1 104
订阅者
+124 小时
+27 天
+130 天
帖子存档
1 104
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ
ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
РУЗАТОН БА ХАЙРУ ШОДӢ БОШАД.
ИДИ САИДИ ФИТР БА ҲАММАГОН МУБОРАК !
РУЗА ВА ИБОДАТҲОЯТОНРО ХУДОВАНДИ МЕҲРУБОН БА ДАРГОҲИ ПОКАШ ҚАБУЛ СОЗАД.
БА ҲАММА СОЛИМУ САРБАЛАНДӢ, ЗИНДАГИИ ПУРБАРАКАТ ВА ПЕШРАВИЮ МУВАФФАҚИЯТ ХОҲОНЕМ.
ҲАМЕША ХУРСАНДИҲОИ БЕПОЁН НАСИБАТОН БОД
ДУСТОНИ АЗИЗ!
1 104
Алейкум бар салом.
Саволи таъсирбахш.
Бар сари ҳар як мард душвориҳои гуногун меояд.
Албатта оссон нест то аз ҳолати душвориҳо баромадан.
Лекин
дар ин ҳолат додару бародар бояд дасти ҳамдигарро гирифтан сифати мардонаги аст.
Агар дидаву дониста дастгири накарданд, зиқ нашавед.
Ҳар мушкили ҳал шаванда аст.
Ҳеҷ гоҳ ба дигарон такя накунед.
Ба худ устувор бошед.
Аз Худо талаб кунед.
Худо худ ҳамма чизро медонад ва бохабар аст.
Ба падару модар чи қадар дода бошед ин ба некии шумо аст.
Бигзор онҳо надонанд.
Лекин
Ба падару модар додан маънои ояндаи худро равшан кардан аст.
Дар ҳаёт пул доими ва бо ҳар роҳ дастрас шаванда аст.
Ин мушкилиҳоятон мегузарад.
Аз бародарон умедвор шудан ва аз онҳо дарунан ранҷиданро аз худ тамоман дур созед.
Боз даромадҳои калону рузҳои нек дар пеш доред.
Ба Худо сидқан бовар кунед, ки ӯ ҳар лаҳза ба мо мададгор аст.
Агар инсон ҳар лаҳзаина мадад кардани Худоро
"ҳис" карда тавонад
Чи мушкилии калону вазнин ҳам дошта бошад, мушкилиҳои ӯ оссон роҳи ҳал меёбад.
Дар чи ҳолати душвори дучор бошед ҳам
Таваккал ба Худо кунед!
1 104
Ассалому алейкум
Устоди азиз.
Ман яке аз шогирдони шумо
Ҳаммаи наворҳоятонро гуш мекнам.
Ва доим и канали Телеграми шумора пайгири намуда аз дарсҳоятон баҳраманд ҳастам.
Ба шумо савол дорам Устоди азиз.
Илтимос ҷавобашро интизорам.
Чанд сол аст ман ба Руссия муҳоҷират меравам.
Чи қадар маблағ ба даст меорам қариб ҳамаша ба падар модар равон мекнам. Бар замми и бародаронам чандин маротиба аз ман пул прсида бошанд, ага надоштм,қарз гирифта дасти ёрии худро дареғ намедоштм.
Устоди азиз.
Падару модари ма маро он қадар дуст намедоранд.
Ман ҳеҷ касро хафа карда наметавонам.
Ба ҳеҷ кас не гуфта ҳам наметавонам.
Ҳамин одати ма бисёр ба худи ма вазниниҳо овард.
Ҳоло ки ба ма пл даркор аст, хело зарурат дорм
На падару модар парво доранд ва на бародаронам.
Гуфтанд ба ть ёрдам мекнем.
Лекин аз ваъдаашон дидаву дониста баргаштанд.
Ба ҳеҷ кас дарди дилма гуфта наметавонам.
Баъзан ба ҳолати хдм дар ҷойҳои пинҳони гарчанде мард ҳастам соҳиби зану фарзанд, талх гиря мекнам.
Дар ҳар як мушкилиям симои асосии падару модар ма ва бародаронма равшан дида метавонам.
