ch
Feedback
Китобхон - کتابخوان

Китобхон - کتابخوان

前往频道在 Telegram

🇹🇯 Китобхон - таблиғгари китоб, илм, маърифат ва андешаи солим. 🇮🇷🇦🇫 کتابخوان - تبلیغگر کتاب، علم، معرفت و اندیشه سالم.

显示更多
1 648
订阅者
+224 小时
+87 天
+2130 天

数据加载中...

标签云
无数据
有任何问题?请刷新页面或联系我们的客服
进出提及
---
---
---
---
---
---
吸引订阅者
九月 '26
九月 '26
+16
在2个频道中
八月 '26
+82
在4个频道中
Get PRO
七月 '26
+39
在3个频道中
Get PRO
六月 '26
+19
在3个频道中
Get PRO
五月 '26
+26
在3个频道中
Get PRO
四月 '26
+27
在3个频道中
Get PRO
三月 '26
+21
在3个频道中
Get PRO
二月 '26
+75
在3个频道中
Get PRO
一月 '26
+64
在3个频道中
Get PRO
十二月 '25
+47
在2个频道中
Get PRO
十一月 '25
+59
在4个频道中
Get PRO
十月 '25
+65
在4个频道中
Get PRO
九月 '25
+50
在3个频道中
Get PRO
八月 '25
+36
在3个频道中
Get PRO
七月 '25
+58
在3个频道中
Get PRO
六月 '25
+50
在2个频道中
Get PRO
五月 '25
+44
在3个频道中
Get PRO
四月 '25
+63
在7个频道中
Get PRO
三月 '25
+51
在4个频道中
Get PRO
二月 '25
+41
在3个频道中
Get PRO
一月 '25
+80
在2个频道中
Get PRO
十二月 '24
+97
在1个频道中
Get PRO
十一月 '24
+221
在9个频道中
Get PRO
十月 '24
+153
在5个频道中
Get PRO
九月 '24
+167
在7个频道中
Get PRO
八月 '24
+99
在1个频道中
Get PRO
七月 '24
+84
在5个频道中
Get PRO
六月 '24
+180
在8个频道中
Get PRO
五月 '24
+244
在9个频道中
Get PRO
四月 '24
+77
在3个频道中
Get PRO
三月 '24
+112
在5个频道中
Get PRO
二月 '24
+153
在8个频道中
Get PRO
一月 '24
+146
在4个频道中
Get PRO
十二月 '23
+12
在2个频道中
Get PRO
十一月 '23
+209
在1个频道中
日期
订阅者增长
提及
频道
05 九月+4
04 九月+3
03 九月+3
02 九月+3
01 九月+3
频道帖子
📚Интихоби ин асарҳо ҳамчун 10 романи бартари 30 соли истиқлоли Тоҷикистон ду сол пеш сурат гирифта буд. Шумо розиед? МУФАССАЛ

2
Хоҳӣ, ки доно шавӣ, Зӯру тавоно шавӣ, Аз таҳи дил хон китоб, Ҳикмати ӯ беҳисоб. Он ки китобе нахонд, Дур зи дониш бимонд, Чун
Хоҳӣ, ки доно шавӣ, Зӯру тавоно шавӣ, Аз таҳи дил хон китоб, Ҳикмати ӯ беҳисоб. Он ки китобе нахонд, Дур зи дониш бимонд, Чун нафаси навбаҳор, Тоза нигоҳаш бидор. Сатри варо хат мазан, Як варақ аз ӯ макан. Ӯ чу муаллим ба мо, Ҳар суханаш раҳнамо. Минбари дониш китоб, Раҳбари хониш китоб. Раҳбари дилсӯзи мост, Маърифатомӯзи мост. Алӣ БОБОҶОН
193
3
ДАРСҲОЕ АЗ ТАЪРИХ САЙФУЛЛОҲ МУЛЛОҶОН ТАҲИЯИ ДАЛЕР ШАРИФ
ДАРСҲОЕ АЗ ТАЪРИХ САЙФУЛЛОҲ МУЛЛОҶОН ТАҲИЯИ ДАЛЕР ШАРИФ
267
4
БАРРАСИИ КИТОБИ НАВ “Тамоми миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ, хусусан тоҷикон дар ин даҳа сангинтарин фоҷеаро аз сар гузарониданд. Б+1
БАРРАСИИ КИТОБИ НАВ “Тамоми миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ, хусусан тоҷикон дар ин даҳа сангинтарин фоҷеаро аз сар гузарониданд. Боди сарди таъқибу фишорҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон бештар эҳсос мешуд… …Дар раванди ин маъракаи шадиди сиёсӣ дар қатори ходимони ҳизбию давлатӣ ва қатли бесобиқаи рӯшанфикрон арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва мазҳабӣ зери хатари нестшавӣ монда буданд” (Таъқибу фишорҳои сиёсии ходимони ҳизбию давлатии Тоҷикистони Шуравӣ, Беҳрӯзҷон Неъмонов, саҳифаи 117). Бо Абдулазизи Восеъ китоби номзади илмҳои таърих Беҳрӯзҷон Неъмоновро ба баррасӣ гирифтем. Хулоса ин шуд, ки бо муаллифи китоб як суҳбати муфассал баргузор кунем.
