Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ | БТҶ
前往频道在 Telegram
Маҷаллаи таҳлилии бонкии "Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ", нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон
显示更多207
订阅者
无数据24 小时
+17 天
+730 天
数据加载中...
吸引订阅者
九月 '26
九月 '26
+2
在0个频道中
八月 '26
+7
在0个频道中
Get PRO
七月 '260
在0个频道中
Get PRO
六月 '26
+1
在0个频道中
Get PRO
五月 '260
在0个频道中
Get PRO
四月 '260
在0个频道中
Get PRO
三月 '26
+2
在0个频道中
Get PRO
二月 '26
+1
在0个频道中
Get PRO
一月 '26
+7
在0个频道中
Get PRO
十二月 '250
在0个频道中
Get PRO
十一月 '25
+1
在0个频道中
Get PRO
十月 '250
在0个频道中
Get PRO
九月 '25
+1
在0个频道中
Get PRO
八月 '25
+2
在0个频道中
Get PRO
七月 '250
在0个频道中
Get PRO
六月 '25
+1
在0个频道中
Get PRO
五月 '25
+2
在0个频道中
Get PRO
四月 '25
+2
在0个频道中
Get PRO
三月 '25
+1
在0个频道中
Get PRO
二月 '25
+2
在0个频道中
Get PRO
一月 '250
在1个频道中
Get PRO
十二月 '24
+7
在0个频道中
Get PRO
十一月 '24
+7
在0个频道中
Get PRO
十月 '24
+18
在0个频道中
Get PRO
九月 '24
+15
在0个频道中
Get PRO
八月 '24
+10
在0个频道中
Get PRO
七月 '24
+9
在0个频道中
Get PRO
六月 '240
在0个频道中
Get PRO
五月 '24
+15
在0个频道中
Get PRO
四月 '24
+188
在0个频道中
Get PRO
三月 '24
+476
在0个频道中
Get PRO
二月 '24
+54
在0个频道中
Get PRO
一月 '240
在0个频道中
Get PRO
十二月 '23
+169
在0个频道中
| 日期 | 订阅者增长 | 提及 | 频道 | |
| 05 九月 | 0 | |||
| 04 九月 | 0 | |||
| 03 九月 | 0 | |||
| 02 九月 | +1 | |||
| 01 九月 | +1 |
频道帖子
| 2 | 28 августи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ семинари омӯзишӣ оид ба тартиби таҳияи супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти маблағҳои буҷетӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ баргузор гардид... https://nbt.tj/tj/news/642801/ | 53 |
| 3 | 2 сентябри соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири фавқулода ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот анҷом дод... https://nbt.tj/tj/news/642756/ | 48 |
| 4 | 28 августи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ семинари омӯзишӣ оид ба тартиби таҳияи супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти маблағҳои буҷетӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ баргузор гардид... https://nbt.tj/tj/news/642801/ | 1 |
| 5 | Дар доираи татбиқи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030 масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди малакаҳои иқтисодӣ ва молиявии наврасону ҷавонон, бахусус ашхоси дорои имконияташон маҳдуд, инчунин тавсеаи имкониятҳои соҳибкорӣ ва омодасозии онҳо ба бозори меҳнат 2 сентябри соли 2026 зимни мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эри Двидеди мавриди баррасӣ қарор дода шуд. | 69 |
| 6 | Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз моҳи сентябри соли 2026 платформаи рақамии андозбандии соҳибкорони инфиродӣро дар реҷаи озмоишӣ фаъол менамояд.
Давоми 3 моҳи озмоишӣ кори платформа ва мубодилаи маълумот байни низомҳои рақамӣ санҷида мешавад.
Платформаи мазкур бо мақсади содда кардани расмиёти андозбандӣ, кам кардани корҳои коғазӣ ва сарбории маъмурӣ ва шаффофу рақамӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои соҳибкорони инфиродӣ роҳандозӣ мешавад.
👉 | 74 |
| 7 | IMF Regional Office for Asia and the Pacific
[От получателей стипендий JISPA до национальных лидеров]
В начале августа OAP провела миссию по общественной деятельности в Таджикистан и Узбекистан в рамках программы стипендий JISPA для Азии (JISPA). Миссия подчеркнула долгосрочное влияние JISPA, где встречи с старшими политиками показали, как бывшие ученики JISPA вносят свой вклад в экономическое управление и политике в своих странах.
https://www.facebook.com/share/p/1XMWeXahGV/?mibextid=WC7FNe | 77 |
| 8 | 28 августи соли 2026 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва собиқ вакилони Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.