Лекин чизе гуфта наметавонам.
Ҳис кардам ва бовар кардам онҳо маро мисли дигар фарзандонашон дуст намедоранд.
Ба рафтори онҳо худ биниро ҳис мекнам.
Чи маслиҳат медиҳед.
Ман чи хел аз ин ҳолат бароям.
Он қадар дарунан қалбам дард дорад.
Баъзан аз хд меранҷам
Чандин сол ма нисфи пулҳоямро пасандоз мекардам ва нисфашро ба онҳо равон мекардам ин вақт шояд муҳтоҷи ҳеҷ кас намешудам.
Як ҷавоби таскинбахш диҳед Устоди азиз
Пешаки раҳмат ва минатдории хдро мерасонам.
1 104
Ассалом
Дустони азиз.
Охиршавии моҳи Рамазон ба ҳама мустаҳкамии имон ва тавонои мехоҳем.
Ма ай и навори Устод хело ба хд баҳра гирифтам.
Рости ма на ба ягон тренинг ва на ба ягон дарсҳо иштирок накардаам.
Друстарш сарфаҳм намерафтм.
Лекин
Баъди бо и Устод ай наздик шиностар шидан ҳаёти ма 💯дигаргун ши.
Мо хело бо ҳам наздик зиндаги дорем.
То и вақт ма ки бдам, маънои ҳаёти ма чи бд. Ма хдм рости намедонистм.
Аниқтараш ма даруни кибрда ғута бдам.
Рости ҳамма чи дорм даромади хуб ҳам.
Лекин ба ма боз чизе намераса.
Қалбам ҳамеша як торики сабабаш чи хдм намедонм. Доим асаби ( ғурур) ба ма касби одати бдаст.
Ай вақте и марди Худора ай наздик шинохт кардам ( ҳамсоягари)
Ма бахтра хушбахтира эҳсос кардм.
Инсон на бо суханрониву маслиҳатдиҳи,балки бо рафтор ҳам хислати хуби худро ба дигарон чашмкушо мекардааст.
Рафтори и Устод мара боз диққатҷалб кунандатар мекард.
Бо и қадар... як марди оддӣ рафтор мекна.
Рузе ба баҳонае хостам ду се саволамда ҷавоб гирам, наздш рафтм.
Устод андармони чи коре бд мара ба хонааш даъват кард.
Хонаи пр аз меҳру муҳаббат якдигар қадр кни, оилаи сабук ва завқовар.
Ҳамон руз Устод бо фарзандош хурок пази дора.
Якҷоя нишастем, ба хурок барои таъриф забон оҷиз.
Хело суҳбат кардем, дар ҳаётам чунин суҳбати хушу фоидабахш фикр кнам бори аввал бд.
Устод бо фарзандош мисли... Ма эҳтиромро бо чашми қалб ҳис кардам.
Ай ҳамон руз ай ҳамон лаҳза ма хдма равшантар дидм, шинохтм.
Ма ин қадар сол марди худбин будаам.
Боре бо фарзандонам дустона суҳбат накардаам.
Боре ҳамсари худро, ҳами ҳам инсон аст фикри дур накардаам.
Ба зиндагии хд назар карда вуҷудам дард кард.
Ма и қадар сол хдро ҳақ ва фаросатдор меҳисобидам ва чаро дигарон фаросат надоранд фикг доштм.
Хулосаи сухан
Ага мард дар зиндаги бо чашми қалб ( меҳру муҳабат) назар кна
Зиндаги дар ҳақиқат маънои бебаҳо доштай.
Ма саволе надоштам, ҳамаги як баҳона бд, бо Устод ай наздик шинос шидан хостм.
Лекин
Худо ба ма як дарси ибратӣ як дарси ҳаёти ҳадя кард бо сабабгори и марди нек чашмонам дар ҳақиқат ба зиндаги ҳуй ши.
Бисёр гапи дуруғ доштам.
Ҳеҷ касро дуст дошта наметавонистам.
Ба ҳеҷ кас вақт надоштам, аз ҷумла ба оилаам.