379
5
БАРРАСИИ КИТОБИ НАВ “Тамоми миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ, хусусан тоҷикон дар ин даҳа сангинтарин фоҷеаро аз сар гузарониданд. Б
БАРРАСИИ КИТОБИ НАВ “Тамоми миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ, хусусан тоҷикон дар ин даҳа сангинтарин фоҷеаро аз сар гузарониданд. Боди сарди таъқибу фишорҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон бештар эҳсос мешуд… …Дар раванди ин маъракаи шадиди сиёсӣ дар қатори ходимони ҳизбию давлатӣ ва қатли бесобиқаи рӯшанфикрон арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва мазҳабӣ зери хатари нестшавӣ монда буданд” (Таъқибу фишорҳои сиёсии ходимони ҳизбию давлатии Тоҷикистони Шуравӣ, Беҳрӯзҷон Неъмонов, саҳифаи 117). Бо Абдулазизи Восеъ китоби номзади илмҳои таърих Беҳрӯзҷон Неъмоновро ба баррасӣ гирифтем. Хулоса ин шуд, ки бо муаллифи китоб як суҳбати муфассал баргузор кунем.
1
6
Чӣ гуна як ҷавони равшандил ба самти китобу илму дониш рафт? "Дар сесолагӣ аз чашмҳоям маҳрум шудам, аммо як лаҳза ноумед нестам" Аз "Муқаддима"-и Ибни Халдун то сохтани барномаи "Mahmudbooks" дар суҳбати Равшани Иброҳим https://youtu.be/_lzrwK5ha5c
489
7
ЯК ДАРС АЗ АБДУҚОДИР РУСТАМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ КИТОБ ХОНДАН ИНСОНТАР ШУДАН АСТ
ЯК ДАРС АЗ АБДУҚОДИР РУСТАМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ КИТОБ ХОНДАН ИНСОНТАР ШУДАН АСТ
357
8
ТО ДАР ДУ ҶАҲОН АЗИЗ БОШӢ Эй монда қадам ба роҳи мактаб, Олист мақому ҷоҳи мактаб. Мактаб сабаби ҳаёт бошад, Мактаб сабаби на
ТО ДАР ДУ ҶАҲОН АЗИЗ БОШӢ Эй монда қадам ба роҳи мактаб, Олист мақому ҷоҳи мактаб. Мактаб сабаби ҳаёт бошад, Мактаб сабаби наҷот бошад. Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад, Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад. Мактаб ба ту дод илму одоб, Мактаб ба ту дод дурри ноёб. Мактаб ба ту раҳбари яқин аст, Мактаб устоди илму дин аст. Бархезу гузор хоби худро, Баргир ба каф китоби худро. Рав аз ҳама пештар ба мактаб, Шавқ аст туро агар ба мактаб. Саъе бинамову илму одоб Беҳтар зи шарики хеш дарёб. То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ, Бо донишу ботамиз бошӣ. 📝 Устод Садриддин Айнӣ 📕 Бо Кӯдакони "Китобхон" бошед
305
9
"Дар сесолагӣ аз чашмҳоям маҳрум шудам, аммо як лаҳза ноумед нестам" Аз "Муқаддима"-и Ибни Халдун то сохтани барномаи "Mahmud
"Дар сесолагӣ аз чашмҳоям маҳрум шудам, аммо як лаҳза ноумед нестам" Аз "Муқаддима"-и Ибни Халдун то сохтани барномаи "Mahmudbooks" дар суҳбати Равшани Иброҳим Чӣ гуна як ҷавони равшандил ба самти китобу илму дониш рафт? Муфассал рӯзи Якуми сентябр дар саҳифаи ютубии "Китобхон" тамошо кунед.
