақвои онҳост.
💡Фоидаҳо:
✅Фурӯтанӣ яке аз беҳтарин сифатҳои мӯъмин аст.
✅Ҷавоб додан бо нармӣ метавонад ҷанҷолро пешгирӣ кунад.
✅Худдорӣ аз баҳсҳои беҳуда оромии дил ва ризояти Худоро ба даст меорад.
✅Ахлоқи нек инсонро назди мардум ва назди Худованд гиромӣ мегардонад.
💡 Дарси оят:
Мӯъмин бояд дар ҳар ҳолат ахлоқи некро нигоҳ дорад. Ҳатто агар бо суханони бад рӯ ба рӯ шавад, бо сабр, ҳикмат ва сухани нек ҷавоб диҳад, зеро ин аз сифати бандагони дӯстдоштаи Худованди Раҳмон аст.
💎 🌙 Пайғоми Ҷумъа | Амонатдорӣ 🌙
🪶 Амонатдорӣ яке аз бузургтарин сифатҳои мусалмон аст. Бо он ҷомеа обод мегардад ва эътимод миёни мардум пойдор мешавад.
عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ:
«أَدِّ الْأَمَانَةَ إِلَى مَنِ ائْتَمَنَكَ، وَلَا تَخُنْ مَنْ خَانَكَ»
Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд:
«Амонатро ба касе, ки ба ту амонат супурдааст, баргардон ва ба касе, ки ба ту хиёнат кардааст, хиёнат макун.»
📚 Ривояти Тирмизӣ (1264)
🪶 Шарҳи кӯтоҳ:
✅ Амонатдорӣ нишонаи имони комил ва ахлоқи нек аст.
✅ Мусалмон бояд дар мол, сухан, масъулият ва тамоми ҳуқуқи мардум амонатдор бошад.
✅ Ҳатто агар касе ба мо бадӣ ё хиёнат кунад, Ислом иҷозат намедиҳад, ки мо бо хиёнат ҷавоб диҳем.
💡 Фоида:
Амонатдорӣ муҳаббат ва эътимодро миёни мардум зиёд мекунад ва соҳибашро назди Аллоҳ ва мардум азиз мегардонад.
🤲
Аллоҳ моро аз ҷумлаи амонатдорону росткорон гардонад. Омин.💎 🌙 Пайғоми Ҷумъа | Ростгӯӣ ва росткорӣ 🌙
🪶 Ростгӯӣ аз бузургтарин ахлоқи мусалмон аст. Он инсонро ба некӣ роҳнамоӣ мекунад ва сабаби ризояти Аллоҳ мегардад.
عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ:
«إِنَّ الصِّدْقَ يَهْدِي إِلَى الْبِرِّ، وَإِنَّ الْبِرَّ يَهْدِي إِلَى الْجَنَّةِ، وَإِنَّ الرَّجُلَ لَيَصْدُقُ حَتَّى يُكْتَبَ عِنْدَ اللَّهِ صِدِّيقًا... »
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд:
«Ба дурустӣ, ростгӯӣ ба некӣ роҳнамоӣ мекунад ва некӣ ба биҳишт мерасонад. Ва инсон ҳамеша рост мегӯяд, то он ки назди Аллоҳ аз ростгӯён навишта шавад... »
(📚 Ривояти Бухорӣ (6094)
(📚 Ривояти Муслим (2607)
🪶 Шарҳи кӯтоҳ:
✅ Ростгӯӣ аз нишонаҳои имони ҳақиқист.
✅ Ростгӯӣ эътимоди мардумро ба вуҷуд меорад ва дилҳоро ба ҳам наздик мекунад.
✅ Касе ки ҳамеша рост мегӯяд, назди Аллоҳ мақоми сиддиқ (ростгӯи бисёр) пайдо мекунад.
💡 Фоида:
Ростгӯӣ сабаби оромии дил, баракати зиндагӣ ва наҷот дар дунё ва охират мебошад.
🤲 Аллоҳ моро аз ҷумлаи ростгӯён ва росткорон гардонад. Омин.