Ҳамсарм ро бисёр меранҷондаам ага як кори сари вақт иҷро нашидагиашро дидм.
И нишонаи дар қалби ма набудани меҳр ва қувва гирифта,мустаҳкам шида кибри ма бд.
Шугри Худо бо як сабабе ҳаёти ма дигаргн ши, хатогиямро дида тавонистам. Хидро шинохтам ва боз мехоҳм чуқуртар хдма бишносм.
Ма дар ютуб ё дигар каналҳои маълумотдиҳанда
Худатро шинос ва ё ҳаётатро тағир деҳ
Суханҳора бшнавм
Бадам меомад.
Ҳамма сафсатта фикг мекардм.
Дар ҳақиқат хдро дер шинохтан як аламовар аст, ага инсони хуб набошӣ.
Хшбахт шидан мехоҳен дустон?
Хшбахти дар оддиги ва якдигарфаҳми бдаст на дар кибру ғурури кушишу талоши ба ҳамма чи расидан.
Ма имруз Худоро шикг гузорам
Ки қалби мара равшан кард.
Ба Устод миннатдории хдро мерасонам.
Худо боз ҳам Устодро ба мартабаҳои а и ҳам баландтарш брасона.
1 104
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ
ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
РУЗАТОН БА ХАЙРУ ШОДӢ БОШАД.
БА ҲАММАГОН ИДИ БАҲОР
ИДИ НАШЪУНАМОИ
РАСМУ ОИНИ МИЛЛӢ
МУБОРАК БОШАД!
АЗ ХУДОВАНДИ МЕҲРУБОН
ҲАР ЯК РУЗИ ШУМОЁНРО
МИСЛИ НАВРУЗ ПУР АЗ ШОДИҲО ВА ПУРФАЙЗУ БОБАРАКАТ КАРДАНАШРО ХОҲОНЕМ.
ҲАМЕША
СОЛИМУ САРБАЛАНД БОШЕД
АЗИЗОН!
1 104
ҲАЙФИ ОН УМР КИ ДАР
ҒАФЛАТУ НОЛОН ГУЗАРАД.
_Ҳайфи он умр ки дар ғафлату исён гузарад!
_Ҳайфи он руз ки бе лаззати имон гузарад!
_Ҳар ки ҳам ҷону ҳам амвол ба дунё бифурухт!
_Охир аз олами ду руза пушаймон гузарад!
_Пеши иблис ҳама мардони чаҳон номарданд!
_Мард он аст ки аз ин даҳр ба имон гузарад!
_Назди мардум ҳама даъвою нафратҳо доранд!
_Банда он аст ки дар роҳи Ҳақ аз ҷон гузарад!
_Аз гумони баду ғайбат чи муроде ҳосил!
_Ҳайфи он умр ки бо ғайбати ёрон гузарад!
_Қалби худ равшан созу, васфи Худованд намо!
_То ки ин лаҳзаҳои мо
_Бо хушнудии Раҳмон гузарад!
1 104
ҲАЙФИ ОН УМР КИ ДАР
ҒАФЛАТУ НОЛОН ГУЗАРАД.
_Ҳайфи он умр ки дар ғафлату исён гузарад!
_Ҳайфи он руз ки бе лаззати имон гузарад!
_Ҳар ки ҳам ҷону ҳам амвол ба дунё бифурухт!
_Охир аз олами ду руза пушаймон гузарад!
_Пеши иблис ҳама мардони чаҳон номарданд!
_Мард он аст ки аз ин даҳр ба имон гузарад!
_Назди мардум ҳама даъвою нафратҳо доранд!
_Банда он аст ки дар роҳи Ҳақ аз ҷон гузарад!
_Аз гумони баду ғайбат чи муроде ҳосил!
_Ҳайфи он умр ки бо ғайбати ёрон гузарад!
_Қалби худ равшан созу, васфи Худованд намо!
_То ки ин лаҳзаҳои мо
_Бо хушнудии Раҳмон гузарад!
1 104
Дар як ҚАЛБи инсон ду чиз ҷойгир шуда наметавонад.