381
10
📌БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! ДАРСИ+2
📌БИЁЕД БО ҲАМ ХАТТИ ПАДАРОН, ХАТТИ ПОРСИИ ХУДАМОНРО ЁД БИГИРЕМ! بیائید با هم خط پدران، خط پارسیٔ خودمان را یاد بگیریم! ДАРСИ ШАШУМ Омӯзиши хатти порсӣ درس ششم آموزش خط پارسی ҲАРФҲОИ ' ف фе ق қоф ک коф گ гоф Ин чор ҳарфи алифбои форсӣ аз ҳар ду тараф метавонанд часпон навишта шаванд. Қоф ва фе ду шакли навишт доранду коф ва гоф як шакл: Дар ҳолати ҷудо ва дар охири вожа: ف ва ـف фе ق ва ـق қоф ک ва ـک коф گ ва ـگ гоф Дар аввал ва мобайн: فـ ва ـفـ фе قـ ва ـقـ қоф کـ ва ـکـ коф گـ ва ـگـ гоф Дар ин ҷо тазаккуре бояд диҳем, ин хатчаро " ـ " , ки дар қисмати пеш ва ё паси ин ҳарфҳо мебинед, дар асл ҷузви ҳарфҳои қаблӣ ва ё баъдие ҳастанд, ки бо ин чаҳор ҳарф аз як сӯ ва ё ҳарду пайваст мешаванд: ` ف ـ ← فـ ё ـ ف ـ ← ـفـ ` ق ـ ← قـ ё ـ ق ـ ← ـقـ ` ک ـ ← کـ ё ـ ک ـ ← ـکـ ` گ ـ ← گـ ё ـ گ ـ ← ـگـ Ҳарфи қоф ق аксаран дар вомвожаҳое навишта мешавад, ки решаи арабӣ ва ё туркӣ доранд. Ҳарфи Гоф گ дар вожаҳое навишта мешавад, ки решаи форсӣ ва ё дигар забонҳои хориҷӣ ба ғайр аз арабӣ доранд. Ҳарфи Гоф گ аз ҷумлаи он чаҳор ҳарфе аст, ки ба алифбои форсӣ монанди Пе پ , Че چ ва Же ژ аз тарафи форсизабонҳо изофа шудааст. Мисолҳо бо ҳарфи Фе ف: فارس форс فضا фазо فضاحت фазоҳат فَر фарр فَرَح фараҳ فَرد фард فردا фардо فَرض фарз فَرق фарқ فرا фаро فراز фароз فراخ фарох فراغت фароғат فَرّاش фаррош فَرش фарш فرخ фаррух فَساد фасод فِساد фисод فصاحت фасоҳат فترت фитрат فتاح фаттоҳ فاتِح фотеҳ فَتح фатҳ فخر фахр فَقر фақр فِدا фидо بِفِرست бифирист فشار фишор فارِغ фориғ فاسد фосид فاش фош بَرف барф حرف ҳарф اِفتِخار ифтихор دَف даф بافت бофт رفت рафт صِفَت сифат Мисолҳо бо ҳарфи Қоф ق: قبض қабз قد қад قَدر қадр قَدَر қадар قَدَح қадаҳ قَضا қазо قزاق қазоқ قرض қарз قرابت қаробат قرار қарор قَصَب қасаб قصد қасд قصاص қасос قصر қаср قطار қатор قَطع қатъ قَفَس қафас قفا қафо قشاق қашшоқ قَعر қаър قِمار қимор قادِر қодир قاز қоз قاصِد қосид قاطِع қотеъ قاف қоф قاق қоқ قُدس қудс قُدرَت қудрат قُرب қурб طاقت тоқат حقارت ҳақорат دِقَّت диққат رقابت рақобат طبق тибқ قبط قبا қабо Мисолҳо бо ҳарфи Коф ک: کبک кабк کباب кабоб کد кад کَدخُدا кадхудо کج каҷ کذاب каззоб کذب кизб کَر кар کَرَفس карафс کربلس карбос کَرد кард کُرد курд کَرّات каррот کَس кас کَسب касб کساد касод کثافت касофат کَسر каср کف каф کفک кафк کفتر кафтар کفش кафш کَشِش кашиш کَشکкашк کَبر кибр کتاب китоб کتابت китобат کِتف китф کِشت кишт کُشت кушт کشتزار киштзор کُشتار куштор کاکا коко کار кор کارد корд کافِر кофир کاج коҷ کاش кош شک шакк کُشاد кушод بِکر бикр اکبر акбар اکابِر акобир باک бок پاک пок تاک ток ذِکر зикр ذاکِر зокир رَشک рашк اشک ашк فکر фикр افکار афкор عکس акс Мисолҳо бо ҳарфи Гоф گ: گر гар گپ гап گدا гадо گزاف газоф گَرد гард گُرد гурд گِرد гирд گج гаҷ گیج гиҷ گِرِفت гирифт گِرِست гирист گرفتار гирифтор گُذَر гузар گُذَشت гузашт گذار гузор گُزار гузор گزارشگر гузоришгар گُرگ гург گُرز гурз گراز гуроз گسار гусор گُستاخ густох گُفت гуфт کرگس каргас کفشگر кафшгар کارگر коргар فگار фигор افگار афгор برگ барг تگاب тагоб سگ саг رگ раг ✏️: Ҷамшед Орифиён 📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
439
11
没有文字...