Дар баробари ин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад барои саҳм доштан дар таҳкими низоми молиявию бонкии кишвар бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардонида шуд. | 78 |
| 9 | Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ барои 31 августи соли 2026 | 78 |
| 10 | Дар он намояндагони минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои рушд, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок карданд.
🔹 28 август — густариши ҳамкорӣ бо Бонки рушди АвруОсиё
28 август миёни Бонки рушди АвруОсиё (БРАО) ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар самти трансформатсияи рақамӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод барои рушди иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои нав ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.
📅 29 августи соли 2026 — Бонки миллии Тоҷикистон қурбҳои расмии асъорро барои бозори дохилӣ нашр кард ва меъёри бозтамвил дар сатҳи 7 фоиз боқӣ монд.
📅 30 августи соли 2026 — шиддат гирифтани танишҳои ИМА ва Эрон боиси болоравии босуръати нархи нафт гардид; Brent аз сатҳи 90 доллар барои як баррел гузашт. | 84 |
| 11 | НАБЗИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ
24–30 августи соли 2026
БОЗОРҲОИ ҶАҲОНИИ АШЁИ ХОМ ВА АСЪОР
🔹 Нафт: Ҳафтаи 24–30 август бозори ҷаҳонии нафт зери таъсири ҳамзамони омилҳои геополитикӣ ва интизориҳои вобаста ба талаботи ҷаҳонӣ қарор дошт. Дар оғози ҳафта нархи нафт коҳиш ёфт, аммо дар охири ҳафта шиддат гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна ва хавфи халалдоршавии интиқоли нафт тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз фишори болоравиро ба вуҷуд овард. Рӯзи 30 август Brent ба тақрибан 90,6 доллар ва WTI ба 85,5 доллар барои як баррел расид.
🔹 Тилло: Пас аз расидан ба сатҳҳои хеле баланд дар миёнаи моҳи август, бозори тилло дар охири ҳафтаи 24–30 август тағйирёбанда шуд. Рӯзи 28 август нархи тиллои спот беш аз 3 фоиз коҳиш ёфта, ба 4 567 доллар барои як унсия расид. Сабаби асосӣ тағйир ёфтани интизориҳои бозор нисбат ба сиёсати ФРС ва афзоиши эҳтимоли боло бурдани меъёри фоизӣ буд.
🔹 Асъор: Доллари ИМА дар охири ҳафта таҳти таъсири тағйири интизориҳои сиёсати пулию қарзии ФРС тақвият ёфт. Пас аз суханронии раиси ФРС Кевин Уорш дар симпозиуми Jackson Hole, эҳтимоли болоравии меъёри фоизӣ дар моҳи сентябр дар бозорҳо ба таври назаррас зиёд шуд. Ин ба афзоиши даромаднокии вомбаргҳои давлатии ИМА ва тақвияти доллар мусоидат кард.
НАБЗИ ТАВАРРУМ
🔹 Ҷаҳон: Дар охири моҳи август хавфҳои таваррумӣ дубора ба маркази таваҷҷуҳи бозорҳо баргаштанд. Афзоиши эҳтимолии нархи энергия дар натиҷаи танишҳои Ховари Миёна метавонад ба арзиши нақлиёт, истеҳсол ва маҳсулоти ниҳоӣ таъсир расонад.
🔹 Тоҷикистон: Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти нави иҷтимоию иқтисодӣ барои январ–июли соли 2026 интишор гардид. Нишондиҳандаҳои нашршуда идомаи фаъолияти иқтисодии кишварро нишон медиҳанд. Аз ҷумла, нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди соҳаҳои асосии иқтисод дар нимсолаи аввал 81,7 млрд сомонӣ буда, афзоиши воқеии он 8,2 фоиз-ро ташкил додааст.
Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 7,00 фоизи солона нигоҳ дошта мешавад.
🔹 Дурнамои Тоҷикистон: Бонки ҷаҳонӣ интизор дорад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 тақрибан 6,5 фоиз-ро ташкил диҳад. Ҳамзамон, бо назардошти болоравии эҳтимолии нархҳои ҷаҳонӣ, сатҳи таваррум метавонад ба тақрибан 4,8 фоиз расад.