Хурсанди ва ё зиққӣ
Якеаш ҷойгир шуда инсонро ба самти худ мекашад.
Яъне;
Зиққиҳои аз ҳаёт бо вазниниҳои мушкилоташ тоб оварда натавониста бо нафрату норозиги зиндаги кардан
Ё
Бо тамоми душвориҳо нигоҳ накарда ба Худованд таваккал карда ба пеш бо хурсанди ҳаракат кардан аст.
Натиҷаи зиққи доимо -
Натиҷаи хурсанди доимо +
Хурсанди қувват(энергия)
Меҳр Муҳаббат равшанфикри пешравӣ аст.
Интихоб аз худи ҳар як шахс вобаста
Аз зиққиҳо баромадан танҳо як қадам роҳ
Яъне каме ҳаракат
Барои худ бо тамоми ҳасти табассум карда тавонистан ва ба Худованд таваккал карда тавонистан
Азизон!
1 104
МУҲАББАТИ ҚАЛБ
____
Имрузҳо аксарияти мардум дарунан зиқ ҳастанд
Баъзан вақт бе сабаб ҳам зиққи инсонро пахш мекунад.
Чи гуна муҳаббати қалбро бедор созем?
Муҳаббати қалбро бо Меҳр бедор месозем.
1.Аз ҳаёт норозигиро, ба тақдироти ҳаёт тан дода ба пеш ҳаракат кардан иваз мекунем
2.Аз қалби худ, зиққӣ, тарс,нафс, кина, нафрат,ҳасад, қасдгирӣ, ранҷиш,ғазаб, ночорӣ( ниқоби бечорагӣ)доими манфиат танҳо барои худ фикр карданро дур месозем.
Чунки ин ҳолат ҳеҷ гоҳ ба касе роҳи дуруст ва равшан дода натавонист ва наметавонад.
Баракс инсонро аз сафи инсоният дур месозад.
Мо барои муҳаббати қалбро бедор сохтан, атроф муҳитро сидқан ва қалбан( дарунан) дуст медорем.
Яъне Худоро сидқан ва дарунан дуст дошта
Шукргузори барои ҳамма неъматҳояш
Миннатдори аз ҳаёти равшан.
Сидқан ва амалан дуст дошта тавонистани волидайну оила
Сидқан ва ҳалол дуст дошта тавонистани касбу кор ва чи намуди тиҷорат.
Сидқан дуст дошта тавонистан
ба қалби инсон оромиш, хотирҷамъи ва ризоят пайдо мекунад.
Меҳри инсонро ба муҳаббат табдил медиҳад.
Инсоне ки Меҳру Муҳаббат ба худ ва ҳаёт дорад, тамоми мушкилиаш ба оссони роҳи ҳал меёбад.
Лекин!!!
На ҳар кас Меҳри худро ба кор дароварда метавонад.
Ҳамон шахсе ки Меҳри худро ба кор мебарад.
Пешравиашро ягон чиз монеъа шуда наметавонад.
Меҳри ҳақиқӣ
бо Худованди меҳрубон пайвастагии бузург дорад.
Бо роҳи
Шукргузори
Ва
Миннатдорӣ.
МЕҲРУ МУҲАББАТИ
ҲАҚИҚӢ
ИБОДАТИ АВВАЛИНДАРАҶА АСТ!
1 104
АССАЛОМ АЛЕЙКУМ
ДУСТОН ВА ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
РУЗАТОН БА ХАЙРУ ШОДӢ
ВА БОБАРАКАТ БОШАД.
МОҲИ РАМАЗОН БА ҲАММА ДУСТОНУ ПАЙВАНДОН
МОҲИ ПУРФАЙЗУ
МОҲИ МЕҲРУ МУҲАББАТ БОШАД.
БА ҲАММАИ ШУМОЁН ОБОДИИ ҲАРДУ ДУНЁРО МЕХОҲЕМ!
ҲАМЕША СОЛИМУ
САРБАЛАНД
БОШЕД АЗИЗОН!