549
12
🔵 АЗ ПИЁЗИ МИСР ТО КОЛБАСАИ ШӮРАВӢ Ё ВАҚТЕ ДЕВОР ҲАНӮЗ ДАР ЗЕҲН АСТ Ноумедастам зи ёрони қадим, Тӯри ман сӯзад, ки меояд Кал
🔵 АЗ ПИЁЗИ МИСР ТО КОЛБАСАИ ШӮРАВӢ Ё ВАҚТЕ ДЕВОР ҲАНӮЗ ДАР ЗЕҲН АСТ Ноумедастам зи ёрони қадим, Тӯри ман сӯзад, ки меояд Калим. (Иқболи Лоҳурӣ) *** Оё медонед, ки барои чӣ ҳазрати Мӯсо қавми худро беш аз чиҳил сол дар биёбон гардонд, ҳол он ки сарзамини Канъон он қадар дур набуд? Яке аз ҳикматҳое, ки дар шарҳи ин қисса гуфта мешавад, ҳамин аст: насле, ки бардагиро дар Миср дида ва бо равони бардагӣ бузург шуда буд, бояд дар биёбон мемонд ва ба Канъон насли нав мерасид. Зеро бардагони аз Миср озодшуда пайваста шикоят мекарданд, норозӣ мешуданд ва бо ҳасрат аз бодарингу пиёз, сирпиёзу наск ва дигар хӯрокҳои Миср ёд мекарданд. Озод шуда буданд, вале Миср ҳанӯз аз зеҳнашон нарафта буд. Ҳоло, дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар миёни мо ҳам кам нестанд касоне, ки ҳанӯз барои “марҳум”-и 35 сол пеш, яъне Иттиҳоди Шӯравӣ, ашки ҳасрат мерезанд. Зери ҳар матлабе, ки сухан аз Шӯравӣ меравад, мисли маросими ёдбуд ҷамъ мешаванд ва яке аз ҳасрати колбаса мегӯяд, дигаре аз яхмос, сеюм аз нархи нону чаҳорум аз “тартибу интизом”… Гӯё тамоми таърих ҳамин чанд хотираи ширину шӯр будааст. Ман ҳоло ба дуруст ё нодуруст будани далелҳои ҳар ду ҷониб коре надорам. Шӯравӣ хуб буд ё бад, чӣ дод ва чӣ гирифт, баҳси дигар аст. Аммо як ҳақиқати одии таърихиро набояд фаромӯш кард: агар Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ намепошид, Тоҷикистони мустақил ҳам вуҷуд надошт!!! Яъне, худи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натиҷаи мустақими фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравист. Намешавад ҳам истиқлолро ҷашн гирифт ва ҳам барои аз байн рафтани садде, ки ҳамин истиқлолро имконпазир кард, мотам гирифт. Озодӣ танҳо аз байн рафтани девор нест. Баъзан бояд девор аз зеҳн ҳам фурӯ резад. Вассалом. 📝: Рустам Азизӣ, донишманди тоҷик ©️: Матлаб ва акс аз саҳифаи муаллиф дар "Фейсбук" гирифта шудааст 📖 Китобхон
591
13
Мо уммати Паёмбаре ҳастем, ки аввалин ваҳйи нозилшуда ба Ӯ «БИХОН!» буд. Аз ҳамин ҷо як тамаддун оғоз шуд. Тамаддуне, ки кито