💎 Ояте аз Қуръони карим
إِنَّ الْمُبَذِّرِينَ كَانُوا إِخْوَانَ الشَّيَاطِينِ ۖ وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِرَبِّهِ كَفُورًا
Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр буд.(Сураи Исро ояти 27) 🪶 Шарҳи кӯтоҳи оят Дар ин оят Аллоҳ таъоло исроф ва беҳуда сарф кардани неъматҳоро сахт мазаммат намуда, исрофкоронро ба шайтонҳо монанд кардааст. ✅ «Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд» — яъне касоне, ки молу неъматҳои Аллоҳро беҳуда, дар гуноҳ ё аз ҳад зиёд сарф мекунанд, дар ин амалашон ба шайтон пайравӣ менамоянд. Мурод аз «бародарӣ» монандӣ дар рафтор ва пайравӣ аз роҳи шайтон аст, на бародарии ҳақиқӣ. ❕❗️ «Ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр буд» — шайтон неъматҳои Аллоҳро қадр накард, аз фармони Ӯ сарпечӣ намуд ва куфрони неъмат кард. Исроф низ яке аз намудҳои ношукрӣ нисбат ба неъматҳои Аллоҳ мебошад. 💡 Дарси оят:
Ислом мӯъминро ба сарфакорӣ, миёнаравӣ ва ҳифзи неъматҳои Аллоҳ даъват мекунад. Исроф, хоҳ дар мол, хоҳ дар хӯрок, нӯшокӣ, либос ё дигар неъматҳо, амали писандида нест. Мӯъмин бояд ҳар неъматро дар роҳи ҳалол ва бо эътидол истифода барад ва аз исрофу беҳудахарҷӣ парҳез намояд.🪶 #ҳикмате аз бузургон
Луқмаи ҳалол — калиди қабули ибодатҳо
Орифи бузург ва зоҳиди номдор, Иброҳим ибни Адҳам (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
«أَطِبْ مَطْعَمَكَ، وَلَا عَلَيْكَ أَنْ لَا تَقُومَ بِاللَّيْلِ وَتَصُومَ بِالنَّهَارِ»
«Хӯроки худро пок (ҳалол) кун, ва боке нест, ки шабҳо ба намоз нахезӣ ва рӯзҳо рӯза (нафл) нагирӣ».💡 Маънои ҳикмат: Покии луқма ва ризқи ҳалол замина ва асоси қабули тамоми аъмол аст. Агар мусулмон худро аз ҳаром дур нигоҳ дорад, ҳатто бо ибодатҳои камтар, иҷрои фарзҳо ва камии навофил назди Аллоҳ мақоми баланд дорад, зеро асли диндори парҳезгорӣ аст. 📚 Манбаъ: «Ҳилят-ул-авлиё ва табақот-ул-асфиё».
💎 🌙 Пайғоми Ҷумъа | Беҳтарин инсонҳо 🌙
🪶 Ислом моро ба фоида расонидан ба мардум даъват мекунад. Арзиши инсон танҳо дар ибодатҳои шахсӣ нест, балки дар он аст, ки ба дигарон чӣ қадар манфиат мерасонад.
عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ رضي الله عنه، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ قَالَ:
«خَيْرُ النَّاسِ أَنْفَعُهُمْ لِلنَّاسِ»
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ رضي الله عنه ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд:
«Беҳтарин мардум касест, ки барои мардум бештар фоида расонад».
(📚 Ривояти Табаронӣ)
🪶 Шарҳи кӯтоҳ:
✅ Беҳтарин инсон касест, ки ба мардум хайр мерасонад.
✅ Кӯмак ба ниёзмандон, таълими илм, насиҳати нек ва бартараф кардани мушкилоти мардум аз беҳтарин амалҳоянд.
✅ Мусалмон бояд ҳар рӯз кӯшиш кунад, ки сабаби нафъ ва хайр барои дигарон бошад.
💡 Фоида:
Ҳар амале, ки боиси осонии зиндагӣ, шодии дил ё ҳидояти инсон гардад, дар назди Аллоҳ арзиши бузург дорад.
🤲
Аллоҳ моро аз ҷумлаи бандагоне гардонад, ки барои мардум манфиатбахшанд. Омин.