1 104
ҚИССАИ ИБРАТОМЕЗ
___
МУҲАББАТИ ҚАЛБ
Марди хело ҷавон ва аз ҳаёт
дилсардгашта аз айёми ҷавони ба ҳаёт завқе надошт.
Рузе
Назди донишманд меравад
Аз ҳаёти худ нақл мекунад.
Донишманд бо диққат гуш медиҳад ва дар охир сабаби аз ҳаёт дилсард шудани ҷавонро дармеёбад.
Ҷавон аёми ҷавони бояд ки ҷавони кунад, баръакс тарсу руҳафтода ва ғамангез буд.
Донишманд гуфт;
Дар қалби шумо тарси бузурге ҷой гирифта аст.
Ҷавон тасдиқ кард, бале
Ман хело аз Дузах метарсам.
Дар хонадони мо чунин калимаро бисёр истифода мебаранд.
Ин хел накуни, он хел накуни ту ба дузах мерави!
Аз шунидани чунин суханҳо қалбам дард мекунад.
Мехоҳам иродаи қавӣ дошта бошам
Аммо наметавонам.
Донишманд мегуяд;
Мехоҳед ба Ҷаннат лоиқ шавед?
Ҷавон саросемавор бале мегуяд
Аммо...
Чи аммо?
Чи фикр монеъа шуд ки давоми суханро фаҳмотар гуед.
Мегуянд ба Ҷаннат на ҳар кас лоиқ мешавад, гуфт ҷавон.
Донишманд гуфт
Ҷаннат ҳам
Дузах ҳам рост аст.
Аз Дузах тарсидан беҳтарин сифати инсони аст.
Лекин!
Барои ҳар як шахс дар ҳамин дунё имконият ҳаст то худро лоиқи Ҷаннат созад.
Ҷавон ҳайрон чи гуна гуфт.
Ҳар як шахс мехоҳад Ҷаннатро
Аввал ҳамин ҳаётро мисли Ҷаннат дида тавонад.
Яъне ҳаёти худро зиндагии худро мисли Ҷаннат созад.
Ҷавон чизе нафаҳмид.
Саргаранг шуд.
Ҳайрон ба донишманд назар карда
Чи гуна?
Гуфт.
Донишманд бо табассум гуфт.
МУҲАББАТИ ҚАЛБАТонро бедор созед.
Агар инсон МУҲАББАТИ ҚАЛБашро бедор созад
Аз қалби ӯ кинаву нафрат, ранҷишҳо ва тарс берун мешавад.
МУҲАББАТ неъматест бебаҳо.
ҶАННАТРО МУҲАББАТ оро медиҳад.
Яъне муҳаббати Офаридгор.
Ҳаёт ва зиндагиро ҳам МУҲАББАТ ширину рангин месозад.
МУҲАББАТ ба Худованд
МУҲАББАТ ба падару модар ( волидайн ва оила)
МУҲАББАТ ба атроф
Ва
МУҲАББАТ ба касбу кор
Донишманд ба ҷавон гуфт
Барои худ
Як табассум кунед.
Вақте ҷавон табассум мекард оҳи вазнин кашид.
Яъне табассум бо дард баромад.
Донишманд гуфт;
Аксарияти инсонҳо ҳатто табассум карда наметавонанд.
Чунки қалби онҳо
дар қаъри торикиҳо ғарқ аст.
Ҳар инсоне ки барои худ озод табассуми ҳақиқӣ карда метавонад
Ҳаёт барои ӯ равшани мекунад.
Тамоми ҳастии ин дунё ба Муҳаббати инсон ниёз дорад.
Масалан;
Зебогии боғ аз Муҳаббати боғбон аст.
Ширинии ҳаёт аз Муҳаббати инсон аст.
Пешрави ва баракат дар тиҷорат аз Муҳаббати инсон вобаста аст.
Ҳар як инсон ва ҳар як мавҷудот ташнаи Муҳаббат мебошанд.
Барои
Ба Ҷаннат лоиқ шудан
Танҳо Муҳаббатро бедор сохтан аст
Агар Муҳаббати поку ҳақиқии инсон бедор шавад
Иродаи инсон қавӣ мешавад.