ТОҶИКИСТОН: РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВӢ
🔹 Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ барои январ–июли соли 2026:
Интишори маълумоти нави Агентии омор нишон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ фаъолияти нисбатан устуворро нигоҳ доштааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, рушди воқеии нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати соҳаҳои асосии иқтисод 8,2 фоиз арзёбӣ шудааст.
🔹 Рейтинги қарзии Тоҷикистон беҳтар гардид:
Яке аз муҳимтарин хабарҳои моҳи август барои иқтисоди Тоҷикистон боло бурдани рейтинги қарзии соҳибихтиёрии кишвар аз ҷониби S&P Global Ratings мебошад. Агентӣ рейтинги Тоҷикистонро то B+ баланд бардошт. Дар арзёбии худ S&P ба рушди иқтисодӣ, гардиши қавии интиқоли маблағҳо ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таваҷҷуҳ кардааст.
Баланд шудани рейтинг метавонад ба таҳкими эътимоди сармоягузорон, беҳтар шудани дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалии сармоя ва коҳиши арзиши эҳтимолии маблағгузории беруна мусоидат намояд.
🔹 Рақамикунонии низоми молиявӣ:
24–26 август дар Тошканд Silk Road Finance & Technology Forum баргузор гардид. Дар он намояндагони танзимгарони молиявӣ, бонкҳо, ширкатҳои FinTech, сармоягузорон ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои ояндаи низоми молиявӣ, пардохтҳои рақамӣ, инфрасохтори молиявӣ ва технологияҳои навро баррасӣ карданд. Дар форум тақрибан 2 ҳазор иштирокчӣ аз кишварҳои гуногун ширкат намуданд.
Барои Тоҷикистон чунин форумҳо аз нигоҳи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди пардохтҳои фаромарзӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи FinTech аҳамияти махсус доранд.
РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ
🔹 27–28 август — Форуми байналмилалии сармоягузории «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои АвруОсиё» дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, ба ҷалби сармоя, рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории саноатӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бахшида шуд. | 61 |
| 12 | 25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд.Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бо такя ба иродаи қавӣ ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардумамон аз марҳалаҳои ниҳоят душвору сангини таърих сарбаландона гузаштем.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #МукофотҳоиДавлатӣ #ГосударственныеНаграды #StateAwards
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube | 130 |
| 13 | 没有文字... | 101 |
| 14 | 没有文字... | 145 |
| 15 | 没有文字... | 99 |
| 16 | 20 августи соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши бонкӣ, аз ҷумла рушди низомҳои пардохт, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, фарогирии молиявӣ, назорати бонкӣ ва суғуртавӣ, инчунин табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ бо Бонки захиравии Ҳиндустонро баррасӣ карданд... https://nbt.tj/tj/news/641707/ | 102 |
| 17 | Дар вохӯрии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода бо коршиноси мустақили Созмони Милали Муттаҳид оид ба қарзи хориҷӣ ва ҳуқуқи инсон Аттия Варис 19 августии2026, мавзуъҳои калидии баррасӣ идоракунии оқилонаи қарзи давлатӣ, таъмини устувории қарз, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ, аз ҷумла дастгирии соҳибкории занон буданд | 121 |
| 18 | 19 августи соли 2026 дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва намояндагони мақомоти дахлдор, масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо ва коҳиши хавфҳо, натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳо дар самти муомилоти дороиҳои маҷозӣ ва омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллӣ баррасӣ гардида, ҳисобот ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шуданд. | 107 |
| 19 | 19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид. | 166 |
| 20 | НАБЗИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ
Шарҳи ҳафтаинаи бозорҳо, таваррум ва рақамикунонӣ
10–16 августи соли 2026
БОЗОРҲОИ ҶАҲОНИИ АШЁИ ХОМ ВА АСЪОР
🔹 Нафт: Нархи нафти Brent дар охири ҳафтаи 10–16 август ба тақрибан 88,5 доллар ва WTI ба 82,8 доллар барои як баррел расид. Дар давоми ҳафта бозори нафт зери таъсири танишҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна, коҳиши ҳаракати киштиҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмуз ва нигаронӣ аз эҳтимоли халалдор шудани интиқоли нафт қарор дошт. Ҳамзамон, афзоиши захираҳои нафти ИМА ва коҳиши дурнамои талаботи ҷаҳонӣ болоравии нархро маҳдуд намуд.