Мо уммати Паёмбаре ҳастем, ки аввалин ваҳйи нозилшуда ба Ӯ «БИХОН!» буд. Аз ҳамин ҷо як тамаддун оғоз шуд. Тамаддуне, ки китобхонаҳо сохт, китобҳо навишту тарҷума кард, савол дод, баҳс кард ва кашфиёт анҷом дод. Дар шаҳрҳои он тамаддун, китобхонаҳо ва марказҳои илмӣ ба вуҷуд омаданд. Китобҳои нав таълиф мешуданд. Дониш аз як насл ба насли дигар мегузашт. Файласуфон, пизишкон, риёзидонон, ситорашиносон, ҷуғрофидонҳо ва адибон меҷӯстанд, пажӯҳиш мекарданд, менавиштанд, мехонданд ва андешаҳои худро ба баҳс мегузоштанд. Ҳамин тавр, як тамаддуни бузурги илмӣ ба вуҷуд омад. Аммо имрӯз чӣ? Мо дар як рӯз чанд саҳифа китоб мехонем? Барои омӯхтани дониш чӣ қадар вақт ҷудо мекунем? Ва чӣ қадар аз вақти худро сарфи тамошои наворҳои беҳуда мекунем? Дар рӯзи мавлуди Паёмбар (с), шояд яке аз муҳимтарин саволҳо чунин бошад: Мо бо нахустин фармоне, ки ба Ӯ нозил шуд, чӣ кардем? Шояд яке аз беҳтарин корҳое, ки имрӯз метавонем анҷом диҳем, боз кардани китобҳое бошад, ки муддатҳост онҳоро накушодаем. 📖 Китобхон
926
14
📚Дипак Чопра нависандаи ҳиндӣ соли 2010 китоберо зери унвони “Муҳаммад достони пайғамбари Худо ва ваҳйе ки ҷаҳонро тағйир дод” нашр кард. Дар муқаддима ҳадаф аз таълифи китобро ошкор карда, менависад, ки ин асарро барои он нанавиштаст, ки Муҳаммадро бештар муқаддас созад. Аммо нохоста ин корро кардааст. Чопра мусулмон нест ва пайрави ойини ҳиндуӣ аст. Китобро мунсифона нигошта, дар Муҳаммадшиносӣ саҳм гузоштааст. Алалхусус дар миёни мухотабҳои англисзабон. Муҳаммад пайғамбар (с) ягона шахс дар торихи ҷаҳон аст, ки чӣ дар васфаш бисароянд ва ё дар мазамматаш лаб бикушоянд, чӣ дар таърифаш қалам бизананд ва чӣ дар танқидаш саҳфа рангин кунанд, боз ҳам ба суди ӯ кор кардаанд. Ному ёд ва ишқу меҳрашро бештар кардаанд. Ин вижагии ӯст. 📝: Саъдӣ Ворисов, донишманди тоҷик 📖 Китобхон
536
15
⚡️Шоҳномахонии бобои Боқимуҳаммад Ин марди бохирад аз ноҳияи Масчо буда, 70 сол дорад. Бобои Боқимуҳаммад мегӯяд, ҳар рӯз ҳуд
⚡️Шоҳномахонии бобои Боқимуҳаммад Ин марди бохирад аз ноҳияи Масчо буда, 70 сол дорад. Бобои Боқимуҳаммад мегӯяд, ҳар рӯз ҳудуди 200 саҳифа китоб мехонад. Ӯ садҳо ояти “Қуръон” ва ҳазорҳо мисраи “Маснавӣ”-ву “Шоҳнома”-ро ҳифз кардааст ва қироат мекунад. 📖 Китобхон
587
16
没有文字...