Аз ҳаёти ӯ аз қалби ӯ торикиҳо бартараф мешавад.
Бадбини, бадгумони,дилозорӣ, роҳгумӣ, бадрафторӣ, асабоният, тарс аз ӯ меравад.
Хулоса;
На ҳар кас МУҲАББАТИ ҚАЛБИ худро бедор сохта метавонад.
Агар инсон
Аз сири Муҳаббати қалбаш огаҳ шавад.
Барои ӯ ҳам ҳамин дунё Ҷаннат аст
ва ҳам дар охират Худованд хоста бошад,
лоиқи Ҷаннат мешавад.
Ашки чашмони ҷавон ҷори мешавад
МУҲАББАТИ ҚАЛБи худро ҳис мекунад.
Дар як лаҳза қалби ӯ равшан мешавад.
Мегуяд
Чи суханҳои зебо ки то ҳол ман худро чунин хурсанд ҳис накарда будам.
1 104
Ассалому алейкум.
Дустони азиз.
Ман мехоҳам ба саволи Фотима хоҳар ҷавоб диҳам.
Саволе ки дар бораи Хиёнат аст.
Чанд солҳое пеш шавҳари ман ҳам, ба роҳи хиёнат гумроҳ бд.
Хело аламовар бд.
Шаб дар бари ман
Лекин
то нисфи шав телефон дар даст бд.
Телефон дар даст, инсон Интернет тамошо карданш мумкин, ба хд маълумотҳои даркори ҷустанаш мумкин. Лекин шавҳари ма смс менавист смс қабул мекард.
Қалбам дард мекард, дарун дарун месухтам.
Ага чизе гуям ё ҷанг мешудем,ё соатҳо дар ҳоҷатхона банд мешуд.
Қаҳр мекардам, гиря, зиқ, бемориҳои ноаниқ,бемории асаб, чандин маротиба беморхона хов кардан
Ҳама нагруска танҳо ба худи ма буду бас.
Аммо шавҳар бадтари дошту беҳтари не.
Оҳиста оҳиста хона дер меомадаги шд. Аз қалби ноороми аз аламу сухтан бисёр занг мездм баъзан зангамда ҷавоб ҳам намндод.
Симоям одам дарунам гуё ҳаво бд, на шав хоби ором на руз қалби ором на иштиҳо
Хуллас
Аз байн чанд муддат гзашт.
Ба ин канал пайваст шидам, хело оромира ҳис кардм. Бисёр чизҳора фаҳмиш кардм.
Хостам ай хди Устод дарс гирам.
Тариқи онлайн
Аввал ташаккур мегуям ба Устоди азиз ва сабабгори ин ҳаётам.
Дарси ҳаёти дар бораи хдм гзаштам.
Баъдан Устод вазифа доданд.
Бо шавҳаратон зиндагиро давом додан мехоҳед?
Ма бе ягон фикр не гуфтам.
Барои чи?
Чунин инсони хиёнаткорро дилам намекашад
Зиндагиямро ҳаром месоза
Ҷавоб додам.
Устод
Ҳамон зане ки бо шавҳари шумо вақти хуш мегузаронад
Медонад ки шавҳари шумо зан дорад?
Албатта медонад
Ма номерашро гирифта ҳамроҳаш пинҳона ҷанг кардам
Баъди ҷанги ма бадтар шд.
Гуфтам
Устод
Пас он зан марди зандорро дидаву дониста дилаш кашид
ва мехоҳад аз худ созад.
Барои чи шумо ҳамсари қонуни ва ҳалоли худро бо кутоҳфикри аз худ ва аз ҳаёти худ дур карда истодаед?
21 руз вазифа
Аввалин зиққиро як сӯ гузоред
Ба худ тағирот созед.
Шавҳаратон аз дар даромад хуш қабул кунед, ҳурматашро ҳамма тарафа аз пештара дида зиёд ба ҷо оред.
Лекин!
"Ба шавҳар дигар дода нашавед"
Ин як дарси асоси ва қалби хотирҷамъи аст.