Манбаъ: Reuters — Reuters Energy
🔹 Тилло: Тилло ҳафтаро бо тамоюли болоравӣ сипарӣ кард. То 14 август нархи тиллои спот дар ҳудуди 4 400 доллар барои як унсия қарор дошт ва дар давоми ҳафта ба сатҳҳои наздик ба 4 450 доллар расид. Афзоиши талабот аз ҷониби бонкҳои марказӣ, коҳиши доллар ва тағйирёбии интизориҳо вобаста ба сиёсати фоизии Бонки марказии ИМА аз омилҳои асосии нигоҳдорандаи нарх буданд.
Манбаъ: Reuters, World Gold Council - World Gold Council
🔹 Асъор: Доллари ИМА дар охири ҳафта нисбат ба як қатор асъорҳои асосӣ заиф шуд. Индекси доллар (DXY) рӯзи 14 август тақрибан 99,67 буд. Коҳиши ғайричашмдошти фурӯши чаканаи ИМА дар моҳи июл ва паст шудани интизориҳои болоравии меъёри фоизии ФРС ба доллар фишор овард. Евро ва фунт нисбат ба доллар тақвият ёфтанд, дар ҳоле ки йен дар атрофи сатҳи 159 йен барои як доллар қарор дошт.
Манбаъ: Reuters, Federal Reserve, ECB - Federal Reserve
НАБЗИ ТАВАРРУМ
🔹 Ҷаҳон: ХБА дар навсозии моҳи июли соли 2026 сатҳи таварруми ҷаҳониро барои соли 2026 дар ҳудуди 4,7 фоиз пешбинӣ кардааст. ХБА таъкид мекунад, ки раванди коҳиши таваррум, ки аз соли 2024 идома дошт, суст шудааст.
Манбаъ: IMF World Economic Outlook - Хазинаи Байналмилалии Асъор
🔹 Тоҷикистон: Мувофиқи дурнамои Бонки ҷаҳонӣ, афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ, метавонад ба таварруми Тоҷикистон таъсир расонад. Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2026 рушди иқтисодии кишварро 6,5 фоиз ва таваррумро тақрибан 4,8 фоиз пешбинӣ мекунад. Меъёри бозтамвил тибқи қарори Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон (48, 30.07.2026) дар сатҳи 7,00 фоизи солона (бетағйир) нигоҳ дошта шуд.
🔹 Қазоқистон: Таварруми солона дар моҳи июн 10,3 фоиз буда, барои нӯҳ моҳ пайдарпай тамоюли коҳишёбӣ нишон додааст. Меъёри бозтамвил 16,75 фоиз барои маҳдуд намудани фишори таваррумӣ нигоҳ дошта мешавад.
🔹 Ӯзбекистон: Таварруми солона дар моҳи июни соли 2026 6,4 фоиз ташкил дод. Бонки марказӣ барои охири соли 2026 сатҳи тақрибан 6,5 фоиз-ро пешбинӣ намуда, ҳадафи миёнамуҳлатро 5 фоиз нигоҳ медорад.
РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ
📅 24–26 августи соли 2026 - баргузории Silk Road Finance & Technology Forum дар Тошканд. Дар барнома масъалаҳои инфрасохтори молиявии рақамӣ, пардохтҳои фаромарзӣ, дороиҳои рақамӣ, AI, маблағгузории исломӣ ва инноватсия пешбинӣ шудаанд.
📅 Сентябри соли 2026 - интишори навсозии навбатии дурнамои иқтисоди ҷаҳонии ХБА (World Economic Outlook Update).
📅 Нимаи дуюми соли 2026 - идомаи таҳқиқот ва татбиқи лоиҳаҳои марбут ба асъори рақамии бонкҳои марказӣ (CBDC) ва рушди инфрасохтори пардохтҳои рақамӣ дар кишварҳои гуногун.
📅 Сентябри соли 2026 - бозорҳо ба ҷаласаҳои навбатии бонкҳои марказии бузург, пеш аз ҳама ФРС ва Бонки Ҷопон, таваҷҷуҳ хоҳанд кард; интизориҳои вобаста ба меъёрҳои фоизӣ метавонанд ба қурби доллар, тилло ва бозорҳои молиявӣ таъсир расонанд. | 92 |