575
17
💢АЗ “МАТЕРИАЛИЗМИ ҲОФИЗ” ТО “АТЕИЗМИ АЙНӢ” Дар замони Шӯравӣ як гурӯҳ муаллифони “ҳушёру зирак” мақолаю китобҳое менавиштанд
💢АЗ “МАТЕРИАЛИЗМИ ҲОФИЗ” ТО “АТЕИЗМИ АЙНӢ” Дар замони Шӯравӣ як гурӯҳ муаллифони “ҳушёру зирак” мақолаю китобҳое менавиштанд бо унвонҳои аҷибу ғарибе мисли “Материализми Ҳофиз”, “Ақидаҳои сотсиалистии Абдураҳмони Ҷомӣ” ва амсоли инҳо (Ва ин “шоҳкорҳо”, албатта, ба солгарди Револютсия Октябр ё Съезди чандуми КПСС бахшида мешуд🤭). Яъне, агар Ҳофиз каме дертар таваллуд мешуд, шояд узви ҳизби коммунист ҳам мебаромад ва Ҷомӣ, эҳтимол, котиби ягон комитети ноҳиявӣ. Яке аз устодони шинохтаамон, Худо раҳматаш кунад, солҳои 60-уми садаи гузашта китобчае навишта буд дар бораи “зарарҳои рӯза”. Баъди чанд даҳсола, дар солҳои дуҳазорум, боз китобе навишт, ин дафъа дар бораи “фоидаҳои рӯза”. Маълум мешавад, ки дар ин фосила ё рӯза хусусиятҳои худро иваз кардааст, ё замона. Як бузургвори дигар, ки хушбахтона ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст, дар замони Шӯравӣ мақолае навишта буд бо мазмуни тақрибан чунин: “Капитализми пӯсидарафтаистода ва исломи реаксионӣ”. Шӯравӣ рафт, аммо ҳам капитализм монд ва ҳам ислом. Оқо бошад, имрӯзҳо дар дами пирӣ демократиясарову худошинос шудаанд. Яъне, баъзе муаллифон тавонистаанд хеле ором ва бе талафот аз як сангар ба сангари дигар гузаранд. Ҳоло бошад, навбати фурсатталабон ба устод Садриддин Айнӣ расид. Кӯшишҳое дида мешаванд, ки аз муаллифи “Заруриёти динӣ”, “Тартилу-л-Қуръон”, “Таҳзибу-с-сибён”, “Шарҳи Мухтасари виқоя”, аз мударриси мадрасаҳои Бухоро ва шахсе, ки солҳо дар муҳити суннатии динию фарҳангӣ зиндагӣ кардааст, ҳатман як атеисти намунавӣ бисозанд. Албатта, Айнӣ шахсияти сода ва якранг набуд. Андеша, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи ӯ дар тӯли зиндагӣ тағйир ёфтааст. Ӯро ҳам танҳо “диндор” хондан хатост ва ҳам бо чанд иқтибоси мувофиқ “атеисти матин” эълон кардан. Шахсияти таърихиро бояд дар замон, муҳит ва таҳаввули фикрии худаш фаҳмид, на мутобиқ ба фармоиши идеологии имрӯз. Аммо ин тоифа, зоҳиран, аз таҷрибаи “Материализми Ҳофиз” ҳанӯз сер нашуданд. Ҳар замон мехоҳанд гузаштагонро ба нархи рӯз фурӯшанд: яке бояд материалист бошад, дигаре сотсиалист, савумӣ атеист, чорумӣ демократ ва агар лозим шавад, пагоҳ аз Айнӣ либерал ҳам месозанд. Фақат як мушкил ҳаст: мурдагон ҳаққу тавони эътироз надоранд. Ин ҳама масхарабозӣ ҳам мегузарад. Чанд сол баъд, эҳтимол, насли дигар ҳамин навиштаҳоро мехонад (агар хонанд) ва ҳамон гуна табассум мекунад, ки мо имрӯз ба “материализми Ҳофиз” ва “сотсиализми Ҷомӣ” механдем. Ва-с-салом... 📝: Рустам Азизӣ, донишманди тоҷик ©️: Матлаб ва акс аз саҳифаи муаллиф дар "Фейсбук" гирифта шудааст 📖 Китобхон
826
18
Баҳси китоб, адабиёт, фарҳанг ва ахлоқ бо устод Сиёвуш Ҷунайдӣ https://youtu.be/BCU257NfasU?si=hmMN01x74rV13_qH
572
19
ДАР ҶАҲОН ҲАР ЧИЗ ЧИЗЕ ҶАЗБ КАРД Мисраъҳо аз Маснавии маънавии Мавлавӣ Қироати Абдулмуъмин Шарифӣ Таҳияи Далер Шариф 📖 Китоб
ДАР ҶАҲОН ҲАР ЧИЗ ЧИЗЕ ҶАЗБ КАРД Мисраъҳо аз Маснавии маънавии Мавлавӣ Қироати Абдулмуъмин Шарифӣ Таҳияи Далер Шариф 📖 Китобхон
640
20
⚡️НЕОАЙНИШИНОСОН МЕХОҲАНД АЗ УСТОД АТЕИСТ ТАРОШАНД - ОРЗУЕ, КИ СТАЛИН БО ХУД БА ГӮР БУРД! 📖 Китобхон
⚡️НЕОАЙНИШИНОСОН МЕХОҲАНД АЗ УСТОД АТЕИСТ ТАРОШАНД - ОРЗУЕ, КИ СТАЛИН БО ХУД БА ГӮР БУРД! 📖 Китобхон
553