Чи қадар шавҳарро дӯст медоред
Ҳамон қадар Худоро дуст доред, сидқан
Чи қадар фикри шумо ба шавҳар ва ба хиёнатҳои шавҳар банд мешавад
Ҳамон қадар фикратонро бо хурсанди бо ороми ва бо табассум ба Худо банд созед.
Ба ман Устод зикре доданд, ки бо амал кардани ин зикри доими қалби ман равшан мешуд. Боз як чанд вазифаҳое доданд ки то ҳол иҷро мекунам сад шукри Худо
Ҳануз 21 руз нагузашта
Шавҳарам ба даст шириниҳо барои кудакон ва барои ман овард.
Вақте ман дар ошхона андармони хурок будам
Шавҳарам омад ва дуру дароз ба ман таваҷҷӯҳ карда
Зеботарин зани руи дунё ҳасти, муҳаббат кард.
Руз аз руз симоят зебо ва пурнур шуда истодааст.
Ман ку чанд сол ин суханҳоро нашнида бдам
Ашки чашмонам бе ихтиёр баромад.
Сухани Устод ҳамзамон дар хотирам омад
Ки ба шавҳар ҳеҷ гоҳ хиёнаташро рӯ назан, ба ҳаётат ҷангро роҳ надеҳ.
Бо табассум гуфтам
Ман аз аввал зани зебо будам
Худо маро зебо офарид гуфтам.
Шавҳарам оҳ кашид
Шавҳари ношукр ва бадатро бубахш.
Ма то ин вақт зебогии тра ҳис накардаам.
Худро ба нофаҳми дохтам.
Шумо дар ҳамма ҳолат марди беҳтарин будед ва ҳастен
Гуфтам
Оссон нест чунин гуфтан
Чунки маро бисёр суханони қабеҳ медод, ин қадар занҳам шалоқи безеб ҳам мешудаст мегуфт.
Чанд маротиба бо ин суханони хунук мемурдам.
Бо ҳамма ин гуфтаҳояш худро ба даст гирифта тавонистам
Шавҳарам ки бо дустдоштааш чи ҳодисае рух дода бошад ё кадом корашро бохабар шд
Ҳар гоҳ ба худ дуру дароз оҳ мекашад
Ман бо чашми пушида то ба куҷо расидам
Раҳмат ба ту ҳамсари покқалбу поктинатам
Шукри Худо туро ба ман ҳамсар кард.
Ҳама рузҳои вазнин гзашт.
Мо доим оилави саёҳат мекунем.
Ҳама рузамон пайвастаи хрсанди аст.
Шукри Худо ба Илмаш моро лоиқ кард.
Шукри Худо ки бе сабри накадам
Заҷр дидам сабр кардам.
Имруз суми ёфтаашро ба ма медиҳа. Ин қадар азиз мебина.
Гуфтаи Устод
Мо чиро ва киро аз Худо дида зиёд дуст медорем
Ҳамон чиз ба мо ранҷ медиҳад .
Ҳамма аз ҳаракати инсон
Ва дустдори Худо будан.
Ба шумо ҳамин қадар тавсия дода метавонам хоҳари азиз.
Хиёнатро бахшидан бузургии инсонро нишона медиҳа.
1 104
Устоди азиз оё мешава хиенатро бахшида. Ман фикр мекунам ин кор номумкин бошад. Аммо хелеҳоро дидаам ки хиенатро бахшидаанд. Бисер мехостам донам ин бахшиданҳо сустии инсонро нишон медиҳад е бузургиашро .
1 104
Асалому алейкум омад омади мохи шарифи рамазон ба хамаатон Муборак Ман ин амалро Хар пагох нависта истодаам алакай ба Ман одати доими шудаистодааст, хеле худамро савук хис карда истодаам натичаашро интизорам .Бадан бо шумо устоди Азиз миннатдориамро баён мекунам Бад аз дарсхои шумо дар вучудам оромишро хис кардам,бовар кунед устод Хар боре дар ранчишхоям суханони шумо ба ёдам меояд дилам таскин меёвад шуморо Дуо мекунам,хамеша рохнамои зиндагии рохгумзадагон бошеду тансихат бошед
